АСОСӢ / Бахшҳои бойгонӣ (страница 2)

Бахшҳои бойгонӣ

Нуқра ва фоидаи вай

Нуқра

Нуқра —  Маълум аст, ки ин аз фулуззоти асил ҳисоб меёбад. Ранги нуқраи соф ба сафедӣ моил аст, балки сафед мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.  Хислатҳои шифобахши он: хусусияти фараҳбахшиаш ба ёқут наздик аст, барои молихулиё, девонагӣ ва васвос дору мешавад.   Инро бо мили нуқра …

Прочитайте больше»

Елими пӯсти ҳайвонот

koja-jivotnix

Елими пӯсти ҳайвонот —  Тариқи тайёр карданаш чунин аст. Пӯсти ҳайвонотро дар об то муҳарро шудан меҷӯшонанд. Баъд мегузоранд, то он ки дурдааш таҳшин гардад. Инро соф намуда аз нав меҷӯшацанд ва боз барои ҷудо гаштани таҳшинаш мегузоранд. Ин амалро якҷанд бор такрор менамоянд, то, он ки, дигар дурда таҳшин нагардад. …

Прочитайте больше»

Сулаймонӣ

сулаймони

Сулаймонӣ — инро ба тоҷикӣ дорошшикана ва ба забони русӣ сулема (хлорид ртута) мегӯянд.   Ин чизест маснӯъи (сунъии) сахт, ки аз симоб ва марги муш тайёр мекунанд ба ин тариқ: дар таносуби симоб 306 грамм ва марги муш 25,5 грамм — ҳардуро бисёр маҳин ос карда, ба воситаи гармӣ додаи …

Прочитайте больше»

Ақиқ ва фоидаи вай

Ақиқ

Ақиқ — инро дар як қатор маҳалхо тоҷикон хақиқ ҳам мегӯянд. Ақиқ санги қиматбаҳоест маълум ва кони он дар мулки Яман ва дар Канбоят бештар, инчунин дар соҳили бахри Рум (Византия) низ мебошад. Беҳтарини он яманн аст, ки соф ва шаффоф бошад. Фарқи миёни ақиқи яманӣ ва ғайрияманӣ дар он …

Прочитайте больше»

Хок чигуна фоида дорад?

хок

Хок — беҳтарини хокҳо хоки холис аст, яъне таркиби он шӯра, рег ва гӯгирд надошта бошад ва аз ҷоҳои обаш ширин бошад. Латифтарини хокҳо он аст, ки аз оби ширини равон таҳшин гашта бошад.  Мизоҷи хоки холис мутлақан сард ва хушк аст. Вале дар таркиби хок намак ва гӯгирд бошанд, хоки …

Прочитайте больше»

Қатод — фоидаи табобатии вай

Қатод

Қатод — ин буттаи даштии пурхор аст ва хорҳояш нӯгтез, вале пояаш бехор мебошад. Шутур онро намехӯрад, аммо маҳз дар соли беборон, ки гиёҳҳои дигар нарӯянд, шутур маҷбур аст, ки бихӯрад ва тӯъмаи худ намояд. Ва агар чорпоён чаро карда онро бихӯранд, фарбеҳ мегарданд. Гулаш зардтоб ва дар он порчаҳои …

Прочитайте больше»

Шакари янтоқ

yantoq

Шакари янтоқ —  Ин шабнамест, ки бар гиёҳи шутурхор, яъне янтоқ дар ноҳияҳои Хуросон, сарзаминҳои мобайни дарёҳои Ому ва Сир, Гурҷистон, Туркманистон ва Ҳамадон менишинад ва монанди резаҳои набот шах мегардад. Таъмаш ширин аст. Беҳтарини он нав ва аз баргу хори гиёҳаш ҷудо кардашудаи он аст. Шохҳои шакарбори онро бурида …

Прочитайте больше»

Равғани зайтун — хислат ва табобат дар тиб

равгани зайтун

Равғани зайтун — Мурод аз ин равғани зайтуни хӯрокӣ аст.  Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 65 грамм равғани зайтунро бо 300 грамм оби гарм ё оби ҷав биёшоманд, дарунро башиддат меронад, дарди узвҳои бадан ва ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад; агар инро бо шароб ва оби …

Прочитайте больше»

Чилмангӯштак — Канзи Шифо

семизут

Ин гиёҳро тоҷикони шимол аз ӯзбекӣ гирифта, семизут меноманд. Растании мазкур ба ҳама маълум аст, шохҳояш ба замин паҳн шуда месабзад, сурхранг, обаш бисёр, баргаш ғафси шикананда, гулаш зарди майда, баъд тухм мебандад. Дар як қубба 15-20 дона тухмҳои майда дорад. Гиёҳаш аксар дар байни зироатҳо мерӯяд. Мизоҷаш дар дараҷаи …

Прочитайте больше»

Тарбуз ва фоидаи он

тарбуз

Тарбуз  — Ин самар аз ҷиҳати ҳаҷм, ранг ва навъ гуногун аст, инчунин намуди гӯшт, ҳаҷми тухм ва сохти беруни тухмаш низ ҳар хел аст, ки ба ҳама маълум мебошад. Беҳтарин тарбуз он аст, ки агар корд расад, бо садои хоси даридараванда, гӯшташ зудшикан ва расидаи шодоб бошад.   Мизоҷаш дар …

Прочитайте больше»