АСОСӢ / ГУНОГУН / Мағзи сари одам

Мағзи сари одам

 

Сохти мағзи сар. Мағзи сар дар холигии косахонаи сар ҷой гирифта, аз мағзи дарозрўя, пулак, мағзча, мағзи миёна, мағзи мобайнӣ ва нимкураҳои калон иборат мебошад. Мағзи сар аз моддаҳои хокистарранг ва сафед иборат аст. 

Моддаҳои хокистарранг аз ҳуҷайраҳои асаб – нейронҳо иборат буда, дар дохили моддаи сафед гурўҳи нейронҳо дар як ҷой ҷамъ шуда, ядроҳоро ташкил мекунанд. Моддаи сафед роҳҳои гузаронандагиро ҳосил намуда қисмҳои мағзи сарро бо ҳам пайваст мекунад. Мавҷудияти ин роҳҳо бутунии системаи марказии асабро таъмин мекунад. 

magzi-sar

Вазифаҳои қисми мағзи сар. Мағзи дарозрўя ва пулак давоми ҳароммағз буда, вазифаи рефлекторӣ ва гузаронандагиро иҷро мекунад. Ин мағз сохти сегментарӣ надошта, аз гурўҳи ядроҳо иборат аст. Дар ин ядроҳо марказҳои барои ҳаёт муҳим: нафаскашӣ, ҳозима, кори дилу рагҳо мавҷуданд. Дар ҳолати осеб дидани ин марказҳо ҳаёт дар зери хатар мемонад. Инчунин ба ин мағз танзими фурўбарӣ, хоидан, макидан, қайкунӣ ва сулфа алоқаманд аст. Мағзи дарозрўя, пулак ва мағзи миёна дар якҷоягӣ танаи мағзи сарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 12 ҷуфт асабҳои косахонаи сар ва мағз мебароянд. Ин асабҳо мағзи сарро ба узвҳои ҳиссиёт, мушакҳо ва ғадудҳо мепайванданд. Як ҷуфти ин асаб (асаби гумроҳ) мағзи сарро бо узвҳои дохилӣ: дил, шуш, рўдаҳо ва ғайра алоқаманд мекунад.

Мағзча яке аз таркибҳои мағзи сар ба ҳисоб рафта, дар равандҳои координатсияи (баробаркунии) ҳаракат иштирок мекунад. Дар ҳолати ғайримуқаррарӣ кор кардани мағзча қобилияти ҳаракатҳои дасту пой ва нигоҳ доштани мувозинати баданвайрон мешавад. Чунин одамон риштаро ба сўзан гузаронида наметавонанд, калавида роҳ мегарданд, мушакҳояшон беист ларзида меистанд, тез монда мешаванд ва ғайра.

Мағзи миёна таркиби бисёрядроӣ буда, ба мушакҳои устухон мунтазам импулсҳои асабро мефиристонад. Дар ин мағз чор теппа мавҷуд аст. Аз ин ду теппаи пеш маркази якум босира буда, ду теппаи ақиб маркази якуми сомеа ба шумор мераванд. 

Мағзи мобайнӣ таркиби муҳимтарини мағзи сар мебошад. Қариб аз тамоми ретсепторҳо хабарҳо маҳз бо мағзи мобайнӣ ба қисми қишрии нимкураҳои калон дохил мешаванд. Инчунин таркиби ин мағз аз ядроҳои сершумор иборат буда, инҳо кори узвҳои гуногуни дохилиро ба ҳам мувофиқ месозанд. Қисми зиёди рефлексҳои мураккаби ҳаракат, ба монанди роҳгардӣ, давидан, шиноварӣ бо ин мағз алоқаманданд. Дар мағзи мобайнӣ инчунин марказҳои танзими мубодилаи моддаҳо, хўрокхўрӣ, ташнагӣ, серӣ, гуруснагӣ, хоб ва танзими ҳарорат мавҷуд аст. Нейронҳои баъзе ядроҳои ин мағз танзими ҳуморалиро ба ҷо меоранд. 

Саовлҳо

  1. Мағзи сар аз кадом қисмҳо иборат аст?
  2. Мағзи дарозрўя ва пулак кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
  3. Мағзча кадом вазифаро иҷро мекунад?
  4. Мағзи миёна ва мобайнӣ кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд? 

Кори амалӣ

Сохти мағзи сари одам Таҷҳизот барои амалиёт: намунаи ҷудошавандаи мағзи сари одам (муляж). 

Рафти амалиёт:

а) Намунаи мағзи сарро ба ду ҷудо кунед. Аз як нимаи намунаи ҷудошаванда мағзи дарозрўя, пўлак, мағзи миёна ва мобайниро ёбед. 

б) Ҷойгиршавии моддаҳои сафеду хокистаррангро дар намуна (муляж) бинед. Ба хотир оред, ки моддаҳои хокистарранг ва сафед аз чӣ ташкил ёфтаанд.

в) Мағзчаро ёбед. Дар он моддаҳои хокистаррангу сафед чӣ хел ҷойгир шудаанд?

г) Намунаи мағзи сарро якҷоя кунед. Дар сатҳи поёни он ҷойи баромади асабҳои косахона ва мағзи сарро ёбед.

е) Мазмуни § 9 –и китоби дарсиро омўхта, ҷадвали зеринро пур кунед:

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …