АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Тарбуз ва фоидаи он

Тарбуз ва фоидаи он

Тарбуз  — Ин самар аз ҷиҳати ҳаҷм, ранг ва навъ гуногун аст, инчунин намуди гӯшт, ҳаҷми тухм ва сохти беруни тухмаш низ ҳар хел аст, ки ба ҳама маълум мебошад. Беҳтарин тарбуз он аст, ки агар корд расад, бо садои хоси даридараванда, гӯшташ зудшикан ва расидаи шодоб бошад.

 тарбуз

Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум сард ва дар охири он тар аст.

  Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тарбуз шиддати сафро ва фишори баланди хунро таскин медихад ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, дар бадан хуни рақиқ (суюк) пайдо мекунад ва балғами ширинро ба амал меоварад, барои бадан рутубат мебахшад; барои табҳои сӯзон ва сафровӣ давост, инчунин ба шахсе, ки дар меъда ва ҷигари ӯ сафро пайдо гардад ва он сафро дар кайфияти раддӣ ва миқдоран зиёд бошад, бадани соҳибаш хушк ва лоғар бувад, тарбузро бихӯрад, мизоҷи онро ислоҳ ва мӯътадил мегардонад.

  Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, барои зардпарвин ва дафъ кардани сафрои сӯхта, яъне сафрои мурдор даво мешавад; барои ҳазм кардани ғизо мадад мерасонад, пешобро меронад, санги гурдаро майда карда мерезонад; ва агар бо шакар бихӯранд, мизоҷро башиддат хунук мегардонад, бо шир бихӯранд, бемориҳои савдовиро, ки иборат аз серфикрӣ, тарс, васвос, тарсончакӣ, девонагӣ ва ғайра мебошанд, дармон мешавад; бо хурмои ҳиндӣ бихӯранд, моддаҳои сафровиро аз бадан дафъ менамояд, қӯтур ва хориши баданро ба ибро меоварад.

  Беҳтарин вақтҳои тановули тарбуз мобайни ду таом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда, аз меъда фуромада бошад. Вале агар инро бар болои таом бихӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад. Ва ба дили наҳор хӯрдани ин, хусусан ҳаво гарм ва ташнагӣ ғолиб бошад, зарар дорад.

 Тарбузро одамоне, ки дар мизоҷашон сафро бисёр бошад, бихӯранд, бинобар нозукӣ ва латофати таркибаш монанди оби каду бо хилти сафро табдил меёбад.   Хӯрдани тарбуз ба сипурз, ба касони сардмизоҷ ва ба меъдаи хунукмизоҷ зарар дорад. Ин зиёнашро бо хӯрдани асал ва гулқанд ислоҳ метавон кард. Агар одамони хунукмизоҷ бихӯранд, пушти камари онҳоро заиф мегардонад, дарди буғумҳо ва ғайраро пайдо мекунад.

  Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дувум сардва тар аст, дар ҳама феълҳо монанди хусусиятҳои тухми каду мебошад.   Микдори як бор хӯрдан аз тухми тарбуз дар як рӯз то 17,5  грамм аст ва барои резонидани санги гурда ва хичак, инчунин зуд гузаронидани ғизо аз меъда давои хубест.

  Пӯсти тарбузро бо шакар ё бо асал мураббо карданӣ бошанд, бояд пӯсти тунуки берунашро гирифта партоянд. Мураббои ин барои дард ва варами пардаҳои деворҳои даруни сина, васвос, ки аз ҳар сабаб бошад, дарди узвҳои даруни сина ва сустии меъда, ки сабабаш зиёдгаштани сафрои зангории раддӣ бошад, даво мешавад, ҳозима, яъне меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурзро қувват мебахшад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …