Мутобиқи моддаҳои 277 ва 278 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони хориҷии бе макони фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ хизматрасонии фосилавиро (дистанционное обслуживание) анҷом медиҳанд ва маҳалли чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 258 Кодекси андоз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, уҳдадоранд на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз ё қатъ намудани хизматрасонии фосилавӣ, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигар аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба таври электронӣ худро ба ҳисоб гиранд ё аз ҳисоб бароранд.
Чуноне, ки аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳолате, ки агар хизматрасонии фосилавӣ ба шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ амалӣ карда шавад, пас харидорони чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 260 Кодекси андоз агентҳои андоз эътироф карда мешаванд. Барои мақсадҳои андозбандии хизматрасонии фосилавӣ ба хизматрасонии электронӣ хизматрасоние дохил мешавад, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ -коммуникатсионии Интернет бо усули автоматӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешавад. Тибқи муқаррароти Кодекси андоз ба хизматрасонии электронӣ дохил мешаванд:
а) додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ) ва махзани электронии маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ -коммуникатсионӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин, таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ;
б) амалӣ намудани хизматрасонии рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ -коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзани электронии маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин, пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ -коммуникатсионӣ;
в) анҷом додани хизматрасонӣ оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ;
г) анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ -коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи Интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти автоматикунонидашуда пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо, бо тариқи ташкили огоҳонии автоматӣ хабардор мешаванд);
д) таъмин ва (ё) нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин, дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи Интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ; е) бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ;
ё) таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ, инчунин, ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо;
ж) нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ дошта бошад;
з) дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар низоми иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот;
и) пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасонии хостингӣ;
к) пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи Интернет;
л) пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет бо роҳи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасонии автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли автоматӣ дар реҷаи вақти воқеӣ);
м) додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан, тариқи шабакаи Интернет;
н) пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва (ё) пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ;
о) пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯӣ дар шабакаи Интернет;
п) пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи Интернет.
Ба хизматрасонии электронӣ дохил намешаванд:
а) фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), агар ҳангоми фармоишӣ тавассути шабакаи Интернет анҷомдодашуда таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бе истифода аз шабакаи Интернет амалӣ гардад;
б) фурӯши (додани ҳуқуқи истифодабарии) барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани маълумот дар ҳомилҳои моддӣ;
в) пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ тавассути почтаи электронӣ; г) пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи Интернет. Хусусияти фарқкунандаи Кодекси андоз дар таҳрири нав нисбат ба
Кодекси андози қаблӣ вобаста ба муқаррароти мазкур дар он мебошад, ки агар агенти андоз тибқи Кодекси андози қаблӣ соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб мерафтанд, пас тибқи Кодекси андоз дар таҳрири нав агенти андоз танҳо шахсони ҳуқуқӣ ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, дар Кодекси андози амалкунанда муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи хизматрасонии фосилавӣ то 30 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шудааст. Муҳлати мазкур тибқи Кодекси андози қаблӣ то 20 рӯзи тақвимиро дар бар мегирифт. Ба ҳолати 1 декабри соли 2022 шумораи умумии шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи хизматрасонии фосилавӣ ба шахсони воқеӣ, ки худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври электронӣ ба ҳисоб гузошта, ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд, 23 ададро ташкил медиҳад ва арзиши умумии хизматрасонии онҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ 15250,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 3 831,4 ҳазор сомонӣ (133%) зиёд мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки маблағи ҳисобшудаи андоз аз арзиши иловашудаи ширкатҳои мазкур дар ин давра, ҳамагӣ 2 293,0 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст, ки нисбат ба 11 моҳи соли гузашта ба андозаи 237,6 ҳазор сомонӣ (111,6%) зиёд мебошад.