АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ЗАБТИ МОВАРОУННАҲР АЗ ТАРАФИ АРАБҲО

ЗАБТИ МОВАРОУННАҲР АЗ ТАРАФИ АРАБҲО

Арабҳо дар тамоми шаҳру деҳаҳои бузурги Осиёи Миёна қувваҳои ҳарбии худро гузошта, бо пуштибонии онҳо аҳолии маҳаллиро дар зери итоат нигоҳ медоштанд ва молиёт ҷамъоварӣ мекарданд.

ҳукмронии хилофати араб дар Осиёи Миёна бар дӯши аҳолӣ бори сангине гардида буд. Чунончи, Қутайба дар вақти тарк кардани Самарқанд, пас аз ишғоли он, ба бародари худ, ки сардори гарнизони арабҳо буд, чунин амр намуд: «Ба ҳеҷ як бутпараст, то вақте ки мӯҳр ба дасташ назананд, иҷоза надиҳед, ки аз дарвоза берун шавад ва агар мӯҳр то берун шудан аз шаҳр хушк гардад, ӯро бикушед ва агар теғе аз ӯ пайдо кунанд, ӯро бикушед. Ва агар шабонгаҳ пас аз бастани дарвоза касеро дар шаҳр пайдо кунед, вайро бикушед».[1] Аҷнабиён кишвари забткардаи худро ғорат ва аҳолии онро ба қабули дини нав маҷбур карда, маданият ва урфу одатҳои мардуми ба зери итоат даровардаашонро таъқиб менамуданд. Онҳо ба он ҳама сарвате, ки ҳангоми ишғол кардани шаҳрҳо ба даст медароварданд, қонеъ нашуда, аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои аз ҳад зиёд ситонида, ононро водор мекарданд, ки оқоёни нави худро бо ғулом, каниз, чорво, ғалла, маснуоти бофандагӣ ва дигар молҳо, инчунин гарнизони арабҳоро бо чизҳои зарурӣ таъмин намоянд.

Аъёну ашрофи араб дар вилоятҳои забтшуда беҳтарин заминҳои кишт ва василаҳои обёриро ба ихтиёри худ гирифта, ба шаҳрҳо хироҷ меандохтанд. Қисмате аз ҷанговарони араб дар заминҳои сабзу хуррами аз аҳолии маҳаллӣ мусодиракардаи худ манзил гирифтанд.

ҳамон навъҳои молиёте, ки дар замони Сосониён буданд, дар ин давра низ вуҷуд доштанд. Масалан, хироҷ, ки нисфи ҳосили заминро ташкил мекард ва ҷизя, ки дар аввалҳо фақат аз касони ғайримусулмон гирифта мешуд, ба таври васеъ ҷорӣ гардид. Илова бар ин, ба барзгарон ва пешаварон андозҳои дигар, ӯҳдадориҳои молӣ ва корҳои иҷборӣ дар сохтмони биноҳо, пулҳо ва девори қалъаҳо, кофтани рудхонаҳо ва ғ. бор карда мешуданд. Арабҳо касонеро, ки аз адои молиёт саркашӣ кунанд, ба ҷазоҳои мудҳиш гирифтор мекарданд ва заминҳои онҳоро мусодира менамуданд.

Дар баъзе шаҳрҳо, чунончи, Марв, Самарқанд, Бухоро ва ғ. истилокорони араб нимаи ҳавлиҳои ҳар як аҳолии маҳаллиро ишғол карда буданд. Агарчанде гоҳо, масалан, дар Бухоро, ин қабил мусодираҳо бо баҳонаи зарур будани назорати доимӣ бар он ки аҳолии маҳаллӣ амрияи исломро чи тавр ба ҷо оварда истодаанд, ба амал меомад, вале дар асл ин ҳам яке аз шаклҳои ғорат кардани аҳолӣ буд, алалхусус, арабҳо пас аз соҳиб шудан ба хонаҳои иқоматӣ соҳибони собиқи ҳавлиҳоро водор менамуданд, ки барои онҳо кор кунанд.

Zavoevanija-arabov

Халифаҳои араб дар кишварҳои тобеи худ сиёсати ба расмият даровардани дини исломро ҷорӣ мекарданд. Онҳо дар Осиёи Миёна низ мехостанд ҳокимияти худро бо ҳамин васила мустаҳкам намоянд. Дар вақти сар шудани истилои арабҳо дар Осиёи Миёна дини ягона вуҷуд надошт. Дар баробари хеле васеъ паҳн шудани оини зардуштӣ, дар ин ҷо пайравони мазҳабҳои исавӣ, буддоӣ ва монӣ ҳам мавҷуд буданд. Арабҳо ба ҳамаи ин дину мазҳабҳо ҳуҷум намуда, онҳоро куфр эълон карданд. Онон, махсусан, бар зидди дини зардуштӣ, ки оини аксарияти аҳолии Осиёи Миёна буд, ба таври хеле ҷиддӣ мубориза бурданд. Арабҳо барои ин ки ҳар чӣ зудтар таъсири дину мазҳабҳои дигарро аз миён баранд, дар ҳама ҷо адабиёти динии мардумони Осиёи Миёна, хусусан китобҳои зардуштиро сӯхта нобуд карданд. Дар натиҷа, на фақат адабиёти динӣ, балки адабиёти дигар соҳаҳои зиндагии халқҳои Мовароуннаҳр ва дар ин қатор осори хаттии суғдиён низ қариб тамоман аз миён рафтанд.

Аҳолие, ки дини исломро қабул карда буданд, соҳиби имтиёзҳои калон гардиданд. Арабҳо дар аввалҳои кор ба ононе, ки заруриёти дини навро ба ҷо меоварданд, ҳатто пул медоданд ва аз одамоне, ки оини исломро пайравӣ намекарданд, ҳар сол ҷизя мегирифтанд. Ин тадбирот ба паҳн шудани дини ислом дар Осиёи Миёна хеле мусоидат намуд. Лекин, бо вуҷуди ин, аксарияти аҳолии ин сарзамин, ҳарчанд дини исломро қабул карда бошанд ҳам, муддати дуру дарозе ба дини аввалаи худ ба таври пинҳонӣ пайравӣ мекарданд.

Муборизаи суғдиён, фарғониҳо ва туркон
дар солҳои 720–722

Дар таълифоти таърихшиносӣ гоҳе ба иштироки Хитой дар муборизаи зидди арабҳо ишора карда мешавад. Ин тамоман дар заминаи ғалат ва иштибоҳ ба миён омадааст. Дар ҳақиқат, чунон ки сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, императорҳои Тан ҳокимони Осиёи Миёнаро ба муқобили арабҳо барангезонда, ба онҳо ташаккур изҳор мекарданд ва мансаб мебахшиданд. ҳукумати Хитой ин ҳокимонро ба муборизаи зидди арабҳо таҳрик намуда, дар оянда ба онҳо ёрӣ карданро ваъда дода ва дар сурати ба ҷо наовардани ӯҳдадориашон тобеияти худро нисбат ба Хитой эътироф кардани онҳоро талаб карда, аслан барои ёрӣ расондан ба мардуми Осиёи Миёна ангушти худро ҳам хам накарданд.

Чи навъе ки Л.Н.Гумилёв[2] қайд мекунад, ҳукумати Тан аз дигар қисматҳои сарҳади худ ягон дастаи аскарро гирифта, ба кӯмаки фарғониҳо ва суғдиҳо нафиристод. Чунон ки муҳаққиқ менависад: «Империягиҳо умедворӣ доштанд, ки ваҳшати ғоратгариҳои арабҳо ва тибатҳо аҳолии Осиёи Миёнаро ба оғӯши онҳо тела медиҳад ва ба онҳо фақат сурати ташкилӣ додан мемонаду халос» (ибораи «сурати ташкилӣ» мебоист ба нохунак гирифта мешуд) .[3]

Суғдиён аз кӯмаки хитоиҳо умеди худро канда, барои аз нав барқарор кардани иттифоқ бо фарғониён ва туркҳо ҳаракат намуданд. Соли 720 дар Суғд оташи муборизаҳои озодихоҳӣ дубора фурӯзон гардид.

Пеш аз ин чунин воқеаҳо ба амал омаданд:

Халифа Умар ибни Абдулазиз (717–719) ислоҳоти молиявие эълон кард, ки дар асоси он аз касони дини исломро қабул карда, ҳамчун мусулмонони

араб, на хироҷ ва на ҷизя ситонида намешуд. Ӯ аз тарафи арабҳо ба даст овардан, ё худ аниқтараш зер карда гирифтани заминҳоро низ манъ кард, зеро ин боиси ба хазинаи марказӣ хеле кам дохил шудани хироҷ мегардид. Аммо қоиммақомҳои Хуросон бо ҳар баҳона аз иҷрои ин амри халифа саркашӣ мекарданд. Дар навбати худ аъёну ашрофи маҳаллӣ, ки аксари онҳо худро мусулмон мегуфтанд, аслан намехостанд андоз ба арабҳо расад. Онҳо ҳам дар ғами афзудани сарвати худ буданд. Ба ин ҷиҳат дар байни аъёну ашрофи маҳаллӣ ва намояндагони идораи хилофат зиддият пайдо шуд. Мардум, ки аз зулму ситам ва қатлу ғорати арабҳо ба дод омада буд, тарафи аъёну ашрофи маҳаллиро гирифт. Овозае паҳн гардид, ки дар соли 100 ҳиҷрӣ, мутобиқи солҳои 718–719 милодӣ, ба қудрати арабҳо завол мерасад.[4]

Шояд ба муқобили арабҳо сар бардоштани Ғурак (маҳз дар ҳамин вақт, на пештар аз ин) баҳонае шуд, ки Диваштак бо таҳрики арабҳо худро подшоҳи Суғд ва ҳокими Самарқанд эълон кард.

ҳамон гурӯҳҳои ашрофи суғдӣ ҳам, ки пештар байни худ хусумат парварида, тамоюлоти гуногунро пеш гирифта буданд, якҷоя бар зидди арабҳо бархостанд. Туркҳо ҳам ба ёрӣ даъват шуданд.

Суғдиҳо дар аввали соли 720 шӯриш бардоштанд. Кӯмаки туркҳо низ дар сари вақт расид. Хоқони турк бо сардории Курсул қӯшун фиристод. Иттифоқчиён ба қувваҳои араб сахт зарба заданд. Дар кишвари суғдиён қариб ҳеч маҳалле ва ё ҳокиме намонда буд, ки ба муқобили истилогарон сар набардошта бошад. Фақат дар баъзе ҷоҳо гарнизони арабҳо боқӣ монда, он ҳам бо додани товон ва гарав гузоштани одамон мавҷудияти худро нигоҳ медошт. Инак, вақти ҳисоб расид. Мавқеъҳо иваз шуданд. Истилогарони афтодаҳол дар ин арасот аз қаҳру ғазаби бениҳояти халқ ба ларза даромаданд. Қоиммақоми Хуросон ҳарчанд саъй кард, ки шӯришро хобонад, аммо натавонист. Он гоҳ Саид ал-ҳарошӣ, ки дар пахш кардани шӯриши халқи Ироқ «шӯҳрат» ёфта буд, қоиммақоми Хуросон таъин гардид. Ӯ бо шӯришчиён гуфтушунид сар кард, фавран қисме аз аъёну ашроф нисбат ба шӯриш хиёнат намуд. Дар миёни ин хиёнаткорон подшоҳи Суғд — Ғурак ҳам буд, ки на фақат ба тарафи арабҳо гузашт, балки ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангиданро ҳам ба зимма гирифт.[5] Бо вуҷуди ин, аксари шӯришчиён қарор доданд, ки ба душман таслим нашуда, ба маҳалҳои аз тасарруфи арабҳо берунмонда паноҳ баранд.

Чунин маҳал Фарғона буд. Подшоҳи он Алутар, ки он вақт дубора тоҷу тахтро соҳиб гардида буд, ба суғдиён паноҳгоҳ ва ҳимоят ваъда дод. Қисми зиёди суғдиҳо ба ин ваъда бовар карда, роҳи Фарғонаро пеш гирифтанӣ шуданд. Онҳоро Қарзанҷ ном марди далер ва шуҷоъ сардорӣ мекард. Фарғона рафтан ба ӯ маъқул набуд. Ӯ нақшае пешниҳод кард, ки мувофиқи он ба қӯшу-ни пешоҳанги араб ҳамла намуда ва онро торумор карда, ба он сӯи Сирдарё, ба назди туркҳо рафтан лозим буд. Лекин тоҷирон ва деҳконони суғдӣ бо ин пешниҳоди ӯ розӣ нашуданд ва Фарғонаравиро исрор карданд. Вақте ки фав-ҷи шӯришгарон ба тарафи Фарғона равон шуд, Алутар аҳдшиканона бо араб-ҳо гуфтугузор сар карда, ваъда дод, ки шӯришиёнро ба дасти онҳо месупорад. Вале ба суғдиҳо хабар расонид, ки ваъдаи ба онҳо додаи ӯ пас аз 20 ё 40 рӯзи дар яке аз дараҳои Исфара пинҳон шудани онҳо қувват пайдо мекунад. Дар ҳамин вақт, ки ду тараф саргарми гуфтушунид буд, қӯшуни араб ба Хуҷанд, ба қароргоҳи муваққатии шӯришгарон расида омад. Маълум, ки дастнишондаи арабҳо — Алутар ёрӣ расонданро ба одамони фиребдодааш рад намуд.

Ба арабҳо ишғоли Хуҷанд (баҳорон ё тобистони с.722) ба осонӣ муяссар нагардид. Суғдиҳо то дами охирин истодагарӣ карданд. Онҳо дар назди дарвозаҳои шаҳр хандақ канда, болои онро пӯшониданд ва сипас, бардурӯғ рӯ ба гурез ниҳоданд, арабҳои фирефташуда онҳоро таъқиб намуданд ва даҳҳо нафарашон ба хандақ ғалтида, асири суғдиён гардиданд. Аммо вақте ки қувваҳои сершумори арабҳо расида, мошинҳои деворшикан ба кор сар карданд, вазъияти ба муҳосира афтодагон хеле бад шуд. Онҳо шартҳои арабҳоро дар бобати баргаштан ба Суғд, пардохтани хироҷ ва раҳо кардани асирони араб қабул намуданд. Суғдиёни шӯришгар ҳама беяроқ карда шуданд. Арабҳо якеро гунаҳгор хонда, тамоми онҳоро қир карданд. Сарбозони суғдӣ дар охирин лаҳзаи ҳаёти худ ҳам ҷасорати фавқулодда нишон медоданд. Табарӣ бо тааҷҷуб менависад, ки суғдиёни бесилоҳ калтак ба даст ҷангида, муқовимат мекарданд.[6] ҳамаи онҳо аз дами теғ гузаронида шуданд. Фақат 400 нафар тоҷирон зинда монданд, ки ҷони худро бо пулу моли бисёре аз арабҳо харида гирифтанд. Аҳолии Хуҷанд ҳам ба азият ва маҳрумиятҳо дучор гардид; саркардаи араб фармуд, ки заминдорони ин ҷо ба гардани худ мӯҳри сурбӣ овехта гарданд; касеро, ки андаке аз итоат сар мекашид, ба куштан медоданд.

Ба гурӯҳи дигари шӯришгарон Дивоштак сардорӣ мекард. Ӯ бо ҳамроҳони худ аз Панҷакент ба саргаҳи Зарафшон ҳаракат кард. Аз рӯи тахмини ба ҳақиқат наздики А.Ю.Якубовский, Дивоштак ният дошт одамони худро аз ағбаи Шаҳристон гузаронида, ба Хуҷанд ва Фарғона расонад.[7] Вале ин нияти ӯ амалӣ нагардид. Дар қарибиҳои қишлоқи Қум кӯшке ба номи Абгор (ё худ Абаргор) мавҷуд буд, ки онро ба кӯшки Кӯҳи Муғ як мешуморанд.[8] Қӯшуни араб дастаҳои чанде аз ҳокимони Осиёи Миёнаро ҳам дар бар гирифта буд. Кӯшишҳои Дивоштак дар бобати гирифтани пеши роҳи душман бо ҷанги танбатан натиҷае набахшид. Дере нагузашта захираи озуқа ва лавозимоти фидоиёни ба муҳосира афтодаи ӯ ба охир расид. Дивоштак маҷбур шуд, ки бо арабҳо гуфтушунид сар кунад. Арабҳо барои нигоҳ доштани ҳаёти сад нафар, аз ҷумла, худи Дивоштак замонат доданд. Аммо дар ин ҷо ҳам истилогарон макру фиреби ҳамешагии худро ба кор бурданд: Дивоштакро ваҳшиёна қатл карданд ва сари буридаи ӯро ба ҳукмрони Ироқ фиристоданд.[9]

Неҳзати зидди арабҳо бераҳмона пахш карда шуд. Бисёр деҳқонон ва ҳокимони маҳаллӣ нобуд гардида, молу мулки онҳо ба дасти саркардаҳои араб расид. Истисмори барзгарон қувват гирифт.

Баъзе ҳокимони мулкҳои Осиёи Миёна пас аз шикаст хӯрдани неҳзати зиддиарабии солҳои 720-722 ҳам муборизаро қатъ накарданд. Дар байни онҳо, ҳатто касоне ҳам буданд, ки дар вақтҳои пеш ба назди истилогарон сар хам мекарданд. Чунончи, дар соли 723 подшоҳи Фарғона — Алутар бар зидди арабҳо лашкар кашида, бо ҳамроҳии фарғониҳо ва чочиҳо онҳоро дар тамоми роҳи аз Хуҷанд то Самарқанд таъқиб намуд ва ба истилогарон зарбаи сахт ворид овард. Аҳолии Суғд аз сари нав шӯриш бардошт. Оташи мубориза гоҳо хомӯш мешуд ва гоҳо забона мезад. Амалиёти ҳарбӣ гоҳ ба фоидаи арабҳо ва гоҳ ба фоидаи муборизони роҳи озодӣ анҷом меёфт.[10]

Муборизаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон

Мардуми далер ва озодихоҳи Хатлон (Хаталон) ба истилогарони араб муқобилати сахт нишон доданд. Он вақтҳо Хатлон тамоми хоки гурӯҳи районҳои Кӯлоб ва водии Вахшро дар бар мегирифт ва дигар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ ба вай итоат мекарданд. Подшоҳи Хатлон дар ихтиёри худ 50 ҳазор қӯшун дошт.[11]

Арабҳо фақат дар соли 725 ба муқобили Хатлон амалиёти ҷиддии ҳарбӣ сар карданӣ шуданд. Қоиммақоми араб — Асад ибни Абдуллоҳ пас аз барқарор намудани Балх ба ин мулк лашкар кашид. Вале арабҳо ба қувваи муттаҳидаи подшоҳи Хатлон ва хоқони турк рӯ ба рӯ шуда, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Табарӣ хабар медиҳад, ки вақти аз ҷанги Хатлон шармандавор шикаст хӯрда, ба Балх баргаштани Асад ибни Абдуллоҳ аҳли Балх дар ҳаққи ӯ суруди тамасхуромез меофаранд, ки аз аввалин асари маҳфузмондаи тоҷикӣ ҳисобидан мумкин аст:

Аз Хаталон омадия,

Ба рӯ табоҳ омадия.

Обор боз омадия,

Хушку низор омадия.[12]

Арабҳо дар муҳорибаи Хатлон чунон сахт шикаст хӯрда буданд, ки дар муддати бештар аз даҳ сол ишғол кардани онро ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеоварданд. Фақат дар соли 737 Асад ибни Абдуллоҳ ба Хатлон ҳуҷум кард. Аввалҳо дасти ӯ қадре боло шуд. Вале хоқони турк аз ҳуҷуми арабҳо огоҳӣ ёфта, бо қувваи зиёде ба кӯмаки хатлониҳо шитофт. Асад ибни Абдуллоҳ ақиб нишаста, ба воситаи дарёи Панҷ ба тарафи Кӯҳи Намак (ҳоло Хӯҷа Мӯъмин меноманд) паноҳ бурд. Дар вақти фирор арабҳо аз қофилаҳои худ тамоман маҳрум шуданд. Қӯшуни турк ва хатлониҳо дар соҳили чапи дарё ҳам араб-ҳоро таъқиб мекарданд. Иттифоқчиён комилан имкон доштанд, ки қувваҳои бесарусомон ва ҳаросон гурехтаистодаи арабро тамоман мағлуб карда, Балхро ишғол намоянд. Вале онҳо, ба ивази ин ки якҷоя ва фавран ба қӯшуни арабҳо зарба зананд, муддати дароз нигарон истода, мавзеъҳои камаҳамиятро забт мекарданд ва қувваҳои худро парешон менамуданд. Инак, вақте ки дар Хористон байни қӯшуни иттифоқчиён ва арабҳо муҳориба ба амал омад, дастаҳои Асад на фақат ҷон ба саломат бурданд, балки сарбозони хоқон ва хатлониҳоро торумор ҳам карданд. ҳокими Хатлон Бадр-Тархон[13] ва сарбозони ӯ ба муҳосира афтода, бо аскарони араб ҷангро давом медоданд, вале дар охир маҷбур шуданд, ки дар бобати сулҳ бо арабҳо гуфтушунид кунанд. Арабҳо ваъда доданд, ки ба Бадр-Тархон даст намерасонанд. Ин дафъа ҳам ваъдаи онҳо дурӯғ буд. Бадр-Тархонро мисли Дивоштак аҳдшиканона ба куштан доданд ва ӯ ваҳшиёна қатл карда шуд. Пас аз ин арабҳо Хатлонзаминро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.

Як нафар аз зурёти ҳокимони Хатлон хост ба Фарғона фирор намояд. Вале ба таъқиби арабҳо дучор гардида, ба Уструшан гурехт. Ӯ ва ҳамроҳонаш бо худ бутҳои бисёреро ба Уструшан оварданд.[14]

Чунон ки гуфта шуд, дар сари ҳукумати Уструшан афшин меистод. Афшинҳои Уструшан ба тарафдории деҳқонон–мулкдорони хурд ва, махсусан, ба хайрхоҳӣ ва муборизаи фаъоли заминдорони озодихоҳ истинод намуда, истилогарони арабро то охири асри VIII ба қаламрави худ роҳ надоданд.[15]

Дар соли 728 ва солҳои 736–737 аҳолии Тахористон ва Суғд бо ҳимояи қӯшуни хоқони турк бар зидди истлогарони араб сар бардоштанд. Аҳволи арабҳо, хусусан, дар соли 737 хеле вазнин гардид. Тафсили ин қиёми озодихоҳона чунин аст: дар аҳди хилофати ҳишом (724–743) аксари аҳолӣ исломро фақат зоҳиран қабул карда, ҷизя намедоданд. Дар натиҷа даромади хазинаи давлати араб хеле кам шуд. Халифа ба мақсади дубора барқарор намудани даромади хазина амр кард, ки тамоми одамони мусулмоншуда боз андози иловагӣ – ҷизя диҳанд. Адо намудани он барои мардум душвор буд. Бинобар ин онҳо ба унвони халифанома навишта, изҳори эътироз намуданд ва арз карданд, ки аз мусулмонон гирифтани ҷизя ғайриқонунист ва мухолифи ваъдаи хилофат аст. Аммо талаби мардум аз тарафи ҳишом рад карда шуд. Он гоҳ суғдиҳо аз ислом рӯй гардонида, ба пайравӣ кардани ақидаҳои динии қадимаи худ шурӯъ намуданд. Илова бар ин, туркҳоро ба ёрӣ даъват карда, ба муқобили ҳокимияти хилофат шӯриш бардоштанд. Ин шӯриш ба дараҷае вусъат ёфт, ки ғайр аз Самарқанд ва Дабусия тамоми хоки Мовароуннаҳр ба дасти шӯришчиён даромад.

Рӯз то рӯз хавфноктар гардидани вазъияти Хуросон ва Мовароуннаҳр халифаи арабро маҷбур сохт, ки дар як муддати кӯтоҳ якчанд қоиммақомро иваз кунад. Ниҳоят, дар соли 738 Наср ибни Сайёр қоиммақоми Хуросон ва Мовароуннаҳр таъин гардид. Ӯ вақти зиёде ба корҳои давлатии Хуросон машғул шуда, баробари он дар солҳои 738–739 се маротиба ба Мовароуннаҳр лашкар кашид ва шӯришҳои аҳолии Самарқанд, Чоч ва Форобро фурӯ нишонид. Наср ибни Сайёр фаҳмид, ки фақат бо роҳи ҷанг мутеъ кардани мардуми ин сарзамин мумкин нест. Аз ин рӯ, вай роҳи бо аъёну ашрофи маҳаллӣ созиш карданро меҷуст, то ки барои дар итоат нигоҳ доштани мамлакат аз қувваи онҳо истифода барад. Ӯ духтари бухорхудотро ба занӣ гирифта, бо асилзодагони Мовароуннаҳр робитаи ақрабоӣ пайдо мекунад.

Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, муборизаи мардуми Осиёи Миёна бар зидди истилогарон ҳамоно давом мекард ва ин сарзамин яке аз беэътимодтарин гӯшаву канорҳои хилофат ба ҳисоб мерафт.

[1] Табарӣ, II, 1250, 1252.

[2] Гумилёв Л. Н., 1967 а, с. 355.

[3] Л.Н.Гумилёв дар баробари мушоҳида ва мулоҳизаҳои пурарзиш доир ба муносибатҳои ондавраинаи Осиёи Миёна ва Хитой аrидаеро ҳам баён намуд, ки тамоман хатост. «{окимони Осиёи Миёна,- мегӯяд ӯ,- мехостанд, ки ба ёрии онҳо (аз Хитой.–Б.U.) лашкар фиристанд, аммо дар Хитой расидани rувваи имдодии онҳоро мунтазир буданд. {амин ки дар Суuд инро фаҳмиданд, муrовиматро бар зидди арабҳо бефоида дониста rатъ карданд» (Гумилёв Л.Н., 1967 а, с. 355). Ба ин тариrа, Л.Н.Гумилёв давоми муrовимати халrҳои Осиёи Миёнаро бар зидди арабҳо комилан ба кӯмаки Хитой алоrаманд мекунад. Пеш аз ҳама, хотирнишон мекунем, ки чунин ҳулосаи rатъии Л.Н. Гумилёв хилофи он маълумотест, ки худи ӯ дар саҳифаҳои оянда аз хусуси давом ёфтани муборизаи зиддиарабии суuдиҳо бо иттифоrи туркҳо дода, «ҳарф дар бораи ислом ва андозҳои он шунидан нахостани» кӯҳистониёни суuдиро таъкид намудааст (Гумилёв Л.Н., 1967 а, с.357). Воrеан ҳам дар охири соли 718 ва аввали соли 719 подшоҳи Суuд Uурак ба императори Хитой нома фиристода буд. Дар ин нома гуфта мешуд, ки суuдиҳо ҳар сол rӯшуни зиёде фароҳам карда, ба муrобили арабҳо меҷанганд, лекин император ягон бор кӯмаки ҳарбӣ нарасонидааст. Дар охири нома Uурак аз император хоҳиш карда буд, ки як миrдор сарбоз фиристад (Charannӯs Ӯ.,. 1903, р. 205). Чунон ки маълум аст, хитоиҳо ин дафъа ҳам кӯмак нарасониданд. Вале, бар хилофи Л.Н.Гумилёв, суuдиҳо ҳеҷ гоҳ муrовимати худро бар зидди арабҳо бас накарданд.

[4] Бартольд В.В., 1964 в, с. 382, 384-387.

[5] Мумкин аст сабаби хиёнати ӯ аз тарси Дивоштакро подшоҳи Суuд хостани арабҳо бошад.

[6] Табарӣ, II, 1445.

[7] Якубовский А. Ю., 1950, с. 39.

[8] Волин С., 1940.

[9] Табарӣ, II, 1447–1448; Ибн ал-Асир, V, 82.

[10] Дар ин бора муфассалтар ниг.: Rодирова Т., 1965, с.80-85.

[11] Chavannӯs Е., 1903, р. 200-201.

[12] Табарӣ, II, 1492, 1494, 1602–1603.

[13] Дар бораи шахсияти ӯ ниг.: Смирнова О. И., 1969, с. 217–220.

[14] Табарӣ, II, 1964. Дар бораи тафсили муборизаи Хатлон бар зидди арабҳо ниг.: Беленицкий А. М., 1950 а, с. 113–120.

[15] Неъматов Н.Н., 1954.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …