Забони асарҳои Раҳим Ҷалил дорои хусусияти ба худ хос ме- бошад. Нависанда кӯшиш кардааст, ки забони асарҳояш равон, образнок ва ҷолиб бошад. Тасвирро хусусан манзараҳои табиат ҷоннок ва таъсирбахш менамоянд. Масалан, романи «Одамони ҷовид» бо тасвири манзараи баҳори деҳаи Тагоб оғоз меёбад: «Пагоҳии баҳор. Насими навозишгар бӯйи димоғпарвари гулҳои дарахтони шафтолу, себ, нок, олуболуи пасу пеш шукуфтаро аз боғҳо ва гулҳои худрӯйро аз доманаи кӯҳҳо ба қишлоқ, даруни дарахту сабзазор пароканда мекард… Дар миёнҷойи осмон як порчаи калони абри сафед, ки ба монанди хирмани пахта мена- муд, наҷунбида меистод.
Духтаре рӯйи яке аз ҳавлиҳои қишлоқро, ки шабнами баҳорон ба он шакароб[1] зада буд, мерӯфт ва дар васфи баҳори дилфиреб таронае мехонд:
Дар домани ҳар шукуфабоғе,
Ҳар барги гуле чу шабчароғе.
Гулҳои шукуфта ҷом дар даст, Бардошта бонг булбули маст. Серобии сабзаҳои навхез, Аз лӯълӯи тар зумуррадангез.
Духтар қомати худро гоҳ-гоҳ рост карда, кокулҳои то хами зонуяш фуромадаро даст намуда, ба тахтапушт мепартофт ва дар ҳангоми нафасросткунӣ нигоҳе ба дарахтон менамуд, насими пагоҳй шохҳои пур аз гули марворидмонанди дарахтонро оҳиста- оҳиста меҷунбонд».
Ин тасвир, аввалан, таваҷҷуҳи хонандаро ба деҳаи Тагоб ва духтаре, ки минбаъд дар маркази воқеаҳои асар қарор меги- рад, ҷалб менамояд. Ғайр аз ин, тасвири боло ба услуби эҷодии Р. Ҷалил, ки барои пурқувват намудани таъсири асарҳояш аз порчаҳои шеърӣ фаровон истифода мебарад, ишора мекунад. Му- ассирии порчаи мазкурро санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, тав- сиф афзун гардондаанд. Ба хирмани пахта монанд кардани пораи калони абри сафед воқеӣ ва ба ҳаёти халқ наздик аст.
Воситаҳои тасвири бадеӣ забони асарҳои Раҳим Ҷалилро дилчаспу форам намуда, моҳияти эстетикӣ ва маърифатии суха- ни нависандаро афзун гардондаанд. Ҳар як санъати бадеӣ хусу- сияте дорад ва ягон ҳодисаи муҳимро равшан инъикос менамояд: а) «ҳоло вай… дар курси нест кардани бесаводӣ… сарашро лучу ҳафтоду ду тори асабашро якто карда мехонд»; б) «чунонки ҷӯю ҷӯйчаҳои майда ба ҳам пайваста ба дарё мубаддал мешаванд, ғайрати якҷояи одамон ба қувваи тавоное мубаддал мегардид».
Дар мисоли аввал барои нишон додани тағйироти сифатии халқи меҳнатӣ дар солҳои 30-юм аз муболиға (ҳафтоду ду тори аса- башро якто карда) истифода шудааст. Дар мисоли дуюм қудрати фаъолияти дастҷамъонаи мардум ба воситаи ташбеҳи мураккаб (ба якҷошавии ҷӯйчаҳои майда монанд кардани ғайрати якҷояи одамон) таъкид ёфтааст.
Боигарӣ ва ифоданокии забони асарҳои Р. Ҷалил аз ҳисоби истифодаи фаровони мақолу зарбулмасал ва афоризмҳои[2] халқӣ низ таъмин гардидаанд. Нависанда барои тасдиқи фикру анде- ша ва амалиёту муомилаи персонажҳо мақолу зарбулмасал ва суханҳои ҳикматноки халқро айнан истифода кардааст: «Дасти одамизод гул», «Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт», «Гап зану муомила шунав», «Бе шамол шохи дарахт намеҷунбад» ва дигарҳо. Ду мисол: «Дар маҳаллаи мо тамоми навигариҳоро аввал занон мефаҳманд. Аксар хабарҳои ёфта омадаашон пурра набошанд ҳам, қисман тасдиқ мегардад. Бечиз намегӯянд, ки «бе шамол шохи дарахт намеҷунбад». Ё худ: «Котиби ҳавзаи фирқа Усмон Баротовро ҷустуҷӯ кардаму наёфтам. «Асои пир ба ҷойи пир» гуфта ба назди котиби комсомол омадам».
Р. Ҷалил вобаста ба тарзи баён ва мавқеи зарбулмаса- лу мақолҳо дар ҷумла, баъзан, сохти грамматикии онҳоро тағйир медиҳад. Дар ин маврид нависанда кӯшиш менамояд, ки тағйироти шаклй боиси костагии мазмун нагардад, балки фикр дар либоси боз ҳам ҷолибтар ифода ёбад. Масалан, адиб аз мақоли «бачаи эрка — балои ҷон» (ё «бачаи бисёр — балои ҷон») таркиби ҳикматноки «бачаи бисёр — ҳузури ҷон» сохтааст; Аз зар- булмасали «дасти одамизод гул аст» таркиби «дасти одами озод гул аст»-ро офаридааст; Ба ҷойи мақолҳои «пай ҳасту Ҳайдар нест», «на пай ҳасту на Ҳайдар» шаклҳои дигар — «пай ҳасту вай нест», «на пай буду на Ҳайдар»-ро истифода кардааст ва ғайра. Мисол: «Дасти одамизод гул аст» — мегӯяд зарбулмасали тоҷик. Мо ба ин калима «озод»-ро ҳамроҳ карда мегӯем: «Дасти ода- ми озод гул аст». Чунки меҳнати озод набудагӣ барои одамизод ранҷу кулфат аст. Меҳнат озод бошад, гул аст, ки димоғи одами- зоди меҳнаткашро муаттар мекунад».
Раҳим Ҷалил аз ибораҳои рехта низ бомаҳорат истифода кар- дааст. Ибораҳои рехтаи «гарданшахӣ кардан», «кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо», «дили касеро гирифтан», «нафас рост гирифтан», «ба рӯйи худ пӯстак кашидан», «аз қадду бари чизе задан» ва ғайра ифоданокӣ ва ҷозибанокии забони асарҳои на- висандаро афзуда, сабаби боз ҳам барҷаста ва табиӣ баромадани образҳо гардидаанд. Аз ҷумла, дар порчаи зерин ҳаяҷони қалбӣ ва майли зиёди ба ҳам вохӯрдани Пӯлод ва Гулрӯ ба воситаи ибораҳои рехтаи «чашмро хато кардан» ва «чашм дӯхтан» равша- ну возеҳ тасвир ёфтааст: «Вақте ки Гулрӯ оббиёриро баҳона карда наметавонист, чашми Саодатбибиро хато карда… ба бошишгоҳи аскарони сурх нигоҳ мекард. Дар он ҷо он ҷавон чашмони худро хеле вақт ба дари кӯчаи Гулрӯино медӯхт».
Чунин таркибҳои рехта ва суханҳои ҳикматнок ҳам дар суха- ни тасвирии муаллиф ва ҳам дар нутқи персонажҳо фаровон ис- тифода мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо суханони ҳикматнок ҳиссаи асосии нутқи персонажро ташкил медиҳад. Масалан, Салимбой ҳангоми суҳбат ба Пӯлод чунин мегӯяд: «Каждум аз роҳи он ки бадгуҳар аст, монданаш айбу куштанаш ҳунар аст», — гуфтаанд. Дар вақти ба даст афтиданаш гази умри ин хел ноҷинсро кӯтоҳ кардан даркор буд… «Душмани хурд ҳаст балои бузург, ғафлат аз ӯ ҳаст хатои бузург», — мегӯянд».
Ҳамин тариқ, забони асарҳои Р. Ҷалил бо бисёр хусусияти худ аз забони дигар нависандагони садаи ХХ тоҷик фарқ дорад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Чаро Р. Ҷалил романи «Одамони ҷовид»-ро аз тасвири манзараи баҳори деҳаи Тагоб оғоз намудааст?
- Санъатҳои бадей ба забони асарҳои Р. Ҷалил чӣ гуна таъсир расондаанд?
- Зарбулмасалу мақол ва афоризмҳои халқӣ-чӣ?
- Чаро нависанда баъзе зарбулмасалу мақол ва ибораҳои рехтаро тағйир додааст?
- Чанд ибораи рехтаро, ки боиси ифоданокии забони асарҳои Р. Ҷалил гардидаанд, мисол биёред.
САВОЛИ ТЕСТӢ
- Салимбой ба Пӯлод чунин мегӯяд: «Каждум аз роҳи он ки бадгуҳар аст, монданаш айбу куштанаш ҳунар аст» — гуфтаанд. Ин порча ба кадом асари Раҳим Ҷалил тааллуқ дорад?
- «Одамони ҷовид»;
Б) «Шӯроб»;
- «Маъвои дил»;
Г) «Муҳаббат»;
Ғ) «Дарди шоир».
[1] Шакароб задан — андак об пошидан
[2] Афоризм — ҳикмат, суханҳои ҳикматнок.