Фаъолияти илмии Айниро бештар асарҳои адабиётшиносй муайян мекунад. Соли 1926 асари калонҳаҷми ӯ — «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Маскав ба табъ мерасад. Ин китоб аз се қисм иборат аст ва дар он аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (асри X) то Пайрав Сулаймонӣ (асри XX) намунаи осори 220 адиби адабиёти ҳазорсолаи тоҷик оварда мешавад. «Намунаи адабиёти тоҷик» тазкира мебошад ва дар он аввал шарҳи ҳол ва баъд намунаи осори ҳар адиб баён мегардад. Маълумоти Айнӣ мухтасар, вале пурмуҳтавову фарогир аст. Мисол: «Абдулқодирхоҷаи Савдо аз ҷумлаи наводири рӯзгори худ буд. Илова бар фазлу камолоти расмӣ мисли наққошӣ, лаввоҳӣ, заргарӣ ҳунарҳоро монанди як мутахассис медонист. Дар мусиқӣ маҳорат дошт. Адвори[1] «Шашмақом»-ро маъа шуаботаш[2] забт ва қайд карда буд. Дар рамл[3], нуҷум ва найранҷот[4] низ ҳаз[5] дошт. Маҳфилоро, ҳозирҷавобӣ, базлагӯй ва хушмуҳовара буд. Бо хурду бузург як- сон, аз кибру ғурур ҳаросон буд. Дар назм соҳибэҷоди хориқанамо ва дар наср низ соданависи беҳамтост”.
Ҷавҳари «Намунаи адабиёти тоҷик», ки сар то сари тазки- раро фаро гирифтааст, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебо- шад. С.Айнӣ бар хилофи ақидаи пантуркистон, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, дорои таърихи бой ва фарҳанги ҷаҳонӣ будани ин қавми куҳанбунёдро собит месозад.
Садриддин Айнӣ сабаби таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар мақолаи «Ба ошиқони адабиёти тоҷик муроҷиат» (1925) чунин таъ- кид мекунад: «Маълум аст, ки Туркистон ва Мовароуннаҳр аз аҳди устод Абулҳасани Рӯдакӣ то имрӯз хеле адибони форсизабон ба майдон овард. Аммо дар замонҳои охир ба кадом сабаб, ки бошад, адабиёти тоҷик ба як навъ сакта ва таваққуф гирифтор шуда буд.
Ҳукумати ҷумҳурияти ҷавони Тоҷикистон ин нуктаро дар на- зар гирифта, хост, ки номи адибони гузаштаро зинда ва ҷавонони ҳозираро ба роҳи адабиёт ташвиқ намояд. Дар ин бора муқаддима
гӯён як маҷмӯа бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кардани шуда ҷамъ ва тартибашро ба фақир ҳавола намуд».
Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» Рӯдакӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Алишери Навоӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Аҳмади До- ниш, Шоҳин, Савдо, Асирӣ, Ҳайрат, Ҷавҳарӣ барин адибони тоҷик, ки дар Мовароуннаҳр зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад. С.Айнӣ аз осори Мушфиқӣ бештар аз ди- гар шоирон намуна (389 мисраъ) оварда, дар ғазалсароӣ маҳорати баланд доштани ӯро таъкид мекунад. Аз ҷумла, ғазалеро бо матлаи:
Дар ғамат дилро фигору хаста мегӯем мо, Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо
оварда, менависад: «Ғазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф ва равон уфтад, кам аст».
«Намунаи адабиёти тоҷик» дастоварди барҷастаи адабиётши- носии тоҷик дар садаи XX аст. Олимони мамлакатҳои дунё ба ин асар баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, донишманди эронӣ Саид Нафисӣ навиштааст: «Барои ҳар касе, ки дар адабиёти порсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб ба худ дошта бошад ва ба ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонад».
ни ин тобистони ман, — навиштааст устод то- бистони соли 1940-ро дар назар дошта, — дар роҳи кор кардан бар болои классикҳо рафт. Абӯалӣ Синоро дубора кор карда, аз асарҳояш баъзе порчаҳо ҳамроҳ карда шуд. Барои Рӯдакӣ як маҷмӯаи алоҳида сохта шуд. «Бустон»-и Саъдиро интихоб карда, аз ӯ 4 ҳазор мисраъ гирифтам ва эзоҳ додам. Барои вай як муқаддима ҳам навиштам».
Айнӣ барои ба хонандагон пешкаш намудани матни саҳеҳи «Бустон» кӯшиши бисёр намудааст, ҳангоми интихоби матн чандин нусхаро ба якдигар муқоиса мекунад ва дар поварақҳо гуногунхониҳои мисраъҳоро нишон медиҳад. Масалан, мисраи якуми байти:
Сари чашма шояд гирифтан ба мил[6], Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.
дар поварақ чунин шарҳ ёфтааст: «Дар нусхаи дигар ба ҷойи ин мисраъ «Сари чашма шояд гирифтан ба бел» дида шуд, ки бояд нусхаи асл ҳамин бошад. Зеро, чунонки бел ба обёрй муносибат дорад, инчунин шакли ин калима ба пил ҳамранг аст ва санъати ҷинос ҳам ба даст медарояд».
С.Айнӣ оид ба таърихи адабиёти классикӣ як қатор асарҳо таълиф намуда, ба ҳаллу фасли муҳимтарин ва заруртарин муаммоҳои адабиётшиносии тоҷик муваффақ мешавад. Рисолаҳои «Устод Рӯдакӣ» (1940), «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1940), «Шайхурраис Абӯалӣ Сино» (1941), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (1942), «Алишери Навоӣ» (1948), «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (1956), «Мирзо Абдулқодири Бе- дил» (1954) ҳама аз нигоҳи илмӣ ва масъалагузорӣ қиматноканд. Масалан, дар рисолаи «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» ба шарқшиносоне, ки Саъдиро танҳо ба Эрон мансуб медонистанд, ҷавоби сазовор дода мешавад. Муҳаққиқ аз эҷодиёти шоир як порчаи шеърӣ оварда, таъкид мекунад, ки Саъдии Шерозӣ мутафаккири бузурги форсу тоҷик аст:
Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик.[7] Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд: Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Ё худ рисолаи «Мирзо Абдулқодири Бедил», ки соли 1951 ба анҷом расида, соли 1954 баъди марги муаллиф рӯйи чопро дида- аст, то ҳол яке аз манбаъҳои муътамади омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Бедил ба шумор меравад. Муҳаққиқ чунин ақида дорад, ки за- бони шеъри Бедил агар аз назари калимаҳои ҷудогона мулоҳиза шавад, сода аст. Лекин, вақте ки аз ин калимаву таркибҳо матои шеър бофта мешавад, фаҳмидани забони Бедил душвор мегардад. Масалан, дар байти зерин ягон калимаи душворфаҳм нест:
Гул ба дасту по кӣ баст имшаб, ки чун ранги ҳино Бӯсамуштоқон чаманҳо зери лаб хун кардаанд.
Вале фаҳмидани мазмуни байт андешаи амиқро тақозо до- рад: бӯсамуштоқон, яъне ошиқон фаҳмиданд, ки маъшуқа ба дас- ту пойи худ гул бастааст. Онҳо чаманҳоро бӯсида ба ранги ҳино гардондаанд, ба умеде, ки шояд маъшуқа ҳангоми ба дасту пойи худ гул бастан гулҳои ба ранги ҳино гардондаи онҳоро истифода кунад ва ба ин восита асари лабҳои бӯсамуштоқон ҳам ба дасту пойи ӯ эҳсос шавад.
Устод Айнӣ аз эҷодиёти паҳновари шоир намунаҳои мувофиқро интихоб карда, ба хонанда пешкаш менамояд. Аз ин ҷиҳат, намунаҳое, ки ифодакунандаи афкори тарбиявию ахлоқии шоир мебошанд, ҷолибанд:
То фазлу ҳунар ойинапардоз нашуд, З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд. Фӯлод бар оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт, Беилм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.
Дастовардҳои илмии С.Айнӣ дар мақола ва сарсуханҳои «Ҷавоби ман» (1933), «Муносибати адабияи Осиёи Миёна ба Эрон» (1934), «Шеърҳои тоҷикистонӣ» (1940), «Камоли Хуҷандӣ» (1940), «Ба ҷойи сарсухан» (1951) низ амиқу равшан ба назар ме- расад. Аз ин ҷиҳат, муқаддимаи устод ба китоби «Чор дарвеш», ки аз фаъолияти матншиносии ӯ дарак медиҳад, ҷолиби диққат аст. Дар чопҳои Ҳиндустон (Бомбай, 1878; Бомбай, 1900) ин асар ба Амир Хусрави Деҳлавӣ нисбат дода шудааст. Муҳаққиқ бо ҳуҷҷатҳои муътамад исбот мекунад, ки муаллифи «Чор дарвеш» Амир Хусрави Деҳлавӣ нест. Дар асар шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ, Фонии Кашмирӣ ва шоири асри XVIII Ғайратӣ ҷой доранд, ҳол он ки Амир Хусрави Деҳлавӣ соли 1325 вафот кардааст. Мувофиқи тадқиқоти Айнӣ «Чор дарвеш» дар солҳое, ки Ҳиндустон аз та- рафи мустамликадорони аврупоӣ истило гардидааст, яъне дар охирҳои асри XVIII ва аввалҳои асри XIX, аз ҷониби муаллифи номаълум навишта шудааст.
Умуман, фаъолияти адабиётшиносии С.Айнӣ серпаҳлу ва до- манадор буда, масъалаҳои таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, нақди адабӣ ва матншиносиро фаро гирифтаанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Фаъолияти адабиётшиносии С.Айнӣ кай оғоз гардид ?
- Асарҳои адабиётшиносии С.Айниро номбар кунед.
- Чаро «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тазкира меноманд ?
- Айнӣ ба шарқшиносоне, ки Саъдиро танҳо ба Эрон мансуб медонис- танд, чӣ ҷавоб дод?
- Дар бораи «Мирзо Абулқодири Бедил» ном асари С. Айнӣ маълу- мот диҳед.
- С. Айнӣ асари Амир Хусрав набудани «Чор дарвеш»-ро чӣ тавр ис- бот кард?
[1] Адвор — ҷамъи давр, қисматҳои “Шашмақом”.
[2] Маъа шуаботаш — бо шуъбаҳояш.
[3] Рамл — фолбинӣ, пешгӯйӣ.
[4] Найранҷот — ҷамъи найранг.
[5] Ҳаз — баҳравар, бархурдор будан.
[6] Мил — чӯби қаламшакли нӯлборик, ки бо он ба чашм сурма мемоланд.
[7] Мамолик — ҷамъи мамлук, ғулом.