АСОСӢ / ГУНОГУН / Қурбонали Абдуллоев санаи 11-уми январи 2021 дунёи фониро тарк кард

Қурбонали Абдуллоев санаи 11-уми январи 2021 дунёи фониро тарк кард

Сарояндаи маъруф — Қурбонали Абдуллоев имруз санаи 11-уми январи соли 2021 бар асари короновирус дунёи фониро дар сини 58-солагӣ тарк кард. Қурбоналӣ Абдуллоев овозхони тоҷик аст, ки бо услуби асарҳои миллӣ баромад мекард. Соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи колхозчии оддӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, ӯ ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1987 хатм кард.

Қурбоналӣ Абдуллоев
Сурати Қурбоналӣ Абдуллоев бо наберааш

Тарҷумаи ҳол: Қурбоналӣ Абдуллоев то чанде пеш дар ансамбли «Дарё» кор мекард ва соли 2014 бо фармони эҳтимолии ҳукумати кишвар бо мақсади ба нафақа баромадан, ки онҳое, ки зиёда аз 25 сол кор кардаанд, ба нафақа баромаданд. Вай шахсан аз саҳна рафтанашро 13 майи соли 2020, вақте ки моҳи шарифи Рамазон буд, эълон кард.

Бо вуҷуди пиронсолӣ, Қурбоналӣ Абдуллоев ба таври шартномавӣ бо фаъолияти касбии худ дар ансамбли номбурда машғул буд. Қурбоналӣ дар байни мардум ҳамчун як бачаи оддии деҳа машҳур буд. Ин шахс дар байни мардум аз замони шӯравӣ шахси обрӯманд буд.

 

Қурбоналӣ дар байни мардум бо сурудҳои худ: Занги телефон, Алвидо, Қишлоқи ман, Модар, Куҷо мери азизам ва Ҳаёли хом, ки онҳоро ҳамроҳи овозхон Лола Азизова хондааст. Қурбоналӣ Абдуллоев дар байни мардум ҳамчун шахси оддӣ арзёбӣ мешуд ва кори ӯ баҳои манфӣ надошт.

Мавсуф давоми 2-моҳ дар беморхонаи маҳаллаи Зарафшони ш Душанбе бистарӣ буд ва аз бемории Пневмония (Короновирус) азият мекашид. Ниҳоят субҳи санаи 11-уми январи соли 2021 у ҷон ба саломат бурд.

Санаи 12-уми январи соли 2021 сароянда — Қурбонали Абдуллоев дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат ба хок супориданд.

Сарояндаи Тоҷик – Ҷафари Ҷалол вобаста марги-вафоти ба Қурбонали Абдуллоев чунин гуфт:

Рафтиву нақши пойи ту дидам гиристам,

Номи туро зи ҳар ки шунидам гиристам.
Чи рафтани ногаҳонӣ,ормони ва боварнашуданӣ. Шояд коруно яке аз сабабҳои марги Курбоҷон бошад,аммо дилшикастагӣ, ва беэҳтиромии кормандони радио телевизон,ноҷавонмардии онҳо нисбати заҳматҳои шабонарӯзӣ,эҷоди оҳангҳои мондагор ва ҷовидонаи ӯ тайи 35 соли сипаригашта  нобахшиданист.
Магар як ҷавони саропо истеъдод,ҳунар ва мусиқӣ тарки ҳунар кардан ба ин зудӣ барояш сангин ва боиси афсурдагй намегардад,ки то биравад ба дуриҳои дур,паноҳ аз чашми ҳасудону нокасон ба сарзамини бегона.
Магар ин аст подоши он ҳама хизматҳои арзишманд,ки дар дилҳои ҳазорон ҳазор инсонҳо тухми меҳру муҳаббат нисбат ба модар,сарзамин ва зодгоҳро бедор намуд.
Унвонҳои арзандаашро аз ӯ гирифтед, радио,ансамбли «Дарё» коргоҳи дустдоштаашро ҳам,аммо дар хотир дошта бошед,меҳру муҳаббат, самимият ва дӯстдории мардумонашро ҳеҷ гоҳ аз ӯ наметавонед гирифт!
Моро бубахш Қурбонҷон бародари азизам,ки туро дар чанги ин гургони хиёнаткор нисбати фарҳанги асил, муфт аз даст додем. Ҳоло дигар тамом,то дунёст доғи ормони рафтани туро наметавонем аз дилҳоямон бизудоем.
Худовандо,биҳишти ҷовидонро насиби бародари азизи мо гардон,ӯ хело ҳам дӯстдоштанист. Омин!

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …