АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / УҚОБ дар Канзи Шифо (Китоб)
Укоб (Сурати паранда)

УҚОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

УҚОБ — ин парандаи бузургҷуссаи дарранда аст, ки маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ лифӣ (лифмонанд), сахт аст ва аз хӯрдани он дар ҷигар моддаи носара пайдо мешавад. Хӯрдани он барои ибрида (нотавон шудани ҳолати мардон аз рутубати бисёр пайдо кардани бадан), бодҳои бисёр ва дафъ кардани рутубати бадан даво мешавад.

Заҳраашро чун сурма ба чашм кашанд, дар гавҳараки чашм фуромадани обро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, дафъ мекунад; чашмро тез ва қавӣ мегардонад; пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик менамояд, дур месозад, захмашро ҳам шифо мебахшад.

Хунашро бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Саргинашро бимоланд, доғи кунҷидак ва ҷӯшиши рухсораро дафъ мекунад ва инчунин ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад. Агар парашро сӯхта, занҳо дудашро ба миёни пойҳо ва поёни шиками худ бигиранд, бӯғма (хафа) шудани бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …