Ҷуворимакка

Ҷуворимакка

Ҷуворимакка- ин донҳои растаниест, ки аз паҳлӯи пояаш бар сӯта қатор ҷой гирифтаанд муттасил ба якдигар, ки ба ранг зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хомаш каме тунҷӣ дорад дар таъм ва агар расида гардад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехӯранд ва орд карда аз он нон тартиб медиҳанд ва он нон дар гармогармиаш лазиз аст.

Поя ва баргҳои он монанди ҷувории сафед мебошад. Мизоҷи ин моил ба гармӣ  ва дар дараҷаи дувум хушк аст, ба қавле дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун ва балғами шахшударо таҳлил медиҳад, дарунро мебандад ва сахт часпак мебошад, камее боднок, ғизоияташ бисёр аст. Агар инро ҳамчун ғизо бардавом истеъмол кунанд, иллати силро дафъ месозад, исҳолро мебандад, ғизоияти он зиёда аз биринҷ, вале аз гандум камтар аст.

ЧуворимаккаАгар инро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, қӯтури решгаштаро дафъ мекунад, тарқидани пӯст ва нохунро шифо мебахшад; агар хоида ба чашм гузошта банданд, нури чашмро қавӣ мегардонад; ба ҷоҳои газидаи ҷонварони заҳрнок бибанданд, газанди онҳоро дафъ мекунад. Ва агар орди онро дар об пухта, бо он нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Ба ҷойи чуворимакка ҷувории сафедро истеъмол кунанд, равост.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …