Ин ҷо тухми мурғи хонагӣ дар назар дошта шудааст, ки маълум аст. Беҳтаринаш он аст, ки дар ҳаҷм калон ва ҳамон рӯз мокиёнаш зоида бошад. Ҳарорати ҳаво бо мурури рӯзҳо онро палағда мекунад. Бинобар ҳамин дар айёми тобистон дар намак нигоҳ доранд, вайрон намешавад. Мизоҷи зардии он барои ҳамаи мизоҷҳои инсои мувофиқ ва форам аст ва андак моил ба гармӣ мебошад. Ва мизоҷи сафедааш дар дарачаи дувум сард ва тар аст. Мизоҷи пӯсти берунаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: зардии онро нимбирён карда ё нимпухта бихӯранд, дар бадан моддаҳои сара пайдо мегарданд, ғизоияташ зиёда аст ва аз он саргин кам ба амал меояд; дил, майна ва баданро қувват мебахшад; қуввати боҳро меафзояд; ба даруни сина фуромадани назлаҳои гармро манъ мекунад ва ҳоли бади узвҳои даруни синаро ислоҳ месозад, инчунин шахшӯлии он узвҳоро нест мегардонад; хун қай кардан, дағалии рӯдаҳо, хичак ва меъдаро 6а ибро меоварад; захмҳои гурда ва хичакро сиҳат мегардонад ва касеро, ки аз хуни бисёр рафтаи суст гашта бошад, қавӣ мегардонад. Ва хӯрдани ин ба одамони савдовимизоҷ форам ва мувофиқ аст.
Зардии тухми мурғро дар зарфи чинӣ ё сафол барҳам зананд, яъне бикованд ва баъд дар зарфи мис ё дигар, ки дар он об бошад, бияндозанду ҷӯш диҳанд ва бикованд, то нимпухта гардад. Ин усул бехтарин тарзи пухтани он аст. Зеро ки зудҳазм, дар ғизоият сара мебошад ва барои ҳалқ, сурфа ва хун қай кардан даво мешавад, боҳро қувват мебахшад.
Агар зардии хомашро бихӯранд, азияти газидани морро дафъ мекунад, овозро соф мегардонад, инчунин сӯзиши хичакро ба ибро меоварад. Ба ин тариқ, бисёр хӯрдани зардии тухми мурғ ба меъда зарар дорад, дар гурда санг, доғи сафеди пӯст ва доғи кунҷидакро пайдо мекунад. Нимпухтаи онро ба тифлон ба ҷои шир бихӯронанд, раво мебошад. Тухми мурғро то сахт шудан пухта бихӯранд, хусусан дар мизоҷи одамоне, ки рутубат бисер пайдо мешавад, суст ҳазм мегардад ва иллати қулинч (колит)-ро пайдо мекунад. Дар ин маврид давоҳои гарммизоҷ бихӯранд, газандаш ислоҳ меёбад. Тухми нимпухтаро бо кӯфтаи тухми зағир бихӯранд, барои иллати зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма) нафъ дорад; бо андак намак, мустако ва анзарут бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад; бо татум, мозу ва тухми мавизи ангур, инчунин бо ангур бихӯранд, исҳоли сафровиро манъ мекунад.
Тухми мурғро дар сирко пухта бихӯранд, дарунро мебандад ва намегузорад, ки моддаҳои ғайрӣ ба меъда рехта шаванд. Тухми хоми мурғро бо равғани гули сурх ва кӯфтаи бобуна даромехта гузошта банданд, варамҳои чашм, хояҳо ва мақъадро таҳлил медиҳад.