АСОСӢ / ГУНОГУН / Дил дили Зайнаб — Ашъори Турсунзоад

Дил дили Зайнаб — Ашъори Турсунзоад

Дар шеъри «Дил дили Зайнаб» масъалаи муносибати падару фарзанд ба миён гузошта мешавад. Турсунзода тамоми сифатҳои наҷиби пирамардро чун бузургиву ботамкинӣ ва хушмуомилагиву одамдӯстӣ васф мекунад ва баъд савол мегузорад, ки оё чунин падар ба ишқи озоди духтари ягонааш муқобил баромада метавонад? Шоир ҷавоби ин саволро дар сурату сират ва ахлоқу одоби духтар меҷӯяд ва ба ин васила падидаҳои ахлоқии гузаштаро дар шакли тоза пешкаш менамояд:

noroot

Дар ҳақиқат Ситора номи ӯст, Зуҳалу Зуҳра дар низоми ӯст.

Шеърро М. Турсунзода бо зарбулмасали халқии «Дил дили Зайнаб» ҷамъбаст намуда, «ихтиёрро ба дасти бахтиёр» мегузорад. Ин шеър баёнгари ишқи озод мебошад, ки ба таъбири шоир зуҳуроти ахлоқи нав буд.

Мирзо Турсунзода барои хубтару беҳтар ошкор сохтани масъалаҳои пандуахлоқӣ аз тасвирҳои тамсилӣ фаровон истифода мекунанд. Чунонки аз шеърҳои «Дурахши қуллаҳо» (1959), «Дарахти булут» (1962), «Ток ва замин» (1966), «Инсон ва кӯҳ» (1967) низ бармеояд, тамсилҳои шоир ҳар кадом дорои мақсаду муҳтавои мушаххас мебошанд. Масалан, дар шеъри «Ток ва замин» масъалаи муносибати ҷузъу кулл ва фарду ҷомеа бардошта шудааст. Шоир бар он аст, ки агар фард ба ҷомеа вафодор бошад, аз ҳар офату носозгориҳои зиндагӣ эмин буда метавонад. Ин маъниро тасвири рамзии ток ва замин ба таври муносиб ифода намудааст. Боғбон навдаҳои токи ҷавонро мебурад, лекин чун реша дар замин дорад, он боз афзоиш меёбад:

Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт, Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт. Аз дами хоки сиёҳ, аз нафаси гарми баҳор, Ток болида амал кардану сабзидан дошт.

Тараннуми ахлоқи ҳамида, чунонки аз шеърҳои «Ошёни баланд» (1968) ва «Дӯстонро гум макун» (1975) маълум мешавад, тамоми марҳалаҳои эҷодии шоирро фаро гирифтааст. Дар шеъ- ри «Ошёни баланд» масъалаи мушкилиҳои рӯзгорро бурдборона паси сар намудан ба миён гузошта шудааст. Ин маънӣ ба воситаи
таркиби ошён гузоштан ва ба тасвир кашидани маъноҳои аслию маҷозии он сурат гирифтааст.

Асоси мундариҷавии шеърро талқини ғояҳои худшиносй ва ифтихори миллй ташкил медиҳад. Содиқ мондан ба суннатҳои миллӣ ва дар заминаи анъанаҳои неки падарон созмон дода- ни ҳама дастовардҳои нави зиндагӣ — чунин аст хулосае, ки аз бандҳои ҷамъбастии шеър бармеояд:

Гар кунӣ парвоз, бо ёди падар парвоз кун, Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун. Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд, Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.

Таваҷҷуҳи М. Турсунзода ба масъалаҳои пандуахлоқӣ му- носибати шоирро ба анъанаи ғании адабиёти классикии тоҷик муайян намуда, мундариҷаи эҷодиёти ӯро пурмуҳтавову рангин намудааст.

Мавзӯи занону модарон дар эҷодиёти М.

Васфи занону модарон

 Турсунзода ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расидааст.

Силсилаи «Модарнома»-и Турсунзода

дар маҷмӯаи «Посбони оташ» гирд омадааст. Тасвири мукаммалу муфассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост меояд. Аксари шеърҳои «Модарнома», аз ҷумла «Мо- дарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор, зан бошад му- дом», «Зан агар оташ намешуд», «Зан посбони оташ аст», «Чаш- ми ман» солҳои 60 — 70 таълиф гардидаанд.

Дар шеъри «Дили модар» хислати модари тоҷик, ки ба серфарзандӣ майл дораду ҳангоми тӯйи арӯсии фарзанд беих- тиёр ашки шодӣ мерезад, табиӣ ва самимӣ ба қалам омадааст, ба дараҷае ки хонанда ҳолати руҳӣ ва туғёни қалбии модарро ҳангоми келинфурорӣ хеле хуб эҳсос мекунад. Барои модар аз даст додани фарзанди калонаш дар ҷанг фоҷиаи ҷонкоҳ буд. Вале онро ба хотири тарбияи фарзанди хурдӣ паси сар менамояд:

Намурдам, зистам,

Фарзанди хурдамро калон кардам,

Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.

Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро

Ба келин пешкаш кардам,
Дуо чун модарон кардам.

Таркибҳои ашки шоДӣ, ба келин бахшиДани марцон ва Дуои моДарона боиси ифодаи мушаххаси образи модари тоҷик гарди- даанд. Умуман, тасвири расму оини аҷдодй дар «Модарнома»-и Турсунзода чи қадаре ки хусусияти миллии модари тоҷикро ифо- да намояд, бо ҳамон андоза ба тасвир моҳияти умумиинсонӣ ато мекунад. Ин аст, ки таманнои модари тоҷик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин рӯзҳоро аз сар гузаронида, аз ҷигаргӯшаҳои баркамолаш абадӣ ҷудо гардида буд, ормони кул- ли модарони дунё мебошад:

Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз, Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз, Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз, Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!

Ҳастии модар дар шеъри «Дасти модар» боз ҳам мушаххас- тар ба тасвир омадааст ва воситаи асосии тасвир дар ин шеър дасти модар мебошад:

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз, Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз. Аллагӯён тифлро хобондаӣ, То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ. Бо ҳамон дасте, ки шодон[1] борҳо, Пок кардӣ ашки чашмони маро.

Дар ин шеър дасти модар рамзи қувваи беҳамтои зан аст, ки он на фақат тифлро ба воя мерасонад, инчунин дар ободии дунё ва бахти тамоми сокинони сайёраи мо саҳм мегирад. Дар байтҳои боқимонда (шеър аз 12 байт иборат аст) фаъолияти со- зандагии модар дар дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба қалам ома- дааст. Бог оростан, қасрҳову кӯшкҳо анДохтан, гул бӯ карДан ва шонаро ба кокулу мӯ карДан ҷузъҳоеанд, ки фаъолияти модар- ро умумият дода, ӯро ба дараҷаи типи бадеӣ расондаанд. Шеър дар маҷмӯъ ҳикмати машҳури Наполеон[2] — «Модар ба як дасташ гаҳвора, бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад»-ро ба хотир ме- орад.

Бояд гуфт, ки аксари шеърҳои «Модарнома» ба ду баҳри маъмули арӯзи тоҷикӣ — ҳазаҷ ва рамал эҷод гардидаанд. Мах- сусан баҳри рамал, ки аз баҳрҳои дӯстдоштаи М. Турсунзода ба шумор меравад, тартиб ва оҳангнокии қисми кулли шеърҳои “Модарнома»-ро таъмин намудааст. Шеъри «Дасти модар» бо чунин байт оғоз меёбад:

Бо ҳамон дасте, ки чодар дӯхтӣ, Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ. (фоилотун, фоилотун, фоилун) (- V — — / -V- — / — V -)

Баҳри рамали мусаддаси маҳзуф (ё мақсур) ва такрори бемай- лони таркиби бо ҳамон Дасте, ки (дар 12 байт ин таркиб 10 ма- ротиба такрор ёфтааст) ба ин шеър қувваи баланди ифоданокӣ бахшидаанд.

Ё худ дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» мавқеи модар дар зиндагӣ ҳунармандона ва ҷолиб ба тасвир омадааст. Мундариҷаи шеър аз аввал то охир ба воситаи ифодаҳои шартӣ фароҳам ома- дааст:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Ин шеър дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф (мақсур)- фои- лотун, фоилотун, фоилотун, фоилун (фоилот) навишта шудааст ва оҳангнокии онро дар баробари қофияҳои хом, цом, беном, ноком, шом … радифи мемонДем мо низ таъмин намудаанд. Ҳамчунин, дар ин шеър саноеи бадеии ташбеҳ, тазод, такрор, тавсиф, маҷоз моҳирона истифода шудаанд. Зан ба оташ монанд шудааст ва ин ташбеҳ тамоми хислатҳои офарандагӣ ва созандагии модар- ро дар худ таҷассум намуда тавонистааст. Агар дар байти боло ташбеҳкунандаи оташ табиати офарандагӣ ва парварандагии модарро (хомро пухта кардан, норасидаро парвардан) таъкид на-

мояд, пас дар байти зерин ташбеҳкунандаи оташ ба ҳароратнокӣ ва қувваи беҳамтои меҳри модар (сардро гарм кардан, торикро рӯшан намудан) ишора менамояд:

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд, Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» ҳар байт як паҳлуи шах- сияти модарро табиӣ ва дилпазир ошкор сохтааст. Шири модар хусусияти табобатӣ низ дорад. Бинобар ин, модарон рӯй ва чаш- му гӯши тифлро ҳар сари чанд вақт бо шири худ мешӯянд. Шоир аз ин одати табиии модарон нозукбинона маънӣ бардоштааст, ки он ба хонанда лаззати эстетикӣ мебахшад:

Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Умуман, силсилаи шеърҳои «Модарнома» як паҳлуи муҳимми лирикаи Турсунзодаро ифода намуда, гувоҳи ҳунари волои шоир мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ашъори Турсунзода ба кадом масъалаҳо бахшида шудаанд?
  2. Чаро шоир ба мавзӯъҳои ахлоқӣ бештар таваччуҳ зоҳир намудааст ?
  3. Шеъри «Дил дили Зайнаб» дар бораи чӣ баҳс мекунад ?
  4. «Модарнома»-и М. Турсунзода аз кадом шеърҳо иборат аст?
  5. Дар шеъри «Дили модар» кадом хусусияти миллии модарони точик ифода гардидааст ?
  6. Оид ба шеъри «Дасти модар» маълумот диҳед.
  7. Шеърҳои «Модарнома» дар кадом баҳрҳои арӯз навишта шудаанд?

[1] Калимаи шодон дар аксар маҷмӯаҳои шоир саҳван шодам омадааст.

[2] Наполеон Бонапарт (1769 — 1821) — императори Фаронса дар солҳои 1804 — 1814.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …