Велосипед чӣ гуна монандиҳоро ба ёди шумо меорад? Тобистон дар дача буданро – гуфта, ҷавоб медиҳад шаҳрванди миёнаҳол (миёнастатистикӣ). Тур де Франс – гуфта, лабханд мезанад ҳавасманди варзиш, велоэргометрия гуфта, оҳи сарде мекашанд, ҷуфти кардиолог ва шахси дилкасал.
Агар духтур шуморо барои тоб додани педалҳо равона карда бошад – ба ҳарос наафтед. Тамоман ҳатмӣ нест, ки гӯё шумо ба таври автоматикӣ ба гурӯҳи беморони вазнин меафтед. Аниқтараш ин маънои онро дорад, ки шуморо кардиологи ҳушманду босавод табобат карда истодааст.
Моҳияти велоэргометрия – таҳқиқи аксуламали (реаксияи) дил ба кори ҷисмонӣ мебошад, то маълум карда шавад, ки оё ҳангоме ки дил хеле фаъолона кор мекунад, барои он хун ва кислород кифоят мекунанд ё не. Дар вақти кор кардан бо велоэргометрия ҳамеша электрокардиограмма, нишондиҳандаи фишори артериалӣ ва суръати набз навишта мешаванд ва ин гуна ташхис метавонад оиди чизҳои бисёре нақл кунад.
БА КУҶО САВОРӢ ШУДА РАВОНА ҲАСТЕМ?
Агар одам муддати дароз аз стенокардия азият кашида истода бошад, велоэргометрия ин воқеаро (фактро) сабт менамояд ва аз рӯи кардиограммаи ба даст омада гуфтан мумкин мешавад, ки кадом артерияҳои дил иллатнок шудаанд, ва аз ин мебарояд, ки тактикаи табобати оянда низ тарҳрезӣ ва сохта мешавад. Ин гуна ташхис дар аксар вақт ёрӣ медиҳад, ки бемории бо ном бедарди ишемияи миокарда, маълум карда шавад, яъне ҳоло дар он вақте ки он дилро ҳеҷ ташвише намедиҳад, вале мушкилӣ фақат дар кардиограмма ба назар намоён аст.
Велоэргометрияи сари вақт гузаронидашуда ва табобати адекватӣ ба таври назаррас хавфи (риски) инкишофёбии стенокардия ва инфарктро кам мекунанд.
Варианти сеюм низ вуҷуд дорад – ҳамон вақте ки дил каме касал аст, аммо ҳангоми таҳқиқкунӣ ҳатто ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ низ ҳеҷ гуна тағйироте дар кардиограмма ба назар намерасад. Он гоҳ сухан дар бораи кардиалгия меравад ва табобат кардани дил не, балки табобати остеохондрози сутунмӯҳра, невралгияи байни қабурғаҳо ё ягон бемории дигаре зарур меояд,
ЧӢ МЕШАВАД АГАР ПИЁДАГАРДӢ КУНЕМ?
Барои он ки аз санҷиши ҷисмонӣ гузаред, тоб додани педалҳо ҳатмӣ нест. Барои онҳое, ки аз фарбеҳӣ ё бемориҳои буғумҳо азият мекашанд, табибон алтернативаеро бо номи — тредмил кор карда баровардаанд. Аз рӯи моҳият, ин роҳрави муқаррарӣ барои давидан мебошад. Темпи роҳгардӣ ва муқовимати тасмаи он тадриҷан зиёд карда мешаванд ва ин
имкон медиҳад, ки ҳамон гуна кори ҷисмоние ки дар велотренажёр иҷро мешуд, ба даст оварда шавад. Дар омади гап, тредмил аз он сабаб дар ИМА оммавияти (паҳншавии) бештаре пайдо намуд, ки велотранежёрҳо амрикоиҳои вазнинро бардошт карда наметавонистанд, ба ғайр аз ин бештари онҳо ҳеҷ вақт дар велосипед саворӣ накардаанд.
Ба ғайр аз одамони солҳои дароз гирифтори бемории дил буда, ки барои онҳо ин таҳқиқот муқаррарӣ аст, санҷиш бо сарборӣ (кори ҷисмонӣ) ба шахсони зерини дигар низ тавсия дода мешавад:
— одамоне, ки давра ба давра (вақт-вақт) дар мавзеъи дилашон дард ҳис мекунанд, аммо ҳамзамон дар кардиограммаи онҳо ҳеҷ гуна номувофиқатӣ аз меъёр дида намешавад;
— онҳое, ки баръакс дарди дил надоранд, аммо электрокардиограмма норасоиии хунтаъминкунии мушакҳои дилро нишон медиҳад;
— одамоне, ки дар хунашон дараҷаи баланди холестерин доранд;
— онҳое, ки аз сабаби кори пуршиддат дар онҳо хавфи инкишофёбии бемории ишемии дил , хеле баланд аст (ронандаҳо, пилотҳо, ғаввосон ва ғайра);
— пас аз 40 солагӣ – ҳамаи онҳое ки ирсияти нохуби бемории дилу рагҳо доранд (падар ё модарашон гирифтори бемории ишемии дил будаанд, инфарктро аз сар гузаронидаанд).
САВОЛҲО ОИДИ ВЕЛОЭРГОМЕТРИЯ
Чӣ тавр барои велоэргометрия тайёр шудан лозим аст?
Як шабонарӯз пештар истеъмоли баъзе доруҳоро қатъ кардан зарур аст (бета-блокаторҳо, нитратҳо — оиди қатъкунии доруҳо бояд духтури табобатӣ муфассалтар нақл кунад). То се соат пештар аз велоэргометрия набояд чизе хӯред ё нӯшед. Набояд пас аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва ташвишҳои эҳсоссотӣ велоэргометрия иҷро карда шавад. Бо худатон костюми варзишии қуллай ва кроссовки биёред. Барои мардҳое, ки дар рӯи синаашон қабати сермӯй доранд, зарур меояд, ки он мӯйҳоро тарошанд, вагарна тамоси (контакти) электродҳо бо пӯст коста мешавад.
Таҳқиқ бо велоэргометрия чӣ тавр гузаронида мешавад?
Шумо педалҳоро тоб медиҳед ё дар рӯи роҳрави давидан (тредмил) қадамзанӣ мекунед, таҷҳизот бетанаффус нишондиҳандаҳои асосиро сабт мекунад (набз, фишори артериалӣ, электрокардиограмма, серии хун аз кислород). Пас аз якчанд дақиқа духтур дараҷаи кори ҷисмониро зиёдтар мекунад (муқовимати педалҳо ё тасмаи роҳрави давидан зиёдтар карда мешавад) ва ҳолати умумииро зери назорат мегирад: ҳангоми пайдо шудани дард дар мавзеъи дил, нафастангӣ, баландшавии фишори хун шояд велоэргометрия боздошта шавад.
Натиҷаҳо чӣ тавр сабт (ҳуҷҷат) карда мешаванд?
Аз рӯи натиҷаҳои велоэргометрия хулоса дода мешавад, аммо на ташхис ва на тавсия. Акнун роҳи шумо бояд ба сӯи духтури табобаткунанда бошад. Фаҳмидани он муҳим аст, ки ба ахборотнокии баланди велоэргометрия нигоҳ накарда, фақат кардиолог метавонад натиҷаҳои онро дуруст маънидод кунад ва тактикаи ояндаро низ муайян намояд.
Оё барои одамони солим низ санҷиш бо сарборӣ (кори ҷисмонӣ) зарур аст?
Бале, меарзад ки ҳамаи одамони аз сини 30 сола боло, ки ба машғулиятҳои фитнес оғоз намудаанд, аз велоэргометрия гузаранд. Аққалан барои он ки кори оптималии ҷисмониро барои худашон муайян кунанд ва албатта барои сари вақт дарёфт кардани патологияи тахминии ноаёни дил низ.
Чӣ беҳтар аст — велоэргометр ё тредмил?
Ҳам инаш ва ҳам ваяш- фақат олоте ҳастанд барои ба амал овардани кори ҷисмонӣ. Дақиқии натиҷаи онҳо низ як хела аст. Яъне ки ҳангоми интихоб ба хуссусиятҳои инфиродӣ ва вазъи саломатии худашон эътибор медиҳанд. Маълум аст, ки барои он нафаре ки ҷароҳати пой дорад, дар велотренажёр кор кардан мушкил аст ва барои вай тредмил бештар мувофиқ аст. Аммо масалан барои дар чӣ олот таҳқиқ кардани велопойгачии касбӣ аз афташ ҷойи баҳс нест.