АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ДАВАН — ДАВЛАТИ ҚАДИМИИ ФАРҒОНА

ДАВАН — ДАВЛАТИ ҚАДИМИИ ФАРҒОНА

Дар маъхазҳои хитоии асрҳои II–I пеш аз милод Даван ном як кишвари васеи пурсарвати серодам тасвир шудааст. Аксарияти куллии муҳаққиқон – ҳам русҳо ва ҳам хориҷиён Даванро дар Фарғона ҷой медиҳанд. Муаммо дар ҳамин, ки баромади калимаи «Даван»-ро, ки ба калимаи «Фарғона» ҳеҷ монандӣ надорад, чӣ хел шарҳ додан мумкин бошад. Умуман, калимаи «Даван» то асри III пеш аз милод дучор меояд. Баъд номҳои «Бохан» ва «Полона» ба назар мерасанд ва зимнан ишорат меравад, ки ин ном муродифи «Даван»-и қадим аст. Шубҳае нест, ки Полона транскрипсияи хитоии калимаи Фарғона мебошад[1]. Дар бобати Даван бошад, чи тавре дар боло ҳам қайд кардем, чунин ақида пешниҳод шудааст, ки хитоиҳо зери номи Даван кишвареро дар назар доштанд, ки номи он бо номи тахорҳо (Тахwақ) алоқаманд аст.

Мувофиқи маълумоте, ки дар охири асри II пеш аз милод аз Хитой дастрас шудааст, аҳолии Фарғона 300 ҳазор нафар будааст. Вале дар он вақт рӯйхатгирии аҳолӣ набуд ва инчунин усулҳои тақрибан муайянкунии шумораи аҳолӣ низ вуҷуд надошт. Ба ин сабаб рақами мазкур маҳсули хаёли сайёҳ аст, на хабари аниқу дақиқ. Дар Даван бисёр шаҳру деҳаҳои калон будааст (сарчашмаҳо 70 номгӯйро додаанд). Шаҳри асосии Даван — Арши будааст.

Ривоят мекунанд, ки «мардум чашмони чӯкида ва риши ғуллӣ доранд, дар тиҷорат моҳиранд… Занонро ҳурмат мекунанд. Зан чизе гӯяд, шавҳар ҳақ надорад, онро иҷро накунад»[2].

Даван чун мамлакате тасвир шудааст, ки хоҷагии қишлоқи мутараққӣ дорад. Дар ин ҷо токзорҳои калон будааст. Шаробе мекашидаанд, ки даҳҳо сол нигоҳ медоштаанд. Юнучқа мекиштаанд (номашро алафи «му-су» гуфтаанд).[3]

Хусусан, аспҳои Фарғона машҳур будаанд. Масалан, дар байни онҳо арғумоқҳое будаанд, ки ҳар як ашрофзодаи мамлакатҳои ҳамсоя орзу мекард, соҳиби чунин аспе шавад. Хитоиҳо, алалхусус, дар орзуи он аспҳои Фарғона буданд, ки «хун метаровиданд». Онҳо ин аспҳоро аспҳои илоҳӣ меномиданд ва итминон доштанд, ки савори ин гуна асп ба «абадистон» расидан мумкин аст. Хусусан, императори оли ханҳо Ву-ди, ки шабурӯз илоҷи ҷовид шуданро меҷуст, мудом орзу мекард, ки соҳиби чунин аспҳои хунтаровиш шавад. Ин аспҳои Фарғона дар Хитой, ҳатто мавриди парастиш шуданд. Кор ба дараҷае расид, ки шоирон дар ҳаққи ин аспҳо қасидаҳо гуфтанд. Лекин ин аспҳо ба қасида не, балки ба муолиҷа мӯҳтоҷ буданд, хун таровидани ин аспҳо, ки ба назари хитоиҳо қудрати илоҳӣ менамуд, аслан аз газидани кирму кана хуншор шудани пӯст буд.

dayan_davlat

Императорҳои Хитой мекӯшиданд, ки Даванро тасхир намоянд. Халқи Даван ба муқобили истилогарон дар муддати солҳо ҷанги вазнини хунин бурд. Соли 104 пеш аз милод ба Даван 60 ҳазор лашкари савора фиристода шуда, илова бар он ба мадади онҳо, чӣ тавре сарчашмаи хитоӣ менависад, «даҳҳо ҳазор ҷанговарони ҷавони хитоӣ» дода шуд. Ин лашкари сершумор шикаст хӯрда, ба мақсад нарасид ва боқимондаи ночизи он қафо гашт. Баъди ин ба Даван бори дувум ҳуҷум карданд, ки дар он лашкари шастҳазорӣ ва даҳҳо ҳазор мададгорон ширкат доштанд. Фарғонагиҳо зери роҳбарии шоҳи худ Муғия зидди истилогарон фидокорона ҷангиданд. Гарчанде дар ин муҳориба бисёр фарғонагиҳо ҳалок шуданд ва худи Муғия бо роҳи хиёнат кушта шуд, истилогарон Даванро гирифта натавониста, маҷбур гардиданд, ки ақиб раванд. Барои таъмини идомаи сиёсате, ки Муғия мебурд, баъди вай додарашро ба тахт шинонданд.[4]

Ба ҳамин тариқ, халқи Фарғона бо мадади дигар халқҳои ҳамсояи Осиёи Миёна истилои оли Ханҳоро рафъ кард ва истиқлоли худро нигоҳ дошт.

Халқҳо ва ноҳияҳои шимолӣ

Яке аз халқҳое, ки дар мушкилӣ дастгири фарғонагиҳо шуд, канғуйҳо буданд (талаффузи қадимиаш khan-kiah). Дар сарчашмаҳо Канғуй муфассал тасвир шудааст. Аз як тараф Канғуй бо Даван, яъне Фарғона, ҳамсарҳад буд ва зоҳиран, ин сарҳад аз ҷанубу шарқ мегузашт. Дар ҷануб ҳудуди Канғуй бо мулки йуҷиҳо мепайваст. Дар шимолу ғарб сарзамини Канғуй то Ян-сай, яъне то хоки қабилаҳои сармату олони Назди Арал тӯл мекашид ва ин қабилаҳо тобеи Канғуй буданд.[5]

Худи канғуйҳо киҳо буданд? Маркази сарзамини беканори онҳо дар куҷо буд? Ақидаи С.П.Толстов, ки мувофиқи он Канғуй ва Хоразм як чизанд, дар илми таърихшиносӣ хеле маъмул буд ва муддати дароз баҳснопазир дониста мешуд.[6] Вале тадқиқи муфассали сарчашмаҳо ва натиҷаи тадқиқотҳои навтарин нишон доданд, ки бисёр фактҳо муқобили ин ақида мебошанд.

Чарогоҳи канғуйҳо, эҳтимол дар лаби Сир воқеъ буда, қароргоҳи ҳокимони онҳо дар қарибиҳои Тошканд ҷой дошт. Ба ҳамин тариқ, маркази Канғуй дар маҷрои миёнаи Сир буд. Аз ин ҷо маълум, ки чаро канғуйҳо ба мадади фарғонагиҳо омада, зидди хитоиҳо ҷангиданд. Хоразм бошад, дар як гӯшаи дурдасти сарзамине воқеъ буд, ки ба Канғуй итоат мекард.

Нисбати этникии канғуйҳо мавриди баҳси олимон қарор гирифтааст. Ақидае ҳаст, ки онҳо турк мебошанд. Баъзеҳо исбот мекунанд, ки канғуйҳо аз мардумони тахоризабонанд. Вале дурусташ ҳамин, ки онҳо аз мардумони эронизабон буда, авлоду ворисони сакоиҳои Сир мебошанд.

Сарчашмаҳо канғуйҳоро «аҳли кӯчӣ» номидаанд. Инчунин ривоят меравад, ки мувофиқи урфу одат Канғуй «айнан бо Янсай як аст». Вале дар Янсай «мардум андаруни чордевори кулӯхӣ зиндагӣ мекунанд». Дар ҳақиқат, дар территорияи Қанғуй манзилгоҳҳо хеле бисёр буданд». [7]

Аз рӯи маъхазҳои хаттӣ маълум мешавад, ки Канғуй иттиҳоди тавонои давлатӣ буд. Дар айни авҷи тараққиёти худ дар асри I пеш аз милод 120 ҳаз. лашкар дошт. Канғуй сиёсати мустақилонаи хориҷиро пеш мебурд ва ба ҳамсояҳои худ дар муборизаи онҳо зидди истилогарони аҷнабӣ мадад мерасонд. Дар замони осоишта ҳам Канғуй ба намояндагони оли Ханҳо равшан нишон медод, ки оли Ханҳоро заррае писанд намекунад ва онҳо маъюсона хабар мекашиданд, ки «Канғуй… сарбаланд ва саркаш аст».[8]

Таърихи минбаъдаи Канғуй равшан нест. ҳанӯз дар соли 270 пеш аз милод вай ба мамлакатҳои хориҷи Осиёи Миёна ҳайъатҳои сафорат мефиристондааст. Баъдтар Канғуй тамоман аз қувват монда, ба ҳайъати давлати ҳайтолиён дохил мешавад.

Тадқиқоти археологии маҷрои миёнаи Сир нишон дод, ки дар ин ҷо сағонаву бошишгоҳҳо бисёранд. Аввалин бошишгоҳе, ки тадқиқ шуд (аз тарафи Г.В.Григорйев), бошишгоҳи Қавунчии назди Янгийӯл буд. Дар паҳлуи ин бошишгоҳ сағонаи Ҷуно воқеъ гардидааст. Археологҳо маданияти маҷрои миёнаи дарёи Сирро, ки дар асрҳои охири пеш аз милод ва асрҳои аввали милод вуҷуд дошт, маданияти Қавунчию Ҷуно меноманд. Доираи ин маданият баъдҳо вусъат ёфта, то ба кӯҳҳои Қаромазор ва Самарқанд расид. Ана ҳамин маданият маҳз маданияти Канғуй мебошад. Мувофиқи пайдоиши худ ин маданият, бешак, маданияти маҳаллӣ аст. Аз рӯи мадракҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки дар байни бутҳои канғуйҳо Фарн ном буте низ будааст, ки ба қатори бутҳои дини зардуштӣ медарояд. Ин бут ҳофиз ва ҳомии ҳам ҳокимон ва ҳам парастори рӯзгору оилаву саломатӣ мебошад. Баъзан ин бут ба намуди гӯсфанд муҷассам карда мешуд. Маҳз ба ҳамин сабаб аҳли Канғуй дастаи зарфҳои худро ба шакли ягон ҳайвон – дар ин сурат, ба шакли гӯсфанд месохтанд (боқимондаҳои ин тасаввурот дар байни тоҷикон дар рӯзҳои мо ҳам ба назар мерасанд)[9].

Усун (талаффузи қадимиаш *O-swən) иттиҳоди калони қабилаҳоест дар шимолу шарқи Осиёи Миёна ва Туркистони шарқӣ. Мувофиқи ривояте усунҳои аввал дар Муғулистон сокин шуда, баъд ба ғарб кӯчидаанд. ҳокими усунҳо Кунмо ном дошт (кун-бағ «сардори қабилаҳо»). Ривоят ҳаст, ки усунҳо дар Муғулистон зиндагӣ мекардаанд ва кунмо Нан-доу-мии ҳокими онҳо будааст. Баъдтар ба усунҳо йуҷиҳо ҳамла карданду Нан-доу-ми кушта шуд ва усунҳо ба хоки хуннҳо кӯчиданд, ки шояд хуннҳо онҳоро тарафгирӣ кунанд (мувофиқи як варианти дигар хуннҳо худашон сардори усунҳоро куштаанд). Аз Кунмои кушташуда як писарчаи навзод мондааст. Боре парастори ин писарчаи навзод «кӯдакро парпеч карда, мобайни алафҳо монду худаш рафт, ки қути лоямуте пайдо кунад. Гашта омада дид, ки модагурге ба кӯдак сина медиҳад ва зоғе пораи гӯшт дар минқор болои онҳо чарх мезанад. Парастор пиндошт, ки ин кӯдак бут аст ва ӯро бо эҳтиёт бардошта, ба назди хуннҳо бурд. Ба шанюйи хуннҳо ин писарак писанд омад ва ӯро ба тарбият гирифт. Вақте кунмо ба балоғат расид, шанюй раияи падарашро ба ихтиёри вай дод ва сардори лашкар таъин кард. «Кунмо қувват гирифта, дар охири охирон ба йуҷиҳо, ки ба ғарб кӯчида буданд, ҳуҷум кард ва қасоси падарашро гирифта, онҳоро торумор намуд»[10].

«Усунҳо на ба зироат машғуланд ва на ба боғдорӣ, балки бо чорвои худ ба куҷое, ки алаф бисёру об бошад, кӯчманчигӣ мекунанд» – мегӯяд сарчашма. Дар асри I пеш аз милод хитоиҳо тахмин кардаанд, ки шумораи усунҳо аз 600 ҳазор беш аст. Ин кишвар яке аз зӯртарин кишварҳои Осиёи Миёна буду Хитой дар назди он тамаллуқ мекард. Мақоми намояндагони ашроф баланд буд. Ба сарватмандии онҳо ҳамин як маълумот далолат мекунад, ки ҳар яки онҳо чорвои бешумор, аз як худи асп 4-5 ҳазор сар доштанд. Писарони болиғи кунмо ҳар яке соҳиби мулки худ буд ва кунмо ҳақ надошт, ки корҳои давлатиро танҳо худаш ҳал кунад. Кунмои нав аз тарафи «оқсаққолон» ба тахт бардошта мешуд[11].

Охирин маълумот дар бораи усунҳо дар ҳисоботи Дун-Дин ном сафире ҷой дорад, ки соли 435 ба пойтахти усунҳо «Шаҳри Водии сурх» омада будааст, дар ҳамон вақт аварҳо усунҳоро сахт ба танг меовардаанд, баъдҳо усунҳо, умуман, истиқлолияти сиёсии худро аз даст додаанд[12].

Дар Тяншон ва дар ҳафтруд бисёр сағонаҳои усунҳо кашф шудаанд[13]. Материале, ки аз ин кашфиёт ба даст омад, имкон дод таърих ва маданияти усунҳо аниқтар ва равшантар карда шавад. Фақат ҳаминро бояд қайд кард: сарчашмаҳои хаттӣ хабар медиҳанд, ки усунҳо аз шарқ омадаанд, вале ин хабарро бечунучаро қабул кардан лозим не. Аз афти кор, ба Осиёи Миёна қабилаҳои нисбатан камшумор кӯчида омадаанд. Қисми асосии иттиҳоди қабилаҳое, ки дар таърих бо номи «усунҳо» маъмул аст, ин худи ҳамон аҳолии маҳаллии сакоӣ мебошанд, ки баъдҳо трансформатсия шудаанд.

Маълум, ки усунҳо на фақат чорводорӣ мекарданд. Онҳо ҳунармандӣ ва зироатро ҳам медонистанд. Гуфтан мумкин, ки усунҳо ҳам, мисли сакоиҳо дар мавзеъҳои калони Туркистони шарқӣ маскун буданд.

[1] Мувофиrи анъанаи маъхазҳои хитоӣ Р’о-1о-nа дар сарчашмаҳои солҳои 436-437 дучор мешавад (Pӯlliot P., 1934, р. 41).

[2] Бичурин, II, с. 161-162, 188.

[3] Дар ҳамон ҷо, с. 161-162, 186-188.

[4] Бичурин, II, с. 163; I, с. 162-167 б, с. 350-351.

[5] Бичурин, I, с. 150, 165. 166, 229.

[6] Толстов С. П., 1948 а, с. 20-26.

[7] Литвинский Б. А., 1968.

[8] Бичурин, II, с. 184-185.

[9] Григорьев Г. В., 1948; Тереножкин А. И., 1950 6, с. 158-160; Мухторов А., 1966, с. 7; Литвинский С. А., 1968.

[10] Бичурин, II, сањ. 155-156. Оид ба таҳлили масъалаи пайдоиши усунҳо ниг.: Зуев Ю. А., 1960, с. 121-124; Pullӯyӣlank Ӯ.G., 1970, р. 154-160.

[11] Бичурин, II, с. 190-198.

[12] Зуев Ю. А., 1960, с. 121.

[13] Воеводский М. В., Грязнов М. П., 1938; Бернштам А. Н., 1950; Кибиров А. К., 1959; Акишев К.А., Кушаев Г. А., 1963.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …