АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / МАЛАХ дар Канзи Шифо (Китоб)
Малах

МАЛАХ дар Канзи Шифо (Китоб)

Малах — ин ҷонвар (ҳашарот) ба ҳама маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани малах қуввати боҳ мебахшад, баданро аз ахлоти ғафсгашта пок мекунад, бемориҳои қасабаи шушро ба ибро меоварад; чакмезакро шифо мебахшад. Дувоздаҳ адад малахро бол, пой ва сари онро канда дур намуда, бо 3,5 грамм кӯфтаи самари хушки мӯрд ё кӯфтаи барги хушки он бихӯранд, истисқоро (водянкаро) дафъ месозад; инчнин барои иллати махав фоида мебахшад. Малахро бо пойҳояш кӯфта бимоланд, озах, доғи кунҷидак ва қӯтури пӯстро дафъ менамояд, хусусан сӯхта, бо сирко сиришта бимоланд, қавитар мегардад. Даруни зочаи тухмашро кӯфта, ба доғи кунҷидак бимоланд, онро дур месозад. Малахи фарбеҳи беболи онро бирён карда бихӯранд, барои каждумгазида нафъ дорад.

Навъи сабзи гардандарози онро, ки дар боғоту зироат ба ҳам мерасад, бо ришта баста, ба гардан овезанд, таби дурӯздамиёнро ба ибро меоварад. Агар малахи намаккардаро бихӯранд, моддаҳои носолимро дар бадан пайдо мекунад, дар пӯсти бадан қӯтур ва иллати хоришро ба амал меоварад, моддаҳои солими баданро месӯзонад. Агар ин тавр зарар расонад, сиқанҷабин, анори майхуш, шираи тухми чилмангӯштак (семизут) биёшоманд, ислоҳ менамояд. Агар малахро бисӯзанд, дигар малахҳо ин мавзеъро тарк карда гурезон мешаванд, вале агар нагурезанд, мемиранд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …