АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ВАЗЪИЯТИ ТУРКИСТОН ДАР АРАФАИ РЕВОЛЮТСИЯ
turkiston

ВАЗЪИЯТИ ТУРКИСТОН ДАР АРАФАИ РЕВОЛЮТСИЯ

Тараққиёти саноатии кишвари Туркистон. Сармояи банкҳо

Дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ капитализм дар Россияи подшоҳӣ ба марҳалаи олӣ, марҳалаи империалистии тараққиёти худ қадам ниҳод.

Капитализми навбаромади Россия ба иқтисодиёти кишвари Туркистон низ асар кард. Гарчанде ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Миёнаро мисли пештара ҳамчун манбаи ашёи хоми империяи Россия ва ҷои фурӯши маснуоти фабрику заводҳои Россия мононданӣ буд, ба ҳар ҳол равнақу ривоҷи саноат, алалхусус равнақи саноати истихроҷи маъдан ва коркарди ашёи хом возеҳ ба назар мерасад. Истифодаи конҳо хеле ҷон гирифт. Аз пештара дида хеле бештар ангишт, нефт, металлҳои ранга ва муми табиӣ (озокерит) истихроҷ мешуд. Ба кор даромадани корхонаҳои коркарди нахусти ашёи хом, ҳамчунин истифодаи роҳҳои оҳан талаб мекард, ки самараи конҳои ангишт бештар шавад. Махсусан, конҳои ангишти вилоятҳои Самарқанду Фарғона – Сулукта, Қизилкиик, Шӯроб, Андиҷон ва ғ. аҳамияти калон пайдо карданд. Дар уезди Хуҷанд панҷ кони ангишт амал дошт – конҳои Н.А.Овсянников ва шариконаш, Е.М.Краузе, Петрова, ворисони савдогар Иванов ва кӯҳкор Новиков[1]. Ба андозаи такмили усулҳои ангиштканӣ ва ба конҳо кашидани роҳҳои оҳан миқдори истеҳсоли ангишт ҳам меафзуд. Масалан, аз кони ангишт соли 1905 700 пуд, соли 1907 бошад, 1 млн.-у 220 пуд ангишт истихроҷ шуд[2].

Дар ибтидои асри ХIХ истихроҷи саноатии нефт ривоҷ ёфт. Бойтарин конҳои нефт – конҳои САНТО ва Чимиёни водии Фарғона ва кони ҷазираи Чалакони баҳри Каспӣ буд. Дар даҳсолаи аввали асри ХХ аз ҳама бештар аз кони нефти Чалакон нефт кашида шуд. Агар соли 1901 дар ин ҷо 600 ҳаз. пуд нефт истихроҷ шуда бошад, пас аз даҳ сол миқдори он ба 15 млн. пуд расид[3]. Дигар соҳаҳои саноати истихроҷи маъдан аз конҳои намаку озокерит, баъзе конҳои хурди истихроҷаш дастии тилло ва баъзе металлҳои ранга иборат буд.

Иқтисодиёти кишвари Туркистон мисли пештара сирф зироатпарварӣ ва соҳаи муҳими он пахтакорӣ ва пахтатозакунӣ буд. Дар байни заводҳо бешак заводҳои пахта аз ҳама бештар буда, дар ҷои якум меистоданд. Дар хоки генерал-губернаторӣ дар ибтидои асри ХХ 230 корхонаи пахта кор мекарданд, ки зиёда аз нисфи онҳо дар водии Фарғона воқеъ буданд. Ҷои дувумро саноати равған мегирифт, ки дараҷаи ҷиҳозоти он ниҳоят паст буд. Маҳалли асосии ин корхонаҳо ҳам дар Фарғона ҷой дошт.

Аз 34 заводи шаробкашӣ 28-тоаш дар вилояти Самарқанд буд. Ду фоизи ин навъи маҳсулотро корхонаҳои уезди Хуҷанд медоданд. Дар иқтисодиёти Осиёи Миёна заводҳои чармгарӣ ва рӯдатозакунӣ ҳам мақоми намоён доштанд (ҳамаи онҳо асосан аз они ширкати немисии «Дюршмидт» буданд).

Дар марҳалаи монополистии инкишофи капитализми Россия дар боби истифодаи захираҳои мулкҳои мустамликавии он сармояи банкҳо мақоми махсус пайдо кард. Даврае, ки мавриди назар аст, даврае мебошад, ки чашми калонтарин банкҳои Россия ба Туркистон дӯхта шуд. Чунон ки пас аз борони баҳорон занбӯруғҳо якбора ба рӯй мезананд, ана ҳамин хел дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Андиҷон, Хӯқанд, Бухорои Нав (Когон) ва дигар шаҳрҳо Банки давлатӣ он тараф истад, шӯъбаю шӯъбачаҳои мухталифи корхонаҳои гуногуни молия пайдо шудан гирифтанд.

vaziyati_tojikonСармояи банкҳо асосан худро ба саноати пахта мезад, вале аз дигар соҳаҳои иқтисодиёти Осиёи Миёна ҳам рӯ намегардонд. Масалан, «Русский для внешней торговли банк» («Банки русии тиҷорати хориҷӣ») асосан ба савдои пӯсти қарокӯлӣ часпида гирифт, «Русско-Азовский банк» («Банки Русу Азов») сохтмони роҳи оҳани Бухороро бо пул таъмин мекард ва дар аморати Бухоро калонтарин иҷорагири замин буд; «Азовско-Донской банк» («Банки Азову Дон»), ки ба он аркони саноати газвори пахтагини Петербург соҳибихтиёрӣ мекарданд, тамоми хариди пахта ва коркарди нахусти онро ба даст гирифт; дар ин кор шарик ва дар айни ҳол, рақиби он «Сибирский-торговый банк» («Банки тиҷоратии Сибир») буд; дар ин гӯшаи дури империяи Россия «Московский учетно-ссудный банк» («Банки ҳисобию бунакдиҳандаи Москва») ҳам такопӯи зиёде дошт.

Дар як худи шаҳри Бухоро дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ 8 шӯъбаи банкҳо (1 шӯъбаи банки давлатӣ ва 7 шӯъбаи банкҳои хусусӣ) кор мекарданд; муомилоти шаштои онҳо ба ҳисоби миёна соли 1915 20,3 млн. сӯм буд[4]. Дар ин ҷо барои амалиёти ширкатҳои корчаллони ҳарис шароити басо мусоид муҳайё гардид. Ана, баъзе аз он ширкатҳои пулчаллон: ширкати тиҷорату саноатии мануфактураи калони Ярослав, ширкатҳои Андреев, Потеляховский, Москва, ширкати тиҷоратии бародарон Крафт, ширкати тиҷоратии бародарон Вадяевҳо, ширкати тиҷоратии бародарон Шлоссберг, ширкати саҳмдории газворҳои пахтагини Познанский, ширкати тиҷорат бо Эрон ва Осиёи Миёна ва ғайраву ҳоказо.

ҳамаи ин даррандагони капиталистӣ, ки ба «ширкат»-у «ширкатчаҳо»-и аз худ хурдтар такя доштанд, деҳқонон, пролетарҳо, нимпролетарҳо, косибонро бераҳмона талаву тороҷ мекарданд. Халқҳои мазлуми Осиёи Миёна мисли дигар халқҳои бисёр ноҳияҳои империяи Россия ҳам аз равнақу ривоҷи муносибатҳои капиталистӣ азоб мекашиданду ҳам ин муносибатҳо ба дараҷаи кофӣ равнақу ривоҷ надоштанд[5].

Дар кишвари Туркистон истеҳсолоти молӣ ривоҷ меёфт. Аммо ин протсесси прогрессивӣ дар шароите ҷараён дошт, ки дар хоҷагии қишлоқ муносибатҳои токапиталистии истеҳсолот пурра ҳукмфармоӣ мекарданд ва ин боиси ҳамин мешуд, ки меҳнаткашон беш аз пеш толону тороҷ мешуданд, тақсимоти аҳолӣ ба синфҳо ва ба дараҷоти молумулкдорӣ сурат мегирифт.

Яке аз офатҳои мудҳиши иқтисодиёти Туркистон судхӯрӣ буд, ки ба ривоҷи он банкҳо хеле мусоидат мекарданд. Банкҳо ба ширкатҳои калони пахта ва дигар хоҷагиҳо пул қарз медоданд. Дар болои ин пул ҷангу ҷанҷолу моҷарову хархашаи зиёде мешуд. Ин пул аз дасти як олам гумоштаву вакилу миёнраву ҷаллобу даллол гузашта, фоизи худро зиёд мекард. Кор ба дараҷае мерасид, ки агар банк ба шарти 6-6,5 фоиз фоида қарз дода бошад, пул то ба дасти истеҳсолкунандаи бевосита, то ба дасти деҳқони пахтакор расидан фоизи худро даҳ маротиба зиёд мекард ва то ба 50-70 фоизи фоида мерасид.

Тарозудору пахтакашҳо дар хариду фурӯши пахта як навъ гумоштаҳои банкҳо буданд. Тарозудор аз савдогари серпул ё банк бунаки калон гирифта ба тарзи кӯтара пахтаи зиёдеро мехарид. Одатан тарозудор ин бунакро байни пахтаҷаллобҳои хурдтар – байни пахтакашҳо тақсим мекард ва онҳо фоидаи қарзро боз зиёдтар карда, сад фиребу найранг сохта, ҳам аз пуду ҳам аз тор зада, ба сари деҳқони бечора балое мешуданд.

Аҳволи меҳнаткашон

ҳоҷати гап нест, ки ҳамаи ин дасисаҳо ба дӯши меҳнаткашон бори гарон мегардид ва онҳоро ба ғуломони якумраи як олам судхӯрон табдил медод. Миқдори қарзе, ки пахтакорон аз муассисаҳои қарздиҳандаву молиявӣ гирифтаанд, равшан далолат менамояд, ки онҳо чи қадар ба қарз ғӯтидаанд – дар охирҳои соли 1912 ин қарз ба ҳадди беҳад бузург–қариб ба 160 млн. сӯм расида буд[6]. Деҳқононе, ки замини худро ба гарав монда, аз судхӯрон қарз мегирифтанд, аксар вақт қарзи худро дар мӯҳлаташ дода наметавонистанду аз замини худ маҳрум мешуданд. Деҳқонони хонабардӯш ё батрак ё чоряккор ё худ коргари оддӣ мешуданд. Дар баробари ин шумораи заминдорони калон ва бойҳо меафзуд.

ҳукумати подшоҳӣ ҳарҷониба мадад мерасонд, ки хоҷагии бойҳо дар равнақ бошад. Масалан, хоҷагие, ки то 0,5 десятина замин дошт, барои ҳар як десятина 8 сӯму 64 тин андоз медод. Дар айни ҳол, хоҷагиҳое, ки зиёда аз 6 десятина замин доштанд, барои ҳар як десятина 6 сӯму 96 тин андоз медоданд.

oqsaqolБойҳо замини деҳқонони ноилоҷмондаро харида мегирифтанд. Ба ҳамин тариқ, ғайр аз заминдории калони феодалӣ заминдории нимфеодалию боӣ ҳам маъмул шуд. Масалан, соли 1908 дар уезди Хуҷанд якчанд бой садҳо десятина замин доштанду 1369 хоҷагии деҳқонон умуман замин надоштанд, 1000 хоҷагӣ бошад, аз 1 то 0,25 таноб замин дошт. Дар қишлоқи Қистакӯз (ҳозира вилояти Ленинобод) 70 хоҷагии бою муллоҳо 3 ҳаз. га замин, 18 ҳаз. деҳқонон бошанд, аз 500 га. андак зиёд замин доштанд. Дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов ва Конибодом нархи як десятина замин 4-8 ҳазор сӯм буд. Деҳқонони хонавайронгардида мардикорӣ мекарданд ё хизматгори дари бойҳову савдогарону судхӯрон мешуданд.

Пахтаҷаллобҳову судхӯрон аз бесаводию нодонии деҳқонон истифода бурда, онҳоро фиреб медоданду талаву тороҷ мекарданд. Масалан, ба деҳқон 100 сӯм қарз медоданду ба қимати 500 сӯм векселро имзо кунонда мегирифтанд. Ҳамаи ин таҷзияи синфии деҳқононро суръат медод. Мустамлика будани кишвар, сохти иҷтимоию иқтисодии аморат, дараҷаи ниҳоят пасти саноат боиси он мегардид, ки деҳқонон пролетар не, балки паупер мешуданд. Пауперизм бениҳоят вусъат меёфт. Деҳқонон аз як порча замини худ маҳрум шуда, барои аз гушнагӣ намурдан ба корхонаҳои саноатӣ рафта кор мекарданд ва ҳамин тавр аввалин кадрҳои пролетариати маҳаллӣ ба вуҷуд меомад. Ин коргарон дар конҳои мутлақо беҷиҳози ангишту маъдану намак ва ғайра меҳнат мекарданду шароити кори онҳо, бемуболиға, аз шароити ҷаҳаннам бадтар буд.

Дар арафаи соли 1905 дар Осиёи Миёна то 32 ҳазор нафар коргарон буданд, ки 77 фоизи онҳоро коргарони миллатҳои маҳаллӣ ташкил медоданд. Дар вилояти Фарғона, ки саноаташ бештар тараққӣ ёфта буд, то 40 фоизи корхонаҳои тамоми кишвар воқеъ гашта, дар онҳо зиёда аз 8 ҳазор нафар коргарон кор мекарданд, дар вилояти Самарқанд 2800 нафар коргарон буданд.

Аввалин кадрҳои пролетариати маҳаллӣ аз ҷумлаи деҳқонони бенавогашта ташкил меёфтанд, ки онҳо дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳр равона мешуданд. Қисми асосии пролетарҳои аввалини тоҷик мардикорон, коргарони мавсимӣ ба ҳисоб мерафтанд ва онҳо дар конҳо, корхонаҳои вилояти Самарқанд, заводҳои пахтаи Фарғона, дар сохтмони роҳи оҳан корҳои вазнини зӯрталабро ба ҷо меоварданд. Дар рубоӣ ва таронаҳои ғарибӣ, ки то ба замони мо омада расидаанд, аз рӯзи сиёҳи мардикорони тоҷик ва ғарибмазор шудани онҳо сухан меравад:

Дар ғарибӣ гашта-гашта, ранги зард овардаам,

Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.

Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун!

Дар сари қабрам нишину як даме фарёд кун!

Дар айни замон аз деҳот барои мардикорӣ ба шаҳрҳо баромада рафтани аҳолӣ «ҳодисаи прогрессивӣ мебошад. Вай аҳолиро аз ҷойҳои дурафтода, пасмонда, таърих фаромӯшкарда берун меорад ва ба гирдоби ҳаёти ҳозираи ҷамъиятӣ мекашад»[7]. Ин хулосаи В.И.Ленин, ки нисбат ба деҳқонони рус баровардааст, нисбат ба деҳқонони тоҷик ҳам комилан татбиқпазир аст.

Мардикорони тоҷик аз диёри худ баромада, ба коргарони рус вомехӯрданд ва бо ҳамроҳии онон тамоми азобу азияти истисмори капиталис­тиро аз сар мегузаронданд. Робита бо пролетариати рус дар ҷараёни ташаккули пролетариати тоҷик роли калони револютсионӣ бозида буд.

Дар байни аввалин пролетарҳои тоҷик баъзан ба муқобили золимон исёнҳои номуташаккил сар мезаданд. Исёне, ки соли 1885 дар конҳои ангишти Завронкиштут ба амал омада буд, ба ин мисол шуда метавонад. Коргарон назоратчиёнро дошта зада, таҷҳизотро вайрон карданд ва устои кону назоратчиёнро гирифта, ба Панҷакент равона шуданд, ки барои муомилаи бераҳмона ба ҳукуматдорон шикоят кунанд. Дар исён 80 кас иштирок карда буд. Дар Панҷакент се нафар аз исёнгаронро ҳабс мекунанд, шикоят беоқибат мемонад, ошӯби коргарон фурӯ нишонда мешавад.

Дар бораи дигар ошӯбҳои коргарони кироя, ки алалхусус дар ибтидои асри ХХ тез-тез ба вуқӯъ меомаданд, маълумоти ноқис боқӣ мондааст. Ин ошӯбу шӯришҳои меҳнаткашон алалхусус дар ибтидои асри ХХ ниҳоят вусъат ёфтанд, вале дар он давра онҳо роҳбарияти пролетарӣ надоштанд ва дошта ҳам наметавонистанд. Бинобар ин, ғазаби халқ танҳо дар шакли шӯру ошӯбҳои ҷудогонаву стихиявӣ зоҳир мегардид. Ҳамаи ин шӯру ошӯбҳоро ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукуматдорони маҳаллии Туркистон бераҳмона пахш мекарданд.

[1] ЦГА Тадж. ССР, ф. 1, оп. 1., д. 1926, л. 9.

[2] Муфассалтар ниг.; Бобохонов М., 1975, с. 94–95.

[3] Гулишамбаров С.И., 1913, с. 73.

[4] Рябинский А., 1941, с. 4.

[5] Дар ин бора муфассалтар ниг.: Аминов А.М., 1959.

[6] Демидов А. П., 1926, с. 125.

[7] Ленин В. И., Асарҳо, ҷ. 3, с. 596.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …