АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Ҷамилак дар Канзи Шифо (Китоб)
Ҷамилак

Ҷамилак дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҷамилак — Ин гиёҳест кӯҳӣ, баргаш монанди барги кокутӣ мебошад, монанди райҳон бӯйи хуш дорад — ин аз ҷинси райҳон ва кокутӣ мебошад. Бӯяш мобайни бӯйҳои наъноъ ва пудинаи даштӣ буда, гӯё аз ҳар ду мураккаб гаштааст. Гулаш сафеди моил ба сурхӣ, тухмаш резатар аз тухми райҳон. Дар заминҳои офтобрӯяи кӯҳсор мерӯяд. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Вале баъзе табибон дар охири дараҷаи дувум гарм ва дар аввали он дараҷа хушк низ гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши Ҷамилак: агар инро бихӯранд, фараҳ меоварад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд; узвҳои даруни шикам ва даруни сина, инчунин рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил аст ва рӯҳи нафсониро, ки марказаш майна аст, қувват мебахшад, низ бар зидди заҳрҳо қуввати тарёқӣ ҳам дорад, бӯйҳои бадро аз бадан дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, кирмҳои шикамро хориҷ мегардонад, бачаи мурдаро аз шиками ҳомила меафтонад, ҳамаи бодҳои зарарнокро таҳлил медиҳад. Барои равон кардани пешоби бандшуда ва ҳайз онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, кофист.

Агар кӯфтаи инро бо шароб фурӯ баранд, қай ва беҳузур (беҷо) шудани дилро таскин медиҳад. Агар инро бо сирко ва равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад. Кӯфтаи инро бо чой ё бо об фурӯ баранд ё гузошта банданд, барои бемориҳои балғамӣ, дарди узвҳои даруни сина ва меъда, варами ҷигар ва сипурз даво мешавад. Ва агар бо асал бихӯранд, газидани каждумро безарар мегардонад, бо сиканҷабин биёшоманд, барои занбӯргазида даво мебошад.

Ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, орӯғ, чакмезак ва шапушҳоро дафъ мекунад; санги хичакро майда карда мерезонад, арақи бадбӯйро ислоҳ мекунад ва агар гузошта банданд, дарди рӯдаҳо ва дарди бачадонро ба ибро меоварад.

Ин растаниро бо сирко биёшоманд, хун қай карданро сиҳат месозад. Тухмашро бардавом бихӯранд, беморӣ ва иллатҳои дар боло номбаршударо ба ибро меоварад. Ва тухми онро занҳо аз таг бардоранд, бӯйи бачадонро хуш мегардонад. Инчунин инро бибӯянд, моддаҳои дар майна бударо ба ҳаракат меоварад.

Хӯрдани ҷамилак ба шуш зарар дорад. Давои ин зарараш катиро хӯрдан аст. Микдори як бор хӯрдан аз ҷамилаки хушк дар як рӯз 4,5 грамм аст. Агар ҷамилак ёфтан душвор гардад, ба ҷойи ин райҳони гӯши мушро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Аз ҷамилак равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Ҷамилаки тарӯ тозаро кӯфта, фишурда, обашро дар зарфе рехта, аз болояш баробари вазни он равғани кунҷид дохил карда, бо оташи мулоим то тамоман бухор шудани об меҷӯшонанд. Аз ҷӯшидан, ки монд, равған тайёр мебошад. Ё ин ки гулашро дар он равған пур кунанду ба офтоб гузоранд ва ҳангоме ки ранг, бӯй ва қуввати гул ба равған гузарад, фишурда, гулро дур намоянду аз нав    гули тару тоза андозанд. Ҳар ҳафта як бор то панҷ-шаш маротиба гулро нав бояд кард. Баъд равғанро соф гардонида, дар шишаи маҳкам нигоҳ доранд.

Агар ин равғанро ба сар бимоланд, гиреҳи майнаро мекушояд ва узвро қавӣ мегардонад. Ва агар дар бинӣ чаконанд, банд шудани сӯрохи биниро мекушояд. Агар инро бихӯранд, моддаҳои ғализи ҳамаи узвҳои баданро таҳлил медиҳад, узвҳои баданро қавӣ месозад, ба бадан бӯйи хуш мебахшад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …