TimeLine Layout

Октябрь, 2016

  • 4 октября

    МОР дар Канзи Шифо (Китоб)

    Мор (кобра)

    Қисмҳои ин гуногуни мор ҳаст: кофчак, сиёҳ, зард ва ғайра. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст бо қуввати хушккунандагӣ. Хислатҳои шифобахши он: равғанашро ба чашм моланд, фуромадани оби зарарнокро аз гавҳараки чашм манъ мекунад. Пӯсташро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад. Инро …

    Прочитайте больше»
  • 3 октября

    ПАНИРМОЯ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Панирмоя

    Панирмоя ин меъда, яъне ширдони ҳайвоноти ширхора аст, ки наздик ба зоида шудан очаашро кушта ё баъди зоида шудан, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, аз шиками бачааш дарҳол ҷудо карда мегиранд хоҳ дар он моеъ бошад бо он, хоҳ набошад. Баъди зоида шудан низ то коҳ хӯрдани он ин узви …

    Прочитайте больше»
  • 2 октября

    УҚОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

    Укоб (Сурати паранда)

    УҚОБ — ин парандаи бузургҷуссаи дарранда аст, ки маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ лифӣ (лифмонанд), сахт аст ва аз хӯрдани он дар ҷигар моддаи носара пайдо мешавад. Хӯрдани он барои ибрида (нотавон шудани ҳолати мардон аз рутубати бисёр пайдо кардани бадан), бодҳои бисёр …

    Прочитайте больше»

Сентябрь, 2016

  • 30 сентября

    АРЗАН дар Канзи Шифо (Китоб)

    Арзан

    Арзан растании зироатӣ мебошад ва дар байни халқҳои осиёи миёна васеъ паҳн гаштааст. Сараш иборат аз хӯшаи тити пурдон аст. Ранги донҳояш зарди сафедтоб мебошад. Инро ба забони русӣ просо ва донҳои муқашшарашро пшено  мегӯянд, ки ба тоҷикӣ сӯк мебошад. Дар тиб ҳамин донҳои он истеъмол мегардад. Мизоҷаш дар дараҷаи …

    Прочитайте больше»
  • 28 сентября

    Зира дар Канзи Шифо (Китоб)

    Зира

    Зира — Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва ба ранг гуногун мешавад: сиёҳ, сабз, зард ва сафед. Баргаш гирдшакл, қуббаи он монанди шибит аст, хушбуй, дар аксари маҳалҳо месабзад. Ҳар як намуди зира бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Даштии он ҳамчун даво аз бӯстонӣ қавитар ва кӯҳиаш аз даштӣ …

    Прочитайте больше»
  • 28 сентября

    Гандано дар Канзи Шифо (Китоб)

    Гандано

    Гандано — Пиёзи гандано навъҳои гуногун дорад: даштӣ, кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Беҳтаринаш бӯстонӣ аст, ки онро мардум мекоранд ва пухта мехӯранд. Инро бинобар тундтаъм буданаш пиёзи гандано ҳам меноманд. Баргаш монанди барги пиёз борик, аз миёни баргҳояш поя бармеоварад, дар сари пояаш монанди пиёз гул мекунад, тухмаш низ чун тухми пиёз …

    Прочитайте больше»
  • 28 сентября

    Чинорак дар Канзи Шифо (Китоб)

    Чинорак

    Чинорак (ба забони руссӣ «Лютик») — Ин растанӣ асосан дар ҷоҳои обдор ва намнок мерӯяд. Баргаш монанди барги чинор аст, бинобар ҳамин чунин номидаанд. Гулаш зарди тиллоранг, инчунин бунафш ва сафед ҳам мешавад. Намуди гиёҳаш дар ҳаҷм хеле бисёр мебошад. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи севум хушк ва дар дувум гарм аст. Хислатҳои …

    Прочитайте больше»
  • 28 сентября

    Кофур дар Канзи Шифо (Китоб)

    Кофур

    Кофур (ба забони руссӣ— Камфора) — Ин шилми дарахти азимест, ки аксар ин дарахт дар сарзаминҳои ҷануби шарқи Осиё парвариш меёбад, инчунин дар соҳили баҳри Сиёҳи Қафқоз мавҷуд аст. Мизоҷи ин шилм дар дараҷаи севум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Кофур: инро бихӯранд, фараҳ мебахшад, дил ва майнаро қавӣ месозад; таби …

    Прочитайте больше»
  • 28 сентября

    Судоб дар Канзи Шифо (Китоб)

    sudoba

    Судоб — Ин растанӣ се навъ аст: бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ. Гиёҳи бӯстонии он то якуним метр баланд мешавад, пуршох аст. Баргаш реза, бадбӯ, бисёр сабз, гӯё бар он ғӯборе нишаста бошад. Гулаш зард, тухмаш дар ғилофе се адади ба якдигар пайваста, сегӯша аст. Аз ҳама беҳтарини онҳо сабзу тари тоза …

    Прочитайте больше»
  • 28 сентября

    Қаранфули гардан дар Канзи Шифо (Китоб)

    Қаранфули гардан

    Қаранфули гардан ( ба лотинӣ Syrygium aromaticum) ё худ мехча — Инро дар як қатор мавзеъҳо тоҷикон қалампурмӯлчоқ ҳам меноманд бо як андоза таҳриф. Дарахташ дар ҳаҷми бутта, дар як қатор кӯҳистонҳои Осиён Марказӣ низ мерӯяд ва ҳосил медиҳад. Вале муаллифони китобҳои «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» дар он ақида мебошанд, ки …

    Прочитайте больше»