АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Пайдоиши Ислом ва Шикасти давлати Сосонӣ

Пайдоиши Ислом ва Шикасти давлати Сосонӣ

Чанд сухан дар бораи пайдоиши ислом. Муҳаммад пайғамбари Оллоҳи таоло ва яккаву ягона гардид. Ӯ аслан аз калонтарин маркази Арабистон – шаҳри Макка буд, чун дар зодгоҳи худ ба чизе муваффақ нашуд, дар соли 622 бо пайравонаш ба Мадина кӯчид, ки аз ҳамин сана солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ сар мешавад. Тоифаҳои Мадинаро ба итоати худ дароварда, баъд сокинони Маккаро ҳам ба «ҷамоати мӯътақидин» дохил намуда, як қатор қабилаҳои дигари арабро, ки ба Оллоҳ ва пайғамбари ӯ – Муҳаммад эътиқод баста буданд, ба таҳти тасарруфи худ даровард. Ислом, ки номи ин дини нав мебошад, маънии «таслим ва итоат»-ро дорад. Пас аз фавти Муҳаммад (соли 632) Абӯбакр (632–634) халифа эълон карда шуд; баъди ӯ Умар (634 — 644) халифа гардид, ки дар замони вай қабилаҳои арабро ба куллӣ тобеъ карда, ҳамаи онҳоро ба мусулмон табдил доданд. Давлати динии аз ҷиҳати марказият қавӣ ба вуҷуд оварда, лашкари сершумор ва хеле ҷангӣ ташкил дода шуд.[1] Аъёну ашрофи араб истилокорӣ, тороҷгарӣ ва ғасб кардани сарватҳои мамолики дуру наздикро орзу мекарданд. Дар ин сурат норозигии табақаҳои поини ҷамъияти араб ба муқобили мардуми ғайримусулмон, яъне кофирон равона карда, ба ин восита диққати онҳо аз муборизаи синфии зидди истисморгарони «худӣ» дур кашида мешуд. Илова бар ин, сарбозони қатории араб қисмате аз ғаниматҳои ҷангро соҳиб мегардиданд, ки ин онҳоро на камтар аз эътиқоди Оллоҳ рӯҳбаланд намуда, ба сӯи корзор мекашид. Барои асилзодагони араб ҳукми шаръии ғазавот, дар воқеъ, пардае буд, ки ба пинҳон доштани асли мақсади ҷангҳои истилогаронаи онҳо хизмат менамуд.

Истилогарон қӯшуни худро қариб дар як вақт, ҳам ба муқобили Рум (Византия) ва ҳам ба муқобили Эрон ҳамлавар сохтанд. Саъю кӯшиши лашкаркашони охирин намояндаи сулолаи сосонӣ — Яздигурди III (632–651), ки пеши ҳаракати қӯшуни арабро гирифтанӣ мешуданд, натиҷае набахшид. Дар муҳорибаҳои назди Қуддусия (Қадисия) ва Наҳованд (солҳои 636 ва 642) қӯшуни араб қувваи якҷояи форсҳоро торумор намуда, ба мавҷудияти тақрибан панҷасраи давлати сосонӣ хотима дод. Дар зарфи 10 сол арабҳо хоки Эронро истило намуда, ба Рум зарбаҳои сахт заданд. Фаластин, Миср, Сурия ва Ироқро ишғол карданд.

Яздигурди III муддати 10 сол таҳти фишори арабҳо аз як маҳал ба маҳалли дигар ақиб нишаста, бо нияти бар зидди истилогарон хезондани  аҳолӣ дар шаҳру кишварҳои гуногун сарсону саргардон гашт. Вале ин кӯшишҳои ӯ ягон натиҷае набахшиданд.

arab-2

Оммаи асосии аҳолии давлати сосонӣ барзгарону ҳунармандон – аз тарафи амалдорони сосонӣ, феодалон ва рӯҳониёни зардуштӣ зулму ситам дида, илова бар ин, дар натиҷаи маҳдудиятҳои табақотӣ азият мекашиданд. Ҷангҳои дуру дарози Сосониён бо ҳайтолиҳо, туркҳо ва румиҳо аҳволи бе ин ҳам вазнини меҳнаткашонро табоҳ гардонида буданд. Ҳамаи ин боиси норозигии оммаи халқ гардид ва онҳо дар мубориза бар зидди арабҳо тарафи Сосониёнро нагирифтанд.

Ҷангҳои пай дар пай давлати сосониро аз иқтидори пешинаи сиёсӣ ва ҳарбии худ маҳрум ва заиф гардонида буданд. Ба сабаби баланд шудани мавқеи ашрофи маҳаллии феодалӣ роли ҳукумати марказӣ якбора хеле паст гардида, атроф аз тобеияти марказ баромадан гирифт. ҳокимони маҳаллии вилоят ва музофотҳои ҷудогона дар вақти ҳуҷуми арабҳо ба ҳукумати марказӣ мададгорӣ накарданд.

Мавридҳое мешуданд, ки оммаи аҳолии мазлум барои сабуктар гардидани аҳволи тоқатфарсои худ ба арабҳо ва дини онҳо, ки баробарии ҳамаи мусулмононро ваъда медоданд, умед мебаст. ҳаёт ба зудӣ бар абас будани ин умеди халқро нишон дода бошад ҳам, ба ҳар ҳол дар вақтҳои аввал бе таъсир намонд ва он саҳван ҳамчун эҳёи анъанаҳои неҳзати маздакия тасаввур карда шуд.

Парокандагии сиёсии Мовароуннаҳр
дар миёнаҳои асри VII

Арабҳо аз ҳамон рӯзе, ки ба Эронзамин қадам гузоштанд, ғасб кардани вилоятҳои дар ин сӯи Омударё воқеъгардидаи Осиёи Миёна, яъне Мовароуннаҳрро мақсади асосии худ қарор доданд. Чи навъе ки дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ (асри Х) ва «Мӯъҷам-ул-булдон» ном асари ҷуғрофидони араб — Ёқут (асри ХIII) дида мешавад, арабҳо аз номи асосгузори дини ислом Муҳаммад ҳадисҳо оварда, пешниҳод мекарданд, ки забт намудани Мовароуннаҳр вазифаи муқаддас ва бошарафи пайравони дини ислом аст.

Дар ин вақт Мовароуннаҳр ҳамон ҳолати парешонии сиёсиро, ки ҳанӯз дар асрҳои IV–V сар зада, дар авохири ҳукмронии ҳайтолиҳо ва хоқонии турк боз ҳам бештар қувват гирифта буд, аз сар мегузаронид. То чӣ андоза будани ин парокандагиро аз ин ҷо ҳам фаҳмидан мумкин аст, ки дар лаҳзаи ба хоки кунунии Тоҷикистон дохил шудани арабҳо дар ин сарзамин миқдори зиёди мулкҳои мустақил ва ниммустақил вуҷуд доштанд.

Дар Фарғона мулкҳои шимолӣ ва ҷанубии ин сарзамин, дар ноҳияи Ӯротеппа – Уструшан (Истаравшан) бо пойтахти худ — Бунҷикат (дар қарибии Шаҳристони ҳозира) воқеъ буданд. Саргаҳи Зарафшон бо воҳа ва доманаҳои қаторкӯҳи Туркистон ва Зарафшон ба ҳайъати мулки Буттом дохил мешуд. Дар шимоли он мулкҳои Масчоҳ ва Парғар (Фалғари имрӯза), дар қисмати ғарбӣ шаҳри Панҷ – Панҷакенти ҳозира воқеъ гардида буданд.

Дар ноҳияи ҳисор мулки Чағониён сар то сари водии дарёи Сурхон (Чағонруд) ва қисмати ғарбии водии ҳисорро бо шаҳри бузурги худ — Чағониён (наздикии Деҳнав) дар бар мегирифт; дар шарқтари Чағониён–Аҳорун ва Шумон; дар байни дарёи Кофарниҳон ва Вахш – Вашгирд бо пойтахти худ Вашгирд (Файзобод); дар саргаҳи Кофарниҳон (дарёи Ромит) ва Вахш мулки Кумед арзи вуҷуд мекард.

Дар ноҳияи Қӯрғонтеппа тамоми паҳнои водиро мулки Вахш фаро мегирифт ва мулки Қубодиён бо шаҳри асосии худ — Қубодиён дар ҷараёнгоҳи поини дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон воқеъ буд

Дар ноҳияи Кӯлоб – Хатлон (Хаталон – байни Панҷ ва Вахш бо пойтахти худ — ҳулбук ва шаҳри Мунк (Балҷувон) арзи вуҷуд мекард. Ба Хатлон дар вақтҳои гуногун дигар мулкҳо, аз қабили Вашгирд, Қубодиён ва ғ. низ дохил мешудаанд.

Дар ноҳияи Ғарм мулки Рошт бо пойтахти худ шаҳри Рошт (Ғарм) ва мулки Дарвоз бо пойтахти худ — Қуррон воқеъ шуда буд.

Дар вилояти кӯҳистони Бадахшон мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон, ки бо Бадахшон алоқаи зич доштанд, мавҷуд буданд.

ҳокими ҳар як мулк худашро мустақил ҳисоб мекард ва унвони махсус дошт. Набудани иттиҳод ва ягонагӣ дар байни ҳокимони Мовароуннаҳр кори муттаҳид намудани халқҳои Осиёи Миёнаро барои зарба задан ба истилокорони араб хеле душвор мекард.

Ба сарҳади Осиёи Миёна расидани лашкари араб.
ҳамлаҳои нахустин ба Мовароуннаҳр

Мувофиқи ривоятҳои араб, лашкари ислом пас аз муҳорибаи назди Наҳованд (с.642) қӯшуни шикастхӯрдаи сосониро таъқибкунон, гӯё то фавти халифа Умар, яъне то соли 644 бо туркони Тахористон алоқа пайдо кардаанд.[1] Аммо дар ҳақиқати ҳол истилои Осиёи Миёна даҳ сол баъдтар шурӯъ гардид. Соли 651 охирин подшоҳи сосонӣ — Яздигурди III аз таъқиби дастаҳои араб гурехта, ба Марв расид. Хост дар ин ҷо паноҳгоҳе пайдо кунад, вале бо хиёнати дастнишондаи худ – волии Марв кушта шуд (бар тибқи яке аз ривоятҳо қотил осиёбонест, ки подшоҳи гуреза ба хонаи ӯ паноҳ бурданӣ шудааст). Дар ҳамон сол арабҳо Марвро ишғол намуданд.

Пас аз се соли ин воқеа арабҳо нахустин ҳамлаҳои худро ба Мовароуннаҳр сар карданд, аз ҷумла, дар манбаъҳо ҳуҷуми соли 654 ба Маймурғ, воқеъ дар Суғд хотирнишон шудааст. Дар соли 667 онҳо аввалин дафъа ба Чағониён ҳамла оварда, ба ҳайтолиҳо зарбаи сахт доданд. Арабҳо ба амалиёти ҳарбӣ дар миқёси васеъ ошкоро тайёрӣ медиданд. Яке аз чунин тадбироти тайёрии ҳарбию сиёсӣ аз Басра ва Куфа ба Хуросон кӯчонидани 50 ҳазор хонаводаи араб буд. Барои арабҳои муҳоҷир ба тариқи гарнизон дар панҷ нуқта иқоматгоҳҳо ба вуҷуд оварда шуданд.

Ба ақидаи Гибб, ки мегӯяд, ин тадбирҳо бо ду мақсад: қувват додани амнияти вилоятҳои зеридаст ва ҷамъ кардани қувва барои истилои минбаъда ба амал оварда мешуданд, розӣ шудан мумкин аст.[2]

Наршахӣ мегӯяд, ки истилокорони араб борҳо аз дарёи Аму гузашта, ба Мовароуннаҳр ҳуҷум оварданд. Маликаи Бухоро ҳар бор ба ивази хироҷ ва дигар пешкашҳо сулҳ карда, мамлакати худро нигоҳ медошт.

Дар охири соли 673 ва аввали соли 674 қоиммақоми арабҳо дар Хуросон Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, Рометан ва атрофи Бухороро ба даст дароварда, тороҷ ва хароб намуд, вале ба муқобилати сахти қувваҳои якҷояи туркҳо ва бухороиҳо дучор омада, ба сулҳ бастан маҷбур гардид. Вай аз маликаи Бухоро пулу чизи бисёр гирифта ва 4 ҳазор камонкашони моҳирро аз аҳолии маҳаллӣ ба ғуломӣ бурда (ва аз онҳо гвардияи шахсӣ ташкил карда), муваққатан ҳудуди Мовароуннаҳрро тарк намуд.[3]

Дар соли 676 қоиммақоми нави Хуросон — Саид ибни Усмон бо қувваи зиёде аз дарёи Аму гузашта, ба сӯи Бухоро ҳаракат кард. Маликаи Бухоро, мисли ҳарвақта, ба ивази додани сесад ҳазор дирҳам ва ба гарав гузоштани як гурӯҳ ҷавонони ашрофзодаи Бухоро бо арабҳо созиш намуд. Он гоҳ Саид ба тарафи Самарқанд рӯ овард. Суғдиён бо тамоми шуҷоат ва мардонагӣ муқовимат нишон доданд. Ҷанг бештар аз як моҳ давом намуд. Ниҳоят Саид чораи дигар наёфта, сулҳ кард ва бо асирону ғанимати андак баргашт. Дар роҳ ӯ Тирмизро ба тасарруфи худ даровард.

Наршахӣ ва Балозурӣ дар хусуси рафтори ҷасуронаи ҷавонони гаравии бухорӣ, ки Саид ба ғуломони худ табдил дода буд, ҳикоят мекунанд. «Эшон (ҷавонони гаравӣ.– Б.Ғ.) бағоят тангдил шуданд ва гуфтанд: «Ин мардро (Саидро.– Б. Ғ.) чӣ хорӣ монд, ки бо мо накард ва моро ба бандагӣ гирифт ва кори сахт мефармояд. Чун дар истихфоф хоҳем ҳалок шудан, боре ба фоида ҳалок шавем. Ба сарои Саид андаромаданд ва дарҳо барбастанд ва Саидро бикуштанд ва хештанро низ ба куштан доданд».[4]

Табарӣ воқеаи аҷиберо нақл мекунад, ки дар бобати бо арабҳо чӣ гуна муносибат кардани аҳолии вилоятҳои кӯҳистонии Мовароуннаҳр хеле ҷолиби диққат аст. Ба ҳузури қоиммақоми араб, ки дар Кеш хайма зада буд, бародарзодаи малики Хатлон меояд. Ӯ ба халқи худ хиёнат кардааст ва арабҳоро ташвиқ мекунад, ки ба Хатлон лашкар кашанд. Қоиммақом розӣ шуда, писари худ Язид ибни Муҳаллабро мефиристад.

«Ӯ дар ҳудуди Хатлон,– менависад Табарӣ,– ба таври ҷудогона лашкаргоҳ бисохт ва бародарзодаи малик – он малик Сабол ном дошт – ӯрдуи дигар ба худ зад ва Сабол шабонгаҳ ҳамла ба ӯрдугоҳи бародарзодааш овард. Чун аскарони малик бо лафзи араб садо медоданд, бародарзодаи ӯ гумон бурд, ки арабҳо хиёнат карданд, аммо арабҳо, вақте ки ӯ қароргоҳи онҳоро тарк намуд, дар ҳарос буданд, ки ӯ хиёнат хоҳад кард. Сабол бародарзодаи худро дастгир намуд ва ба ҳисори худ бурда, ба куштан дод. Гӯянд, ки Язид ибни Муҳаллаб қалъаи Саболро ба муҳосира гирифт ва ба ӯ сулҳ кард. Шарти мувофиқат ин буд, ки Сабол мебоист товони ҷанг медод. Язид ин товон бигирифт ва ба ҳузури падари худ Муҳаллаб бозомад. Баъд аз мақтул гардидани бародарзодаи малик модари вай ба назди модари Сабол расуле фиристод ва бигуфт: «Ту чӣ сон умед дорӣ, ки Сабол пас аз куштани бародарзодаи худ зинда хоҳад монд. Охир мақтул ҳафт бародар дорад ва онҳо акнун дар талаби хун ҳастанд. Ту бошӣ модари фарзанди ягонаӣ. Модари Сабол чунин ҷавоб бидод: «Шер кам бачча дорад, хук бисёр».[5]

Баъд аз тохтутози Саид ибни Усмон қӯшуни арабҳо муддати панҷ сол ба Мовароуннаҳр ҳуҷум накарданд. Арабҳо бори севум дар вақти ҳокими Хуросон шудани Салм ибни Зиёд, ки ба давраи хилофати Язид ибни Муовия (680–683) иттифоқ афтода буд, ба Мовароуннаҳр ҳамла оварданд.

Ба қавли Балозурӣ, лашкари араб то Хуҷанд расида, вале дар он ҷо ба зарбаи сахт дучор гардид.[6] Самарқандиҳо ва бухороиҳо аз арабҳо шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки ба ивази пулу чизи зиёде худро аз асорати истилокорон халос намоянд.

Соли 689 писари яке аз ҳокимони исёнкори Хуросон — Мӯсо ибни Абдуллоҳ Тирмизро ишғол намуда, тақрибан понздаҳ сол ҳокими ин қалъаи пур-истеҳком гардид. Ӯ ҳокимияти касеро эътироф намекард, ба мулкҳои ҳамсоя ҳамла оварда, онҳоро ғорат месохт. Танҳо дар соли 704 ба қӯшуни ҳукумати марказии араб муяссар гардид, ки бо кӯмаки сарбозони суғд ва турк ин балворо аз байн бардоранд.[7] ҳақ ба ҷониби А.Ҷалилов аст, ки мегӯяд: «… Аҳамияти ин ғалаба бар Мӯсо ду ҷанба дошт. Аз як тараф, он чи ки мулкдорони маҳаллӣ ҳамроҳи қӯшуни хилофати Араб ҳокимияти Мӯсоро барҳам заданд, кори мусбат буд. Аммо, аз тарафи дигар, онҳо бо ин амали худ ба ҳукумати марказии араб барои халос шудан аз балвогаре, ки як андоза дар роҳи ба Осиёи Миёна сар даровардани онҳо монеае буд, кӯмак расониданд».[8]

ҳамин тариқа, то замони қоиммақоми Хуросон таъин гардидани Қутайба ибни Муслим (с. 705) он ҳама ҷангҳое, ки арабҳо дар Мовароуннаҳр кардаанд, хусусияти тасодуфӣ ва ноҷур дошта, фақат барои мақсадҳои ғоратгаронаи сардорони ҷудогонаи араб хизмат мекарданд. Қӯшунҳои араб вилоятҳои дар натиҷаи тохтутозҳои шадид ишғолнамудаи худро тороҷ карда ва ба харобазор табдил дода, ба Марв бозмегаштанд.

Муборизаи суғдиён, тахористониҳо ва дигар халқҳои
Осиёи Миёна бар зидди истилогарон

Аъёну ашрофи араб фақат пас аз он ки дар замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон (685–705) низоъҳои дохилии хилофатталабӣ барҳам хӯрда, шӯришҳои мардуми кишварҳои тобеъ фурӯ нишонда шуданд, ба истилои Мовароуннаҳр ба таври қатъӣ камар бастанд.[9] Тақрибан дар соли 705 ҳокими Хуросон — Қутайба ибни Муслим ба амалиёти ҷангие, ки ниҳоят ба забт гардидани Мовароуннаҳр оварда расонд, иқдом намуд. Ӯ аз парокандагии мамлакат ва ихтилофи дохилии ашрофи деҳқони маҳаллӣ истифода бурда, тавонист қадам ба қадам мавқеи хилофатро дар Осиёи Миёна мустаҳкам намояд. Қутайба дар соли 705 бо қувваи зиёде ба тарафи Балх ҳаракат намуда, он маҳалҳоеро, ки аз арабҳо рӯ гардонида буданд, ба худ итоат кунонид.

Ғайр аз Балх вилояти Чағониён (ки дар ин вақт ҳокими он Тиш ба тарафи арабҳо гузашта, онҳоро барои ҳуҷум ба мулкҳои ҳамсоя ташвиқ мекард), Шумон ва ғ. ба итоати ӯ даромаданд. Дар соли 706 ӯ ба хоки Мовароуннаҳр қадам ниҳод. Чунон ки Табарӣ менависад, Қутайба аз дарёи Аму гузашта, ба Пайканд равон шуд. Дар дохили қӯшуни ӯ деҳқонони Балх ва Чағонхудоти хоин ҳам буданд, ки аз роҳи тамаъ истилогаронро тарафдорӣ мекарданд.

Пайканд дар он замон аз ободтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба шумор мерафт. Вайро шаҳри бозургонон («мадинату-т-туҷҷор) меномиданд ва аз-баски қалъаи мустаҳкаме дошт, «шористони рӯин» низ мегуфтанд. Қӯшуни Қутайба аввалин дафъа дар ҳамин ҷо ба муқовимати сахти аҳолӣ дучор гардид. Дар мудофиаи шаҳр на фақат сокинони Пайканд, балки суғдиёни дигар ҳам, ки пайкандиҳо барои кӯмак ба онҳо муроҷиат карда буданд, ширкат доштанд. Аввалҳо дасти онҳо боло шуда, арабҳо ба вазъияти сахте афтоданд. Суғдиҳо муддати дуру дароз қӯшуни арабро ба муҳосира гирифта, роҳҳои алоқаи онҳоро буриданд. Вале маҳз ноиттифоқии байни ҳокимони маҳаллӣ арабҳоро аз ин вазъият раҳо дод. Баъзе аз ҳокимон оҳиста-оҳиста дастаҳои худро ба канор кашиданд. Сафи мудофиачиёни Пайканд торафт кам шудан гирифт. Қутайба аз ин ҳолат истифода бурда, шаҳрро гирифт, ғорат кард ва пас ба Бухоро рӯ овард. Муҳосираи Пайканд, ба як ривоят, 50 рӯз ва, ба ривояти дигар, 10 моҳ давом кардааст.

ҳанӯз Қутайба 5 фарсах (яъне тақрибан 30 км) ҳам дуртар нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамоман ба харобазор мубаддал гардонд, ҳамаи мардонро кушта, занону кӯдаконро ба ғуломӣ дод. Арабҳо дар ин ҷо ҳамон қадар сарват ба даст дароварданд, ки то ин вақт дар ҳеч ҷо ин андоза ғанимат насиби онҳо нагардида буд.

Аз эҳтимол дур нест, ки муҳимтарин қисмати ин ғаниматро анбори бузурги пур аз аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ ташкил мекард. Сифати ин ҳама маснуот ба дараҷае олӣ буд, ки то ҳол дар назми араб калимаи «суғдӣ» ҳамчун ташбе-ҳи ҳунармандии беҳамто истифода мешавад. Аз рӯи баъзе маълумот, то забти Пайканд қӯшуни Қутайба ҳамагӣ 350 адад либосу аслиҳаи ҷангӣ дошт. Бинобар ин, Қутайба аз ғанимати тақсимшаванда берун гузоштани лавозимоти ҷангиро исрор карда, пас тамоми сарбозони худро силоҳи нав дод ва иқти-дори ҷангии қӯшуни арабро хеле афзунтар гардонид.[10]

Фоҷеаи Пайканд ба аҳолии Мовароуннаҳр нишон дод, ки онҳо бо чӣ гуна душмани бераҳм сарукор доранд. ҳокимони ҷудогонаи Суғд туркҳоро ба кӯмак даъват намуда, дар атрофи Рометан (дар наздикии Бухоро) қувваҳои муттаҳидаи зиёде ҷамъ карданд, то ки ба арабҳо зарба расонанд. Ҷанги шадиде ба амал омад. Қӯшуни арабҳо ба муҳосира афтод. Дар ин ҷо Қутайба роҳи фиребро пеш гирифт. Ӯ ба тарзи махфӣ кас фиристода, подшоҳи Суғдро аз туркон ва турконро аз подшоҳи Суғд бадгумон карда, дар байни онҳо нифоқ андохт. Дар ҳамин вақт ба Қутайба қувваи иловагӣ расид ва ба ин восита ӯ аз муҳосира берун омад. Вале азбаски лашкари араб талафоти зиёде дода буд, ӯ дигар ҷангро давом дода натавониста, маҷбур шуд аз нақшаи забт кардани Мовароуннаҳр муваққатан даст кашида, ба Марв баргардад.

Дар соли 708 Қутайба бо қувваи нав боз ба тарафи Мовароуннаҳр ҳаракат кард. Бо вуҷуди муқовимати шадиди аҳолии Суғд ба ӯ муяссар гардид, ки худро ба мулки Бухоро расонида, Рометанро ишғол намояд. Лекин ҷангҳои сахте, ки барои гирифтани Бухоро кард, натиҷае набахшид. Қутайба талафоти зиёде дода, дар тирамоҳи ҳамон сол маҷбур шуд ба Хуросон ақиб нишинад. ҳокими Ироқ ҳаҷҷоҷ, ки Қутайба ҳамчун қоиммақоми Хуросон ба вай итоат мекард, аз шунидани ин хабар дар ғазаб шуда, ба Қутайба фармуд дубора ба ҷанги бухорхудот равад ва ба ҳар қимат, ки бошад, ӯро шикаст диҳад.

Инак, дар соли 709 Қутайба бо қӯшуни пуршумор аз дарёи Аму гузашта, худро ба ҳаволии Бухоро расонид. Аҳолии Бухоро, мисли собиқ туркҳо суғдиёнро ба ёрдами худ даъват намуданд. Ҷанги хунине рӯй дод.

Қутайба эълон кард, ки ҳар кас, агар сари душманеро биёрад, сад дирҳам ба тариқи ҷоиза хоҳад гирифт. Дар қароргоҳи арабҳо аз сари ҷанговарони Мовароуннаҳр манораи бузурге ба вуҷуд омад. Аммо ин ҳам муқовимати дифоъкунандагони Бухороро дарҳам шикаста натавонист. Онҳо ба арабҳо зарбаҳои ҳалокатовар мезаданд. Он гоҳ Қутайба аз мағлубият тарсида, боз ҳа-мон усули пештараи худ – макру хиёнатро ба кор бурд. Чи навъе ки Наршахӣ нақл мекунад, ӯ ба назди подшоҳи Суғд — Тархун ҷосуси худро фиристод. Ҷосус Тархунро огоҳ кард, ки арабҳо пас аз чанде ин ҷоҳоро тарк мекунанд, туркон ин фурсатро ғанимат дониста, барои ишғол кардани Суғд, ки мулки пурсарвату зебост, нияти бар зидди Тархун лашкар кашидан доранд. Подшоҳи Суғд, ки аз ин гапҳои дурӯғ сахт ба тарсу ҳарос афтода буд, маслиҳат пурсид. Ба ӯ чунин маслиҳати пур аз макру ҳиял доданд: бояд бо Қутайба сулҳ кард ва ба туркон хабар расонд, ки ба ёрии арабҳо қувваҳои сершумори иловагӣ омада истодаанд, он гоҳ туркон пас хоҳанд гашт.

Тархун ин маслиҳатро қабул кард. Иттифоқи зидди арабҳо барҳам хӯрд ва қӯшуни араб Бухороро ишғол намуд. Қутайба бо мақсади устувор намудани мавқеи худ бо ихшиди Суғд Тархун қарордод баст ва чанд нафарро аз ақрабои подшоҳ ба гарав гирифт ва барои ҳар сол ҷизя муқаррар намуд.

ҳокимони баъзе вилоятҳои Тахористон, аз ҷумла ҳокими Шумон аз андармонӣ ва нобарориҳои арабҳо дар воҳаи Бухоро истифода бурда, аз итоати Қутайба сар кашидани худро эълон карданд.

Дар соли 710 Қутайба қувваҳои тоза ҷамъ намуда, ба Шумон лашкар кашид. Аҳолии Шумон талабҳои таҳдидомези арабҳоро рад карда, ба муқобили қувваҳои бартаридоштаи онҳо ҷасурона ва мардонавор ҷангиданд. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид подшоҳи Шумон кушта шуд. Қутайба шаҳрро тамоман ғорат карда, ба тарафи Насаф (дар наздикии Қаршии имрӯза) ва Кеш (Шаҳрисабзи кунунӣ) равон шуд ва он ҷоҳоро ба тобеияти худ даровард.

Мудофиаи Самарқанд

Чунон ки дар боло оварда шуд, ҳукмрони Самарқанд подшоҳи Суғд — Тархун бо арабҳо сулҳ кард. Ӯ дар айни вақт ӯҳдадор шуд, ки ба онҳо хироҷ медиҳад. Пас аз як сол Қутайба бародараш Абдурраҳмонро барои гирифтани хироҷ ба Самарқанд фиристод. Тархун ба додани хироҷ маҷбур гардид. Ин боиси норизоятии ашрофи Самарқанд (ва, бешубҳа, оммаи меҳнаткаши Суғд, гардид. Тархун бо дасти муқаррабони худ аз тахти салтанат фуроварда шуд ва ӯ дар ҳолати навмедӣ ва шиддати алам худро нобуд сохт.[11]

Дар соли 710 ба тахти подшоҳии Суғд Ғурак нишаст. Ин мард, аз рӯи баҳои донишманди воқеаҳои давраи истилои араб ҳ.А.Р. Гибб, «ватанпараст ва раҷули давлат буд».[12]

Дар ин вақт ҷараёни ҳодисот ба қарори зайл сурат мегирифт. Дар Хоразм таҳти роҳнамоии Хурзод ном бародари Хоразмшоҳ неҳзати халқӣ сар зад. Қутайба аз ин муборизаи дохилии давлати Хоразм истифода намуда, бо баҳо-наи кӯмак расондан ба Хоразмшоҳ бо қӯшуни худ ба он ҷо ҳаракат кард. Дар солҳои 710–712 Хоразмшоҳ бо Қутайба муоҳидаи сулҳ баста, ба ивази он ки шӯришиёнро ба хун оғушта намуд, ба тариқи подош 10 ҳазор сар чорво дод. Ин амалан маънии ба арабҳо сари итоат фуруд овардани хоразмшоҳро дошт.

Қутайба ба осонӣ таслим нашудани суғдиёни ҷангҷӯро дар назар гирифта, барои дар ғафлат гузоштани онҳо овозае паҳн кард, ки гӯё бо ғаниматҳои аз ғорат бадастовардаи худ ба Марв хоҳад рафт, лекин дар амал бо лашкари Хоразмшоҳ ва бухорхудот ба Самарқанд ҳуҷум овард.

Ҷиҳати хоси вазъияти онвақтаи муборизаи зидди истилогарон на фақат набудани фронти ягона ба муқобили арабҳо, балки бадтар аз ин, хиёнати ҳокимони Бухоро ва Хоразм мебошад. Дастаҳои сарбозони хоразмӣ ва бухороӣ дар тарафи арабҳо қарор гирифта, дар сурате, ки самарқандиҳо яккаву танҳо бо азобу машаққат ватани худро мудофиа мекарданд, ҳамроҳи қӯшуни душман бар зидди Самарқанд бо тамоми қувват ҷангиданд. Бар зимми ин, дар дохили Суғди Самарқанд ҳам якдилӣ ва ҳамфикрӣ набуд. Пас аз марги Тархун дар Суғд гурӯҳи нерӯманди ашрофи арабпараст боқӣ монда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз намояндагони ин гурӯҳ ҳокими Панҷакент — Дивоштак бошад. Баъди худкушӣ кардани Тархун вай сарпарастии писари хурдсоли ӯро ба зимма гирифта, унвони «подшоҳи Суғд, ҳукмрони Самарқанд»-ро соҳиб шуд (ин унвон аз ҳуҷҷатҳои суғдии Кӯҳи Муғ маълум гардидааст).

И.Ю.Крачковский тахмин мекард, ки «албатта, мумкин аст, масъала аз ин ҳам амиқтар бошад, дар байни арабҳо ва арабпарастҳо майли дар муқобили Ғурак ба сифати давомдиҳандагони «қонунии» силсилаи подшоҳони Суғд гузоштани писарони Тархун пайдо шуда буд».[13] Инро дар ҳаққи Дивоштак ҳам метавон гуфт, ҳарчанд ки яқинан ӯ унвони «подшоҳи Суғд, ҳукмрони Самарқанд»-ро хеле дертар, соли 719 гирифтааст. Қутайба риёкорона ва маккорона эълон кард, ки вай омадааст, то барои марги Тархун қасос бигирад.[14] Ба ин восита ӯ тарафдорони подшоҳи сарнагуншудаи Суғдро ба ҳаракат овард ва имкон дод, ки онҳо бо унсурони арабпараст муттаҳид шаванд. Роли муҳимро дар қароргоҳи тарафдорони арабҳо Дивоштак бозид. Ҳамаи инҳо вазъияти Ғурак ва аҳволи мудофиакунандагони Самарқандро мураккабтар месохт.

Таҳлили муфассали манбаъҳои хаттии оид ба ҷараёни истилои Самарқанд ба қалами В.В. Бартолд тааллуқ дорад.

Манбаи асосӣ–Табарӣ–се ривоят ва ҳикояти ҷомее дорад, ки аз рӯи чанд сарчашма навишта шудааст.[15] Дар муҳорибаҳои шадид, ки ба арабҳо зарбаи ҳалокатовар зада шуд, мудофиакунандагони шаҳр қаҳрамонии беназир нишон доданд. Подшоҳ Ғурак дар яке аз мактубҳои худ навиштааст: «Бисёр сарбозони мо кушта ва маҷрӯҳ гардиданд, аскарони пиёда ва савораи дошҳо (арабҳо– Б.Ғ.) ниҳоят сершумор буданд ва мо ба онҳо муқобилат карда наметавонистем. Ман дар паноҳи деворҳои қалъа ақиб нишастам, то ки он ҷо камин бигирам».[16]

Аҳли Суғд аз муҳосираи арабҳо ба ҷон омада, аз подшоҳи Чоч, хоқони турк ва ихшиди Фарғона кӯмак хостанд ва навиштанд, ки «агар арабҳо бар Суғд ғалаба кунанд, навбати шумо хоҳад расид». Он се ҳукмрон қарор доданд, ки ба Суғд мадад расонанд ва дастаи ҷанговарони савораеро аз «шаҳзодагон ва шуҷоатмандтарин сарбозони ҷавони подшоҳӣ» ба он ҷо фиристоданд. Сардори ин даста писари хоқон буд.[17] Азбаски аскарони турк дар ин вақт ба наздикиҳои Суғд қарор гирифта буданд, ба муборизаи зидди араб метавонистанд фавран ёрӣ кунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб дар сари қувваи имдодӣ писари хурдии хоқони турк – Иналхоқон, ки вазифаи сарфармондеҳи қӯшуни ғарбии туркро адо мекард, гузошта шуд.[18] ҳанӯз қувваи имдодӣ дар роҳ буд, ки Қутайба аз воқеа хабардор шуда, ба муқобили он қӯшуни баргузидае бо сардории бародари худ равона кард.

Арабҳо ногаҳон шабохун зада, дастаи иттифоқчиёни суғдиёнро торумор карданд. Онҳо ашрофзода будани сарбозони ин дастаро фаҳмида, сари кушташудагонро аз тан ҷудо карданд ва номашонро ба гӯшашон навишта, сарҳоро ба камарбанди худ овехта, ба қароргоҳашон баргаштанд. Яке аз арабҳои иштирокчии ин воқеа нақл мекунад: «Аз мо касе набуд, ки дар камарбанди худ сари душмани номдорро надошта бошад… ва мо силоҳи олӣ, матоъҳои гаронбаҳо, камарбандҳои заррин, аспҳои бодпоро ғанимат гирифтем ва Қутайба ҳамаи инҳоро ба худи мо инъом кард. Бо ҳамин суғдиҳо ба шикаст рӯ оварданд. Қутайба ба тарафи онҳо манҷаниқ рост карда, ба тирпарронӣ шурӯъ намуд, вай ҳамеша бо онҳо задухӯрд мекард. Сарбозони бухороӣ ва хоразмии тарафдори ӯ, ки (ба муқобили суғдиҳо.– Б.Ғ.) беамон меҷангиданд, барояшон намунаи ибрат буданд». ҳамон вақт буд, ки Ғурак суханони оташборе гуфта, Қутайба ва ҳамроҳонашро ба шӯру ғазаб овард: «Ту бо ман бо дасти бародарони ман ва аҳли хонадони ман ҷангида истодаӣ, канӣ арабҳоро ба муқобили ман гузор».[19] Ин муҳориба ва боз якчанд муҳорибаҳои дигар (Яъқубӣ якчанд «муҳорибаҳои шадид» мегӯяд), ки дасти арабҳо боло буд, суғдиёнро маҷбур кард ба паси девори Самарқанд паноҳ баранд (дар охирин ҷанги хеле сахти назди Самарқанд суғдиён қариб ғалаба карда буданд, вале ба арабҳо муяссар гардид, ки ин муҳорибаро ба фоидаи худ анҷом диҳанд).

Муҳосира сар шуд. Худи Ғурак чунин тасвир менамояд: «Он гоҳ арабҳо шаҳрро муҳосира карданд. Онҳо дар муқобили девор 300 мошини деворшикан гузошта, дар се ҷо хандақҳои калон канданд. Нияти онҳо несту нобуд кардани шаҳри мо ва подшоҳии мо буд».[20]

Мошинҳои деворшикан рӯзу шаб деворҳои Самарқандро мекӯфтанд. Арабҳо як ҷои деворро сӯрох карданд, суғдиҳо зуд онро маҳкам намуданд. Суғдиҳо аз камон тирхоликунон гоҳо берун мебаромаданд ва ба муҳосиракунандагон талафоти зиёд ворид меоварданд. ҳамин тариқа, онҳо як моҳи тамом шаҳрро мардонавор мудофиа карданд. Вале охири охирон шаҳр таслим шуд. Ғурак ноилоҷ шартномаи барои Самарқанд ниҳоятдараҷа вазнинро имзо кард. Мувофиқи ин шартнома ӯ мебоист якбора ду миллион дирҳам, се ҳазор ғуломи калонсол ва ганҷи бутҳои маъбадҳои қадимаро ба арабҳо супорад, сипас, ҳар сол дусад ҳазор дирҳамӣ ба онҳо нақдина пардозад. Илова бар ин, мувофиқи шарти пешакӣ, самарқандиҳо мебоист барои мусулмонон дар шаҳри худ масҷид месохтанд ва қӯшуни суғдиро аз Самарқанд дур мекарданд. Ба ивази ҳамаи ин Қутайба Ғуракро ҳукмрони «Самарқанд ва заминҳои он ва атрофи он ва Кеш ва Нахшаб ва шаҳрҳо ва қалъаҳо» таъйин намуд, Ғурак дар амал вассали ӯ гардид. Қутайба аз тарси шӯриши суғдиҳо дар шаҳр дастаи сарбозони худро гузошт.[21]

Вале рӯҳи озодихоҳии мардуми Самарқанд нашикаст. Чунон ки Яъқубӣ хабар медиҳад,[22] тирамоҳи соли 712 «мардуми Самарқанд ба муқобили ӯ (қоиммақоми арабҳо.– Б.Ғ.) сар бардошт ва хоқон, подшоҳи туркон ҳам ба ӯ ҳамла намуд». Фақат расида омадани Қутайба бо қувваҳои асосии араб (баҳори с.713) гарнизони арабро аз шикасти ногузир наҷот дод. Дар манбаъҳои қадимаи туркӣ ҳам доир ба ин воқеаҳо далелу мадракҳои ҷолиби диққат оварда шудаанд. Аз рӯи маълумоти онҳо, сафорати суғдӣ бо сардории Суком ба қароргоҳи туркон меояд.[23] Чунон ки аз катибаи калоне ба шарафи Гултегин маълум мегардад, ҷавобан туркҳо «ба ёрии халқи Суғд» то худи «дарвозаи оҳанин» (Бойсунтови ҳозира) ҳаракат кардаанд.[24] Ғайр аз ин, чи навъе ки ҳ.Гибб дуруст қайд мекунад, истилои Самарқанд ба тасарруфи Суғд ва мутеъ кардани суғдиён оварда нарасонид. Аксари суғдиён ҳокимияти арабҳоро эътироф накарда, озодона мезистанд.[25] Бо вуҷуди ин, шӯриши самарқандиҳо бераҳмона пахш карда шуд.

Пас аз даҳ соли ҷангҳои муттасили хунрезона Мовароуннаҳр ба ҳокимияти олии хилофат тобеъ карда шуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, халқҳои ин сарзамин худро тамоман мутеъ ҳисоб намекарданд. Тирамоҳи ҳар сол Қутайба аз хавфи ин мардуми озодихоҳ қӯшуни худро аз Амударё гузаронида, дар Марв ва дигар шаҳрҳои Хуросон ҷойгир менамуд ва баҳорон боз ба Мовароуннаҳр ҳамла меовард ва ҳар бор бо қувваҳои тоза меомад, зеро талафоти ӯ дар ҳар дафъаи ба ин ҷониб ҳуҷум карданаш хеле бузург буд.

Иттифоқи Суғд, Чоч, Фарғона ва Туркон

Дар солҳои 712–713 ба муқобили арабҳо иттифоқи хоқони турк ва се давлати калони истиқлолияти худро нигоҳ дошта — Суғд, Чоч ва Фарғона баромад мекард.

Низоъҳои байнихудии ашрофи Суғд ба он оварда расонид, ки Дивоштак таслими Ғурак ва аз тарафи арабҳо ҳамчун подшоҳи Суғд эътироф шудани ӯро барои иштироки худ дар муборизаи зидди истилокорони араб фурсати муносиб дарёфта, Фатуфарн ном сафири худро ба Чоч ва вилоятҳои ҳамсоя фиристод. Дар кӯшки кӯҳи Муғ номаи аз Чоч ирсол доштаи ин сафир маҳфуз мондааст, ки дар тасвири бевоситаи вазъияти ниҳоят мураккаб ва фоҷианоки онвақта беҳтарин ҳуҷҷатест. Фатуфарн ба Дивоштак «хоҷа» гӯён муроҷиат карда, менависад: «Хоҷа, ман ба ҳузури ҳукмрони Чоч расидам. Ва ман, хоҷа, ҳам номаро супурдам ва ҳам он чи даҳонӣ гуфтанӣ буд, якта намонда, ҳамаашро ба тудун (ҳокими Чоч– Б.Ғ.) ва «муовинаш» арз кардам. Ва, хоҷа, номаро ба хоқон ва номаро ба шоҳи Фарғона  бо тутуки фарғонӣ (унвон –Б.Ғ.) ба шоҳи Фарғона фиристодам. Ва, хоҷа, ман дигар роҳи худро наметавонам давом диҳам, зеро, хоҷа, мегӯянд, ки хоқонро дидан мумкин нест. Ва, хоҷа, ман аз тудун ва «муовинаш» нома ва ҷавобҳои номаро гирифтам…, вилояти Уструшан тамом аз даст рафтааст. Ва, хоҷа, ман яккаву танҳоям, ҳамроҳ надорам ва, хоҷа, ба рафтан ҷуръат намекунам. Ва, хоҷа, ман ба ин ҷиҳат дубора ба Чоч баргаштам. Ва, хоҷа, ман барои ин аз ту бисёр метарсам. Ва, хоҷа, тудун мувофиқи аҳдномаи сулҳ бо арабҳо худро ақиб кашид. Ва, хоҷа, муво-фиқи аҳдномаи сулҳ Ҷомравоз ва форси лашкаркаш ба поин рафтанд – овоза ҳаст, ки барои гирифтани товон ва барои аз арабҳо дур кардани қӯшун… Ва, хоҷа, тудун ҳаввал] бо Тарбанд шартнома баст ҳ«сулҳ кард»] ва, хоҷа, вай ҳамаи заминҳоро ҳҳамту] ба даст овард. Ва, хоҷа, аз рӯи овозаҳо, «муовин» аз «сулҳ» хеле ғамгин аст ва ҳам аз ту тарсон аст, ки ба назди ту нарафт». Дар охир роҳи маълумотрасонӣ ба Дивоштак, яъне ба воситаи Канд  (Конибодоми ҳозира) ва баъд ба воситаи Исфара ба Мастчоҳ ва, сипас, бо водии Зарафшон ба қароргоҳи Дивоштак расидани хабар нишон дода мешавад.[26]

Номи тудун – ҳокими Чоч – аз дигар сарчашмаҳои хаттӣ низ маълум мегардад, ки Моҳэду-тутун (Баҳодуртудун) будааст.[27] В.А.Лившитс тахмин дорад, ки дар баробари тудуни қароргоҳаш Тарбанд (Ӯтрори ҳозира), ҳокими маҳаллӣ «ҳукмрони Чоч» ҳам буд, ки дар Бинкент (наздикии Чоч) қароргоҳ дошт.[28] С.Г.Кляшторний, ки бо далелҳои муайян «тудун» ва «ҳукмрони Чоч»-ро як шахс медонад, ба ин нуқтаи назар мухолиф аст.[29] Хоқон аслан Инэлхоқони турк мебошад.[30]

Подшоҳи Фарғона ҳам иштирокчии ин иттифоқ буд. Ба қатори иштирокчиёни иттифоқ, албатта, худи Дивоштакро низ ҳамроҳ кардан лозим аст.

Агарчанде Суғд ва, хусусан, ноҳияҳои кӯҳии Самарқанд ҳанӯз комилан ба таҳти тасарруфи арабҳо надаромада буданд, Қутайба ибни Муслим қарор дод, ки аввал ба зӯртарин иштирокчиёни иттифоқи зидди арабҳо – фарғониҳо, чочиҳо ва туркҳо зарба занад. Ӯ қувваи зиёде ҷамъ карда, бо ду фавҷ ба роҳ медарояд. Яке аз фавҷҳо, ки аксаран аз «муттафиқон» – дастаҳои аз аҳолии Кеш, Насаф ва Хоразм ташкилшуда фароҳам омада буд, ба тарафи Чоч равона гардид, фавҷи дигар ба сӯи Хуҷанд ва Фарғона ҳаракат намуд. Дар бораи амалиёти фавҷи шимолӣ маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Вай Чочро забт карда, бисёр маҳалҳои онро оташ дод. Фавҷи ҷанубӣ, ки худи Қутайба сардорӣ мекард, пас аз якчанд задухӯрд Хуҷандро ишғол карда, ба Косон расид. Дар ин ҷо ду фавҷ ба ҳам муттаҳид шуданд. Аз маълумоти Ибни ҳавкал[31] ва Истахрӣ,[32] ки мутаассифона, хеле иштибоҳист, чунин бармеояд, ки Қутайба дар Уструшон, боз ҳам на фақат дар қисмати ҳамворӣ, балки дар маҳалҳои кӯҳистонии он низ амалиёт доштааст.[33]

Маълумоте низ мавҷуд аст, ки гӯё Қутайба дар Фарғона қоиммақоми арабро гузошта, дар Чоч ва Фарғона маҳаллаҳои арабнишин сохта бошад, вале асосҳое ҳастанд, ки дурустии ин маълумотро зери шубҳа мегузоранд. Қутайба ғалаба карда бошад ҳам, муқовимати фарғониҳо ва чочиҳоро тамоман шикаста натавонист. Маълумоте, ки дар ахбори Фатуфарн мавҷуд аст, маҳз ба ҳамин маънӣ далолат мекунад. Чи навъе ки маълум аст, Фатуфарн дар айни гармогармии амалиёти ҷангии соли 713 фиристода шуда буд.

Соли 714 Қутайба бори дигар ба Чоч ҳамла меорад. Он ҷоро ба қароргоҳи асосии худ табдил дода, ба тарафи Исфиҷо (Сайрами ҳозира, дар наздикии Чимкент) ҳаракат мекунад. Таваҷҷӯҳи Қутайбаро на он қадар аҳамияти тиҷоратии ин шаҳр, балки бештар ҷиҳати стратегии он ба худ ҷалб менамояд. Ӯ Исфиҷобро забт карда, ният дошт пеши роҳи лашкари туркро, ки ба ёрии иттифоқчиёни осиёимиёнагии худ мерафт, бигирад.

Дар сари соли 715 Қутайба ба Фарғона ҳуҷум карда, ба он зарбаи сахт расонид. Подшоҳи Фарғона фирор намуд.

Дар ҳамин вақт ба тахти хилофат Сулаймон нишаст, ки душмани Қутайба буд. Қутайба бар зидди ӯ исён кард, вале ин исён ба шикаст ва марги худи вай анҷом ёфт.

Арабҳо футуҳоти Осиёи Миёнаро анҷом дода, маркази вилояти шарқии худро, ки Хуросон ва Мовароуннаҳрро дар бар мегирифт, дуртар аз Бухоро ва Самарқанди «ноором» – Марв муқаррар карданд.

Ба муваффақияти хилофат дар истилои Осиёи Миёна чӣ мусоидат намуд?

Сабаби асосии ин муваффақият, пеш аз ҳама, парокандагии сиёсии мамлакат буд, ки арабҳо ин вазъиятро барои манфиатҳои худ хеле моҳирона истифода бурда тавонистанд. Онҳо аз аввалин рӯзи ба Мовароуннаҳр қадам ниҳодани худ тамоми тадбирҳоро пешбинӣ карданд, то вилоятҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна ба ҳам муттаҳид нашаванд. Ин ба онҳо, дар ҳақиқат ҳам, муяссар гардид. Қутайба чунин сиёсатеро пеш гирифта буд, ки аввалан, ба яке аз давлатчаҳои ба ҳамдигар душман кӯмак расонида, тарафи муқобилро торумор мекард ва, сипас, худи онро низ мутеъ менамуд. Аксар вақт ҳукуматчаҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр, ба манфиати истилогарон, бар зидди якдигар мубориза мебурданд. Қутайба барои тасхири Суғд илова бар қӯшунҳои араб аз қувваҳои ҳарбии Хоразм, Бухоро, Насаф ва баъдтар, аз қувваҳои Суғд низ истифода намуд.

Дигар аз сабабҳои муваффақияти қӯшунҳои хилофат дар ин ҷост, ки онҳо зиддиятҳои байни туркҳои бодиянишин ва аҳолии воҳаҳои зироатии Осиёи Миёнаро истифода бурда, гоҳо муваффақ мешуданд онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд ва якеро ба муқобили дигаре барангезанд.

Ниҳоят, арабҳо аз ҷиҳати ҳарбӣ бартарияти калоне доштанд. Онҳо мамлакатҳои зиёдеро забт намуда, аҳолии маҳаллӣ ва воситаҳои моддии давлатҳои мутеъро барои муваффақияти сиёсати таҷовузкоронаи худ истифода бурда тавонистанд.

Халқҳои Осиёи Миёна ба истилогарони араб муқовимати хеле шадид нишон медоданд, вале борҳо иттифоқ меафтод, ки ҳокимони онҳо, мисли подшоҳчаҳои Хоразм ва Суғд, хиёнат карда, боиси барбод рафтани он ҳама ҷонфишониҳои халқ мегардиданд. Аксари подшоҳчаҳои маҳаллӣ на ин ки ба муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият сардорӣ кардан, балки ба ваъдаҳои арабҳо фирефта шуда, ба истилогарон сари итоат фуруд оварданро афзалтар медонистанд.

[1] Giӣӣ H.A.R., 1923, p. 15

[2] Giӣӣ H.A.R., 1923, p. 17

[3] Ривоятҳои маҳаллӣ доир ба ин воrеаҳо дар осори Балозурӣ, Яъrубӣ ва Наршахӣ оварда шудаанд. Табарӣ ин воrеаҳоро ба тарзи дигар наrл мекунад. Барои таҳлили нусхахои гуногун муроҷиат шавад: Giӣӣ H.A.R., 1923, p. 17, 18

[4] Наршахӣ, с. 49.

[5] Табарӣ II, с. 1040–1041.

[6] Балозӯрӣ, 413.

[7] Бартольд В. В., 1963, с. 242.

[8] Ҷалилов А., 1961, с. 118.

[9] Шарҳи мухтасари ин воrеаҳо: Беляев Е. А., 1965, с. 180 ва мобаъд.

[10] Gibb H.A.R., 1923, p. 33, 34

[11] Табарӣ, II, 1229; Ибн ал-Асир, IV, 437–438.

[12] Giӣӣ H.A.R., 1923, p. 42.

[13] В.А. ва И.Ю. Крачковскийҳо, 1934, с. 70

[14] Табарӣ, II, 1249.

[15] Бартольд В. В., 1964, с. 382-384.

[16] Chavannes Е., 1903, р. 205.

[17] Табарӣ, II, с. 1247–1249.

[18] Кляшторный С.Г., 1964, с. 146–153

[19] Табарӣ, II, 1244, 1248.

[20] Chavannӯs Е., 1903, р. 205.

[21] Ниг. тафсили ин воrеаҳо: Kurat А.N., 1948, р. 387-440; Смирнова О. И.,1957, с.119-134; Смирнова О. И., 1960, с. 69-79; Кляшторный С. Г., 1959, с. 151-152.

[22] Яъrубӣ, II, с. 344.

[23] «Едгорӣ ба шарафи Тоньюкук», 46–47.– Малов С. Е., 1951, с. 69.

[24] «Едгорӣ ба шарафи Гултегин». Катибаи калон, 39–40 – Малов С. Е., с. 41

[25] Giӣӣ H. A. R., 1923, p. 47

[26] Лившиц В.А. 1962 б, с. 77–91.

[27] Бичурин, II 1950, б, с. 313.

[28] Лившиц В.А.. 1962, б, с. 82-83.

[29] Кляшторный С.Г., 1959, с. 159–161.

[30] Кляшторный С.Г., 1960, с. 134; Кляшторный С.Г., 1959, с. 154.

[31] Ибни {авкал, ВОА, II. 1873. р. 328.

[32] Истахрӣ, ВGА, I, 1870, р. 383.

[33] Неъматов Н.Н., 1954. с. 120.

Ин буд, ки Сосониён сели хурӯшони арабҳоро боздошта натавонистанд ва давлати сосонӣ аз по афтод.[2]

[1] Дар хусуси Муҳаммад, марҳилаҳои аввали ислом ва истилои араб таълифоти зиёде мавҷуданд (ниг.: Беляев Е.А., 1965 ва Петрушевский И.П., 1966, ки ба маъхаз ва адабиёти илмӣ ишора шудааст; Sauvagӯt J., 1965, р. 116–129 ҳам феҳристи муфиде дорад).

[2] Барои тафсилоти вазъияти Эрони арафаи истилои араб ва ҷараёни ин истило ниг : Пигулевская Н.В. ва дигарон, 1958, с. 69-89; Колесников, 1970.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …