АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Зар — ва хусусияти табобатии он

Зар — ва хусусияти табобатии он

Зар —  Инро тилло ҳам меноманд, ки номи дувумаш аз забони ҳиндӣ ба тоҷикӣ гузаштааст.   Зарро дар намуди холис дарёфт мекунанд, аз регҳои дарёҳо ҷудо карда мегиранд ва инчунин аз таркиби сангҳо ҷудо карда ҳосил менамоянд.  Мизоҷаш мӯътадил аст, каме моил ба гармӣ ва андак рутубати табиӣ дорад.

ZAR

  Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, моддаҳои ғафси дар бадан бударо рақиқ мегардонад, дил ва майнаро қувват мебахшад; ҳарорати табиии бадан, яъне гармии модарзодиро устувор медорад; фикрро қавӣ ва фаросат (фаҳм)-ро тез мекунад; барои бемориҳои дил, майна, ҷигар, меъда, заҳра, сипурз, гурда, хичак, бачадон, боҳ, бемориҳои сафровӣ ва савдовии монанди: дилтапак (дилбозӣ), васвос, тарсончакӣ, ваҳмак, ӯам, ҳузн, девонагӣ, саръ, чарх задани сар, сустии меъда ва ҷигар, зардпарвин, бавосирҳои гуногун, сустии гурда давои хуб мебошад, баданро фарбеҳ месозад ва барои иллати махав доруст.

  Зари холисро бо марворид дар оби турунч хап карда бихӯранд, барои бемориҳои дар боло зикрёфта даво мешавад, инчунин рафтани дарун, исҳоли хунин ва махавро дафъ мекунад.

  Тиллоро бо навшодир ҳал карда бихӯранд, заҳрро аз бадан хориҷ мегардонад ва куввати боқимондаи онро дар бадан мешиканад.

  Аз тилло мили сурма бисозанд, чашмро қавӣ мегардонад, дарди чашмро манъ мекунад. Агар ин милро ба чашм кашанд, ғафсӣ ва дағалии пилкҳои чашмро ислоҳ мекунад, гул ва пардаи ба чашм афтодаро дафъ мекунад, кабудии зери чашмро мебардорад. Дар сурохии (раги) чашм, ки аз он об ва хирм муттасил баромада меистанд, тиллоро пур намоянд, он иллатро дафъ мекунад.

  Зарро бимоланд, дарди дандонро таскин медиҳад. Онро дар даҳан нигоҳ доранд, бӯйи бади даҳанро дафъ мекунад. Ордаки онро бипошанд, решҳои хӯрандаро сиҳат мебахшад.

  Оберо, ки муттасил тиллои тафсонро дар он сард карда бошанд, бинӯшанд, ҳарорати модарзоди  бадан, дил ва меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро манъ мекунад.

  Ҳали тиллоро бимоланд, фолиҷро шифо мебахшад, варамҳоро таҳлил медиҳад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, ирқуннасо (радикулит) -ро ба ибро меоварад, доғҳои сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад.

  Аз зар ангуштар сохта, дар ангушт бидоранд, милкаки нохунро шифо мебахшад, саръ (припадка)-и тифлон ва дардҳои гуногуни буғумҳоро дафъ мекунад.

  Зари холисро ба гардани тифлон овезанд, дар вақти хоб тарсидани онҳоро дафъ мекунад ва умуман тарсончакии онҳоро ба ибро меоварад. Вале ҳаким Яшовус ин хосиятро ба донаи санги он, ки ба қадри тухми ҳардал (горчица) бағоят сахт буда, дар кони тилло мешавад, мансуб донистааст ва ба зари холис.

  Доштани тилло ва нигоҳ кардан бар он сурур мебахшад андӯҳро дур мекунад, дилро қувват медиҳад, хандон мегардонад.

  Чун гӯшро бо сӯзани тилло сӯрох кунанд, ҳеҷ вақт он сӯрохӣ баста намегардад.

  Ба қавле, зарро хӯрдан ба хичак ва узвҳои пешоб зарар дорад, агар ин тавр асар кунад, барои ислоҳи зиёнаш асал, мушк, кастона ва самари мӯрд бояд бихӯранд, вале аксари ҳакимонро эътиқод он аст, ки асло зарар надорад.

  Чун тиллоро маҳин ос намоянд, то дар дохили он чизи дигар, хусусан давои заҳрнок мавҷуд набошад, баъд бихӯранд, боиси ҳифзи сиҳат ва дароз шудани умр мегардад, хамаи бемориҳои савдовиро дафь месозад — дар ин амал ҳеҷ чиз ба ин баробар гашта наметавонад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз тилло дар як рӯз аз 0,19 то 0,48 ва ҳатто то 0,6 грамм равост.

  Чун тифлонро дар зарфи тилло шир, таом, шароб ва дору бидиҳанд, зуд забонашон баромада ба сухан меоянд, фарбеҳ, пурдил ва далер мегарданд ва аз сарьи тифлона эмин мешаванд.

  Агар зангӯлачаи зарин ба пойи боз ё ба гарданаш биёвезанд, он боз дар шикор далер ва гиро мегардад.

  Тиллоро ба шакли ҳалила сохта, дар вақти хоб ва бедорӣ беморони тарсончакии кӯҳнадошта, хаёлотгӯйи савдовӣ дар даҳан нигоҳ доранд, аз ин иллатҳо халос меёбанд.

Инчунин хонед инро

rimi-ohan

Рими оҳан ва хусусияи шифоии он

Рими оҳан  — инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт …