АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Гӯгирд ва хислати он

Гӯгирд ва хислати он

Гӯгирд —  Ин калимаи қадими тоҷикӣ мебошад. Баъдтар ба сабаби пайдо гаштани гӯгирди оташзада инро олтингӯгирд ва хомгӯгирд ҳам номидан гирифтанд, инро ба забони арабӣ кибрит мегӯянд ва ба русӣ сера мехонанд. Гӯгирд чор навъ асг сафед, зард, сурх ва сйёҳ. Сурхи он шаффоф, софи барроқ ва дар кони худ ҳангоми шаб монанди ахтар медурахшад. Кони ин дар Ҳурмузи Форс ва дар ҷазираҳои Уммон аст.

oltingugird

  Ҳакими асри якуми милод Ҷолинус  навиштааст, ки гӯгирдро аз конҳои чуқур берун меоваранд, ки он сурх, зард, сафед ва сиёҳ мебошад. Навъи зардаш моил ба сабзист — онро сабеӣ, сафедашро гӯгирди форсӣ ва моил ба кабудиро гӯгирди тира меноманд. Беҳтарини ҳама сурхи пурнури он асг, ки соф ва сахт бошад.

  Мизоҷаш дар охири дараҷаи севум гарм ва хушк аст, бо вуҷуди ин дараҷаи гармиаш аз хушкии он зиёдтар мебошад.

  Хислатҳои шифобахши он: агар кӯфтаи инро бо зардии тухми нимбирён (нимпухта) даромехта бихӯранд, зуком, назла ва сурфаи тарро шифо мебахшад, аз узвҳои даруни сина ва шуш рим ва балғамро хориҷ мегардонад, зардпарвин ва заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад.

  Худашро танҳо ё бо об ва ё бо давоҳои муносиб биёшоманд, зардпарвинро шифо мебахшад, ҳайзи бандшударо мекушояд, инчунин бар зидди заҳрҳо тарёқ мебошад. Кӯфтаи онро бипошанд, низ зарари заҳри ҷонваронро дафъ мекунад.

  Як миқдор гӯгирд, ним вазни он шилми бодомро бо ҷурғот сиришта бимоланд, ширинча, захмхои сар, шукуфаи пӯст ва қӯтури тарро шифо мебахшад.

  Кӯфтаи гӯгирдро дар бинӣ бирезанд, барои иллати саръ (припадка), сакта (мурда барин беҳаракат мондан) ва дарди нимсар даво мешавад.

  Агар дуди онро ба ҷоҳои даркории бадан бигиранд. дарди сарро дафь мекунад, назла ва зукомро мебандад, карии гӯшро шифо мебахшад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад (дар ин бобат хусусан навъи сурхи онро дуд кунанд, беҳтар аст).

  Гугирдро бо равғани тухми арча даромехта, ба даруни гӯш чаконанд, карии гӯш ва гаронии онро дафъ мекунад.

  Гӯгирдро бо асал, пешоб ё бо оби даҳан сиришта бимоланд, газидани ҷонварони заҳрнокро шифо мебахшад; инро бо шилми санавбар даромехта бимоланд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад, инчунин бо сирко омехта бимоланд, барои газидани каждум даво мебошад.

  Гӯгирдро дар тухми мурғи нимпухта ё тухми нимбирён даромехта бихӯранд, ҳамаи навъҳои кӯгури тар ва хоришҳои баданро дафъ мекунад.

  Агар инро бо оқирқирҳо, асал ва сирко сиришта бимоланд, барои иллати махав ва ҷӯшишҳои савдовӣ бо як аҷобате таъсир мебахшад; бо сирко сиришта бимоланд, барои доғи сафеди пӯст даво мебошад; бо ҳино даромехта бимоланд, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад; бо хояй сагобӣ даромехта гузошта банданд, сахтиҳоро таҳлил медиҳад, яъне мегудозад.

  Агар инро соида, бар бадан бипошанд, арақро қатъ мекунад ва агар бар рӯй бипошанд, онро сафед мегардонад.

  Инро дуд кунанд, ҷонварони заҳрнок аз он ҷо мегурезанд, вале мӯйро сафед мекунад. Агар бо ин бишӯянд, ҳоришро дафъ мекунад.

  Вале хӯрдани гӯгирд ба меъда зарар дорад. Давои ин зиёнаш катиро ва шири навдӯшида хӯрдан аст. Ба майна ҳам зарар дорад — дар ин маврид бунафша ва шакар бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.

  Миқдори як бор хӯрдан аз гӯгирд дар як рӯз аз 1 то 4,5 грамм аст.

  Аз гӯгирд равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:

  1. Гӯгирди зардро маҳин кӯфта, дар чор баробари он равғани дунба даромехта, як пора карбосро ба он олонда, фатила сохта, онро оташ гиронида, бар рӯйи тахта сарозер биёвезанд ва ба тагаш зарфи мисие гузоранд. Ҳар чӣ аз ин фатилаи сӯзон бичакад — ҳамон равғани гӯгирд аст. Агар инро бимоланд, ширинча, кӯтур, шукуфаи пӯст, хориш ва ҳамаи дардҳои баданро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад.
  2. Тариқи дигари гирифтани равғани гӯгирд. Гӯгирди зарди софро як миқдор гирифта, бо ним вазни он рег соида, дар колбаи гарданкаҷ меандозанд, ки онро ба рӯяш гили бӯта молида бошанд. Баъд онро бо оташи мулоими баробарҳарорат, яъне якзайл гармидиҳанда тафсонидан даркор аст, то ки гӯгирд аз ҷойи худ боло хезад ва аз гардани каҷи шиша дар давоми ду шабонарӯз берун бичакад. Сонӣ ҳамаи чакидаи онро бардошта, дар шиша нигоҳ медоранд — ҳамин равғани гӯгирд аст, ки вақти ҳоҷат ба кор мебаранд.

  Ин равған дору мебошад барои бемориҳои сарди бадбӯй, ҳамаи табҳои бадбӯй, таби дурӯздармиёнгиранда, бемориҳои балғамии доимӣ, тоунҳо (чума), захмҳо, ҷароҳатҳо, бавосир, пӯсидани милки дандон, захмҳои даруни даҳан: бемориҳои меъда, ҷигар, сипурз, бачадон, хичак ва буғумҳо шифо мебахшад. Ва хӯрда мешавад миқдори камакак аз ин равған бо оби давоҳои муносиб: аз барои таби дурӯздармиён бо обе, ки дар он говзабон ҷӯшонида шуда бошад; барои тоун бо обе, ки дар он турб ҷӯшонида шуда бошад; барои гум шудани шаҳват, яъне барҳам хӯрдани хислати мардӣ бо оби талхшувоқ; барои дарди меъда ва қулинҷ бо оби пудина; барои сардии ҷигар ва истисқо (водянка) бо оби савсани кӯҳӣ; барои гиреҳ ва дарди сипурз бо обе, ки дар он кавар ҷӯшонида шуда бошад; барои оташак (сифилис) бо оби шоҳитара; барои ихроҷ кардани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо бо оби талхшувоқ; барои дарди бачадон бо обе, ки дар он бобунаи говчашм ҷӯшонида шуда бошад ва барои пешоби бандшуда бо шароб мехӯранд. Ва ба решҳои хабиса молида мешавад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …