АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ҒОЗ (ҚОЗ) дар Канзи Шифо (Китоб)
Коз - Гоз

ҒОЗ (ҚОЗ) дар Канзи Шифо (Китоб)

ҒОЗ ё худ онро низ ҚОЗ меноманд. Ин аз ҷинси мурғобӣ, вале калонтар аз он аст, ки ба ҳама маълум мебошад. Ин аҳлӣ ва ваҳшӣ дорад. Аҳлиаш парвоз намекунад, вале ваҳшии он парвоз мекунад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дар ғизоият дерҳазм, вале чун ҳазм ёбад, баданро фарбеҳ мегардонад ва боҳро ба ҳаракат меоварад. Хубтар мешавад агар онро бо хӯришҳои гарммизоҷи таомҳо, монанди: зира, занҷабил, мурч ва ғайра бипазанд. Агар ҳазмаш вазнинӣ оварад, дар он ҳолат оби анор биёшоманд, ислоҳ меёбад. Хӯрдани гӯшти ғоз барои ҷигарҳои сардмизоҷ ва дарди онҳо, ки аз сардӣ бошад, бисёр мувофиқ аст, зеро ки гӯшташ дар мизоҷ бисёр гарм аст. Барои ислоҳ кардани ин хислати бадаш баъд аз куштан се-чор соат дар замин гӯр кунанду баъд бароварда, тоза намуда бипазанд, таъми заҳматовараш кам мегардад.

Агар гӯшти инро муҳарро пухта бихӯранд, чарбии гурдаро зиёда мегардонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, ҷойи даридаи пардаҳои ишкамро дар бемориҳои ҷурра (дабба) ба ҳам меоварад ва инчунин аз рӯ гузошта банданд ҳам, ҷойи даридаи шикамро ба ҳам меоварад. Сангдони он барои хӯрдан лазиз, вале дерҳазм аст, вале агар ҳазм ёбад, ғизоияташ бисёр мебошад.

Ҷигараш лазизтар аз ҷигари ин қабил мурғон аст, ҳамчун ғизо ҳам аз онҳо беҳтар ва зуд аз меъда поён фуруд меояд. Бозуҳояш хушҳазм ва ғизои хуб мебошанд. Мағзи сарашро бимоланд, варамҳои мақъадро (махраҷгоҳро) таҳлил медиҳад. Агар равғанашро бимоланд, тарангу беҳаракат гаштани узвҳоро ба ибро меоварад, кузозро (столбняк) сиҳат мебахшад; ҷингак шудани узвҳои баданро, ки сабабаш зиёд шудани балғам бошад, шифо мебахшад; варамҳои сардро таҳлил медиҳад; сахтии мақъадро мулоим мекунад; иллати пӯстпартоиро сиҳат мебахшад, инчунин, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Барои ҷингак шудани узвҳои бадан бихӯранд ҳам, нафъ дорад. Агар ба даруни гӯш об рафта бошад ва бо ҳеҷ як тадбир берун наояд, равғанашро чаконанд, обро берун меоварад.

Орди боқилоро бо равғани ғоз хамир карда, гузошта банданд, варами пистонро таҳлил медиҳад. Зардии тухмашро нимпухта бихӯранд, ақлро афзун мегардонад, қуввати ҳофизаро мустаҳкам мекунад, нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро дафъ месозад ва сурфаи хушкро таскин медиҳад. Тухмашро нимгарм карда, бо равғани зайтун даромехта, занҳо ба даруни фарҷи худ чаконанд, ҳайзи бандгаштаи онҳоро мекушояд. Думболаашро бо об ва намак пухта бихӯранд, дарди хичакро дафъ мекунад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Пӯсти тухми онро маҳин кӯфта бихӯранд, барои исҳоли хунин давои хубест. Саргинашро бихӯранд, сурфаи хушкро шифо мебахшад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …