Шавкарон — ин гиёҳи заҳрнок аст, ки ба тоҷикӣ тафт меноманд. Гулаш анбӯҳи сафеди чатрӣ монанди гули шибит, вале аз он хеле зиёд мебошад. Тухмаш мисли нонхоҳ моил ба сафедӣ ва луоб дорад. Ба забони русси онро «Болиголов пятнистый» меноманд.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои пшфобахши он: хосиятҳои карахтиовар, масткунанда ва хобоварӣ дорад.
Микдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 0,25 грамм мебошад. Ба ҷойи ин тухми банг (кирмрезонак)-ро истеъмол фармоянд, равост. Агар инро 7 грамм ҳар кас бихӯрад, бо кушандагии заҳри хунукмизоҷаш, ки ақлро барҳам медиҳад, фикр ва зеҳнро беҷо гардонида, аз сухан мемононад, чарх задани сар, торикии чашм ва парда дар чашм пайдо намуда, ба ҳиккак (ҳиқичоқ) гирифтор карда, дарун ва дасту поҳоро хунук гардонида ва дар охир ҷингак кардани узвҳои бадан; дарди гулӯ оварда, тангӣ дар қасабаи шуш ва сурхной (сурхрӯда) содир намуда, оқибат мекушад. Давояш қай карда, даруни шикамро аз заҳри он пок намудан ва баъд чизҳои муфидтар, монанди шароби софи мусаллас ёфта нӯшидан ва баъд андак мӯҳлат дода, баъд аз он шири хар, талхшувоқ, мурч, хояи сагобӣ, судоб ва ҳар кадоме, ки ба даст ояд, бо шароби мазкур бинӯшанд ва дигар тадбирҳоеро, ки монанди тадбири афюнхӯрда бошад, ба кор баранд.
Чун хӯшаи гули онро пеш аз он, ки тухм бандад ва то тухмаш хушк шуданаш бигиранду бикӯбанд ва оби онро фишурда гирифта, дар офтоб хушк кунанд, фоидаҳои бисёр дорад. Аз ҷумла он, ки давои таскиндиҳандаи дардҳои чашм аст. Агар онро гузошта банданд, дардҳои гарммизоҷро басанда мекунад; мӯрчагазак ва ҷамра (карбункул) ном реши мӯҳликро шифо мебахшад.
Барг ва тухмашро кӯфта, ба пистони ширдор гузошта банданд, шири онро қатъ мекунад ва намегузорад, ки пистон пажмурда ва овезон гардад; агар инро ба пистони духтарон гузошта банданд, намегузорад, ки вай калон шавад. Агар ин кӯфтаро ба хояи писарон ва ба хояву каши рони ҷавонон гузошта банданд, иҳтилом (дархоб шайтон задан)-ро манъ мегардонад ва варами он узвро ҳам таҳлил медиҳад; ба закар гузошта банданд, боҳро суст менамояд ва намегузорад, ки ин узв бузург гардад; ва ба зери ноф ва ба ҳар узве, ки хоҳанд, гузошта банданд, мӯй дар он ҷо намерӯяд; ба шикам гузошта банданд, исҳоли хунин ва дигар навъ исҳолро зуд мебандад.
Инро ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро қатъ мегардонад. Ҳаким Мирмуҳаммад Мӯъмин дар китоби «Тӯҳфат-ул-мӯъминин»-и худ навиштааст, ки чун решаи шавқаронро бо тухми банг аз ҳар як 17,5 граммӣ кӯфта, бо 675 грамм об, 150 адад мавизи ангури бузургдона дар оташи мулоим то тамоман бухор шудани об биҷӯшонанд, баъд мавизҳоро аз он ҷудо карда нигоҳ доранд, аз он мавиз аз як то се адад бихӯранд, сахт маст мекунад, маниро ҳангоми ҷимоъ аз зуд омадан нигоҳ медорад. Вале зиёда аз се адад бихӯранд, сахт хоб меоварад. Ва инчунин ҳакими мазкур навиштааст, ки ман инро «мавизи умру» ном кардаам.