АСОСӢ / ГУНОГУН / ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАКЛИ ҲАМРОҲШАВӢ

ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАКЛИ ҲАМРОҲШАВӢ

Ҳамроҳшавӣ яке аз шаклҳои азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, боиси қатъ шудани фаъолияти шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда ва васеъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқии ҳамроҳкунанда мегардад, мегӯяд сармутахассиси Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирҳамза Гулов.

Номбурда таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие амал мекунанд, ки онҳо азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ, тартиби қабули шахси ҳуқуқии ҳамроҳшаванда ба ҳамроҳкунанда, тартиби бақайдгирии ҳамроҳшавӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти онро танзим мекунанд. Аз он ҷумла, моддаи 12 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва гуногуншаклии моликиятро кафолат медиҳад, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №493 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самти фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро танзим мекунанд.

baqaidgiri

Ҳамроҳшавӣ амали расмиест, ки дар он як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ ба як шахси ҳуқуқӣ дохил мешаванд, шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда фаъолияти худро қатъ мегардонад ва шахси ҳуқуқии ҳамроҳкунанда вориси комили онҳо мегардад, ки инро дар адабиёти ҳуқуқӣ ҳуқуққабулкунии универсалӣ меноманд, гуфт Амирҳамза Гулов. Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдил додан) бо қарори муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси дорои чунин ваколат мебошад, ба амал бароварда мешавад. Ба гуфтаи А. Гулов, дар сурати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ба он ҳамроҳшавии шахси ҳуқуқии дигар, шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.

Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ ёфтани фаъолияти шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд. Амирҳамза Гулов, ҳамчунин хотирнишон сохт, ки дар марҳалаи аввал инвентаризатсияи дороиҳо ва уҳдадориҳои шахси ҳуқуқии ҳамроҳшаванда гузаронида мешавад. Дар ин марҳала ширкат комиссияи инвентаризатсияро ташкил намуда, рӯихатҳои инвентаризатсияро тартиб медиҳад, дар ҳисобот маълумот дар бораи баҳодиҳии ҳар як объект ба инвентаризатсия дохил карда мешаванд (маълумот дар бораи арзиши тахминӣ аз ҳисоботи молиявӣ гирифта мешавад), инчунин, варақаи муқоисавӣ (дар ҳуҷҷат натиҷаҳои инвентаризатсия), яъне фарқи байни нишондодҳо аз рӯи инвентаризатсия инъикос карда мешаванд. Инвентаризатсия бо мақсади тартиб додани санади интиқолӣ гузаронида мешавад. Инчунин, агар ширкати ҳамроҳшаванда дар музояда иштирок кунад, пас мумкин аст молрасон тибқи шартнома иваз карда шавад.

Баъдан, дар асоси моддаи 31 Кодекси меҳнат дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ на дертар аз 2 моҳ пеш аз санаи азнавташкилдиҳӣ кормандонро огоҳ менамояд: Ҳамчунин, розигии пешакии мақомоти зиддиинҳисориро дар сурате, ки арзиши умумии дороиҳои ширкатҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ ширкат доранд, аз рӯи ҳисоботи охирин аз 100 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, мегирад (қисми 1, моддаи 25 Қонуни ҳифзи рақобат).

Дар марҳалаи дуюм шахси ҳуқуқии ҳамроҳкунанда доир ба масъалаҳои зерин қарор қабул мекунад:

  • дар бораи азнавташкилдиҳии субъекти хоҷагидор; дар бораи тасдиқи созишномаи ҳамроҳшавӣ;
  • дар бораи интихоби шахсе, ки барои огоҳ кардани мақоми андоз масъул аст;
  • Ширкати ҳамроҳшаванда оид ба масъалаҳои зерин қарор қабул мекунад; дар бораи гузаронидани азнавташкилдиҳӣ; дар бораи тасдиқи созишномаи ҳамроҳшавӣ;
  • дар бораи тасдиқи санад супурдан; дар бораи интихоби шахсе, ки барои огоҳ кардани мақоми андоз масъул аст.

Дар сурати интихоб нашудани шахсони масъули ҷамъиятҳо, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва огоҳиномаи кредиторон аз ҷониби ҷамъияте амалӣ карда мешавад, ки охирин бор дар бораи азнавташкилдиҳӣ қарор қабул кардааст, таъкид кард Амирҳамза Гулов.  Дар давоми 30 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ хабар нашр кардан лозим аст.

Номбурда илова кард, ки дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз санаи 2 ноябри соли 2013, №493) “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ” ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд, ки марҳалаи 3-юми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқиро дар шакли ҳамроҳшавӣ ташкил медиҳад:

  • ариза барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ нисбат ба шаҳси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 04);
  • қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ;
  • мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи ҳамроҳшавӣ (дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор);
  • шартнома дар бораи ҳамроҳшавӣ; нусхаи эълон дар бораи ҳамроҳшавии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп гардидааст (ин муҳлат набояд аз 30 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон кам бошад);
  • хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши умумии тавозунии активҳои онҳо (активҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;
  • санади супурдан; нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор; шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда;
  • шаҳодатномаҳои рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда; санади санҷиши маҷмӯии андоз ва маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои уҳдадории андоз;
  • ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани муҳрҳо (тамғаҳо); маълумотнома оид ба баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ; пардохтнома (квитансия) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …