Саргини гов — барои табобат ҳам хушкаш ва ҳам тарашро истифода мекунанд. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: инро гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; хислати ба худ кашандагӣ ва манъкунандагӣ дорад, хуни рафтаистодаро, агар ҷонварони заҳрнок газида бошанд, дардашро таскин медиҳад; агар ба ҷое аз бадан хор ё тир даромада бошад, кашида берун меоварад; барои шукуфаҳои пӯст, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш даво мешавад.
Саргини нави гӯсолаи модаро фишурда, обашро дар бинӣ чаконанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар онро бар пешонӣ гузошта банданд ё сӯхтаи онро бо сирко хамир карда, ба пешонӣ бимоланд, низ ҳамин асар дорад. Инчунин саргини говро сӯхта, онро ба воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро қатъ мегардонад. Онро дар равғани бодоми талх ва шароб хуб ҳал карда, дар гӯш чаконанд, барои дарди сахт ва лукқосзании он бисёр фоида мебахшад.
Саргини тари говро гармогарм гузошта банданд, варамеро, ки аз буридани корд ва теғи дигар тасаммум (заражение) ёфта бошад, шифо мебахшад, агар аз он хун равон бувад, қатъ месозад ва ҷароҳатро сиҳат менамояд. Агар ин саргинро заноне, ки бачадонашон берун омада бошад, низ гузошта банданд, бачаданро ба ҷойи аслиаш мебарад; ба буғумҳо ва иркуннасо (радикулит) гузошта банданд, дарди онҳоро таскин медиҳад. Ва агар инро бо орди ҷав хамир карда, гузошта банданд, барои ҷӯшишҳои пӯсти бадан ва бо сирко хамир созанд, барои варами гарм даво мебошад. Ва агар ба узве тир даромада, дар ҳамон ҷо монда бошад, гузошта банданд, берун меоварад; ба ханозер (хукгардан) ва варамҳои сахт гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад; ба занбӯргазида бибанданд, дардашро таскин медиҳад ва намегузорад, ки варам оварад; ба зону бибанданд, варамашро мегардонад; ба озахҳо гузошта банданд, онҳоро хушк карда мерезонад. Агар инро бо асал сиришта гузошта банданд, варамҳои сардро дафъ мекунад; бо гули бобуна ва гӯгирд даромехта гузошта банданд, истисқо (водянка)-ро дору мешавад; бо заъфарон хамир сохта гузошта банданд, пучак, чиртак ва ҳамчунин решҳоро мекафонад; бо орди боқило хамир карда бибанданд, варами пистонро таҳлил медиҳад; бо оби пиёзи ансул — шукуфаҳои пӯст, решҳои сар ва гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва ришро шифо мебахшад.
Саргини ҳар як навъи говро занони ҳомила ба зери ноф гузошта банданд, бачаи онҳоро, ки мурда бошад, аз шикам меафтонад ва агар як муддат гузошта банданд, бачаи зиндаро ҳам дар шикам мекушад; ба зери ноф ва тиҳигоҳ (холияки паҳлу) гузошта банданд, иллати қулинчро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, ба ибро меоварад, бигузор он агарчи аз ҷамъ шудани бод содир шуда бошад ҳам — дафъ мекунад; ба мақъад бигузоранд, дард ва варами онро шифо мебахшад; бо равған хамир сохта гузошта банданд, ниқрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад, дору мешавад. Саргини хушки говро сӯхта, занҳои ҳомила дудашро ба миёни поҳои худ бигиранд, зоиданро осон мекунад.