АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Маргимоҳӣ дар Канзи Шифо (Китоб)
Думи гов

Маргимоҳӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

Маргимоҳӣ (Думигов) — Ин гиёҳро кӯфта, дар об андозанд, моҳиёнро беҳис гардонида ва онҳо чаппа гашта ба рӯйи об мебароянд, ҳатто мемиранд. Бинобар ҳамин маргимоҳӣ ном гирифтааст. Дар баъзе маҳалҳо тоҷикон инро думигов низ меноманд.

Қадди ин гиёҳ ба ҳисоби миёна то як метр мехезад, баргҳояш хокистарранги пашмакдор, ба рӯйи замин паҳнгашта ва аз миёни он баргҳо пояаш мехезад. Аз нимаи пояаш то сар гулҳои зардранги он мешукуфанд. Дар тиб дар навбати аввал пӯсти пояи он, ки зардранг аст, ба кор меравад ва баъд аз он қисмҳои дигараш истифода мегарданд. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад. Ба забони англисӣ онро Verbascum thapsus меноманд.  Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

margimohi_dumigov-2Хислатҳои шифобахшии Маргимоҳӣ:   пӯсти пояашро бихӯранд, ҳамаи навъҳои балғам, ахлоти ғафсро (хоҳ сафро бошад, хоҳ савдо) бо исҳол дафъ мекунад, бодҳоро пароканда месозад: дарди буғумҳо, ниқрис (подагра) ва ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад, зеро ки ин хориҷкунандаи ахлоти ғафс аст аз рагҳо ва пайвандҳои бадан. Ин барои одамони сардмизоҷ, тармизоҷ ва балғамимизоҷ бисёр фоидабахш аст.

Вале ба дарун истеъмол кардани ин барои рӯдаҳо зарар дорад — давояш катиро ва арпабодиён хӯрдан аст ва инчунин худашро бо равғани бодоми ширин чарб кардан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз ҳар як қисми он дар як рӯз бо шакар то 4,5 грамм аст. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 10,5 грамм ба об андозанд. Ин барои истисқо, таҳлил додани варамҳои балғамӣ ва бодӣ даво мебошад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …