Туркия тасмим дорад ба Озарбойҷон роҳи оҳан созад. Дар ин бора вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Одил Караисмойлоғлу хабар дод.
Қайд карда шуд, ки қатора ба самти шаҳри Нахичевани Озарбойҷон ҳаракат мекунад. Тадқиқоти пешакӣ дар ин соҳа ба наздикӣ ба анҷом мерасад.
Ба гуфтаи Караисмойлоғлу, тасмими сохтани роҳи оҳан ба Ҷумҳурии Мухтори Нахичеван, ки аз қисми асосии Озарбойҷон бо Арманистон ҷудо шудааст, пас аз рӯйдодҳои ахири Қафқоз, ташдиди низои Қарабоғи Кӯҳӣ ва имзои сулҳ миёни Озарбойҷон ва Арманистон гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки созишномаи Қарабоғи Кӯҳӣ эҳёи иртиботи роҳи оҳан байни Арманистон ва Эронро пешбинӣ мекунад. Ин масъала низ ба зудӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Нахичевон ягона минтақаи Озарбойҷон аст, ки бо Туркия марзи муштарак дорад. Дарозии сарҳади ду давлат танҳо 10 км буда, аз дарёи Аракс мегузарад. Соли 1992 дар болои Аракс пуле сохта шуд, ки аз он шоҳроҳ мегузашт. Дар соли 2012, сарвазири вақти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз бунёди роҳи оҳан байни Нахичевон ва шаҳри Иғдири Туркия хабар дод.