АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / РАҚОБАТИ АНГЛИЯВУ РОССИЯ

РАҚОБАТИ АНГЛИЯВУ РОССИЯ

Инкишофи муносибатҳои мутақобилаи тиҷоративу сиёсии байни Россия ва давлатҳои Осиёи Миёна аз ибтидои асри ХIХ бо мудохилаи қувваи севум ба мушкилот рӯ ниҳод. Ба қадре, ки империяи Британия мавқеи худро дар ҳиндустони забткардааш мустаҳкам намуда, торафт ба тарафи шимол пеш мерафт, ҳукумати подшоҳиро бими аз даст рафтани мавқеъҳои дар Осиёи Миёна пайдо кардааш фаро мегирифт. Мулкҳои мустамликавии Англия дар Осиё бо Бухоро, Хева ё Хӯқанд ҳамҳудуд набуданд, вале ҳукумати Лондон саъй мекард, ки Афғонистонро ба майдони амалиёти таҷовузкоронаи зидди ин давлатҳои хонӣ ва пойгаҳи тавсеаталабии иқтисодии худ табдил диҳад.

Ф.Энгелс таъкид менамояд: «Мавқеи ҷуғрофии Афғонистон ва хислати ба худ хоси мардуми он ба ин мамлакат дар кору бори Осиёи Марказӣ чунон аҳамияти сиёсӣ бахшидааст, ки ба он баҳои барзиёд додан муҳол аст»[1]. Дар зарфи тамоми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба мардуми далери афғон лозим омад, ки баҳри истиқлолияти худ зидди асоратгарони англис сахт мубориза барад. ҳукумат ва   буржуазияи Британия ҳамоно дар орзуи вусъат додани мулкҳои мустамликавӣ ва ба даст овардани бозорҳои нав буданд. Ба ин ният онҳо ба Осиёи Миёна ҳар гуна ҷосусонро мефиристоданд. Вазифаи ҷосусиро ҳам мусулмонони дар мактабҳои махсуси мулкҳои британии ҳиндустон таҳсилдида ва ҳам англисҳои гоҳо мақоми баланди идориро ишғолкарда баҷо меоварданд. Аксар вақт ин ҷосусон ба қиёфаи тоҷир, зоир ва сайёҳи кунҷков даромада, амалан ба дасисакориҳои сиёсӣ машғул мешуданд ва барои ба тарафи Англия моил сохтани доираҳои ҳукмрони давлатҳои  Осиёи Миёна ба яке инъом ва ба дигаре ваъдаи кӯмаки ҳарбӣ ё сиёсӣ медоданд ва дар айни замон онҳоро муттасил ба муқобили Россия таҳрик менамуданд.

Дар солҳои 1812–1813 ба Осиёи Миёна аз байни мусалмонони ҳинду бо роҳбарии Мириззатулло гурӯҳи ҷосусон фиристода шуд. Ин гурӯҳ маълумоти ҳарбии стратегӣ ва тиҷоратӣ ҷамъ мекард ва инчунин музокироти сиёсӣ ба амал меовард. Дар нимаи аввали солҳои 20-ум фаъолияти миссияи В.Муркрофт ва Ҷ.Требек ба вуқӯъ пайваст, ки ҳадафи асосии он аморати Бухоро буд. Дар ибтидои солҳои 30-юм ҷосуси машҳури британӣ, Александр Борнс ба Осиёи Миёна омада, ба таҳқиқи аморати Бухоро ва масъалаҳои ҳарбию тиҷоратӣ машғул шуд.

Дар нимаи солҳои 20-ум бисёр молҳои англисӣ аз ҳиндустон ба Осиёи Миёна оварда мешавад. Соли 1836 сафири Бухоро хабар дода буд, ки англисҳои «чанд вақт инҷониб барои барқарор кардани муносибатҳои наздики тиҷоратӣ саъйкунанда» ба наздикӣ боз ҷосусони худро ба Бухоро фиристоданд ва фармуданд, ки «қарордоде банданд, то дар асоси он англисҳо тавонанд ба онҳо тамоми колоҳои лозимаро ба тарзи барои бухориён хеле муфид муҳайё созанд»[2].

Ба Петербург ва Оренбург, ки маркази асосии тиҷорати Россия бо Бухоро, Хева ва Хӯқанд ба шумор мерафт, дар хусуси ба давлати хонӣ бо нархи хеле арзон мол овардани соҳибкорони британӣ хабарҳои изтиробовар мерасиданд. Ин молҳо дар вақтҳои аввал ба дараҷае арзон фурӯхта мешуданд, ки ҳатто бар зиёни соҳибонашон буданд. Ин тадбире буд, ки ба воситаи он мехостанд бозори маҳаллиро ба тарафи худ кашида, маснуоти ҳарифро аз он ҷо танг карда бароранд.

angliya_rossiya-2

Ин амал чунин маъние дошт, ки таҳдиди Англия нисбат ба Россия ба худ ранги воқеӣ гирифта, ба ҷои аз ҳама нозуки он – ба муносибатҳои тиҷоратиаш бо давлатҳои Осиёи Миёна бармехӯрад. Ба ин ваҷҳ губернатори ҳарбии Оренбург В.Перовский қарор дод, ки ба калонтарин давлати Осиёи Миёна – аморати Бухоро барои ошно шудан ба вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии он ҷо шахсони мӯътамади худро фиристонад.

Аз моҳи декабри соли 1833 то моҳи июни соли 1834 П. Демезон ва дар соли 1836 Я. Виткевич бо чунин вазифаи нимрасмӣ ба назди ҳукуматдорони амирӣ азимат намуданд. Я.Виткевич дар натиҷаи ин сафари дур хулосаи андаке таскиндиҳанда баровард. Дар гузоришоти аз гуфтаҳои ӯ тартибдодаи В.Дал изҳор мегардид, ки инкишофи тиҷорати Англияву Бухоро амалан пешомади муҳиме надорад. Дар аморат чизе нест, ки англисҳо бихаранд, кашондани оҳан ва маснуоти филизӣ, ки бухороиён эҳтиёҷ доранд, барои англисҳо кори хеле душвор аст. Аммо Россия дар тиҷорат ба Бухоро ва дигар кишварҳои шарқ нисбат ба ҳарифи худ имконоти бештаре дорад. Я.Виткевич гузоришоти худро бо чунин суханон ба поён мерасонад: «Мо, баръакс, метавонистем доираи тиҷорати худро то худи Мӯлтон вусъат диҳем ва саноатдорони англисро аз тамоми Осиёи Миёна берун кунем. Роҳи мо наздиктар аст, маҳсулот ва молҳои мо бозоргир ва машҳуранд ва мо метавонем аз Осиёи Миёна ашёи зиёде, ки дар байни онҳо пахта ҳамеша ҷои аввалро ишғол менамояд, ворид созем. Кам кас медонад, ки молҳои мо дар саросари Осиёи Миёна, то худи ҳиндустон, назар ба молҳои англисӣ арзиши баланд доранд»[3].

Аммо амалдорони олимақоми ҳукумати подшоҳӣ инро он қадар бо хушҳолӣ истиқбол накарда, мисли пештара бо биму ҳароси зиёде амалиёти ҳарифонро дар кишварҳои ҳамсоя муроқибат мекарданд. Рафти воқеа ҳақ будани онҳоро собит намуд. Соли 1839 империяи Британия ба тахти салтанати Кобул шоҳи лӯхтакмонанд Шуҷоулмулкро нишонда, қисмати муҳимми Афғонистонро ишғол намуд.

Вазъият дар давраи ҷанги якуми Англияву Афғонистон (1838 – 1842) хеле тундутез гардид. Англисҳо ба Осиёи Миёна на фақат ҷосусони зиёдеро мефиристоданд, балки гузаргоҳу роҳҳои ҳудуди ин сарзаминро ҳаматарафа меомӯхтанд. Дар байни доираҳои ҳукмрони Британия масъалаи забти маҳалҳои шимоли ҳиндукуш ва «ҳаракати минбаъда ба сӯи Бухоро»[4] мавриди муҳокима қарор мегирифт. Дар натиҷа ду роҳи ҳаракати қӯшунҳои британӣ – яке ба воситаи Эрон ва дигаре ба воситаи Афғонистон пешбинӣ карда шуд [5].

Дар ин вақт шаҳри ҳирот ба маркази фаъолияти ҷосусии англисҳо табдил ёфт. Ҷосусони британӣ ба Хева, Бухоро, Хӯқанд ва нишемангоҳҳои мардуми кӯчӣ сар медароварданд. Дар Оренбург овозае паҳн шуд, ки англисҳо дар нияти ишғол кардани Бухоро ва Хева мебошанд. Ба Бухоро ҷосусони озмудаи англис Стоддарт ва баъдтар Конолли фиристода шуданд, ки мебоист дар хусуси амалиёти якҷояи зидди русҳо шартнома мебастанд (Конолли пеш аз ин ба Хева ва Хӯқанд рафта буд). Дигар ҷосуси британӣ Д.Аббот дар Хева амал намуда, ин давлатро ба доираи сиёсати Англия кашидан ва ба муқобили Бухоро, ки ба фишори англисҳо эътино надошт, таҳрик кардан мехост. Аббот ҳамчунин доир ба хатти сарҳаддии русҳо маълумот ҷамъ мекард. Оқибат дар сари ин кори ҷосусӣ дастгир гардида, ба Англия ронда шуд. Англисҳо ба ҷои ин ҷосуси шикастхӯрда Р.Шекспир ном шахси дигареро фиристоданд, ки айнан ҳамон вазифаро бояд адо мекард [6].

Намояндагони Лондон дар аморати Бухоро муваффақияти калон ба даст оварда натавонистанд. Стоддарт ва Конолли ҳангоми дар ин мамлакат буданашон ба дараҷаи кофӣ назокати дипломатӣ зоҳир накарданд. Ин буд, ки амир Насруллои худраъй онҳоро аввал ба зиндон андохт ва сипас ба қатл расонид (1842).

ҳукумати подшоҳӣ ба мақсади беасар намудани амалиёти фаъолонаи ҳарифони хатарноки худ ба давлати хонӣ ҳайъати сафорат фиристод. Ин тадбир аз он сабаб ҳам салоҳ буд, ки сафирони Хева Отаниёз Хоҷараис муфтӣ ва аз паси ӯ Эшниёз Мамадниёзов, инчунин сафири Бухоро Муқимбек Саидов ба Россия омада буданд. Аз ин рӯ, ба тариқи ташрифи ҷавобӣ ба ин кишварҳо сафирони давлати рус П.Никифоров, ки баъдтар ӯро Г.Данилевский иваз намуд ва К.Бутенев бо ҳамроҳии шарқшинос Н.Хаников, табиатшинос А.Леман ва дигарон фиристода шуданд.

Дар солҳои 1841–1842 дипломатҳои рус бо ҳукуматдорони давлатҳои хонӣ доир ба масъалаҳои гуногуни тиҷоративу сиёсӣ гуфтушунид карданд. Зоҳиран, ҳама кор мувофиқи дилхоҳи онҳо анҷом меёфт. Хони Хева Раҳимқул, ки пас аз фавти падараш Оллоҳқулихон дар моҳи ноябри соли 1842 ба тахти салтанат нишаста буд, барои мӯҳр гузоштан ба «ӯҳдадоринома»-и пешниҳодкардаи Данилевский ризоият дод. Дар ин санад эълон карда мешуд, ки «соҳибдавлати Хоразм» ҳамеша сулҳу сафо ва дӯстиро бо Россия пос хоҳад дошт, асирон ва амволи ғасбкардаашро пас хоҳад дод; боҷи молҳои тиҷоратии Россия аз 5 фоизи арзиши воқеии онҳо болотар нахоҳад шуд, корвонҳои «транзит» бошанд, тамоман аз боҷ озод хоҳанд буд.

ҳукумати подшоҳӣ дар ҷавоби ин хусуматҳои пешинаро тамоман «ба дасти фаромӯшӣ супурд», ба амният ва ҳимояи тоҷирони Хева замонат дода, барояшон ҳама гуна имтиёзотеро, ки «тоҷирони дигар мамолики Осиё» аз онҳо бархурдор буданд, паҳн намуд[7].

jang

Хабарҳое, ки аз Бухоро мерасиданд, он қадар боиси дилхушӣ набошанд ҳам, навмедкунанда набуданд. Амир Насрулло, ки навакак дар лашкаркашии навбатии худ ба Хӯқанд зафар ёфта буд, аз имзо кардан ба «ӯҳдадориномаи» мушобеҳ сар кашид, вале умуман К.Бутенев ва ҳамроҳони ӯро бо камоли меҳмоннавозӣ пазироӣ карда, ҳатто ба онҳо иҷозат дод, ки ба Самарқанд ва Қаршӣ ташриф баранд. Вай ҳамчунин изҳор намуд, ки сафорати худро дар Петербург бо тамоми ваколати лозима омода хоҳад сохт.

Бо вуҷуди ин, ҳукумати Россия хеле дилсард ва навмед гардид. Ин на фақат аз он сабаб буд, ки намояндаи дар моҳи июни соли 1842 ба Оренбург омадаи амир Насрулло — Худоёрбек Қиличалӣ Гинаков ҳамагӣ фақат унвони қаравулбегӣ (унвони нисбатан паст дар силсилаи мартабаҳои Бухоро) дошт ва намехост қоидаҳои муқаррарии русуми дипломатиро риоят кунад. Бинобар ин дере нагузашта ӯ маҷбур шуд, ки ба ватан баргардад.

ҳукуматдорони подшоҳии рус ба чунин хулосае омаданд, ки сабти ҳуҷҷатии ягон мувофиқат бо ҳукмронони давлатҳои хонӣ фоидае надорад. Дар мукотибаи амалдорони олимақоми Петербург ва дигар маҳалҳо баён ёфтааст, ки ин ҳукмронони мустабидди шарқ «аз тартиботи маъмулӣ бехабаранд» ва ба риоя намудани мувофиқати ҳосилшуда, ҳатто агар ба тариқи лозимӣ сурати расмӣ пайдо карда бошад ҳам, азме надоранд. Ин ақида дар ҳақиқат ҳам, вақте ки соли 1858 сафорати нави рус бо сардории Н.Игнатев ба Хева (ва сипас ба Бухоро) омад, собит гардид.

Норизоятӣ ва ташвишу изтироби Петербург боз аз он ҳолат ҳам қувват мегирифт, ки буржуазияи англис ва ҳукумати вайро тарафдорикунандаи империяи Британия аз нақшаҳои пойдор намудани ҳукмронии иқтисодию сиёсии худ дар Осиёи Миёна тамоман даст накашида буд. Баръакс, дар солҳои 40-ум экспансияи тиҷоратии соҳибкорони англис дар давлатҳои Осиёи Миёна хеле тақвият ёфта, ба фурӯши молҳои Россия душвориҳои ҷиддӣ ба миён овард.

Масалан, П.И.Неболсин пас аз сӯҳбат бо тоҷирони Бухоро навишта буд: «…англисҳо бо қасди тамоман касод кардани молҳои рус дар соли 1841 ва хусусан дар соли 1842 ба Бухоро чунон ба миқдори зиёд маснуоти худро оварда, онҳоро бо чунон нархи арзон (чи навъе ки мегӯянд, ҳатто бар зиёни худ) ба фурӯш гузоштанд, ки тамоми мардум ба ин молҳои нав дарафтода, дигар ба читу чалвору моҳути мо эътиборе надоданд. Англисҳо бо ин васила тоҷирони моро дур карда, пас аз як-ду сол нархи молҳои худро якбора беш аз ду баробар боло бардоштанд»[8].

Капиталистони Лондон, Ливерпул, Манчестер ва дигар шаҳрҳои Англия борҳо ин тавр амал карданд. Ин қабил усулҳо барои азхуд кардани бозорҳои Осиёи Миёна, хусусан вақте ки империяи Британия Синд (1843) ва сипас Панҷобро (1846–1849) ишғол карда, ба ҳудуди шимолии ҳиндустон баромад, пайгирона ба роҳ андохта шуданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс «ҳамлаи тиҷорати Англияро ба Осиёи Дарунӣ» дар нимаи дувуми солҳои чилуми асри ХIХ махсус таъкид кардаанд. Ф.Энгелс хотирнишон менамояд: «Метавон бо ҷуръат тасдиқ намуд, ки то ҷанги Афғонистон ва то ишғоли Синду Панҷоб тиҷорати Англия бо Осиёи Дарунӣ тақрибан ба сифр баробар буд. Акнун кор ранги дигар гирифтааст. Зарурати ҷиддии муттасил вусъат додани тиҷорат – ин Fatғm (қисматест), ки мисли рӯъё Англияи имрӯзаро таъқиб мекунад… ин зарурати ногузир тиҷорати Англияро водор месозад, ки дар як вақт аз ду тараф ба Осиёи Дарунӣ ҳамла оварад: аз тарафи ҳинд ва аз тарафи баҳри Сиёҳ. ҳарчанд ки мо дар бораи ҳаҷми содироти русҳо ба ин қитъаи олам маълумоти хеле кам дорем, ба ҳар ҳол аз рӯи амри воқеии афзоиши содироти англисҳо метавонем ба хулосае оем, ки эҳтимол тиҷорати русҳо дар он ҷо хеле кам гардида бошад»[9].

Ф.Энгелс саҳв накарда буд: маснуоти Британия маснуоти Россияро дар давлатҳои хонӣ хеле тазйиқ намуд. Департаменти тиҷорати хориҷии Россия дар соли 1845 кам шудани содироти молҳои ватаниро ба Осиёи Миёна, ки сабабгори он «ба бозори Бухоро бештар кашонда шудани молҳои нисбатан арзонтари Ост-Индия ва Англия» мебошад, қайд кардааст. Дар ҳисоботи ин департамент барои соли 1847 чунин суханон зикр шудаанд: «Созгории молҳои англисӣ бо бозорҳои Бухоро ва Хева ба фурӯши фоиданоки газворҳои пахтагӣ ва дигар молҳои русӣ мамониат намуд»[10].

Ин ҳуҷуми иқтисодии Британия тоҷирони Россияро низ бисёр ба ташвиш андохт. Яке аз тоҷирон Ф. Пичугин дар соли 1848 шикоят кардааст, ки «англисҳо сармояи худро дареғ надошта… ба Осиёи Миёна наздик мешаванд ва мо дар ин бозорҳо молҳои англисиро бисёр вомехӯрем»[11]. Дар бисёр мақолаҳои газетаву журналҳои онвақтаи Россия ҳамин гуна ташвишҳо иброз гардидаанд. Экспансияи тиҷоратии империяи Британия воқеан ҳам бо иқдомоти ҷиддии сиёсии вай дар ин роҳ тавъам буд.

Дар солҳои 50-ум ин хавф боз ҳам зиёдтар гардид. Мустамликахоҳони британӣ дар мубориза бо Россия барои барқарор намудани ҳукмронии худ дар Осиёи Миёна аз давлати Туркияи усмонӣ ҳам истифода мебурданд. Доираҳои ҳукмрони Туркия низ дар замири дил орзуи дар тамоми «мамлакатҳои исломӣ», аз ҷумла дар Осиёи Миёна мустаҳкам кардани мавқеи худро мепарвариданд. ҳанӯз дар соли 1851 намояндагони Туркия ба мақсади сохтани истеҳкомоти туркҳо дар давлати хонии Хева дохили музокирот шуданд, ки зимнан сохтани истеҳкомоти англисҳо низ дар назар дошта мешуд. Фаъолияти шабакаи ҷосусии Англия ва Туркия алалхусус, ба муносибати ҷанги Қрим хеле вусъат ёфт. Фиристодагони махфии Туркия он вақтҳо баёнияи султони туркро, ки давлатҳои Осиёи Миёнаро ба ҳуҷуми зидди Россия даъват мекард, оварда буданд. Ин гуна воқеаҳо кам содир намешуданд. Англия ва Туркияи иғвододаи вай борҳо саъю кӯшиш намуданд, ки шиори «ғазовоти» иттиҳоди се давлати Осиёи Миёна – аморати Бухоро, давлатҳои хонии Хева ва Хӯқандро ба муқобили Россия амалӣ кунанд. Ба замми ин, хавфе ҳам ба миён омада буд, ки Англия ва Туркия ба иттиҳоди сегона ҳамроҳ шуда, бар зидди Россия ҷанг мекунанд.

Аммо дар амал ба Англия ва империяи Усмония бо вуҷуди даст задан ба макру ҳила ба вуҷуд овардани чунин иттиҳод муяссар нагардид. Англия одатан аҳдшиканона амал мекард. Фиристодагони махфии Англия бо амалдорони олимақоми Бухоро ба дӯстӣ ва садоқат савганд ёд карда, дар айни замон ба амири Афғонистон дар муборизаи зидди мулкҳои ӯзбеку тоҷикнишини таҳти сарпарастии амири Бухоро қароргирифтаи он сӯи дарёи Аму кӯмак мерасониданд. Оқибат дар натиҷаи чунин амалиёт қисми зиёди тоҷикон ва ӯзбеконе, ки аз қадим дар соҳили чапи дарёи Аму (ноҳияҳои шимолии Афронистони кунунӣ) зиндагӣ мекарданд, ба таври сунъӣ аз бародарони ҳамхуни дар Осиёи Миёна будаи худ ҷудо шуда монданд.

Инро ҳам қайд накардан мумкин нест, ки дар Лондон хаёли мудохилаи мусаллаҳонаи зидди давлатҳои хониро тамоман аз сар дур накарда буданд. Чунончи, соли 1858 ҳангоми дар парламенти Англия муҳокима шудани масъалаи вусъат додани экспансияи тиҷоратӣ дар Осиёи Миёна яке аз намояндагони парламент таъкид намуд, ки ҳамин омил «имкони ба ин мамлакат фиристодани қувваҳои мусаллаҳро бештар мегардонад»[12].

Вале мустамликадорон ба амалӣ намудани ин қасду ниятҳои худ муваффақ шуда натавонистанд.

[1] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 14, с. 77.

[2] Иrтибос аз Рожкова М.К., 1949, с. 221. Инчунин ниг.: Жуковский С.В., 1915, с. 109.

[3] Ар. АФ СССР, Ленинград, ф. 56, оп. I, д. 19, в. 30–37.

[4] Rawlinson H., 1875, с. 157/

[5] Wolf J., 1846, с. 346-348.

[6] Дар ин бора ниг.: Халфин Н.А., 1958.

[7] Ар. внеш. полит. России, саридораи архиви Санкт Петербург, П-10, д. 1841-2: инчунин ниг. «Сборник материалов для завоевания Туркестанского края», т. IV, Тошканд, с. 106–107.

[8] Небольсин П.И., 1865, с. 216.

[9] Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 9, с. 12–13.

[10] Рожкова М.К., 1949, с. 311.

[11] {амон асар, с. 314.

[12] Муфассалан ниг.: (илова бар асарҳои дар боло иrтибосшуда): Терентьев М.А., 1875; Грулёв М., 1909; Кастельская 3.Д., 1934; Попов А.Л., 1940 а, 1940 б; Штейнберг Е.Л., 1950; Халфин Н.А., 1959, 1965, 1974; Муҳаммадҷонов А.Р., Неъматов Т., 1957 ва u.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …