АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Вилоятҳои таърихию мадании Осиёи Миёна

Вилоятҳои таърихию мадании Осиёи Миёна

Сайри тараққиёти таърихии аҳди биринҷӣ дар қисматҳои мухталифи Осиёи Миёна яксон набуд. Дар ин бобат ду вилояти калонро метавон зикр кард: 1) ҷанубу ғарбӣ (ҷануби Туркманистон); 2) шимолу шарқӣ (қисматҳои боқимондаи Осиёи Миёна). Маданияти ин вилоятҳо аз ҳам ҷиддан фарқ менамуд. Дар айни замон миёни онҳо робитаи қавӣ ва тӯлонӣ вуҷуд дошт[1].

Дар ҷануби Туркманистон маданияти муқимии зироатӣ, ки аз рӯи нахустин осори таҳқиқшуда «маданияти Анав» номида шудааст, ривоҷ ёфта буд. Нахустин ковишҳои Анав бо номи кишваршиноси рус А.В.Комаров алоқаманд аст. Баъдҳо экспедитсияи америкоӣ бо сардории Р. Помпелли ин ковишҳоро давом дод[2]. Бо ҳафриёти солҳои 1949-1950 дар Намозгоҳтеппа баамаловардаи Б.А.Литвинский тадқиқи илмии ёдгориҳои маданияти Анав шурӯъ гардид[3]. Сипас, ин корро Б.А.Куфтин идома дода, нақшаи табақабандии ин ёдгориҳоро пешниҳод намуд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст[4]. В.М.Массон ва ҳамкорони ӯ дар натиҷаи ковишҳои чандинсола материали фаровоне доир ба тамоми марҳалаҳои маданияти Анав ба даст оварданд. Ба ин васила В.М.Массон материалҳои оид ба таърихи қабилаҳои Анавро тадқиқ ва ҷамъбаст намуда, онҳоро бори аввал ба доираи васеи масъалаҳои таърихи Шарқи қадим дохил намуд[5].

Дар аввалҳои энеолит маскани одамон фақат аз як дар ва хона иборат буд. Баъдтар дар марҳалаҳои минбаъдаи тараққиёти энеолит атрофи онро ба мақсади мудофиа девор мекашанд; хонаҳои ҷамоатӣ низ сохта мешаванд, ки дар ҳар яке қӯшманқал гузошта шудааст. Тадриҷан тамоюли сохтани манзилҳои серхона пайдо мешавад. Дар охирҳои энеолит масканҳо боз ҳам васеътар гардида, тақрибан ҳамаи онҳо аз манзилҳои серхона иборат мешаванд ва аз чанд манзили наздик як маҳаллаи иқоматӣ ба вуҷуд меояд.

Зарфҳои сафолии пурнақшунигор аз ҷиҳатҳои махсуси маданияти ҷануби Туркманистони аҳди энеолит то охири аҳди биринҷӣ ба шумор меравад.

Дар аҳди биринҷӣ масканҳои хурд ва миёна (ба масоҳати то 10 гектар) ва деҳкадаҳои хеле калони шаҳристонмонанд, аз қабили Намозгоҳтеппа, ки то 70 гектар масоҳат дошт, мавҷуд буданд.

tarixi_osiyoi_miyona

Дар давоми мавҷудияти Намозгоҳтеппа, ки ҳанӯз дар аҳди энеолит пайдо шуда буд, табақаи маскунӣ ба ғафсии қариб 34 метр расидааст. Машғулияти асосии аҳолӣ ба тариқи пештара давом карда, вале анвои зироат бисёртар гардид. Дар хоҷагии қишлоқ олоти мисӣ ва биринҷӣ ба вуҷуд омад ва ҳамин қабил маснуот дар қатори асбобҳои сангӣ ба зиндагонии мардум низ беш аз пеш роҳ ёфт. Зоҳиран ин деҳкада аз якчанд манзилгоҳҳои калоне таркиб ёфта, дар ҳар яке аз онҳо ҷамоаи сероилае маскан намуда буд. Дар яке аз ин манзилгоҳҳо 27 хона (ҳамагӣ на камтар аз 50 хона буд), ки бо роҳравҳо ба якдигар пайваст гардидаанд, пайдо карда шуд. Биноҳо ба намуди росткунҷа ва мураббаъ, баъзе шаклан нодуруст ҳам сохта шуда буданд. Девори хонаҳо аз хиштҳои калони росткунҷа бардошта шудаанд. Дар ин хонаҳо чанд хел оташкада ва суфаҳо мавҷуд буданд. Деворҳоро ба хубӣ андова намуда, дар баъзе ҷоҳо гаҷкорӣ ҳам кардаанд. Аз баъзе мадракҳо маълум мешавад, ки як қисми хонаҳо боми гумбазшакл доштаанд. Ба ин тариқа, дар давраи энеолит ва биринҷӣ корҳои сохтмони меъморӣ дар маҳалҳои ҷануби Осиёи Миёна ниҳоятдараҷа тараққӣ мекунад.

Саноати ҳунармандӣ низ хеле равнақ меёбад. Корхонаҳои мисгудозӣ ба вуҷуд омада, аз мӯҳрачаву сӯзан то ханҷарҳои мисӣ маснуоти гуногун истеҳсол мегардиданд. Аз санг ҳам нафақат аслиҳа ва олоти меҳнат, балки ҳар гуна асбобҳои зиндагӣ ва зарфҳои зебо сохта мешуданд. Маҳорати кулолҳо низ ба дараҷаи баланд мерасад. Онҳо аз кӯзачаву қадаҳҳои ниҳоят хурд то хумҳои хеле калон зарфҳои гуногун месохтанд. Зарфҳои бисёр нафис ва зебои таомхӯрӣ бо гулҳои рангоранг ороиш меёфтанд. Дар ин вақт саноати бофандагӣ ҳам бағоят пеш меравад.

Нақшунигори зарфҳоеро, ки дар баробари нақшаҳои ҳандасӣ, суратҳои мор, парранда, буз ва ғайра кашида шудаанд, омӯхта, доир ба мафкураи аҳолии Намозгоҳтеппа баъзе маълумот ба даст овардан мумкин аст. Махсусан, расми бузи дар байни ду дарахт қароргирифта ниҳоят воқеӣ тасвир ёфтааст. Муҷассамаҳои гилии хеле табиӣ баромадаи одам ва ҳайвонот низ ёфта шудаанд. Баъзе аз ин қабил суратҳо ҳанӯз вуҷуд доштани боқимондаҳои давраи модаршоҳиро нишон медиҳанд. Аз тасвироти маросимӣ амсилаи гилии хона ва чархи гилии аробаро ном бурдан мумкин аст. Дар назди девори хонаҳо ва дар зери онҳо қабри одамон низ дучор меояд[6].

ҳафриёти муназзами ин бошишгоҳ имкон дод, ки тарҳи онро равшан тасаввур кунем. Дар мобайни шаҳр майдоне ёфт шуд, ки гирдогирдаш пур аз ҳавлӣ мебошад. Дар шарқи теппа иншооти динӣ ва дар шимол хумдонҳои зиёде воқеъ буданд. Биноҳои иқоматӣ ба се навъ тақсим мешаванд: 1. биноҳои бисёрхона, ки дар онҳо аъзои як ҷамоаи сероила зиндагӣ мекарданд; 2. биноҳои бисёрхонае, ки дар онҳо чанд хона алоҳида-алоҳида ҷудо карда шуда, ғайр аз ин анборча ва ҳавличаю ошхона низ дорад; 3. биноҳои калоне, ки тарҳи аниқи муқаррарӣ дошта, вусъати онҳо аз 70 то 80 м2 аст. Тахмин меравад, ки дар ин гуна биноҳо аъёну ашроф ва дар биноҳои ду навъи аввал намояндагони табақаҳои поёнтари ҷамъият зиндагӣ мекарданд. Дар қарибии биноҳои иқоматӣ дахмаҳои ҷамоатӣ воқеъ буданд; аз рӯи ҷиҳози дафн низ тақсимоти молумулкии ҷамъиятро равшан дидан мумкин аст[7].

Иншооти диние, ки дар давраи Намозгоҳи V ба вуҷуд омадааст, ҷолиби диққат аст,– ин иншоот дар теппае ҷой дорад, ки дар он чанд қабати қадимтари маскун ёфт шуданд. Теппа бо хишти хом рӯкаш шуда, дар болои он як иморати бурҷмонанде сохта будаанд, ки аз пеш қариб 21 метр бар дошт. Муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки ин иморат зинадор буд – чор зинаи аввали он ёфт шуд. Беруни девори зинаи дигари иморат бо нақшҳои хиштихомии барҷастаи сезина оро дода шудааст. Ба ақидаи В.М.Массон, ин иморат зиккуратҳои Шумерро хотиррасон менамояд.

Шимолтари ин иншоот чанд бинои иқоматие буд, ки ба биноҳои навъи 3 мансуб аст ва роҳбарони ҳафриёт онро «кохи коҳин» номидаанд. Дар ҷанубтари ин маҳалли иқомат дахмае воқеъ буд, ки он як долони дароз ва панҷ ҳуҷра дошт. Яке аз ин ҳуҷраҳо, ки, эҳтимол, ибодатхона бошад, хеле материалҳои пурарзиш дод. Аз ҳамаи ҳуҷраҳо шаддаҳои лоҷувардӣ, фирӯзӣ, ақиқӣ ва тиллоӣ ёфт шуд. Алалхусус, ҳайкалчаҳои тиллоии сари гург ва барзагов (ҳайкалчаи сари барзагов фирӯзанишон аст) ба аҳамияти махсус молик мебошад. Дар ин дахма умуман турбати зиёда аз 30 кас ёфт шуд, ки ҳамаи онҳо, аз афти кор, аъзои як оилаи калони ҷамоат буданд[8].

ҳафриёти Олтинтеппа ҷои маданию таърихии маданияти давраи мутараққии асри биринҷии Анавро муайян намуд ва аҳамияти он маҳз дар ҳамин аст. Ин маданият дар заминаи анъанаи маданияти маҳаллӣ ташаккул ёфта, баъд аз комёбиҳои тамаддуни мутараққии Байнаннаҳрайн фаровон баҳра бардошт ва бо тамаддуни Фаластин, Сурия ва Осиёи Хурд қаробат пайдо намуд[9].

Шомилони маданияти Анав дар давраи биринҷӣ ҳам аз гил бут месохтанд. Ин бутҳо аз ҳайкалчаҳои ҳаҷмдору умумисохти давраи энеолит фарқи калон доранд. Ин бутҳо муҷассамачаҳои асосан мусаттаҳи зан ва баъзан мард мебошанд, ки ба тани онҳо ороиши зиёде часпонда шудааст ва баъзан ин муҷассама танҳо як пораи гил аст, ки дар вақти мулоим будани он ба рӯяш тарҳи дарахтҳо ва дигар суратҳо сабт гардидааст[10]. Ба ақидаи муҳаққиқон, ин бутҳо таҷассуми он худову олиҳаҳое намебошанд, ки кайҳо маълум шуда буданд, балки инъикоси арвоҳи ҳамон ашёву ҳодисаҳоеанд, ки пеш аз пайдоиши худоҳои махсус вуҷуд доштанд[11].

Дигар деҳкадаи шаҳристонмонанд — Олтинтеппа, ки аз Намозгоҳтеппа хурдтар буда, ҳамагӣ масоҳати 46 гектарро ишғол мекард, осоре аз биноҳои азими шарқи қадим ва ҳунари мардуми он, мисли муҷассамаҳои бо хат ва аломатҳои рамзӣ ороишёфтаро то замони мо расонид[12].

Охирин марҳилаҳои асри биринҷӣ чи дар осори тамаддуни Намозгоҳтеппа ва чи дар дигар ёдгориҳои доманаи кӯҳи Купетдоғ ва воҳаи Марв нишонаҳои худро боқӣ гузоштааст.

Тадқиқоти солҳои охир далолат мекунанд, ки ҳанӯз дар давраи Намозгоҳ V қисми сокинони доманаи кӯҳҳои Купетдоғ ба соҳилҳои резишгоҳи Мурғоб кӯчидан гирифтанд. Дар ин ҷо бисёр бошишгоҳҳои начандон калон (вусъати калонтарини онҳо 15 га) ёфт шудаанд, ки дар лаби маҷроҳои қадимии дарёҳо ҷой гирифтаанд. Ба маданияти Анав қаробат доштани онҳо равшан аст. Эҳтимол, сокинони ин ноҳия бо мардумони дашт хариду фурӯш мекарданд. Масалан, мумкин аст ба онҳо асбобҳои сафолӣ мефурӯхтанд. Дар ин бошишгоҳҳо ҳайкалчаҳои занон, мӯҳрҳои нақшини сангӣ, фулузӣ ва сафолӣ ба даст омадаанд, ки ба маданияти давраи Намозгоҳ V-и Анав хос аст.

Баъдтар, дар миёнаҳои ҳазораи II то милод ба резишгоҳи Мурғоб аз доманаи кӯҳҳо гурӯҳи дигари мардум кӯчида омаданд, ки маданияти моддии онҳо ба маданияти Намозгоҳ VI тааллуқ дорад. Айнан дар ҳамин давра дар бошишгоҳҳои Мурғоб ба сохтани қалъаҳое шурӯъ карданд, ки бурҷҳои мустаҳкам доштанд[13]. Шубҳае нест, ки ин кор тақозои замона буд, зеро айнан ҳамин гуна қалъаҳо дар Афғонистони шимолӣ ва Ӯзбекистони ҷанубӣ низ сохта шудаанд.

Дар тамоми давраи мавҷудияти аҳди биринҷӣ Туркманистони ҷанубӣ мутараққитарин ва маданитарин вилояти Осиёи Миёна ба шумор мерафт. Ин вилоят «ба минтақаи паҳновари ҷамоати кишоварзии ибтидоӣ, ки ба тамаддуни шаҳри шарқи қадим пайваста буд, дохил мешуд. Қабилаҳои Осиёи Миёна, Эрон, Балуҷистон ва Афғонистон, ки дар миёнаи ду маркази бузурги тамаддуни бостонӣ – ҳиндустон ва Мовароуннаҳр воқеъ гардида буданд, дар пешрафти он роли муҳим бозиданд»[14]. Қабилаҳои ҷануби Туркманистони Осиёи Миёна баробари баҳра бурдан аз таъсири пурбаракати марказҳои шаҳрии хеле тараққикардаи шарқи қадим ва ҳамчунин тоифаҳои кишоварзии ҳамҷавори Эрон ва Афғонистон дар навбати худ ба онҳо низ таъсири муайяне расонидааст. Дар байни қабилаҳои ҷануби Туркманистон ва дувумин вилояти аҳди биринҷии Осиёи Миёна, ки ба сабаби дохил шуданашон ба қабилаҳои саҳронишини Евросиё номи «қабилаҳои доираи саҳро»-ро гирифтаанд, робитаи ниҳоятдараҷа наздик ба вуҷуд омада, муттасил инкишоф меёфт ва дар пешрафти иқтисодию маънавии онҳо аҳамияти бағоят калоне дошт. Дар нимаи дувуми ҳазораи II ва ибтидои ҳазораи I пеш аз милод гурӯҳҳои пуршумори қабилаҳои саҳронишин аз шимол ба Туркманистони ҷанубӣ рӯ оварданд.

Ба тавассути экспедитсияҳои С.П.Толстов ва ҳамкорони ӯ аз маҳалҳои назди баҳри Арал бисёр ёдгориҳои аҳди биринҷӣ пайдо шуд. Аксари ин ёдгориҳо ба маданияти Тозабоғёб тааллуқ дорад. Тозабоғёбиҳо дар заминканҳо мезистаанд. Дар миёнаҷои хона оташдони калоне ва ба тӯли девор ӯра сохта шуда буданд. Аҳолӣ ба зироат ва обёрӣ машғул буда, чорводорӣ ҳам дар ҳаёти иқтисодӣ роли калон мебозид. Якчанд қабри одамони онвақта кофта, таҳқиқ карда шуд. Миқдори зиёди зарфҳои сафолии бо нақшҳои ҳаккокии ҳандасӣ ороишёфта дарёфт гардид. Чунон ки М.А.Итина исбот намуд, ин зарфҳои сафолӣ аз ҷиҳати ороиш ба сафололоти маданияти Андрони Қазоқистони ғарбӣ ва маданияти кандакории Поволже хеле шабоҳат дорад.

Дар маҳалҳои назди баҳри Арал баробари маданияти Тозабоғёб маданияти дигаре, ки бо номи «Суюрғон» машҳур аст, низ паҳн гардида буд. Ба ақидаи муҳаққиқон, хусусияти ин маданиятро бештар аз рӯи робитаҳои он бо маданияти қабилаҳои ҷануб, яъне маданияти Анав метавон муайян намуд.

Дар интиҳои аҳди биринҷӣ (охири ҳазораи II пеш аз милод ё худ асрҳои аввали ҳазораи I пеш аз милод) барои намояндагони ашрофи қабила дар резишгоҳи Сирдарё, болои тали Тоғистон мақбараҳои калоне аз хишти хом ва сутунҳои чӯбӣ сохта шудаанд. Онҳо аз берун мудавваршакл (ба қутри то 15 метр) ва аз дарун мураббаъшакл мебошанд. Деворҳои гилии онҳо ниҳоят ғафс буда, эҳтимол меравад, ки аз дарун бо як навъ қолин зинат ҳам медодаанд[15].

Дар охирҳои ҳазораи III ва нимаи аввали ҳазораи II пеш аз милод дар поёноби Зарафшон деҳоти қабилаҳое, ки бостоншиносон «замонбобиҳо» номидаанд, вуҷуд дошт. Замонбобиҳо дар хоначаҳои қамишии бо каҳгил ловидашуда зиндагӣ мекарданд. Онҳо заминҳои ҳангоми обхезӣ шодобшударо барои кишт истифода карда, ба зироат ва парвариши чорво, инчунин ба шикор ва моҳидорӣ машғул мешуданд. Олоти меҳнати онҳо аз кӯба, дос ва каланди сангӣ иборат буд. Сафололоти ин маданият, ки ба давраи охири маданияти Калтаманор дохил мешуд, ба андозаи зиёд таҳти таъсири маданияти Анав низ воқеъ гардида буд. Дар ин маҳал пораҳои сафололоти махсуси Анав ва зеварҳои сангӣ ва биринҷии айнан ё қисман ба асбобҳои зинатии Туркманистони ҷанубӣ монанд ёфт шуданд. Шояд замоне фавҷи муҳоҷирони ҷанубитуркистонӣ ба ин ҷо расида, бо авлоди калтаманориҳо зиндагии якҷоя ба сар бурда бошанд. ҳамчунин тахмин мекунанд, ки ин ҳамрангиро робитаҳои мутақобилаи мадании (на ин ки ирқии) мардуми ин маҳал бо қабилаҳои зироаткори ҷануб ба вуҷуд овардааст.

Дертар (аз миёнаҳои ҳазораи II пеш аз милод) дар воҳаи Зарафшон қабилаҳои аҳди биринҷии саҳроӣ паҳн мегарданд[16].

Қадимтарин ёдгориҳои аҳди биринҷӣ, ки дар Тоҷикистони ҷанубӣ ва  марказӣ кашф шудаанд, маснуоти мису биринҷӣ, аз ҷумла табарҳои мисӣ мебошанд. Яке аз ин табарҳо аз деҳаи Ёрии райони Панҷакент, дигаре аз қишлоқи Шаршари райони Куйбишев ва севумӣ аз наздикии қишлоқи Арақчини Варзоб ёфт шудааст. Таърихи ҳамаи инҳоро охири ҳазораи III – аввали ҳазораи II пеш аз милод муайян кардаанд[17].

Як силсила ёдгориҳое, ки дар шимол ва ҷануби республика пайдо гардидаанд, давраи тараққиёти аҳди биринҷиро тавсиф менамоянд.

Дар соҳили рости Сирдарё, самти шарқии Ленинобод, дар маҳалли биёбонии Қайроққум даҳҳо маскани давраи тараққӣ ва охирин марҳилаҳои аҳди биринҷӣ дарёфт ва таҳқиқ шудаанд. Аскари ин масканҳо хурд буда, аз 0,1 то 3,0 гектар масоҳат доранд, вале  дар байни онҳо масканҳои хеле калон ҳам ҳастанд, ки масоҳати қариб 10 гектарро ишғол намудаанд. ҳар як маскан аз якчанд нишемангоҳ иборат буд, ки дарозиаш ба 20 метр ва бараш ба 12–15 метр мерасид.

Қайроққумиҳо асосан машғули чорводорӣ будаанд. Аз ин рӯ, дар масканҳо устухони гӯсфанд, буз, гов ва асп ҷамъ шудааст. Ба таври фаровон мавҷуд будани ҳовану ос, ки барои ярма ва орд кардани ғалла хизмат мекарданд, аз ривоҷ доштани зироат гувоҳӣ медиҳанд.

Яке аз машғулиятҳои асосии қайроққумиҳо кори маъдан ва фулузгудозӣ буд. Дар масканҳои онон дажғолҳои аз гудозиши биринҷӣ боқӣ монда ва қолибҳои сангӣ барои рехтани метин ва табарҳои биринҷӣ ёфт шуданд.

Сафололоти Қайроққум бо олоти сафолии Тозабоғёб шабоҳат дорад. Қайроққумиҳо барои ороиши зарфҳои сафолӣ қолибҳои махсуси мусаттаҳ ва дандонадорро кор мефармуданд.

Дар худи Қайроққум, инчунин дар қишлоқи Даҳанаи райони Ашт дафнгоҳҳои одамони аҳди биринҷӣ пайдо гардиданд.

Қабилаҳои қайроққумӣ як қисмати гурӯҳи калони қабилаҳои аҳди биринҷии саҳроиро, ки он вақтҳо баъзе ноҳияҳои водии Фарғона ва Тошкандро ишғол намуда, дар ҳудуди ҳафтрӯд бо қабилаҳои андронии Қазоқистони ҷанубӣ пайваста буданд, ташкил мекарданд. Маданияти ин маҳалро «маданияти Қайроққум» меноманд. Қайроққумиҳо дар шимоли Тоҷикистон ғайр аз худи Қайроққум дар райони Шаҳристон низ сукунат доштанд. Осори маданияти моддии онҳо аз қабатҳои болоии мағораи Оқтанга ёфт шуд[18].

Дар водии Фарғона баробари маданияти Қайроққум маданияти тамоман дигар вуҷуд дошт, ки бо номи «Чуст» машҳур аст. Соҳибони маданияти Чуст бештар ба зироат машғул буданд. Сохтани олоти сафолии пурнақшунигор ба онҳо низ хос аст.

Дар ҷануби Тоҷикистон (масалан, дар работи марказии совхози ба номи Киров, наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа) осори маскани қабилаҳои аҳди биринҷии саҳроӣ пайдо гардид. Дар воҳаҳои поёноби наҳрҳои Қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон, ки ба дарёи Панҷ мерезанд, қабристонҳои давраи охири аҳди биринҷӣ, яъне миёна ва нимаи дувуми ҳазораи II пеш аз милод ёфт шуданд. Сокинони боқимондаи онҳо зарфҳои сафолии хеле хуб месохтаанд, ки олоти охирин марҳилаҳои Анавро ба хотир меоранд. Равобити маҳалҳои ҷануб ва ғарбро ҳамчунин аз рӯи маснуоти биринҷии ин маданият метавон дарк намуд. Дар айни замон маросими дафн, сохти қабр, сӯзондани мурда ва ғайра бештар бо доираи маданияти саҳроӣ алоқа доштани онҳоро нишон медиҳад. Ин маданият аз рӯи маҳалли воқеъ шудани қабристонҳо ба худ ду ном: «Вашкент» ва «Вахш»-ро гирифтааст, ки муносибати онҳо ҳанӯз равшан нест[19]. Дар масофаи начандон дуртар аз ин ҷо, дар Сурхондарё масканҳои дорои сафололоти охири Анав пайдо карда шуданд. Чунон ки маълумот ва мадракҳои аз ҳафриёти Кучуктеппа (таҳқиқи Л.И.Албаум) ва Сафолтеппа (таҳқиқи А.Аскаров) бадастомада гувоҳӣ медиҳанд, дар охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз милод дар вилоятҳои ҷануби шарқии Осиёи Миёна ҷамоатҳое ба вуҷуд меоянд, ки дорои хоҷагии тараққикардаи зироати ибтидоӣ буда, дар масканҳои мустаҳкам ва нишемангоҳҳои муназзаму зебо иқомат мекарданд (дар таги ин қабил хонаҳо мурдаҳоро дафн менамуданд). ҳунарҳои гуногун ба дараҷаи баланди тараққӣ расида буд.

ҳафриёти Сафолтеппа[20] хеле ҷолиби диққат аст. Бошишгоҳи Сафолтеппа далолат менамояд, ки дар ҳазораи II то милод дар шимол зироаткории мутараққӣ вуҷуд дошт. Сафолтеппа теппаи начандон калонест, ки қариб 3 гектар вусъат дорад. Гирдогирди хонаҳои иқоматии ин бошишгоҳро се қатор деворҳои мудофиавӣ иҳота карда буданд. Биноҳои бошишгоҳ ҳама бисёрхона буда, чанд бино ба ҳам пайваста мешуд ва байни ин биноҳои пайваста кӯчаву тангкӯчаҳо воқеъ буданд. Тарҳи бошишгоҳ ниҳоят пухта ва аниқу дақиқ буда, аз эҳтимол дур нест, ки тамоми биноҳо аз рӯи нақшаи пешакӣ баробар сохта шуда буданд. Берун аз бошишгоҳ қабристон нест, зеро мурдагонро бевосита дар таги девори хонаҳо ва ё дар худи даруни хона мегӯрониданд. Баъзан ҷасади мурдагонро андаруни зарфҳо меёбанд. Дар аксари гӯри калонсолон зарфҳои сершумор ва инчунин дигар ашёи фулузӣ, сангӣ, чармӣ, чӯбӣ, оина, асбобҳои гуногун, яроқу аслиҳа, ашёи зинату зевар ва ғайра ёфт шуданд. Олоти Сафолтеппа ниҳоят хушсифат буда, олоти сафолии аҳди биринҷии мутараққии Анавро ба хотир меорад.

Ин гуна зарфҳо ба қарибӣ дар райони Регари Тоҷикистон ёфт шуданд. Дар ин ҷо дахмаи гилии давраи биринҷӣ–Тандирйӯл кашф шуд[21]. Дар ин ҷо зиёда аз 20 қабр ёфт шуд, ки ҳамаи онҳо он қадар чуқур нестанд, баъзеи онҳо лаҳад ҳам доранд. Теппаи гӯрҳо бо тӯдаи сангпораҳо ишорат шудааст. Мурдаро дар гӯр паҳлунокӣ пойҳояшро қат карда мемондаанд. Аз ин гӯрҳо зарфҳои сершумор, шаддаҳои сангию биринҷӣ ёфт шуданд. Аз ду гӯр ҳайкалчаи гилие ба даст омад, ки ҳамто надорад. Яке аз ин ҳайкалчаҳо нисбатан кам зарар дидааст ва баландии он қариб 37 см буда, марди ришдореро тасвир мекунад, ки пойҳояшро дароз карда нишастааст.

Ба ақидаи Б.А.Литвинский, дар охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз милод паҳншавии фаврии ойкуманҳои қабилаҳои Анав ба амал омада, дар маҳалҳои шарқӣ ва ҷануби шарқӣ маскан мекунанд. Дар ҷойҳои нав қисме аз онҳо тарзи зиндагии муқаррарии худро давом медиҳанд ва қисми дигар ба маҳзи созгор афтодани шароити маҳал тадриҷан ба чорводорӣ шуғл варзида, ба зиндагонии ниммуқимӣ рӯ меоваранд (қабристонҳои қадимаи ҷануби Тоҷикистон ана аз ҳаминҳо боқӣ мондаанд). Саҳронишинҳо ба урфу одат ва маданияти моддии онҳо таъсири калоне расонидаанд.

[1] Муrоиса кунед бо ИТН, I, с. 98–100.

[2] «Ӯҷplotations in Turkӯstan», 1908.

[3] Литвинский Б.А., 1952 б.

[4] Куфтин Б.А., 1954.

[5] Массон В.М., 1956, а; 1956 б; худи ӯ, 1959; 1960; «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы», с. 76–128, 151–178.

[6] Литвинский Б. А., 1952 б.

[7] Массон В. М., 1968, 1974, 1976.

[8] Массон В.М., 1974.

[9] Массон В.М., 1976, с. 446.

[10] Массон В.М., Сарианиди В.И., 1973.

[11] Дар ҳамон ҷо, с. 121.

[12] Массон В.М., 1967 б; ҳам аз ӯст, 1974.

[13] Сарианиди В.И., 1972; 1973; 1975; 1976.

[14] Массон В.М., 1964, с. 5

[15] Толстов С.П., 1962, с. 47–88; Итина М.А., 1962; «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы», с. 233–238.

[16] Гулямов Я.Г., Исломов У., Аскаров А., 1956; Аскаров А., 1969.

[17] Литвинский Б.А., 1961.

[18] Литвинский Б.А. ва диг., 1962; шарҳу баёни Glassӯr G., 1965, р. 323–329.

[19] Литвинский Б.А., 1967 а; Мандельштам А.М., 1968.

[20] Аскаров А.А., 1972.

[21] Литвинский Б.А., Антонова Е.В., Виноградова Н.М., 1976.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …