Сохт ва вазифаҳои лейкоситҳо. Лейкоситҳо ҳуҷайраҳои беранги хун буда, дар мағзи сурх, иллики зарди устухон дар гиреҳҳои лимфатикӣ ва испурч ҳосил мешаванд. Аз ҷиҳати таркибашон 2 намуди лейкоситро фарқ кардан мумкин аст: лейкоситҳои донадор ва бедона. Ҳамаи лейкоситҳо ядро (ҳаста) доранд. Миқдори лейкоситҳо дар 1 мм3 хун 6-8 ҳазорро ташкил мекунад. Онҳо қобилияти ҳаракаткунӣ доранд.
Иммунитет. Лейкоситҳо дар организм вазифаи санитарӣ ё безараргардониро иҷро мекунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд ва заррачаҳои бегонаеро, ки барои организм зарароваранд, фурў мебаранд ва ҳазм мекунанд. Ин ҳодисаро аввалин маротиба олими рус И.И. Мечников кашф карда, онҳоро фагоситоз (аз калимаи юнонӣ «фаго»-фурўбаранда) ва ҳуҷайраҳои «хўрандаро» фагоситҳо номидааст.
Агар ба организм ҷисмҳои бегона хеле зиёд дохил шаванд, фагоситҳо онҳоро фурў бурда, ниҳоят калон ва оқибат вайрон мешаванд. Дар натиҷа моддаҳои илтиҳобовар ҷудо шуда, ҷои зарардида варам мекунад ва ҳарораташ баланд шуда, сурх мегардад. Ҷудошавии моддаҳо боиси илтиҳоб мегардад, ба ҷои сукунати ҷисмҳои бегона лейкоситҳои навро ҷалб мекунанд.
Лейкоситҳо ҷисмҳои бегона ва ҳуҷайраҳои вайроншударо нобуд сохта, миқдори зиёдашон мемиранд. Фасоде, ки дар бофтаҳо ҳангоми илтиҳоб ба вуҷуд меояд, тўдаи лейкоситҳои нобудгашта мебошад.
Организмро аз ҷисмҳои бегона на танҳо як худи фагоситоз муҳофизат мекунад. Илова бар ин дар организм сафедаҳои махсус – подтанҳо ҳосил шуда, ҷисмҳои бегона ва заҳри онҳоро безарар мегардонанд (расми 42). Подтан бо иштироки навъҳои махсуси лейкоситҳо ҳосил мешавад, ки на фақат дар хун, балки дар лимфа ҳам вомехўрад. Чунин навъи лейкоситҳоро лимфоситҳо меноманд. Баъзеи онҳо ба барангезандаи як беморӣ, масалан, барангезандаи сурхча таъсир мекунанд. Мавҷудияти подтанҳо муқобилияти организмро нисбат ба бемориҳои сирояткунанда устувор менамояд. Подтанҳо метавонанд дуру дароз боқӣ монанд, бинобар ин ба организм як беморӣ дубора таъсир намекунад. Фагоситоз ва подтанҳо механизми ягонаи муҳофизати организм – иммунитет ном гирифтаанд. Иммунитет организмро аз бемориҳои сирояткунанда нигоҳ дошта, онро аз ҳуҷайраҳои мурда, тағйирёфта ва бегона халос мекунад. Реаксияи сироятнопазир сабаби ҷудошавии узвҳо ва бофтаҳои пайвандӣ мебошад.
Хелҳои иммунитет. Иммунитет 3 хел мешавад: 1) меросӣ; 2)табиӣ ва 3) сунъӣ. Иммунитети меросӣ аз насл ба насл мегузарад ва аз вақти тавлид мавҷуд аст. Иммунитети табиӣ баъди ба ин ё он бемории сирояткунанда гирифтор шудани организм, баъди сиҳат ёфтан пайдо мешавад ва одам дуюмбора ба ин беморӣ гирифтор намешавад. Иммунитети сунъиро барои пешгирӣ кардани бемориҳои сирояткунанда мояҳои (ваксина) махсус тайёркарда шуда истифода мебаранд. Дар натиҷа одам ба бемориҳои исҳоли хунин, сил ва ғайраҳо гирифтор намешавад.
Иммунитет на ба ҳама барангезандаҳои бемориҳо қобилияти устуворӣ дорад. Бинобар ин одам ба бемориҳои грипп, зарпарвин, гулўдард ва ғайра метавонад якчанд маротиба такроран гирифтор шавад.
Саволҳо:
1. Аз рўи кадом нишонаҳо лейкоситҳоро ба ду гурўҳ тақсим мекунанд?
2. Сабаби бемориҳои сирояткунанда чист?
3. Лейкоситҳо кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
4. Фагоситоз чист? Иммунитет чист?
5. Кадом намуди иммунитет мавҷуд аст?
6. Зардоби шифоӣ чист?
Кори амалӣ
Сохти заррабинии хуни одам ва қурбоққа
Таҷҳизот барои амалиёт: микропрепарати рангкардаи тайёри
хуни одам ва қўрбоққа, заррабин.
Рафти амалиёт:
а) Ба кор омода кардани микроскоп.
б) Ба зери заррабин гузоштани микропрепарати хуни одам.
в) Препаратро муоина кунед. Эритроситҳоро ёфта расмашонро кашед.
г) Акнун ба зери заррабин микропрепарати хуни қўрбоққаро гузоред.
д) Эритроситҳои хуни қўрбоққаро муоина карда, расмашонро кашед.
Онҳо аз эритроситҳои хуни одам чӣ фарқ доранд?
Фикр кунед, ки кадом хун бисёртар оксиген меорад – хуни одам ё хуни қўрбоққа. Барои чӣ?