МУБОРИЗАИ ХАЛҚҳОИ ОСИЁИ МИЁНА БО ҚӮШУНИ ЮНОНУ МАҚДУНӢ

Халқҳои Осиёи Миёна бо кадомин қувваҳо муқобили Искандари Мақдунӣ муқовимат карданд? Бояд қайд кард, ки камбудии асосии қувваҳои мудофиавии Осиёи Миёна марказият надоштани онҳо буд. Дар даврае, ки мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, фақат як қисми Осиёи Миёна ба қаламрави ҳахоманишиҳо дохил шуда ва он ҳам ба дараҷаи лозима устувор набуд; вилоятҳои боқимондаи ин сарзаминро ҳокимони соҳибихтиёр ва пешвоёни қабилаҳо идора мекарданд.

ҳунари аслиҳасозии Осиёи Миёна дар асри IV пеш аз милод хеле равнақ пайдо карда буд. Аскарони Осиёи Миёна аз аслиҳаҷоти ҳуҷум бештар ханҷар ва шамшерҳои оҳанӣ ва аҳёнан биринҷиро истифода мебурданд, ки дастаи онҳо аксаран бо нақшу нигори зебо оро дода мешуд. Ханҷарро ба паҳлӯи рост меовехтанд. Мардуми Осиёи Миёна ханҷарро карта меномиданд. Дар баробари ин, зоҳиран, истилоҳи акинок низ ба кор бурда мешуд. Шамшерҳо хеле калон буда, дарозиашон то 1,2 метр мерасид. Аксар вақт дар муҳориба табарҳои ҷангӣ — сагарис ба кор медаромад. Баъзе намунаҳои ин қабил табарҳои ҷангии яктеға ва дутеға дар ҳафриёти гӯрхонаҳои қадимаи Помир ёфт шудаанд. Геродот (1, 215) ва Страбон (ХI, 86) хабар медиҳанд, ки сеқираҳои массагетҳо мисӣ буданд. Найзаҳои дароз бо пайконҳои биринҷӣ ё оҳанӣ, ки аршти меномиданд, аз аслиҳаҷоти муҳим ба шумор мерафтанд. Беҳуда нест, ки Геродот (I, 215) массагетҳоро «найзадорон» номидааст. Он вақт гурз мавқеи чандон муҳим надошт.

Ба сифати силоҳи дурзан бештар камон истифода мешуд. ҳанӯз дар миёнаҳои ҳазораи I пеш аз милод дар Осиёи Миёна камони мураккабсохти ба истилоҳ навъи скифӣ мустаъмал буд. Ин навъи камон бо дурзанӣ ва нишонрасии худ фарқ мекард. Дар манбаъҳо якчанд хели ин аслиҳа зикр шудааст. Барои тайёр кардани камони бохтарӣ, ҳамчунин камонҳои суғдӣ, портӣ ва хоразмӣ найро ба кор мебурдаанд (Геродот, VII, 54, 66). Дар сарчашмаҳо сакоиҳо ва массагетҳои «камонандоз» ва «камонандозони савора» ёд шудаанд (Геродот, I, 215; Ксенофонт, «Киропедия», V, 3, 24; Арриан, III, 8, 3). Сарбозони Осиёи Миёна дар фалахмонпарронӣ ҳам хеле моҳир будаанд (Арриан, IV, 3, 3; Квинт Курций, VII, 6, 2, 22; Плутарх, «ҳаёти Искандар», ХV, 3).

iskandar

Сарбозон худро бо ҷавшан муҳофизат мекарданд. Квинт Куртсий (IV, 9, 3) менависад, ки мардуми саҳронишини Осиёи Миёна «аз варақаи оҳан» барои худ зиреҳ месохтанд. Бар тибқи маълумоти Арриан (III, 13, 4) сарбозони Осиёи Миёна дар вақти ҷанг худро бо зиреҳҳои фулузӣ «тамоман мепӯшониданд». Онҳо бар сар кулоҳхӯд доштанд, ҳамчунин сипарҳои гуногунҳаҷму гуногуншаклро барои муҳофизати худ истифода мекарданд. Ба қавли Геродот (1, 215), аспҳои массагетҳо ба василаи баргустувон муҳофизат карда мешуданд. Аз эҳтимол дур нест, ки умуман Осиёи Миёна ҷои тавлиди афзори муҳофизаи асп – баргустувон бошад. Ин ихтирои муҳими ҷангӣ сонитар ба тарафи ғарб – ба Эрони ҳахоманишӣ, ба тарафи ҷануб – ба ҳиндустон, ба тарафи шарқ – ба Хитой паҳн гардид. Дар Осиёи Миёна дучархаҳои ҷангӣ ҳам мавҷуд буданд.

Охирҳои асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна ҳунари истеҳкомсозӣ ба вуҷуд меояд. То вақти тохтутози истилокорони юнону мақдунӣ шаҳрҳои ин сарзамин иншоотҳои бузурги мустаҳкам доштанд. Илова ба истеҳкомоти умумӣ шаҳрҳои калонро бо қалъаҳои баланд иҳота карда, дар девори қалъа манораҳо нишонда, тиркашҳо сохта буданд.

Дар Осиёи Миёна аз рӯи навъҳои қӯшун ба қисмҳо ҷудо кардани қувваҳои аскарӣ маъмул буд. ҳар яки ин қисмҳо алоҳида саф ороста, баъзан дар вақти ҳуҷум ба ҳам ҷафс мешуданд ва паси ҳам қарор гирифта, қувваи бузурги ҳамлавареро ташкил медоданд. Дар баробари ин боз як усули тактикӣ – ақибнишинии стратегӣ мавҷуд буд: кӯшуни савора дар вақти ҳуҷум якбора ақиб рафта, аз самти дигар барқвор зарба мезад. Умуман, разми ҳуҷум бо фурӯ рехтани сели қӯшуни савора сар мешуд, ки мудофиакунандагон онро аввал аз дур бо тиру найза пешвоз гирифта, сонӣ, баъди тамоман наздик шудан ба ҳамлаи қатъӣ мегузаштанд ва ниҳоят тан ба тан ҷанг карда, душмани рӯ ба гурез ниҳодаро таъқиб менамуданд. Дар лаҳзаи ҳалкунанда қувваи эҳтиётӣ ба майдон дароварда мешуд.

Сарчашмаҳои қадима ба ҳунари ҷангии сакоиҳо арзиши баланд додаанд, ки инро дар вақти ҷанги зидди Форс юнониҳо хеле хуб эҳсос намуда буданд. Баъдтар худи Искандари Мақдунӣ ҳам борҳо нахустин мартаба дар сари муҳорибаи назди Гавгамела, вақте ки аскарони савораи сакоиву бохтарӣ қӯшуни пешоҳанги Искандарро ба фирор маҷбур карданд, ба ин боварӣ ҳосил намуд (Арриан, III, 13).

Муҳаққиқони кори ҳарбии халқҳои Осиёи Миёна ба чунин хулосаҳо расидаанд: «1. Аслиҳаҷоти қӯшуни Осиёи Миёна ба дараҷаи нисбат ба замони худ баланд расида буд ва аз баъзе ҷиҳатҳо, ҳатто аз яроқу аслиҳаи қӯшуни юнону мақдунӣ ҳам бартарӣ дошт. 2. Қӯшунҳои Осиёи Миёна усулҳои гуногуни тактикии ҳуҷум ва мудофиаро ба кор мебурданд. 3. Ба тавассути иштирок дар ҷангҳои давлати ҳахоманишӣ бар зидди юнониҳо, аз ҷумла дар муҳорибаҳои зидди Искандари Мақдунӣ (берун аз ҳудуди Осиёи Миёна) сардорони қӯшунҳои Осиёи Миёна аз силоҳ ва усулҳои тактикии ҳам қӯшуни ҳахоманишӣ ва ҳам юнону мақдунӣ хеле хуб огоҳ буданд. 4. Иқтидори ҳарбии халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои VI-IV пеш аз милод бисёр баланд буд, ки ин дар муборизаи онҳо ба муқобили истилогарони аҷнабӣ омили муҳиме гардид»[1].

Амалиётҳои ҳарбӣ дар Мовароуннаҳр

Арриан (III, 28, 9-10) воқеаро ба қарори зайл нақл мекунад: «Вақте ки ба Бесс наздик расидани Искандарро хабар доданд, ӯ аз дарёи Окс (Амударё– Б.Ғ.) убур намуд: киштиҳоеро, ки онҳо аз дарё гузашта буданд, сӯзонид ва худ ба сарзамини Суғд, ба Навтоқ рафт. Спитаман, Укборт бо савораҳои суғдӣ ва дойӣ аз Танаис гузашта, аз паси ӯ равон шуданд». Ин ҷо аввалин бор дар сарчашмаҳо номи қаҳрамони муборизаи зиддимақдунӣ Спитаман зикр гардидааст[2].

Искандар дар зарфи панҷ рӯз қувваи аскари худро аз дарёи Аму гузаронид[3]. Воқеаҳое, ки сарчашмаҳо дар ин маврид баён кардаанд, ниҳоятдараҷа мубҳам ва пурихтилоф аст[4]. Бесс аз тарафи Спитаман ва дигар ҳамсафони худ ахз гардида, ба дасти Искандари Мақдунӣ супурда мешавад. Сабаби чунин рафтори ҳамроҳони Бесс маълум нест. Шояд дар ҳамин лаҳзаи мубориза аз худ аҷзу нотавонӣ зоҳир кардани Бесс ва ба ин нигоҳ накарда мавқеи роҳбариро ихтиёран ба каси дигар додан нахостанаш боиси маҷбуран аз миён бардоштани ӯ гардида бошад[5]. Вақте ки Искандар ба Бохтар бозгашт намуд, шӯрои саркардагони ҳарбии мақдунӣ ва амалдорони ба тарафи ӯ гузаштаи форсро даъват кард ва дар ин шӯро Бесс ҳамчун қотили шоҳи «қонунӣ» ва ғосиби унвони подшоҳӣ айбдор карда шуд. Искандар амр кард, ки бинӣ ва гӯшҳои Бессро бурида, ӯро ба ҳамин сурат ба Экботан бибаранд ва дар пеши назари мидиҳо ва форсҳо ба қатл расонанд. Бояд гуфт, ки Искандар қатли Бессро чун интиқом бар ивази ғасб намудани ҳокимияти шоҳ дониста, бо ҳамин мехост аъёну ашрофи форсро ба тарафи худ ҷалб намояд.

Искандар пас аз ишғол кардани Навтоқ ба маркази Суғд Мароканд равона шуд ва онро забт кард[6]. Аз афташ, дар ноҳияи Мароканд, ба муқовимат дучор омад. Ба қавли Квинт Куртсий (VII, 6, 10), «Искандар дар шаҳр гарнизон гузошт ва деҳоти атрофро сӯхта, ба харобазор табдил дод». Сипас, ӯ бо лашкари юнонӣ ба самти шимоли шарқӣ ҳаракат намуд. Лекин дар ин роҳ ба мушкилоти бузурге дучор гардид. Суғдиҳо ҳама чун як тан ба муқобили истилокорони юнону мақдунӣ сар бардоштанд. Вақте ки масъалаи озодӣ ва истиқлолияти ватанашон ба миён омад, онҳо бо тамоми мардонагӣ барои мудофиаи кишвари худ бар зидди истилогарони юнонӣ чунон мубориза бурданд, ки ин мубориза дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи қадимаи халқҳои Осиёи Миёнаро фароҳам овардааст. Яке аз аввалин намунаҳои ин мубориза бархӯрдани таҷовузкорони юнонӣ бо тоифаҳои суғди вилояти кӯҳистонии Уструшан мебошад, ки дар вақти аз кӯҳсори байни Мароканд ва Киропол гузашта истодани аскарони Искандар рӯй дода буд.

Чанд даста аскарони юнонӣ барои мусодира кардани озуқа ва хӯроквории ҳайвонот ба тарафи қишлоқҳои Уструшан фиристода мешаванд. Аҳолии озодихоҳи ин маҳалҳо бар зидди бедодгариҳои истилогарон сар мебардоранд. Искандар аз ин аҳвол хабардор шуда, ба муқобили онҳо лашкар мекашад. Шӯришгарон бо фишори қӯшуни юнону мақдунӣ маҷбуран ба кӯҳсор фирор карда, дар он ҷо камин мегиранд[7]. Задухӯрд дар кӯҳсори серхарсанги душворгузар ба амал меояд. Суғдиҳо то охирин қувваи худ муқобилат мекунанд ва чи навъе ки Арриан хабар медиҳад, аксари онҳо ба дасти душман афтоданро нахоста, худро нобуд месозанд. Ниҳоят, Искандар муқовимати суғдиёни кӯҳистонро бо машаққати зиёде фурӯ менишонад, вале дар натиҷаи ин лашкаркашӣ 22 ҳазор нафар аз халқи маҳаллӣ кушта мешавад. Лашкариёни юнону мақдунӣ ҳам талафоти зиёде медиҳанд. Худи Искандари Мақдунӣ сахт ярадор мешавад (Арриан, III, 30, 10-11).

Искандар пас аз ин ваҳшонияте, ки нисбат ба суғдиёни Уструшан зоҳир намуд, ба сӯи Сирдарё равона гардид. Дар ин вақт дарёи Сир ҳудуди байни дашти бодиянишинон ва водиҳои зироатӣ ҳисоб мешуд: дар соҳили рости дарё сакоиҳо зиндагӣ мекарданд ва дар тарафи чапи он як қатор шаҳрҳои калону хурд воқеъ гардида буданд. Искандар ба лаби дарёи Сир омада қарор гирифт ва аз юнониёну мақдуниҳо дар ин шаҳрҳо гарнизон гузошт. Лекин дере нагузашта ба муқобили юнониён шӯриши халқи маҳаллӣ сар шуд ва ба зудӣ тамоми ҳафт шаҳри соҳили чапи Сирдарёро фаро гирифт. Дар дигар соҳили дарё сакоиҳо қувваҳои худро ҷамъ намуда, расидани фурсати мусоидро интизорӣ мекашиданд, ки аз дарё гузашта ба шӯришкунандагон ёрӣ расонанд. Дар худи ҳамин вақт дар Суғд ва Бохтар низ ошӯбҳои калоне ба амал меоянд. Искандар ба як вазъияти душвор дучор мешавад. Вай, пеш аз ҳама, қарор медиҳад, ки мавқеи худро дар соҳили дарёи Сир мустаҳкам намояд. Ба ин мақсад, ӯ дар муддати ду рӯз панҷ шаҳрчаи наздисоҳилиро ишғол намуда, бо аҳолии он ҷойҳо ваҳшиёна рафтор мекунад. Юнониён бо амри Искандар тамоми мардҳоро ба қатл расонида, зану бачаҳоро ба ғуломӣ мефурӯшанд (Арриан, IV, 2, 4).

Аҳолии Киропол, ки маркази шӯриш ба шумор мерафт, ба муҳосираи юнониён сахт муқобилат нишон медиҳад. Худи Искандар маҷбур мешавад шахсан дар гирифтани шаҳр иштирок намояд. Ӯ як даста аскарро гирифта, бо маҷрои хушкшудаи рӯде, ки аз байни шаҳр мегузашт, ба даруни шаҳр медарояд ва дарвозаи онро барои дохил шудани қӯшуни худ боз мекунад. Дар кӯчаҳои шаҳр ҷангҳои хунин давом намуда, дар натиҷа 8 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ кушта мешавад. Талафоти юнониён низ кам набуд. Дар ин муҳориба худи  Искандар ва  баъзе сарлашкарони  бузурги ӯ захмдор мешаванд.

Пас аз муҳорибаи шадид ва ҳуҷуми қатъӣ охирин такягоҳи шӯришиён забт карда мешавад. Бо ин тариқа, шӯрише, ки ба муқобили истилокорони юнонӣ дар соҳилҳои дарёи Сир ба амал омада буд, хобонида шуд. Арриан мегӯяд, ки аз аҳолии ба шӯриш иштирокдоштаи ин ҳафт шаҳр як нафар ҳам боқӣ намонд – ҳамаи онҳо кушта ва ё ба ғуломӣ фурӯхта шуданд.

Шӯриши солҳои 329–327 пеш аз милод

Ба муборизаи баҳри истиқлолияти Суғд ва Бохтар сипаҳсолори маҳаллӣ Спитаман, ки яке аз симоҳои хеле барҷаста дар таърихи аҷдоди қадими халқи тоҷик буд, сарварӣ мекард. Дар соли 329 Спитаман бо қувваи зиёди аскар, ки ба он аҳолии осоишта низ ҳамроҳ шуда буданд, шаҳри Марокандро ишғол намуд. Бештарин қисми гарнизон кушта шуда, боқимондаи аскарони юнонӣ дар интизори расидани қувваҳои имдодӣ ба арки қалъа паноҳ бурданд.

Искандар пас аз пахш кардани шӯриш дар Сирдарё барои кӯмаки муҳосирони қалъаи Мароканд 3 ҳазор нафар пиёданизом ва 800 нафар аскари савора фиристода, худ дар канори дарёи Сир (аз эҳтимол дур нест, ки дар байни Ленинобод ва Бекободи ҳозира ё худ дар ҳудуди шаҳри Ленинобод бошад) ба сохтмони қалъа-шаҳри Искандарияи Ақсо (Искандарияи Дур) машғул гардид[8]. Ба қавли Квинт Куртсий (VIII, 6, 25–27), «Искандар ба канори дарёи Танаис» (яъне Сирдарё – Б. Ғ.) баргашта, тамоми паҳноиро девор кашид ва қароргоҳи аскар сохт. Девор 60 стадий (10–11 км.– Б. Ғ.) дарозӣ дошт. Фармуд, ки ин шаҳрро Искандария номанд. Бинокории шаҳр чунон ба зудӣ анҷом ёфт, ки рӯзи ҳафтдаҳуми сохтани истеҳком иморатҳои шаҳр ҳам буд шуданд… Ба ин шаҳри нав асиронро ҷой доданд». Ба гуфти Арриан (IV, 4, 1), дар муддати 20 рӯз атрофи шаҳр аз нав девор кашида шуд, Искандар «дар он ҷо сарбозони кирояи юнонӣ, ҳамсоягони барбарии истиқомат ихтиёркарда ва ҳамаи аскарони ба хизмати ҳарбӣ ношоями мақдуниро сокин намуд». Юстин (ХII, 5, 12) низ тасдиқ мекунад, ки сохтмон (аз афташ, сухан аз оғози корҳои асосии сохтмон меравад) 17 рӯз давом кард. Давродаври девори шаҳр 6000 «ҷуфт қадам», яъне қариб 9 км меомад[9]. Ба шаҳри навбунёд, аз рӯи қавли Юстин, сокинони дигар шаҳрҳоро кӯчонданд ва ҳамчунин аскарони аз боварӣ баромадаи Искандарро гузоштанд. Ин шаҳр мебоист нуқтаи муттакои истеҳкоми ҳудуди шимоли шарқии давлат мегардид. Корҳои Искандар, хусусан сохтмони қалъашаҳр боиси хавотири сакоиҳои он сӯи Сирдарё гардид. «Подшоҳи скифҳо (яъне сакоиҳо.– Б.Ғ.), ки давлати ӯ сарзамини он тарафи Танаисро фаро гирифта буд, шаҳри дар соҳили дарё бунёдкардаи мақдуниҳоро юғе бар гардани худ ҳисоб менамуд»,– менависад Квинт Куртсий (III, 7, 1). Сакоиҳои бодиянишин аз он сӯи Сирдарё бо камонҳои худ юнониёнро тирборон мекарданд. Искандар ба туфайли тирпаронӣ кардан аз манҷаниқҳо (асбобҳои ҷангии сангандоз) онҳоро қадре ақиб ронд ва пас фавран бо амадҳо аз дарё гузашта, ба ҳуҷум сар кард ва скифҳоро маҷбур намуд, ки ба тарафи дашт ақибнишинӣ кунанд. Лекин кӯшиши тамоман торумор кардани скифҳо қариб ба ҳалокати аскарони юнонӣ анҷом ёфт. ҳарорати баланди ҳаво, набудани об, бероҳии биёбон ва дар чунин шароит ҳамлаҳои пайдарпаи сакоиҳои ҷанговар бо сардории бародари подшоҳашон (Квинт Курций, VII, 7, 1) истилокоронро ба вазъияти тоқатфарсое дучор намуд. Аскарони юнонӣ гӯё ба сабаби бемории Искандар маҷбур шуданд аз таъқиб кардани сакоиҳо даст кашанд (Арриан, IV, 4, 8,9).

Вақте ки қӯшуни юнону мақдунӣ дар такопӯи ишғол кардани Уструшан ва Фарғонаи ғарбӣ буд, оташи шӯру исён тамоми мамлакати Суғд ва як қисми Бохтарро фаро гирифт. Искандари Мақдунӣ миқёси шӯришро дарк накарда, ба кӯмаки гарнизони муҳосирашудаи Мароканд қӯшуни начандон калон (тақрибан 2500 нафар) фиристод. Вақте ки дастаи аскарони пештар фиристодаи Искандар ба Мароканд наздик расид, Спитаман шаҳрро аз муҳосира озод намуда, зиракона ақиб нишаст. Аскарони юнонӣ ин аҳволро дида, суғдиёнро таъқиб карданд. Спитаман фурсати мусоид пайдо намуда, якбора пас гашт ва ба сари юнониён тохт. Арриан (IV, 5, 8) мегӯяд, ки юнониён «рӯ ба гурез ниҳода, ба як ҷазирачаи байни дарё (дарёи Зарафшон дар назар дошта мешавад.– Б.Ғ.) паноҳ бурданд. Лекин дар ин ҷо скифҳо ва аскарони савораи Спитаман онҳоро ба муҳосира гирифта, парронда маҳв карданд»[10].

Чунон ки муаррихи маъруфи Германияи ғарбӣ Ф.Алтхайм ба таври ҳаққонӣ менависад: «Спитаман ба коре муваффақ шуд, ки касе аз ӯҳдаи он баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд»[11].

Спитаман, ки аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ҳимоят медид, дубора гарнизони мақдуниро дар Мароканд муҳосира намуд. Вақте ки Искандар бо қувваҳои асосии худ ба Мароканд омад, Спитаман ҷанг накарда, аскарони худро боз ба тарафи саҳро ақиб кашид. Азбаски Искандар дар муҳорибаи бо скифҳои бодиянишин кардаи худ дарси ибрат гирифта буд, дигар Спитаманро дар саҳро таъқиб накарда, бо ҷазои сахт додани аҳолии осоиштаи водии Зарафшон қаноат намуд. «Ӯ фармон дод, ки қишлоқҳоро сӯзанд ва ҳамаи калонсолонро кушанд» (Квинт Курций, VII, 9, 22). 30 нафар суғдиёни маҳкуми марг чунон хунсардие нишон доданд, ки мақдуниҳо ангушти ҳайрат газиданд: онҳо сурудхонон ба сӯи қатлгоҳ мерафтанд (Квинт Курций, VII, 10, 4).

Талафоти лашкари юнонӣ ниҳоятдараҷа зиёд буд. Аз ин рӯ, Искандар бо саросемагӣ ба ҷангҳои баҳори соли 328 тадорукот медид. Ӯ зимистонро дар Бохтар гузаронида, бо пешвоёни сакоиҳо ва хоразмиҳо гуфтушунид намуд ва барои бо қувваҳои тоза пурра кардани лашкари худ машғул шуд. Дар ин вақт халқи қаҳрамони Суғд ҳам, бо вуҷуди додани талафоти зиёд, мутеъ шуданро ба хотир наоварда, дар таҳти роҳбарии Спитаман барои муҳорибаҳои навбатӣ омода мегардид. Спитаман як рӯз ҳам ба душман осоиш намедод. Ӯ бо дастаҳои савораи «парвозкунанда»-и суғдиён ба сари истилогарон ҳуҷум оварда, ба онҳо зарбаҳои ҳалокатовар мезад. Чи навъе ки Арриан хабар медиҳад, «аксарияти суғдиҳо ба ҷоҳои мустаҳкам гурехта, ба волии таъинкардаи ӯ  (Искандар.– Б.Ғ.) итоат намуданро намехостанд» (IV, 15, 7). Дар ҳақиқат, мамлакати тамоман толон ва харобгаштаи суғдиён боз аз сари нав ба муқобили таҷовузкорони аҷнабӣ қиём намуд. Искандар ба мақсади фурӯ нишондани шӯриш лашкари 20 ҳазорнафараи худро ба панҷ даста тақсим намуда, аз як гӯша ба гӯшаи дигари Суғд ҳаракат кард ва ҳар як одами рӯ ба рӯ шударо аз дами теғ гузаронид. Чунон ки муаррихи Юнони Қадим Диодори Ситсилӣ (ХII) хабар медиҳад, «Искандар суғдиёни шӯришгарро таъқиб карда, аз онҳо беш аз 120 ҳазор нафарро ҳалок менамояд». Дар натиҷаи ин ҷазодиҳии мудҳиш ва хунхорӣ мамлакат ба дараҷае холӣ гардид, ки Искандар ба яке аз саркардаҳои ҳарбии худ супориш дод, то «ба ҷои Суғд дубора шаҳре таъсис намоянд» (Арриан, IV, 16, 3). Зоҳиран, дар ин маврид ба ҷои шаҳрҳои вайрон ва холишудаи суғдиҳо ба вуҷуд овардани шаҳрчаҳои ҳарбии юнонӣ, ки барои маъмурият ва лашкари юнону мақдунӣ ҳамчун такягоҳ хизмат мекарданд, дар назар дошта мешуд[12].

Дар чунин вақте ки истилокорони юнонӣ Суғдро ба хун оғушта мекарданд ва сарлашкари дар Бохтар гузоштаи Искандар барои дар итоат нигоҳ доштани мамлакат ва танбеҳ додани шӯришиён ҳар гуна чораҳо медид, Спитаман бо 600 нафар аскари савораи худ ба ақибгоҳи Искандар, яъне ба Бохтар гузашта, бо тамоми ғайрат ва шуҷоат муборизаро бар зидди аскарони юнонӣ давом дод. Дар тирамоҳи соли 328 ӯ бо 3 ҳазор аскари савора боз ба пойтахти Суғд раҳсипор гардид. Спитаман пас аз ҷанги сахте, ки аз ду тараф бисёр одамон кушта шуданд, ба тарафи саҳро ақиб нишаст, вале дар он ҷо сардорони баъзе қабилаҳои бодиянишин хоинона ба ӯ ҳуҷум намуда, сарашро аз тан ҷудо карданд ва чи навъе ки Арриан мегӯяд, «онро ба Искандар фиристоданд, то ки ба ин васила хавфу хатари ба сари худашон таҳдидкунандаро бартараф намоянд» (IV,17,7).

ҳалокати Спитаман ҳеҷ гоҳ тамоман зафар ёфтани истилогарони аҷнабӣ ва комилан сари таслим фуруд овардани суғдиёнро ифода намекард. Вазъияти мамлакати Суғд мисли пештара барои таҷовузкорони юнонӣ хатарнок буд. Искандаре, ки қувваи давлати ҷаҳонии ҳахоманиширо ба осонӣ дарҳам шикаста тавонист, ҳоло маҷбур гардид, ки зимистони соли 328/27-ро дар кишвари итоатнопазири Суғд гузаронад.

Лекин Искандар аз тирамоҳи соли 328 пеш аз милод бо нияти дар дохили мамлакат пайдо кардани қувваҳои пуштибони мубориза бар зидди аҳолии шӯришгари Суғд сиёсати худро нисбат ба аъёну ашрофи маҳаллӣ ва коҳинони зардуштӣ ба куллӣ тағйир дод. Масалан, баҳори соли 327 пеш аз милод, ҳангоми ба даст даровардани якчанд истеҳкоми кӯҳистонии суғдиҳо, ки барои муҳофизаи «онҳо аз аъёну ашрофи суғдӣ – Уксорт, Сисимитр ва ҳуриён» роҳбарӣ мекарданд, Искандар ононро на фақат бубахшид, балки тамоми молу мулкашонро ба ихтиёри худи онҳо гузошт. Ӯ на танҳо ба он намояндагони аъёну ашрофи маҳаллӣ, ки ба вай кӯмак мерасониданд, инчунин, ҳатто ба ононе, ки дар муборизаи юнониён ва суғдиҳо бетараф меистоданд, ба тариқи ҷоиза пул медод ва молу мулки шӯришиёнро байни онҳо тақсим мекард.

То чӣ андоза тағйир ёфтани равияи Искандар нисбат ба аъён ва ашрофи маҳаллӣ аз гуфтаҳои сарзанишомези Каллисфен ном таърихнигори дарбори ӯ, ки Арриан ба тариқи зайл нақл кардааст, аён мегардад: «Искандаро, агарчанде мегӯянд, ки дар кишвари барбарӣ аз худ кардани ахлоқи барбарӣ лозим аст, бо вуҷуди ин, ман аз ту хоҳиш мекунам, Элладаро ба хотир ор, ки аз барои вай ту ба ин сафари ҷангӣ иқдом намудӣ, то Осиёро мутеи Юнон кунӣ».

Искандар бо табақаи фавқонии Суғд алоқаи хешутаборӣ ҳам пайдо мекунад. Вай духтари Уксорт Руксона (Рухшонак)-ро, ки асир афтода буд, ба занӣ гирифта, ақрабои ӯро ба тарафи худ ҷалб менамояд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати Искандар аъёну ашрофи Суғд боварӣ ҳосил мекунанд, ки ӯ на ба муқобили онҳо, балки фақат бо халқ мубориза мебарад. Аз ин сабаб, онҳо бо вай ҳамдастӣ намуда, манфиати мамлакати худро ба душман мефурӯшанд. Чунончи, Сисимитр қӯшуни сершумореро ба ихтиёри Искандар дода, дар мутеъ намудани қабилаҳои сакоӣ ба ӯ мадад мекунад.

Рухшона - зани Искандар

Рафтори Уксорт ҳам яке аз мисолҳои равшанест, ки нисбат ба манфиати халқи худ хиёнат кардани гурӯҳҳои ашрофияи маҳаллиро нишон медиҳад. Ӯ пас аз он ки бо Искандар алоқаи хешӣ пайдо кард, дар роҳи ба асорат гирифтор намудани кишвари худ бо тамоми қувват ба истилокорон кӯмак расонид. Баҳори соли 325 пеш аз милод, вақте ки аскарони дар Бохтар таваққуфкардаи юнонӣ бар зидди Искандар исён намуданд, Уксорт, ба ҷои аз ин фурсат истифода бурда ба муқобили истилогарон сар бардоштан, Искандарро аз ин воқеа хабардор кард. Искандар, ки он вақт дар ҳиндустон буд, баробари воқиф шудан аз ҳодиса фавран чорае ҷуста, исёнро фурӯ нишонд ва Уксортро волии музофоти Паропамис (воҳаи Кобул) таъин намуд. ҳангоме ки дар ин музофот ҳам бар зидди таҷовузкорони аҷнабӣ шӯриш сар зад, Уксорт бо ташаббуси худ онро хобонид ва шӯришгаронро ваҳшиёна ҷазо дод.

ҳамин навъ, ба сабаби қувваи марказиятноки ҳарбӣ доштани истилокорон ва инчунин дар натиҷаи хиёнати аъёну ашрофи маҳаллӣ шӯриши қаҳрамононаи халқи Суғд пахш карда шуд. ҳамаи заминҳои шохаи рости дарёи Омуро мақдуниҳо ишғол намуданд. Мувофиқи афсонае, Искандар гӯё то саргаҳи дарёи Зарафшон омада будааст, ки дар он ҷо вуҷуд доштани кӯле бо номи Искандар (Искандаркӯл) низ ба ин гувоҳӣ медиҳад.

Дар даврае, ки Осиёи Миёна мавриди истилои Искандар қарор гирифта буд, фақат Хоразм тавонист истиқлолияти худро нигоҳ дорад. Арриан «нақл мекунад: вақте ки Искандар зимистони соли 329/28-ро дар Бохтар мегузаронид, шоҳи Хоразм Фарозмон бо 1500 савора ба зиёрати ӯ омада, бар зидди колхҳо ва амазонҳо муттафиқона амал карданро пешниҳод намуд» (IV,15,1-6).

Аҷдоди тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар зарфи се сол истиқлолияти кишвари худро муҳофизат намуда, бо истилогароне, ки империяи бузург ба вуҷуд оварда буданд, мубориза карданд. Агарчанде онҳо дар ин мубориза мағлуб шуданд, вале ба ҳар ҳол бо муқовимати диловаронаи худ ба Искандар чунон зарбае ворид оварданд, ки иқтидори ҷангии лашкари ӯ сахт заиф гардид.

Шикасти давлати ҳахоманишӣ ва ба истилогарони юнону мақдунӣ тобеъ шудани Бохтар, Суғд ва соири кишварҳои Осиёи Миёна аҳволи вазнини оммаи заҳматкаши ин мамлакатҳоро қадре ҳам беҳтар накард. Табақаи ашрофияи маҳаллӣ, ки дар шахсияти истилокорон такягоҳи мустаҳками худро пайдо карда буданд, чи барои афзудани сарвати худ ва чи ба манфиати истилогарони аҷнабӣ аҳли меҳнатро боз ҳам сахттар истисмор мекарданд. Ин аст, ки дар тамоми давраи ҳукмронии истилокорони мақдунӣ халқҳои Осиёи Миёна бо нияти аз дӯш барандохтани бори гарони зулму тааддии аҷнабиён дам ба дам сар мебардоштанд.

Инқирози империяи Искандари Мақдунӣ ва оқибати футуҳоти мақдуниҳо

Искандар Бобулро пойтахти давлати нави худ қарор дод ва асосан ҳамон усули мамлакатдории давраи ҳахоманишиҳоро нигаҳ дошта, бо тамоми ҳастиаш барои ба даст овардани ягонагии давлат саъй намуд. Аз соли 324 пеш аз милод сар карда бохтариҳо, суғдиҳо ва дигар намояндагони халқҳои Осиёи Миёнаро низ бидуни тафриқагузорӣ бо юнониён ба сафи аскарӣ мегирифтагӣ шуданд. 30 ҳазор нафар ҷавононро аз фарзандони ашрофи маҳаллӣ ба тарзи мақдунӣ мусаллаҳ намуда, ба дастаҳои аскарони савора тақсим карданд.

Аз рӯи маълумоти муаллифони қадим, Искандар бо мақсади ба вуҷуд овардани нуқтаҳои муттакои истилои юнону мақдунӣ дар Суғд ва Бохтар 8-12 шаҳр бино карда, ба ҳар яке Искандария ном дод. Чунончи: Искандарияи Ақсо, Искандарияи Ориёӣ (ҳирот), Искандарияи лаби Ому (тахминан дар «ноҳияи Тирмиз ё Кӯлоб), Искандарияи Бохтар, Искандарияи Мароға (Байрамалии ҳозира). Дар ин шаҳрҳо то 20 ҳазор аскарони пиёданизом ва 3 ҳазор савора қарор гирифта буданд.

Вале ҳамаи ин тадбироти Искандари Мақдунӣ империяи ӯро, ки аз ихтилоти тасодуфии қабила ва халқҳои гуногун фароҳам омада буд, ба як давлати воҳид табдил дода натавонист. Ноустувории ин империя ҳамон лаҳза пас аз фавти Искандар (с.323 пеш аз милод) ошкор гардид.

Бо расидани хабари вафоти Искандар шӯриши аҳолии мазлуми Осиё ба амал омад. Муаррихони қадим хабар медиҳанд, ки «барбариҳо» фавран пас аз марги фотеҳ шаҳри Искандарияи Марвониро, ки дар лаби наҳри Мурғоб сохта шуда буд, хароб карданд.

ҳокимият пас аз вафоти Искандар ба ихтиёри ҷонишинон – сарлашкарони ӯ бимонд, ки онҳоро «диадохҳо» (ворисон) ва «эпигонҳо» (вориси ворисон) меномиданд. Сарлашкарон барои соҳиб шудан ба империя бо якдигар муборизаҳои шадиде бурданд, вале ба ҳеҷ кадоме аз онҳо тамоман ба даст даровардани ҳокимияти олӣ муяссар нагардид. Пас аз муҳорибаи хунини ду гурӯҳи асосии диадохҳо дар наздикии Ипс (с.301 пеш аз милод) дар Фригияи Кабир, ки яке аз сахттарин ҷангҳои дунёи қадим ҳисоб меёфт, империяи Искандар ба се давлати мустақил: Мақдунӣ, Миср ва Сурия (Селевкиҳо) ҷудо шуд. Ин давлатҳо дар таърих давлатҳои эллинӣ ном гирифтаанд.

Муаррихони буржуазӣ сафарҳои ҷангии Искандари Мақдуниро ҳамчун ҳодисаи прогрессивӣ ба қалам дода, вале аз он амри воқеӣ, ки мақсади асосии лашкаркашиҳои Искандар маҳз ба таҳти тасарруфи Юнон даровардани кишварҳои Шарқ, васеъ кардани доираи тиҷорат, истисмор намудани халқҳои Машриқзамин ва ба ғорат бурдани сарватҳои онҳо буд ва ҳамаи инҳо бо қатлиоми аҳолии маҳаллӣ анҷом мепазируфт, чашм пӯшидаанд.

Таҳқиқи таърихи кишварҳои ба истилои қӯшунҳои юнонию мақдунӣ дучоршуда нишон медиҳад, ки юнониён ва мақдуниён баробари қадам гузоштан ба сарзамини забткардаашон усули бо аҳолии мутеъ муносибат кардан, чунончи: ба кор бурдани зӯрӣ, маҷбуриятҳои номаҳдуди аҳолӣ, ба нафъи худ истифода кардани одамони асирафтода бо роҳи фурӯхтан ва ба маҳалҳои дигар фиристодани онҳо ва амсоли инро, ки дар ҷараёни инкишофи ҷамъияти ғуломдории Юнон ба зуҳур омада буд, низ бо худ меоварданд[13].

Аксари муаррихони буржуазӣ таъсири маданияти Юнонро ба маданияти Шарқ (ки дар ҳақиқат ҳам хеле бузург буд) хотирнишон намуда, вале аз хусуси комёбиҳои мадании халқҳои Шарқ, ҳатто лаб во накардаанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки маданияти ҳазорсолаи Шарқ ба маданияти Юнон ва дигар мамлакатҳои Ғарб таъсири бузург ва ҳамаҷониба расонидааст.

Дар маданияти ба истилоҳ эллинӣ на ин ки эҷодиёти мадании «соф» юнонӣ, балки омезиши махсуси маданияти юнонӣ ва шарқӣ инъикоси худро пайдо намудааст ва дар бобати инкишофи ин маданият роли бузургеро халқҳои Осиёи Миёна бозӣ кардаанд. ҳафриёти археологӣ далелу мадракҳои тоза ба тозаеро меоранд, ки саҳми халқҳои шарқ, аз ҷумла мардумони Осиёи Миёнаро дар тараққиёти маданияти моддии ҷаҳони эллинӣ собит менамоянд. Баъзе принсипҳои асосии шаҳрсозӣ бо фикру тасаввуроте, ки дар шарқ хеле барвақттар аз давраи эллинӣ равнақ дошт, алоқаманд мебошад.

Расму одатҳои мазҳабии мардумони Осиёи Миёна ва Эрон ба ақидаҳои динии юнониён ва римиҳо таъсири калоне бахшида, сипас ба тараққиёти дини насронӣ ҳам асароти худро гузоштааст.

«Дар ин соҳа,– менависад В. Тарн,– Шарқ фотеҳи худро асир намуд; ин ҳаракат мумкин аст то аҳди масеҳӣ ба авҷи худ нарасида бошад, вале дар зарфи тамоми давраи эллинӣ торафт боло мерафт»[14]. Таъсири Шарқи қадим дар адабиёт, санъат, фалсафа ва дигар риштаҳои илму фанни юнонӣ низ инъикоси худро пайдо намудааст.

[1] Литвинский Б.А., Пьянков И.В., 1966, с. 51-52; Литвинский Б.А., 1966.

[2] Абаев В.И., 1959, эзоҳи 2 дар с. 114.

[3] Тревер К.В., 1947, с. 114.

[4] Доир ба масъалаи ҳуҷуми Искандари Маrдунӣ ба Осиёи Миёна ва муборизаи халr-ҳои ин сарзамин ба муrобили истилои юнону маrдунӣ тадrиrоти зиёде мавҷуд аст. Хусусан ниг.: Григорьев В.В., 1881; Тревер К.В., 1947; Zolling Th., 1875; Schwarz F., 1906.

[5] В.В.Григорьев дар асари худ «{уҷуми Искандари Бузург ба Туркистони uарбӣ» менависад, ки азми Бесс бо «рафтори ниҳоят буздилонаи ӯ» алоrаманд аст.

[6] Hӯnning W. В., 1958, s. 54.

[7] ИТН, I, саҳ, 253-255.

[8] Мулоҳизаҳои оид ба ҷои воrеъ шудани ин шаҳр, ки бар таҳrиrи сарчашмаҳо ва шиносоии ҳамаҷонибаи топографияи маҳал асос ёфтаанд, дар асари муаллифи ин сатрҳо «Таърихи халrи тоҷик» (нашри III, М., 1955) баён гардида буданд. Аrидае пеш ронда мешуд, ки Искандарияи Аrсо дар ҷои rалъаи Хуҷанд, дар маркази шаҳри Ленинобод воrеъ буд (Неъматов Н.Н., 1955, с.33–34). Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми ҳафриёти rалъа ҳоло фаrат мадракҳои камаш 250–300 сол «ҷавонтар» аз аҳди Искандари Маrдунӣ дарёфт гардида буданд.

[9] Гуфтаҳои Квинт Куртсий ва Юстин дар бораи масоҳати Искандарияи Аrсо фаrат дар сурати таври дигар шарҳ додани истилоҳи Юстин доир ба ифодаи андозаи дарозӣ мувофиrат кард. Вай ба ҷои «rадам», ки пеш тафсир кардаанд, «ҷуфт rадам» гуфта будааст, дар ин сурат доираи шаҳр ба 9 км баробар мешавад.

[10] Ба rавли Ф. Шварц, задухӯрд дар соҳили рости дарёи Зарафшон, дар ноҳияи Зиёуддин ба амал омадааст (Schwarz F., 1906, s. 62–63), ба фикри Б.А.Литвинский дар rисми uарбӣ (ИТН, I, с.530).

[11] Althӯim F., 1953, s. 68.

[12] {оло ин нуrтаи назар тавассути тадrиrи муфассали филологии И.В.Пьянков (Пьянков И.В., 1970, с.47-48) тасдиr гардид.

[13] Зельин К.К., Трофимов М.К., 1969, с. 66.

[14] Тарн В., 1969, с. 309.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …