АСОСӢ / ГУНОГУН / ҲИКОЯИ «КАЛИМОТИ КОХИ АФРЕДУН»

ҲИКОЯИ «КАЛИМОТИ КОХИ АФРЕДУН»

(АЗ «СИНБОДНОМА»)
Аввал: «Ҳар ки гўш ба қавли суханчину ғаммоз (суханчин) дорад ва бар он эътимод намояд, ранҷҳо бинад, ки дасти тадбири хирад аз чораи он кўтоҳ монад».
Дувум: «Ҳар ки дар канори модари хираду дониш тарбият ёфта бошад, ба ҳеҷ вақт аз макри душман ғофил набошад, ки душман монанди мор аст, ки ҳаргиз дўст нагардад».
kox-qasr
Савум: «Аз дўстон ба андак ранҷиш дурӣ нанамоед ва озор дар дил нагиред, ки он сармояи нодонист»:

Аз дўст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В -аз ёр ба ҳар ҷавре безор набояд шуд.

Чаҳорум: «Чун дўст душман шавад, ўро азиз дор, то дарахти муҳаббату ниҳоли иштиҳод ва эътиқод, ки аз боздоштани оби шафқату костани ғизо пажмурда шуда бувад, аз нав сарсабзиву тароват гирад».
Панҷум: «Машварат бо марди доно кун, то аз маслиҳати хом эмин бошӣ ва корҳои ту аз самти ростӣ наяфтад».
Шашум: «Аз душмани хонагӣ ҳазар намой ва доман даркашида дор, зеро хар тире, ки аз шасти қасду камони ғарази ў равон гардад, бар нишон ояд».
Ҳафтум: «Агар хирад дорӣ, бар марди ноозмуда эътимод макун, ки зиракон гуфтаанд, ки: «Деви озмуда беҳтар аст аз мардуми ноозмуда».
Ҳаштум: «Сухани ноандешида магўй, то дар ранҷи нодониста наяфтӣ ва корҳоро оқибат нигар ба аввал». Ин аст он калимот, ки бар айвони қасри Афредун набишта аст.
Шоҳ пурсид, ки:
— Эй нури чашми некномӣ в-эй самараи дарахти саодат
ва эй шукуфаи гулбуни иқболу (бахту саодат) давлат, кист
аз мардумон дар давлат шоистатар?
Гуфт:
— Он ки дараҷаи хосу оми давлат ва андозаи хидматгорон ва айбу ҳунари эшон бидонад.
Гуфт:
— Кадом хислат писандидатар подшоҳро?
Гуфт: — Тарки таъҷил (шитоб) дар иҷрои мақсад дар корҳои пўшида ва иҷрои фармони беандешаву фикрат ва ҳамеша меҳрубону ғамхор будан ба мардум ва адлу эҳсон кардан ба раъият.
Шоҳ пурсид, ки:
— Кадом хислат бадтар? Гуфт:
— Таъҷил намудан дар корҳо ва пайрави ҳирсу бухл будан. Пурсид:
— Марг бар кӣ душвортар? Гуфт:
Ҳар киро корҳои нописандида бувад. Подшоҳ чун баёни ў дар ҳалли ин мушкилот ва далели ў дар баҳси ин масъалаҳо бидид, биписандид ва бо худ андешид, ки «умр, агарчи дароз бикашад, охир ба ниҳоят бира сад ва зиндагонӣ давом ёбад, охир риштаи он бурида гардад:

Рафтанд ягон-ягон фароз омадагон,
Кас менадиҳад нишони бозомадагон.

Шукри миннат он Худойро, ки фарзанди маро ба зевари ҳикмат зинат дод ва ба либоси хираду дониш ороста кард ва ба дараҷаву манзалати (мақоми) бузург расонид. Ва акнун ҳангоми гўшанишинӣ ва айёми фароғат аст ва рўй тофтан аз дунё ва иқбол кардан ба охират, ки бузургон гуфтаанд: 

Ин ҷаҳон киштзори охират аст,
Ҳар чи корӣ, бараш ҳамон даравӣ».

Пас подшоҳӣ ба писар дод ва тахти шоҳӣ ба ў бигузошт ва аз дунё эъроз кард (рўй тофт). 

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Касе ба қавли суханчин гўш диҳад, ба чӣ ранҷҳо дучор ояд?
  2. Чаро аз дўст бо андаке сабаб ранҷидан мумкин нест?
  3. Байти:

«Аз дўст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В-аз ёр ба ҳар ҷавре безор набояд шуд»-ро

ба наср баргардонида, аз он як ҷумла созед.

  1. Чаро дўсти душманшударо бояд азиз дорӣ?

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …