Саволҳои тестӣ аз фани география бо ҷавобҳои дурст
1.Чанд фоизи ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ишиғол кардаанд?
A) 6%; B) 7%; C) 11%; D) 14%; E) 29%;
2.Пиряхи Федченко дар кадом қаторкӯҳ ҷойгир шудааст?
A) Петри 1; B) Ҳазрати шоҳ; C) Олой; D) Академияи фанҳо; E) Алигур;
3.Ғафсии пиряхи Федченко чанд метр аст?
A) 50 м.; B) 100 м.; C) 500 м.D) 700 м.; E) 1000 м.;
4.Пиряхи Федченко чӣ гуна пирях аст?
A) водичӣ; B) дарёӣ; C) материкӣ; D) кӯлӣ; E) айсберг;
5.Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон чанд км аст
A) 28500; B) 600; C) 32000; D) 50000; E) 10000;
6.Дар Тоҷикистон зиёда аз чанд дарё вуҷуд дорад.
A) 1000; B) 500; C) 400; D) 200; E) 700;
7.Дарозтарин дарёи Тоҷикистон кадом аст?
A) Аму; B) Зарафшон; C) Сир; D) Ғунд; E) Панҷ;
8.Дар натиҷаи пайвастшавии кадом дарёҳо дарёи Аму ба вуҷуд меояд?
A) Кофарниҳон бо Панҷ; B) Вахш бо Панҷ; C) Бартонг бо Панҷ; D) Фондарё бо Зарафшон; E) Қизилсу бо Вахш;
9.Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи кадом баҳр дохил мешаванд?
A) Норак; B) Арал; C) Каспий; D) Қайроқум; E) Сарез;
10.Серобтарин дарёи Осиёи Марказӣ кадом аст?
A) Сир; B) Аму; C) Норин; D) Вахш; E) Зарафшон;
11.Кули Сарез ба ҳавзаи кадом дарё таалуқ дорад?
A) Мурғоб; B) Яхсу; C) Зарафшон; D) Панҷ; E) Бартанг;
12.Кули Сарез кадом сол ба вуҷуд омадааст?
A) 1917; B) 1318; C) 1910; D) 1911; E) 1924;
13.Калонтарин кули Тоҷикистон кадом аст?
A) Қароқӯл; B) Cарез; C) Яшилкӯл; D) Шуркӯл; E) Искандаркӯл;
14.Кадом кул ба Тоҷикистон таалуқ надорад?
A) Шӯркул; B) Музкӯл; C) Зайсан; D) Булункӯл; E) Яшилкӯл;
15.Чуқуртарин кӯли Тоҷикистон кадом аст?
A) Норак; B) Қайроқум; C) Сарез ; D) Қарокӯл; E) Искандаркӯл;
16.Кадоме аз инҳо кӯл нест?
A) Сарез; B) Шуркӯл; C) Сарбанд; D) Яшилкӯл; E) Булункӯл;
17.Калонтарин обанбори Тоҷикистон кадом аст?
A) Норак; B) Бойғозӣ; C) Сарбанд; D) Сангтуда; E) Қайроқум;
18.Кадом обанбори Тоҷикистонро «Баҳри тоҷик» меноманд?
A) Норак; B) Роғун; C) Муминобод; D) Сарбанд; E) Қайроқум;
19.Обанбори Норак дар кадом дарё сохта шудааст?
A) Кофарниҳон; B) Варзоб; C) Вахш; D) Сир; E) Аму;
20.Як грамм уран баробари чанд тонн ангишт энергия медиҳад?
A) 2,5; B) 8; C) 11; D) 3; E) 1,2;
21.Аз рӯи захираҳои табиӣ дар ҷаҳон кадом давлат ҷои аввалро ишғол мекунад?
A) Россия; B) ШМА; C) Хитой; D) Арабистони Саудӣ; E) Япония;
22.Дарозии умумии сарҳади Руссия чанд ҳазор км аст?
A) 70; B) 60; C) 40; D) 30; E) 11,2;
23.Дар Россия зиёда аз чанд миллату халқиятҳо зиндагӣ мекунанд?
A) 5; B) 6; C) 300; D) 100; E) 71;
24.Се ноҳияи тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёбед?
A) Кӯлоб, Восеъ, Данғара; B) Москва, Фархор, Муминобод; C) Панҷ, Вахш, Сарбанд; D) Рашт, Ҳисор, Файзобод; E) Хоҷамастон, Ёвон, Панҷ;
25.Россия дар кадом қитъаҳои олам ҷойгир аст?
A) Осиё — Африка; B) Европа — Африка; C) Осиё — Америка; D) Европа — Осиё; E) Африка — Америка;
26.Қисми зиёди ҳудуди Россия дар кадом қитъа ҷойгир аст?
A) Поволже; B) Осиё; C) Африка; D) Америка; E) Австралия;
27.Кадом вилояти Россия берун аз ҳудудаш ҷойгир аст?
A) Поволже; B) Тува; C) Карелия; D) Красноярск; E) Калининград;
28.Кадоме аз ин давлатҳо бо Россия ҳамсарҳад нест?
A) Хитой; B) Муғулистон; C) Украина; D) Кореяи шимолӣ; E) Ветнам;
29.Бо кадом аз ин давлатҳо Россия ҳамсарҳад аст?
A) Белгия; B) Австрия; C) Швесария; D) Финландия; E) Гретсия;
30.Бештари аҳолии Россия дар кадом қисмаш зиндагӣ мекунанд?
A) Сибир; B) Шарқи Дур; C) Камчатка; D) Аврупо; E) Красноярск;
31. Калонтарин кишвари Россия кадом аст?
A) Алтай; B) Хабаровск; C) Красноярск; D) Краснодар; E) Приморск;
32. Дар кадом қисми Россия вулканҳо зиёданд?
A) Кафкози Шимолӣ; B) Тундра; C) Урал; D) Сахалин; E) Камчатка;
33. Кадом қаторкӯҳ қисматҳои Аврупоӣ ва Осиёгии Россияро аз ҳам ҷудо мекунад.
A) Саян; B) Урал; C) Карпат; D) Қрим; E) Камчатка;
34. Шаҳри Москва дар кадом қисми Россия ҷойгир аст?
A) Аврупо; B) Шарқи Дур; C) Урал; D) Сибир; E) Красноярск;
35.Калонтарин агломератсияи шаҳрии Россия кадом аст?
A) Калининград; B) Масква; C) Санк-Петербург; D) Мурманск; E) Грозний;
36. Нуқтаи канории шарқии Россия кадом аст?
A) Дежнёв; B) Гданск; C) Челюскин; D) Кушка; E) Рудолф;
37. Ҳоло чанд ҷумҳурии собиқ СССР ба ҳайати ИДМ дохил мешаванд?
A) 12; B) 14; C) 15; D) 10; E) 7;
38.Давлатҳои славянии узви ИДМ кадомҳоянд?
A) Қазоқистон, Россия, Молдова; B) Украина, Гурҷистон, Арманистон; C) Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон; D) Қирғизистон, Озорбойҷон, Белоруссия; E) Россия, Белоруссия, Украина;
39. Обанбори Қайроқум дар кадом дарёи Тоҷикистон сохта шудааст?
A) Исфара; B) Қизилсу; C) Сир; D) Панҷ; E) Бартанг;
40. Обанбори Қайроқум дар кадом дарёи Тоҷикистон сохта шудааст?
A) ҷанубӣ; B) шарқӣ; C) шимолӣ; D) ҷанубу шарқӣ; E) марказӣ;
41. Кадом дарёи Тоҷикистон дар ҷануб роли сарҳадро иҷро мекунад?
A) Ғунд; B) Панҷ; C) Зарафшон; D) Сир; E) Кофарниҳон;
42. Тоҷикистон дар кадом қисми Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст?
A) Ҷанубӣ; B) Ғарбӣ; C) Ҷанубу шарқӣ; D) Шимолӣ; E) Шимолу шарқӣ;
43. Аз рӯи бузургии масоҳат Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои чандум меистад?
A) 1; B) 2; C) 5; D) 4; E) 3;
44.Аз рӯи шумораи аҳолӣ миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ҷои чандумро ишғол мекунад?
A) 1; B) 2; C) 3; D) 5; E) 4;
45.Тоҷикистон бо кадоме аз ҷумҳуриҳо ҳамсарҳад нест?
A) Қазоқистон; B) Хитой; C) Афғонистон; D) Қирғизистон; E) ӯзбекистон;
46. Ҳамаи қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ба чанд системаи асосӣ таалуқ доранд?
A) 3; B) 5; C) 6; D) 4; E) 1;
47. Дар кадом қисми Тоҷикистон зонаи нимбиёбонӣ ҷойгир шудааст?
A) ҷанубӣ; B) шарқӣ; C) ғарбӣ; D) шимолӣ; E) марказӣ;
48. Кадом қаторкӯҳ миёни Тоҷикистону Хитой вазифаи сарҳадро иҷро мекунанд?
A) Сарикӯл; B) Аличур; C) Ҳазрати шоҳ; D) Боботоғ; E) Вахон;
49. Кадоме аз ин кӯлҳои Тоҷикистон обаш шӯр аст?
A) Искандаркӯл; B) Сарез; C) Қарокӯл; D) Рангкӯл; E) Булункӯл;
50. Кадоме аз ин кӯлҳо дар натиҷаи заминларзаи соли 1911 ба вуҷуд омадааст?
A) Искандаркӯл; B) Қарокӯл; C) Шӯркӯл; D) Рангкӯл; E) Сарез;
51. Ҳавзаи ангишти Донбасc дар кадом ҷумҳурии ИДМ ҷойгир аст?
A) Белоруссия; B) Россия; C) Қазоқистон; D) Украина; E) Гурҷистон;
52. Кони ангишти Фон-Яғноб ва Қарағанда дар кадом ҷумҳуриятҳои ИДМ ҷойгир шудаанд?
A) Украина ва Белорусия; B) ӯзбекистон ва Қазоқистон; C) Тоҷикистон ва Қирғизистон; D) Туркманистон ва Гурҷистон; E) Тоҷикистон ва Қазоқистон;
53. Заводи азотии Вахш ва Намаки Хоҷа Мӯъмин ба кадом вилоят тааллуқ доранд?
A) Кӯлоб; B) Суғд; C) Рашт; D) Хатлон; E) Вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ;
54. Кони гази табии Хоҷасартез ва Қизилтумшуқ дар кадом вилояти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд?
A) Кӯлоб; B) Суғд; C) Хатлон; D) Ҳисор; E) Вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ;
55. Обҳои табобатии чашмаи Авҷ ва гармоба дар кадом вилоят ҷойгиранд?
A) Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ; B) Кӯлоб; C) Хатлон; D) Суғд; E) Рашт;
56. Ба Тоҷикистон чанд киллометри дарёи Ому тааллуқ дорад?
A) 180 км; B) 150 км; C) 85 км; D) 1500 км; E) 235 км;
57. Дар кадом ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хоҷагиҳои комплекси мурғпарварӣ ҷойгиранд?
A) Файзобод, Кофарниҳон, Ленин, Чептура; B) Ҳисор, Шаҳринав, Регар, Варзоб; C) Нов, Конибодом, Кӯлоб, Фархор; D) Восеъ, Хоҷамастон, Ванҷ, Ишкошим; E) Вахш, Панҷ, Дарвоз, Дарбанд;
58. Дар кадом ноҳияҳои вилояти Суғд Тамоку парвариш мешавад?
A) Нов, Конибодом; B) Панҷакент, Масчоҳ, Айнӣ; C) Исфара, Ашт; D) Истарафшан, Ғончӣ; E) Б.Ғафуров, Зафаробод;
59. Конҳои полиметалли Консой ва Адрасмон, кони нефти Ким дар кадом вилоят ҷойгиранд?
A) Кӯлоб; B) Суғд; C) Бадахшон; D) Хатлон; E) Рашт;
60. Шаҳри Хуҷандро кадом дарё бурида мегузарад?
A) Исфара; B) Сир; C) Ғунт; D) Аму; E) Сурхоб;
61.Дарёи Панҷ кадом ду давлатро аз якдигар ҷудо менамояд?
A) ӯзбекистон, Туркманистон; B) Тоҷикистон, Афғонистон; C) Ҳиндустон, Покистон; D) Непал, Шири Ленка; E) Чин, Қазоқистон;
62. Ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Ш.Раҳмонов ва Қарори Cозмони Миллали Муттаҳид кадом солро соли байналмилалии оби тоза эълон намудаанд?
A) 2001; B) 2002; C) 2005; D) 2025; E) 2003;
63. Кадом дарёи ҷоришуда ш.Душанберо ба ду қисм тақсим мекунад?
A) Кофарниҳон; B) Варзоб; C) Вахш; D) Хингоб; E) Сурхоб;
64. Ҳудуди Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи чанд километр тӯл кашидааст?
A) 700 км; B) 400 км; C) 1000 км; D) 1500 км; E) 650 км;