АСОСӢ / ГУНОГУН / АСАРИ ҶАМЪБАСТИИ АЙНИ — «ЁДДОШТҲО»

АСАРИ ҶАМЪБАСТИИ АЙНИ — «ЁДДОШТҲО»

Шуҳрати асар

«Ёддоштҳо» охирин ва бузургтарин асари устод Айнӣ мебошад. Он баъди анҷоми Ҷанги

Бузурги Ватанӣ таълиф ёфта, дар муддати солҳои 1948-1954 ба табъ расидааст. Ин асари калонҳаҷм аз чаҳор қисм иборат аст ва ҳар чор қисми он 1000 саҳифаро дар бар мегиранд. Нависанда барои қисматҳои якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидааст.

lohuti-ayniМувофиқи маълумоти дуҷилдаи «Феҳристи асарҳои Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ» (1963; 1978) қисматҳои якум ва дуюми «Ёддоштҳо» то соли 1978 ба 23 забони дунё, аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, арабӣ, олмонӣ, украинӣ тарҷума ва чоп гардидааст.

Дар бораи «Ёддоштҳо» олимон ва адибони бисёри ватанӣ ва хориҷӣ, чун М.Турсунзода, К.Федин, М.Шакурӣ, М.Авезов, С.Табаров, Р. Ҳодизода, И.Брагинский, А.Сайфуллоев, Г.Ло- мидзе, Л.Арагон, Саид Нафисӣ, Ян Рипка, Иржи Бечка, Сарвари Гӯё изҳори ақида карда, асарҳои таҳқиқотӣ таълиф намудаанд.

Таълифи “Ёддоштҳо”

С.Айнӣ аз замоне, ки қалам ба даст гирифта, ба кори эҷодӣ пардохт, орзу мекард, ки хотироту ёддоштҳои хешро рӯйи коғаз биёрад, вале ӯ барои оғози чунин навъи эҷод

ҷуръат намекард. Устод бар ин ақида буд, ки ёддоштнависӣ аз романнависию ҳикоянависӣ душвортар аст. Ба фикри Айнӣ, инсон то зиндагии гузаштаро дуруст надонад, рӯзгори муосирро дарк карда наметавонад.

Соли 1940 С.Айнӣ асари «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам»- ро навишт, ки ин машқи пешакӣ барои эҷоди асари ёддоштӣ буд. Вақте ки синну соли нависанда аз ҳафтод мегузарад, дар худ заъфи[1] пирӣ эҳсос мекунад ва неруи кориаш ҳам камтар мешавад. Нависанда қарор медиҳад, ки фурсати боқимондаи умрро ба эҷоди «Ёддоштҳо» сарф намояд. Адиб ният доштааст, ки воқеаҳои «Ёддоштҳо»-ро аз деҳа, аз рӯзе, ки худро шинохтааст, оғоз намуда, дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд то ғалабаи инқилоби Октябр (ноябри соли 1917) давом диҳад, аммо марг имкон надод, ки С.Айнӣ ин нияти эҷодии худро пурра ба анҷом расонад.

Қисми якуми «Ёддоштҳо» «Дар саҳро» ном дошта, воқеаҳои давраи кӯдакии нависандаро аз чор-панҷсолагии ӯ то соли 1890 дар бар мегирад. Дар ин қисм ҳодисаву воқеаҳое, ки дар деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло рух додаанд, то вафоти падару модари Садриддин ва ба Бухоро раҳсипор шудани ӯ тасвир ёфтаанд.

Се қисми минбаъдаи «Ёддоштҳо» «Дар шаҳр» ном доранд. Дар қисми дувум оид ба мадрасаҳои Бухоро, барномаҳои таълимии онҳо, тартиби зиндагии аҳли мадраса ва тариқи омӯзиши толибилмон маълумот дода мешавад. Дар ин қисм, инчунин, соли аввали таҳсили Садриддин дар мадрасаи Мири Араб (соли хониши 1890-1891) баён шудааст.

Қисми III аз соли 1891 ибтидо гирифта, то соли 1896 давом мекунад. Дар ин қисм Садриддин ба хонаи Шарифҷонмахдум мекӯчад ва дар он ҷо як сол монда ба зиёиён, ба ҳунармандони Бухоро аз наздик шинос мешавад. Баъд таҳсили Садриддин дар мадрасаҳои Олимҷон, Бадалбек ва шиносоии ӯ бо шоир Ҳайрат мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қисми IV аз соли 1896 оғоз ёфта, то солҳои 1902-1903 идома меёбад. Дар ин қисм аҳволи муллобачагони пешқадам, афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш ва шогирдони ӯ, ақидаҳои мухталифи иҷтимоии замон тасвир ёфтаанд. Умуман, «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ ҳодисаҳои 20 соли охири асри XIX ва се соли ибтидои асри ХХ-ро фаро гирифтааст.

Дар адабиёти классикии форсу тоҷик асарҳое, ки хусусияти ёддоштӣ дошта, ҷараёни зиндагии нависандагонро фаро гирифта бошанд, кам нестанд. Устод Айнӣ дар таълифи «Ёддоштҳо» анъанаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ (асри XVI) ва «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро (асри XIX) давом додааст.

Эҷодиёти Восифӣ ҳанӯз аз соли 1925 таваҷҷуҳи Айниро ба худ ҷалб намуда буд. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ устод ба омӯхтани «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҷиддан машғул мешавад. Ва соли 1946 асареро бо номи «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» таълиф менамояд, ки он соли 1956, баъди вафоти нависанда, ба табъ мерасад. С.Айнӣ таассуроти худро аз эҷодиёти Восифӣ бо рубоии зерин ифода намудааст:

Ин боғ зи нахли[2] куҳан оростаам В-он нахл ба теғи хома пиростаам.[3] Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо, Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Рубоии мазкур ба рубоие, ки ба сифати эпиграфи «Ёддоштҳо» омадааст, бисёр монанд аст:

Ин хона зи хишти куҳна андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам. То аҳли замони мо бидонанд, ки ман, Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

Ин ду рубоӣ дар як вақт (1946) эҷод шуда, аз таъсири самара- бахши «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ба «Ёддоштҳо» гувоҳӣ медиҳад. Устод Айнӣ дар тасвири воқеии ҳаёти табақаҳои гуногуни шаҳрҳои асримиёнагӣ ва дукону масҷиду мадрасаҳо услуби нигориши «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифиро ба эътибор гирифтааст.

С.Айнӣ ба «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш боз ҳам пештар, ҳангоми мадрасахонӣ, шинос шуда буд. Соли 1899 бо су- пориши Садри Зиё толибилмон — Мунзим, Ҳайрат ва Айнӣ ки- тоби «Наводир-ул-вақоеъ»-ро нусхабардорӣ намуданд. Айнӣ аз мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ» таассуроти амиқ гирифт: «Шино- соии ман ба «Наводир-ул-вақоеъ», — қайд кардааст С.Айнӣ, — дар ман танҳо инқилоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависшавиро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмадмахдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода таҷассум кунонда нишон дода тавонад».

Дар ҳақиқат, дар «Наводир-ул-вақоеъ» тасвири ҳаёти давраи Дониш, воқеа ва шахсоне, ки бевосита аз худи зиндагии рӯзмарра гирифта шудаанд, мавқеи асосӣ дорад. Аҳмади Дониш барои ба вуҷуд овардани образи ҳамзамонони одии худ, чун Шукурбеки «дузд» ва Мулло Холмуҳаммади шикорчӣ, кӯшиш намудааст. Ҳамин тасвирҳои ҳақиқатнигорона ва ба ҳаёти мардум наздики «Наводир-ул-вақоеъ» бештар ба Айнии ҷавон таъсир расонд ва ин таъсир то охири умр, дар вақти навиштани «Ёддоштҳо» низ давом намуд. Тасвири баъзе лаҳзаҳои асосй дар ин ду асар ба ҳам хеле монанданд. Дар «Наводир-ул-вақоеъ» Шукурбек Муллохо- ли шикорчиро мағлуб мекунад ва ба дасти ӯ каме пул дода таъкид менамояд: «Ин пул кирояи туст ва инро бардору дигар ба ин шаҳр маист, мабодо ки дигарбора туро бифиребанд ва ба муқотилаи[4] ман барангезонанд. Он гоҳ амон наёбӣ».

Дар «Ёддоштҳо» Шукурбек касеро, ки ба умеди мукофот ги- рифтан муқобилаш мебаромад, мағлуб намуда, ба вай як миқдор пул дода мегуфт: «Ин пулро гиру аз шаҳр бадар рав! Агар дар ин ҷо монӣ, аҷаб нест, ки дуюмбора ба ин гуна ҷасорат қадам гузорӣ, дар он сурат ман ба ҷонат амон намедиҳам». Чунин тасвирҳои ба «Наводир-ул-вақоеъ» монанд дар «Ёддоштҳо» кам нестанд.

Инчунин, дар таълифи «Ёддоштҳо» асарҳои тарҷумаиҳолии адабиёти рус, махсусан «Бачагӣ», «Дар байни мардум» ном асарҳои ёддоштии нависандаи рус А. М. Горкий чун манбаи адабӣ истифода шудаанд. Устод Айнӣ аз миёнаҳои солҳои 30- юм[5] ба омӯхтани асарҳои М.Горкий диққати ҷиддӣ дод ва асарҳои номбурда дар таҳрири адабии ӯ дастраси хонандаи тоҷик гарди- данд. Омӯзиши эҷодиёти М. Горкий ба С.Айнӣ имконият дода- аст, ки аз саргузаштҳои худ, аз муҳити солҳои кӯдакӣ ва ҷавонӣ, чизи асосиро аз чизи ғайриасосӣ ҷудо кунад ва бо ҳамин моҳияти иҷтимоии воқеаҳои «Ёддоштҳо»-ро афзун гардонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Оид ба шуҳрати ҷаҳонии «Ёддоштҳо» маълумот диҳед.
  2. Кадом олимони ватанию хориҷӣ дар бораи «Ёддоштҳо» сухан гуф- таанд ?
  3. «Ёддоштҳо» аз чанд қисм иборат аст?
  4. Чаро «Ёддоштҳо»-ро асари нотамом меноманд ?
  5. Кадом манбаъҳои «Ёддоштҳо»-ро медонед?

Рубоиҳои Айниро дар мавриди «Ёддоштҳо» ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз ёд кунед.

[1] Заъф — сустӣ, нотавонӣ, беқувватӣ.

[2]   Нахл — дарахт.

[3]   Пиростан — қайчӣ задан, ороиш додан.

[4]  Муқотила — ҷанг ва кушокушӣ.

[5]   С. Айнӣ дар Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ (1934) дар Маскав ба А. М. Горкий шинос ва ҳамсуҳбат шуда буд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

ocherk

ҲАМОСА

Асарҳои бадеӣ аз рӯйи сохт ва тарзи тасвир ба се гурӯҳи калон ё се ҷинс …