Дӯлона (Дулона) — ин ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх — инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дувумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад. Беҳтараш калон-калони шодоб ва лазизи он аст.
Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст, вале ба қавли баъзеҳо тар аст. Хислатҳои шифобахши он: самараи пухтагии онро бихӯранд, ғизо мешавад; қабзият дар узвҳои бадан пайдо мекунад, яъне моддаҳои зарарноки ба узвҳо рехташавандаро манъ месозад; баданро фарбеҳ мекунад, шиддати ҷӯшиши моддаҳои сафро ва фишори баланди хунро паст мегардонад, қайро таскин медиҳад, меъда ва ҷигари гармро қавӣ менамояд, иштиҳоро ба таом бармеангезад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад.
Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Дӯлонаро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад ва сурхбодро шифо медиҳад.
Вале агар дӯлонаро аз ҳад зиёд ва бисёр бихӯранд, ба гурда зарар дорад, иллати қулинҷро (колитро) пайдо мекунад, меъдаро заиф мегардонад. Дар ин маврид арпабодиён ва гулқанд бояд бихӯранд, то он ки зарараш ислоҳ ёбад. Миқдори як бор нӯшидан аз оби меваи дӯлона то 90 грамм ва аз гӯшти мевааш то 55 грамм аст.
Ба ҷойи дӯлона себи туршро истифода баранд, раво мебошад. Мизоҷи дӯлонаи сурхак, ки навъи майдаи он аст, ба мизоҷи дӯлонаи калон-калон наздик аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун қай кардан, аз дарун хунравӣ, инчунин қайро манъ мекунад; пуштро қавӣ мегардонад, иллати филпоро нафъ дорад. Зарар ва миқдори ошомиданаш монанди дӯлонаи калон аст.