Шаби ялдо чист ва ё шаби чиллаи калон?
Имшаб (шаби 21-ум ба 22-уми моҳи декабр) шаби дарозтарини сол, оғози чиллаи калони фасли дай дар солшумории ниёгони мо-тоҷикон, ба ҳисоб меравад.
Дар бораи пайдоиши ин ҷашн ва ихтилофи назарҳо дар мавриди ҷоиз будан ё набудани ҷашн гирифтани он чизе намегӯям, чун ин мавзӯи баҳси дигар аст.
Вале як чизаш мусаллам аст, ки ин ҷашн аслан як ҷашни табиат аст. Илми аҷдоди мо то ба ҳадде он замон аз дигар қавмҳо пешрафта буд, ки дар бораи ҳодисаҳои кайҳонӣ, гардиши замину моҳу офтобу сайёраҳо маълумоти зарурӣ доштанд.
Табиист, ки ин ҳодисаи табииро ниёгони мазҳабии мо ба дини худ марбут сохтанд ва гуфтанд, ки дар ин шаб муборизаи қувваҳои аҳриманию аҳуроӣ шиддат мегирад ва чандин ҳикояву қиссаҳои динии худро низ ба ин ҷашн илова карданд.
Муаррихон мегӯянд зардуштиёни қадим дар ин шаб ба хотири пирӯз шудани рӯшноӣ бар зулмот (қувваҳои некӣ бар бадӣ) ибодату ниёишҳо мекарданд, дастурхони хосаеро бо анвои ғизои муайян меоростанд, дар кӯчаҳо гулханҳои калон меафрӯхтанду аз болои он меҷаҳиданд, гирд-гирди он хурсандию шодикунон рақсу бозиҳо мекарданд.
Солҳову асрҳо мегузаштанд, ҳокимону давлатҳояшон паиҳам омадаву боз аз байн мерафтанд. Охиста-оҳиста мардуми мо дини ниёгонашро ҳам раҳо кард, исломро ҳамчун дини ҳақ пазируфт, вале ҳамоно он ҷашнҳои ниёгони худро, ки решаи табиатӣ доштанд, ҳифз кард..
Маҳз аз ҳамин сабаби ҷашни табиат буданаш, шаби ялдо, пас аз густариши ислом низ дар манотиқи гуногуни сукунатдоштаи мардуми мо ҷашн гирифта мешуд ва то ба ҳол ҷашн гирифта мешавад. Гарчанде дигар унсурҳои мазҳабии зардуштӣ дар таҷлили ин ҷашнҳо оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд, вале ҳамоно мардуми мо баъзе аз он одатҳои ниёгони худро дар ин шаб идома медиҳанд. Дигар дар ин шаби тӯлонитарини сол ба Аҳурамаздо нею ба Аллоҳи зулҷалолу вал икром ибодат мекунанд, хони идона меороянд, шабзиндадорӣ мекунанд…
Ҳеҷ аз ёдам сӯҳбати яке аз ҳамдеҳагонам бобои Султон (Худо раҳматашон кунад) фаромӯш намешавад. Чанд сол пеш буд, бо он кас дар мавриди ҷашн гирифта шудани шаби ялдо миёни мардуми мо дар аҳди ҳукумати шуравӣ мусоҳибае ороста будам.
Ба гуфти бобои Султон, мӯйсафедони деҳа ҳатто дар ҳамон солҳои зери таъқиби сахт қарор доштани намозгузорон (дар аҳди шӯравӣ), дар ин шаб гурӯҳ-гурӯҳ дар ягон хонае ҷамъ омада, то саҳар шабзиндадорӣ мекарданд, қуръон тиловат мекарданд, намоз мегузориданд, дастурхон ороставу лаҳзаҳои фориғ шуданашон анор дона карда мехӯрдаанд ва нимашаб (дар шаби ялдо) одате низ миёни онҳо буда, ки сарашонро покиза тарошида, тарбузеро дукафон карда дарунашро мехӯрдаанд, пас аз тоза шудани он, косаи аз пусти тарбуз мондаро ба сари тарошидаашон пӯшида ба берун мебаромадаанд, гӯё бо ин нишон додан мехостанд, ки дигар онҳо аз сардиҳо наметарсанд ва ба онҳо ин сардии ҳавои зимистон ҳеҷ таъсире ҳам расонида наметавонад…
Мехостам бидонам, ки имрӯзҳо низ миёни мардуми кишвари мо чунин расме ҳаст?