АСОСӢ / Тандурустӣ / Модар ва кӯдак / Вазни зиёдатӣ ҳангоми ҳомиладорӣ

Вазни зиёдатӣ ҳангоми ҳомиладорӣ

Муаммои вазни зиёдатӣ ҳангоми ҳомиладорӣ аксарияти модарони ояндаро ба ташвиш меорад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки дубора ба сари ин мавзӯи мубрам баргардем ва ҳамаи тарсҳои ба он вобастаро бартараф намоем.

Зиёд кардани калориянокии ғизо

Ҳангоми ҳомиладорӣ аксарият бо маслиҳати табибон ба ғизои дуруст хӯрдан оғоз мекунанд, ва ҳатто баъд аз таваллуди кӯдак низ тарзи бурдани ҳаёти солим, реҷаи рӯз ва низоми ғизогириро риоя мекунанд. Ба онҳо ҳатто муяссар мешавад, ки бо доштани килограммҳои зиёд то ҳомиладор шудан, мӯътадилшавии вазн ва саломатии хубро пас аз таваллуди кӯдак ба даст оранд. Аммо инро на ҳама ба даст оварда метавонанд.

vazni-zani-homilador

Бештар занҳо пурсон мешаванд, ки тӯли нӯҳ моҳ чанд килограмм вазн гирифтан мумкин аст. Ба ин савол ягон ҷавоби аниқ дода намешавад. Ҳамааш аз вазни аввала то ҳомиладор шудан вобаста аст. Фикру андешаҳое ҳастанд, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ба ҷойи “ду нафар” бояд хӯрок хӯрд. Аслан дар муддати якум триместр ба организми модари оянда тӯли як шабонарӯз танҳо 100 килокалория зиёдтар (ин тақрибан як истакон шир ё афшура), дар муддати дуюм ва сеюм триместр (ҳафтаи ҳомиладории 28-40) – 300 килокалория зиёдтар (банан ё йогурт) лозим аст.

Бино бар ин, иловашавии умумии вазн ҳангоми тамоми давраи ҳомиладорӣ бояд: дар занҳои вазнашон мӯътадил ва кам то ҳомиладорӣ тақрибан 9-15 кг; дар онҳое, ки вазни зиёдатӣ доранд 7-10 кг ва ҳангоми фарбеҳӣ на зиёда аз 5-6 килограммро ташкил диҳад.

Ҳангоми токсикози триместри аввали ҳомиладорӣ бештар тағйиротҳо дар вазни зан дида мешавад. Дар авал ин гум шудани массаи-вазни бадан мебошад, ки пас аз якчанд мӯҳлат организм кӯшиш мекунад пур кунад ва дар натиҷа зан якбора якчанд килограмм вазн мегирад. Бино бар ин, табиб ҳангоми назорати ҳомиладор ба вазни аввала таваҷҷӯҳ медиҳад, на ба он вазне, ки пас аз харобшавии вобаста ба токсикоз ба амал омадааст.

Тавсияҳо барои ҳомиладорон

Беш аз ҳама занҳо пурсон мешаванд, ки “Фарбеҳшавӣ аз чӣ оғоз мешавад?”. Албатта, онҳо мехоҳанд донанд, ки чӣ тавр зиёдшавии вазни баданро пешгирӣ кардан мумкин аст. Дар асл ин на он қадар душвор аст, агар якчанд тавсияҳоеро, ки онҳо имконият медиҳанд бе ягон кӯшиши махсус иловашавии вазни зиёдатиро пешгирӣ кунанд, риоя намоянд.

Пеш аз ҳама, нақши муҳимро наҳории хуб мебозад, ки аз он бисёри занҳо бо сабаби токсикоз ё дигар сабабҳо даст мекашад. Аммо ҳангоми хоби шабона модару кӯдак тӯли муддати дароз бе хӯрок буданд ва бояд ин сарфаҳои энергияро пур кард. Ғайр аз ин, ҳангоми аз наҳорӣ даст кашидан, вақти хӯроки нисфирӯзи бо сабаби ҳиссиёти баланди гуруснагӣ зиёдтар хӯрок хӯрда мешавад, ки ба таҳшиншавии килограммҳои зиёдатӣ оварда мерасонад.

Модарони оянда бояд реҷаи муайяни рӯз ва нақшаи пешакӣ тартибдодаи ғизогириро риоя кунанд. Чуноне ки маълум аст, ҳангоми ҳомиладорӣ якбора пайдошавии ҳиссиёти гуруснагӣ дида мешавад. Бино бар ин, пеш аз хона баромадан ҳатман ҳамроҳ ягон чиз барои хӯрдан, мисоли тармева, нон ё йогурти нӯшиданӣ бояд гирифт.

Ҳеҷ вақт набояд ғизоҳои фастфудро хӯрд, зеро дар аксари онҳо чарбуҳои зараррасон мавҷуд аст, ки аз организм бароварда намешаванду, баръакс дар он ҷамъ мешаванд. Ба суханони хешовандон даромада ҳиссаи иловагии хӯрокро хурдан лозим нест, зеро барои ҳомиладор на миқдор, балки сифати ғизои хӯрдашаванда муҳим аст.

Ҳамчунин фаромӯш набояд кард маҳсулотҳои “зараррасон”-ро, ба мисоли ҳасибҳои дудхӯрда, намакхӯрда, оби газноккардашуда, шириниҳо, ки агар ҳатто дар рӯйхати хӯрокҳо бошанд ҳам, танҳо дар миқдори кам. Афзалиятро бояд ба маҳсулотҳои ширӣ, сабзавот ва тармева, гӯшти обпаз ва ярма дод. Вақти шабона хӯрок хӯрдан тавсия дода намешавад. Аммо агар модари оянда хеле гурусна бошад, пас метавонад пеш аз хоб тармева ё твороги беравған хӯрад.

Баъзан ҳомиладорон кӯшиш мекунанд, ки вазни худро бо сахт парҳез кунанд, рӯзҳои парҳезӣ гузаронидан ва ҳатто гурусна нишастан дар назорат доранд. Ин корро кардан мумкин нест, зеро ҳангоми норасогии пайвастаи ғизо зан ва кӯдаки ӯ миқдори лозимаи моддаҳои ғизодиҳандаро, ки барои инкишофи кӯдак зарур аст, намегиранд. Ғайр аз ин, пас аз гурусна нишастан зан ба реҷаи ғизогирии худ бармегардад, аммо акнун организми ӯ ба захира кардан дар намуди таҳшинҳои чарбу барои “гуруснагии” навбатӣ оғоз мекунад.

Фаъолияти ҷисмонии бомеъёр, махсусан роҳгардӣ ва шинокунӣ дар ҳавзи шиноварӣ, хеле таъсири калон дар мубориза бо зиёдшавии вазн доранд, ки агар дар ҳолати нарасидани зарар ба саломатӣ иҷро карда шаванд.

Оқибатҳои илова шудани вазни зиёдатӣ

Баъзеҳо ба миқдори иловашудаи килограммҳои иловагӣ дар вақти ҳомиладорӣ таваҷҷӯҳ намедиҳанд, аммо вазни зиёдатӣ метавонад на танҳо ба худи зан, балки ба кӯдаки ояндаи ӯ низ зарар расонаду асосан раванди таваллудро мушкил гардонад.

Умуман вазни зиёдатӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ба оқибатҳои гуногуни манфӣ оварданаш мумкин аст. Мисол, ба пайдошавии бемории бавосир (геморрой), ки худ ногувор аст, ки дар марҳилаи ҳомиладорӣ метавонад ба зан як қатор мушкилотҳоро ба вуҷуд орад. Ҳамчунин метавонад ба баландшавии фишор оварда расонад, ки ба саломатии модари оянда ва раванди ҳомиладорӣ ба таври манфӣ таъсир мекунад.

Васеъшавии рагҳои хунгард на танҳо камбудии косметикӣ мебошад, балки метавонад азобҳои ҷисмонии эҳсосшаванда диҳад. Пайдошавии дард дар сутунмӯҳра, хаста кардани ҳисси ногуворӣ, ки ҳамаи ин ба ҳолати руҳӣ таъсир мерасорад. Тангнафасӣ ба нафаскашии дуруст, бо оксиген таъмин шудани ҳуҷайраҳои хун монеагӣ ҳосил мекунад ва ба ҳолати кӯдаки оянда манфӣ таъсир мерасонад. Инчунин вайроншавии мубодилаи моддаҳо, хусусан, инкишофи диабети қанди ҳомиладорон ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.

Ғайр аз он, кӯдаки занҳое, ки вазни зиёдатӣ доранд, бештар калон таваллуд мешванд, ки ин раванди таваллудро мушкил мегардонад. Табибон-диетологон қонуниятро қайд мекунанд: агар зан ҳангоми ҳомиладорӣ вазни зиёдатӣ ё аз фарбеҳӣ азоб кашида бошад, пас эҳтимоли он, ки кӯдак низ чунин хусусиятҳоро соҳиб мегардад, баланд мешавад.

Маҳдудиятҳои зарурӣ пеш аз таваллуд

Чанде аз модарони оянда чунин меҳисобанд, ки дар марҳилаи ба кӯдак хӯрок додан онҳо бояд аз бисёри маҳсулотҳо даст кашанд, аз ин рӯ, то вақти таваллуд худро дар истеъмоли маҳсулотҳои гуногун, ҳатто дар миқдорҳои зиёд, ки ба организм муфид нестанд, маҳдуд намекунанд. Аммо аз хотир набояд фаромӯш кард, ки дар ҳафтаҳои охири ҳомиладорӣ чунин харҷи қувва ба мисли пештара дида намешавад. Бино бар ин, як моҳ пеш аз санаи тахминии таваллуд беҳтар аст, агар ба истеъмоли ғизои хубҳазмшаванда оғоз кардан тавсия дода мешавад. Оҳиста сафедаҳои чорворо (тухм, моҳӣ, гӯшт) ба озуқавории сабзавотӣ (сабзавоти дудкардашуда, маҳсулотҳои ширӣ ва ғалладонагиҳо) иваз кардан зарур аст.

Хуришҳои сабзавотӣ бо равғани растанӣ ё зайтун фоидаи калон доранд, ки ҳолати бофтаҳо ва рагҳоро аз ҳисоби дар равған маҷуд будани витамини Е, беҳтар мегардад. Тавсия дода мешавад, ки 3-4 ҳафта пеш аз таваллуд аз истеъмоли шоколад ва меваҳои ситрусӣ даст кашанд, зеро ин маҳсулотҳо метавонанд дар кӯдак аллергия пайдо кунонанд.

Одатан модарони ҷавонро иловашавии вазни зиёдатӣ, ки пас аз таваллуд бартараф намешавад, нигарон мекунад. Ғайр аз вазни худи кӯдак, ҳамроҳ (плацента), моеъҳо, миқдори зиёдшавандаи хун, табиат инчунин захираи чарбуро, ки барои ғизодиҳӣ ба кӯдак зарур аст, пешбинӣ кардааст. Бино бар ин, ба мисли пештара шудани қаду қомат умедвор шуда намешавад.

Барои пурра баргардонидани андозаҳои пештара бе расонидани зарар ба саломатӣ, ба зан боз ҳамон нӯҳ моҳ лозим аст. Бо вуҷуди ин, бо риоя кардани реҷаи мутавозуни ғизогирӣ ва фаъолияти ҷисмонии кифоя баъзан тезтар андозаҳои пештараро баргардонидан мумкин аст. Аммо дар ин ҳангом набояд ба ягон парҳез ва гуруснагӣ даст зад, зеро ин усулҳои ниҳоӣ метавонад танҳо зиёни худро ҳам ба модар ва ҳам ба кӯдаки ӯ расонанд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …