АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / АҲВОЛИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ ХIХ

АҲВОЛИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ ХIХ

Ду марҳалаи сиёсати иқтисодии ҳукумати мутлақа дар Осиёи Миёна. Роҳ ёфтани муносибатҳои капиталистӣ

Сиёсати дар Осиёи Миёна ҷорикардаи ҳукумати мутлақаи подшоҳиро ба ду марҳала ҷудо кардан мумкин аст: марҳалаи якум аз аввали футуҳот то солҳои 90-ум ва марҳалаи дувум аз замони барқарор гардидани давраи империалистии капитализм, яъне аз охири солҳои 90-ум то соли 1917.

Дар марҳалаи аввал сармояи давлати соҳибмустамлика ба истеҳсолоти Осиёи Миёна ҳанӯз фаъолона дахолат намекард ва аксаран бо миёнаравии савдогарони маҳаллӣ ба хариду фурӯши маҳсулот маҳдуд гардида буд. Воридоти сармоя ба Осиёи Миёна нисбатан кам буда, дар содироти моли хом ҳоло ягон навъи маҳсулот (чунон ки баъдтар пахта ва пӯсти қарокӯлӣ гардид) мавқеи намоён пайдо накарда буд.

Марҳалаи дувум бо дахолати фаъолонаи сармоядорони давлати соҳибмустамлика ба ҷараёни истеҳсолоти Осиёи Миёна, бо тараққиёти соҳаҳои махсуси хоҷагии қишлоқ, ворид шудани сармоя ва афзудани роли банкҳо тавсиф меёбад. Кашида шудани хатти роҳи оҳан мавқеи сармояи Россияро дар Осиёи Миёна ва аз он ҷумла дар аморати Бухоро мустаҳкам гардонид.

Бо вуҷуди моҳиятан тафовут доштани як марҳала аз марҳалаи дигар бояд қайд кард, ки аз қадамҳои аввали бо қасди мустамликакунӣ ба Осиёи Миёна роҳ ёфтани ҳукумати подшоҳӣ сиёсати он барои ба эҳтиёҷоти саноати тараққикардаистодаи Россия мувофиқ гардонидани иқтисодиёти ин кишвар нигаронида шуда буд. Осиёи Миёна мебоист ба манбаи моли хоми аграрии давлати соҳибмустамлика табдил меёфт.

Пас аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар ин ноҳия муносибатҳои капиталистӣ рӯ ба инкишоф ниҳода бошанд ҳам, на ин ки боиси тавлиди саноати вазнин нагардиданд, балки ҳатто саноати бофандагӣ барин соҳаҳои нави саноат ба вуҷуд наомаданд. Иттиҳоди соҳибкорони саноати бофандагии Россияи подшоҳӣ бо тамоми ҷидду ҷаҳд намемонд, ки дар ноҳияҳои пахтакор саноати бофандагӣ пайдо шавад. Баъзе кӯшишҳои кушодани муассисаҳои бофандагӣ, ки аз тарафи баъзе соҳибкорони маҳаллӣ карда шуд, дучори муқобилати сахти соҳибони корхонаҳои бофандагии Петербург, Иваново-Вознесенск, Москва, Кострома, Орехово-Зуево ва ғ. гардид. Дар дигар соҳаҳои саноат ҳам аҳвол чунин буд.

Пас аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна саноатдорони рус дар ин ҷо ба ташкили плантатсияҳои пахта сар карданд. Ба мисли плантатсияи «Хутори Андреев», ки дар Фарғона ташкил шуда буд, дар вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд низ плантатсияҳо ба вуҷуд омаданд.

angliya_rossiya-2

Бо вуҷуди ин, дар ҳамон шароите, ки дар парвариши пахта техникаи хеле ақибмонда ба кор бурда мешуд, соҳибони саноат ба ташкил намудани хоҷагиҳои плантатсионии фаровонҳосилу фоиданок муваффақ гардида наметавонистанд. Мардикорони рӯзбайъ, ки дар плантатсияҳо кор карда, музди ночизе мегирифтанд, бар акси деҳқонони чоряккор ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат ҳавасманд набуданд.

Пас аз он ки кори ташкили плантатсия барор накард, соҳибони саноат роҳи истифода намудани пахтаҷаллобони маҳаллиро пеш гирифтанд. Ба ин тариқа, дар соҳаи пахтакорӣ амалан ҳамон муносибати кӯҳнаи нимфеодалӣ нигоҳ дошта шуд.

Дар солҳои 70-80-ум ба ҷои навъҳои ҷойдории пахта навъҳои нави нисбатан сермаҳсул ҷорӣ гардид. ҳукумати подшоҳӣ барои ёрӣ расонидан ба тараққиёти босуръати пахтакорӣ дар Осиёи Миёна ба пахтае, ки аз Америка мекашониданд, боҷи калон андохт. Ин тадбир барои боз ҳам бойтар шудани ҷаллобони маҳаллӣ, ки аз боло рафтани нархи пахта фоидаи зиёде ба даст меоварданд, боис гардид.

Осиёи Миёна барои саноати Россия ва, қабл аз ҳама, барои саноати бофандагии он манбаи моли хом ва бозори фурӯш гардид. Косибон ва ҳунармандони майдаи маҳаллӣ ба молҳои саноатие, ки аз Россия кашонда мешуданд, рақобат карда натавониста, шикаст мехӯрданд.

Дар солҳои 70-ум нақшаи сохтмони роҳи оҳан, ки Осиёи Миёнаро бо Россия бояд мепайваст, аҳамияти махсус пайдо намуд. Муҳокимаи ин масъала боиси ҳангомаю майлу рағбати ҳасудомези пурғарази соҳибкорон шуд, зеро маълум аст, ки дар шароити капитализм кашидани роҳи оҳан барои дарёфти пулу фоидаи зиёд имкони фаровон муҳайё менамояд. Дар масъалаи самти роҳи оҳани Туркистон лоиҳаҳои бисёр пешниҳод мешуд; масалан, Барранд ном инженери фаронсавӣ, ки замоне бо муаллифи лоиҳаи канали Сувайс – Ф.Лессепс ҳамкорӣ мекард ва худи Ф.Лессепс ҳам таклиф карданд, ки байни Лиссабон ва Калкатта роҳи оҳани трансконтинентие сохтан даркор, ки аз мобайни Осиёи Миёна гузашта меравад. Дар шароити бӯҳрони доимии молиявӣ ҳукумати подшоҳӣ ба сохтмони ин гуна иншоотҳои калон қудрат надошт. Кашидани аввалин хатти ҳозиразамони роҳи оҳан ин тақозои амалияи муқаррарии ҳукумати подшоҳӣ – тақозои футуҳоти Туркманистон буд. Ин роҳ аз соҳили баҳри Каспӣ, аз Красноводск сар шуда, дар навбати аввал мебоист барои эҳтиёҷи қӯшунҳои ба Аҳлтегин ҳуҷумкунандаи М.Д.Скобелев хизмат мекард.

Дар соли 1885 роҳи оҳан то Ашқобод, дар соли 1888 то Самарқанд ва дар соли 1898 то Тошканд кашида шуд. В.И.Ленин аҳамияти ин роҳи оҳанро дар тақдири Туркистон махсус таъкид намуда, навишта буд: «Роҳи он тарафи Каспий барои капитал Осиёи Миёнаро «кашф» кардан гирифт».[1]

Аммо барои таъмини эҳтиёҷи ин кишвари беканор як хатти роҳи оҳан кам буд. Ба замми ин, роҳи оҳани мазкур ин кишварро бо ноҳияҳои марказии Россия бевосита намепайваст – борро ҳатман аз поезд ба киштӣ ва ё аз киштӣ ба поезд ҳамл кардан лозим меомад, ки ин корро ниҳоят душвор мекард. Ғайр аз ин, аз поезд ба киштӣ, аз киштӣ ба поезд баромаданду фаромадани мусофирон ҳам ноқулай буд. Ба ин сабаб дар ибтидои асри ХХ сохтмони хатти нави роҳи оҳан сар шуд. Ин роҳ бояд шаҳри асосии кишвари Туркистон – Тошкандро бо Оренбург мепайваст. Сохтмони ин роҳ босуръат пеш мерафт ва инак соли 1905 хатти мовароикаспигии роҳи оҳани кишвар бо хатти роҳи оҳани Оренбург пайваста шуд. Табиист, ки табақаи дворяну помешикҳо ва буржуазии империяи Россия барои истисмори бештари сарватҳои табиӣ ва аҳли меҳнати Осиёи Миёна имкони фаровонтаре ба даст оварданд. Ба ноҳияҳои пахтакори водии Фарғона – шаҳрҳои Хӯқанду Андиҷону Марғелон расондани роҳи оҳан кори басо муҳим буд. Роҳ аз саросари шимоли Тоҷикистон гузашта рафт ва бо ҳамин маҳсулоти деҳқонон ва косибони тоҷик ба тамоми бозорҳои генерал-губернатории Туркистон ва ба дигар ҷойҳои Россия роҳ ёфт. Ба туфайли ин дар шимоли Тоҷикистон муносибатҳои капиталистӣ ба андозае инкишоф пайдо намуд.

tijoratСохтмони роҳи оҳани моварои Каспӣ ва баъдтар роҳи оҳани Оренбург имкон доданд, ки дар зарфи якчанд даҳсола мубодилаи мол байни Россия ва Осиёи Миёна бештар аз 10 маротиба зиёд карда шавад. Вале молҳои русӣ на дар тамоми бекиҳои Бухоро фаровон буданд, ки сабаби ин мушкилии кашондани мол, суст будани муносибатҳои молию пулӣ ва баъзе дигар омилҳо буданд. Молҳои русӣ аз ҳама бештар дар бозорҳои водиҳои Тоҷикистон ба фурӯш мерафтанд, аммо ҷои асосии фурӯши молҳои русӣ худи Бухоро буд, ки дар ин ҷо савдогарони бой ва худи амир аз саноатчиёну савдогарони рус харидҳои калон мекарданд.

Дар он ҷойҳои кишвар, ки рафтуомадаш душвор буд, ҳаннотии молҳои русӣ басо авҷ гирифт. Кӯҳистониён бо рағбати тамом молҳои арзони фабрикиро мехариданд. Тоҷирони абҷир, ки молҳои русиро меоварданд, бо нархи беҳад баланд онҳоро пул мекарданд. Азбаски кӯҳистониён пул надоштанд, савдогарон инро дастак карда, барои як сарбанди оддии фабрикӣ аз деҳқони бечора 4 пуд гандум ва 1 гӯсфандашро кашида мегирифтанд. Шамъ, гӯгирд, собун, карасин, яъне он чизҳое, ки мардум пештар қариб истеъмол намекард, нағз ба фурӯш мерафт. Одамони бекҳо ва худи бекҳо ҳам аз ҳаннотиву савдогарӣ рӯ намегардонданд. Масалан, беки Қаротегин ба Фарғона як рама гӯсфанд оварда фурӯхту ба пули он бисёр молҳои русӣ харида, баъд онҳоро дар Қаротегин ба пули калон фурӯхта буд.[2]

Аз солҳои 70-уми асри ХIХ сар карда ҳукумати подшоҳӣ ба нияти ба вуҷуд овардани такягоҳи миллӣ ба миқёси васеъ дар Осиёи Миёна муҳоҷирони русро ҷойгир намуд. ҳукумати подшоҳӣ дар хусуси пешрафти хоҷагии қишлоқи Осиёи Миёна хеле кам ғамхорӣ мекард. ҳамчунон ки вай барои сохтмони системаи обёрӣ дар воҳаҳои асосии пахтакорӣ ҳеҷ як чорае намедид, хоҷагии муҳоҷиронро низ аз эътибор соқит намуда буд. Муҳоҷирон дар ҳама ҷо маҷбур мешуданд, ки аз системаи кӯҳнаи каналҳои обёрикунанда истифода баранд.

Аҳволи муҳоҷирони рус дар вилояти Самарқанд махсусан бад буд. Дар ин бора муосирон чунин навиштаанд: «Дар мобайни дашти шӯрхоки сӯзон деҳе сохтаанд… Чанд кулбаи амонатӣ, ки телбакорона бардоштаанд, дар гирду атроф на дарахте, на сабзае…, фақат дашти ҳомуну дашти ҳомун…» Муҳоҷирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сафи бекорон дохил шуда, дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ба феодалони маҳаллӣ ва кулакҳои рус муздурӣ ва мардикорӣ мекарданд. Меҳнаткашони тоҷик, ки қисми бештари аҳолии вилояти Самарқандро ташкил медоданд, ҳанӯз дар ҳамон вактҳо боварӣ ҳосил карда буданд, ки коргарон ва деҳқонони камбағали рус, ки ҳамроҳи онҳо кор мекунанд, мисли меҳнаткашони маҳаллӣ аз ҷабру зулми ҳукумати подшоҳӣ дар азобанд. ҳукумати помешикию буржуазии подшоҳӣ аз муҳоҷирони рус барои худ такягоҳи миллию синфие сохтанӣ буд, вале беихтиёр мусоидат кард, ки барои тавлид ва ривоҷи иттифоқи синфию миллии меҳнаткашони Осиёи Миёна бо деҳқонони камбағали рус, бо батракҳои рус, бо коргарони роҳи оҳану заводҳои пахтаву равған шароит фароҳам ояд.

ҳукумати подшоҳӣ дар гӯшаву канорҳои империяи худ тартиботи асорати патриархалию феодалӣ, дар воқеъ ҷорӣ будани ғуломдорӣ ва бесаводию нодонии мардумро қасдан барқарор медошт. Бисёр заминҳои ҳосилхез ба ихтиёри қисми дорои муҳоҷирон дода шуда, аҳолии маҳаллӣ ба заминҳои камҳосили баду вайрон ронда шуданд. Маълум, ки ин кор алангаи низои миллиро боло мекард. ҳукумати подшоҳӣ ба ривоҷи мадании мардуми Туркистон мутлақо аҳамият намедод ва ночизтарин падидаҳои афкори инқилобиро бераҳмона нест мекард.

Дар кишвари Туркистон таъсис намудани системаи маъмурии ба истилоҳ «Идораи ҳарбии халқӣ» ба мақсадҳои мустамликадории ҳукумати подшоҳӣ хизмат мекард. Кишвари Туркистон ба панҷ вилоят – Сирдарё, Фарғона, Самарқанд, ҳафтруд (Семиречйе) ва Моварои Каспӣ (Закаспий) тақсим мешуд. ҳар як вилоятро, ба истиснои Закаспий, ки дар он ҷо сардори вилоят менишаст, губернатори ҳарбӣ идора мекард. Вилоят ба уездҳо ва уезд ба приставиҳо ва вулусҳо ҷудо мешуд. Маъмурони вулусҳо аз аҳолии маҳаллӣ таъин мегардиданд. Тадриҷан дар қатори феодалҳои кӯҳна одамони аз табақаҳои давлатманди аҳолӣ, аз он ҷумла ононе, ки ба табақаи ашрофи феодалии маҳаллӣ мансубияте надоштанд, низ «бо роҳи интихоб» ба вазифаҳои маъмурӣ ҷалб карда шуданд. Аммо намояндагони халқи меҳнатӣ ҳатто вазифаи оқсаққоли қишлоқ ва ё вулусро орзу ҳам карда наметавонистанд. Оммаи халқ дар худи интихобот ҳам амалан иштирок надошт.

Дар бораи «интихоботе», ки дар ибтидои асри ХIХ воқеъ гардида буд, шоҳидон чунин нақл мекунанд: барои интихоби оқсаққоли вулуси Қистакӯз (уезди Хуҷанд) аз тамоми деҳоти атроф бойҳо, муллоҳо, «элликбошиҳо»[3] ва арбобон ба қишлоқи Қистақӯз ҷамъ омаданд. Ба вазифаи оқсаққоли вулус ду нафар муддаии давлатманд — Мирзо Баҳодурхон ва Муллобойро пешбарӣ карда буданд. Муллобой барои ришваи «интихобкунандагон» 2 ҳазор сӯм, ҳарифи ӯ бошад, ба ин мақсад 3 ҳазор сӯм пул ҷудо кард. Дар натиҷа Мирзо Баҳодурхон ба вазифаи оқсаққолӣ «интихоб» гардид.

Як гурӯҳ бойҳое, ки Муллобойро тарафдорӣ мекарданд, аз ин интихобот норозӣ шуданд. Онҳо маблағи зиёде ҷамъ намуда, дастнишондаи худро ба назди губернатори ҳарбии Самарқанд фиристоданд. Муллобой баробари расидан ба Самарқанд ба зани губернатор чанд ҳазор сӯм пул ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо пешкаш намуд. Рӯзи дигар ӯро губернатор қабул карда гуфт: «Аз ҳамин рӯз эътиборан ту оқсаққоли вулус хоҳӣ буд». ҳанӯз Муллобой ба Қистакӯз барнагашта, фармони губернатор дар бораи ба вазифаи оқсаққоли вулус тасдиқ гардидани ӯ расид.

Дар дигар ноҳияҳои генерал-губернатории Туркистон низ айни ҳамин ҳолат рӯй медод. Синфҳои истисморкунанда бо савобдиди худ одамонашонро ба вазифаҳои «интихобӣ» таъин мекарданд ва аз кор мегирифтанд.

Оқсаққолон, ҳамин ки ба сари кор омаданд, одатан худсарӣ ва бедодгарӣ мекарданд. Зулму ситам ва порахӯрии маъмурони маҳаллӣ ниҳоятдараҷа ривоҷ гирифта буд. Кори маҳкамаҳо мисли пештара дар асоси шариат пеш бурда мешуд.

ҳукуматдорони кишвари Туркистон дар баробари ба тарафи худ кашидани табақаи давлатманди аҳолии маҳаллӣ, ки ба хизмати ҳукумати подшоҳӣ гузашта буд, барои заиф гардонидани мавқеи иқтисодии ашрофи кӯҳнаи феодалӣ низ чораҳо пешбинӣ намуданд. Аз шахсоне, ки заминҳои вақфро истифода мебурданд ва аз соҳибони мулки хусусие, ки аз тарафи давлат бахшиш шуда буд, манзур кардани ҳуҷҷати собиткунандаи ҳуқуқи ба ин заминҳо доштаи онҳо, аз қабили вақфномаи тасдиқкардаи хон талаб карда шуд. Ин гуна ҳуҷҷатҳо хеле кам маҳфуз монда буданд. Бинобар ин миқдори зиёди заминҳои вақф ва мулкҳои хусусӣ давлатӣ карда шуданд. Заминҳои боқимондаи вақф аз ҳар гуна имтиёз ва бартариҳои молиётӣ маҳрум гардиданд. Ба ҳамин тариқа, ба манфиатҳои як қисми рӯҳониён ва ашрофи феодалӣ зарбаи ҷиддӣ расонида шуд.

Вале аҳволи деҳқонони меҳнаткаш аз ин ҳама чораҳо андаке ҳам ба беҳбудӣ рӯ наовард. Заминдорони калон мисли пештара барои истисмори деҳқонони бенаво, ки дар заминҳояшон чоряккорӣ мекарданд, имконият доштанд.

Тафтиши соли 1909 дар кишвари Туркистон гузаронидаи сенатор Пален муқаррар кард, ки аз ҷумла дар вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона (яъне дар ҳамон вилоятҳое, ки бештари аҳолиро тоҷикон ташкил мекарданд) ҳуқуқи мулки хусусӣ дар камтар аз садяки тамоми заминҳои кишт ҷорист. Мулкдорони хурде, ки дар як порча замин аз рӯи қоидаи нав дар асоси заминдории ҷамоатии хонаводагӣ кор мекарданд, маишати худро ҳеҷ таъмин карда наметавонистанд. Онҳо ба дасти судхӯрҳо афтода, хонахароб мешуданд, дар сурати адо накардани қарз ва ё надодани андоз аз заминашон маҳрум гардида, ба сафи чоряккорон ва батракҳо дохил мешуданд. Дар баробари ин аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ карда шудани усули ҳимоякунии якдигар дар адои андозҳо ба маҳфуз мондани муносибатҳои феодалӣ ва ба асорати судхӯрҳо, феодалон ва маъмурон гирифтор шудани деҳқонони камбағал боз ҳам бештар мусоидат намуд.

ҳукумати подшоҳӣ дар соҳаи хоҷагии об, ки дар зироати Осиёи Миёна роли хеле муҳим мебозид, низ комилан тарафдори феодалон ва бойҳои калон буд. Онҳо тамоми манбаъҳои обро ба даст гирифта, аз байни худ миробҳо таъин мекарданд ва ба ин васила дар қишлоқ хӯҷаини мутлақ гардида буданд.

Кори нимафеодалӣ ва нимағуломии иҷоравӣ беш аз пеш оммаҳои васеи деҳқонони муфлисро, ки дар замини бойҳои калон чоряккорӣ ва панҷяккорӣ мекарданд, фаро мегирифт.

Аҳволи ононе, ки дар корхонаҳои хурди фабрикмонанд кор мекарданд, беҳ аз ин набуд. Ин корхонаҳо асбобу ҷиҳозоти ночиз доштанду шароити кори онҳо касро ба даҳшат меовард. Кор то 12-16 соат тӯл кашида, рӯзе ҳамагӣ 40–60 тин музд дода мешуд. Дар заводҳои пахта оддитарин воситаҳои муҳофизати саломатӣ, ҳатто ҳавотозакунакҳои оддӣ набуданд, бисёр коргарон дучори дарди сил мешуданд. Манзили коргарон низ ниҳоят бад буд. Соҳибони корхонаҳо ба коргарон озуқаи пӯсидаву гандида медоданду аз музди ночизи онҳо пули зиёде меситонданд ва хуллас фоидаи калон ба даст меоварданд.

Аҳволи косибон

Дар солҳои аввали баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна косибӣ ба андозае ривоҷ ёфт. Сабаб ҳамин буд, ки дар Осиёи Миёна шумораи аскару афсарони армияи подшоҳӣ хеле афзуд, барои таъмини онҳо бошад, ҳама чизро аз Россия меоварданд, ки ин ҳам гарон меафтиду ҳам барои кашондани ин қадар чиз нақлиёт намерасид. Барои илоҷи кор ҳукумати подшоҳӣ қарор дод, ки бигзор сарбозону афсарон баъзе чизҳои лозимаро аз косибони маҳаллӣ харанд, ана ин буд, ки косибӣ ба андозае ҷон гирифт.[4] Дар солҳои минбаъда дар сохти саноати косибӣ дигаргуниҳое ба вуҷуд омаданд, яъне баъзе хусусиятҳои муносибатҳои капиталистӣ ба он нуфуз карданд. Истеҳсолот беш аз пеш ба худ сурати истеҳсолоти молро мегирифт. Ин падидаро дар марказҳои калони косибӣ, дар шаҳрҳо, масалан, дар Бухоро равшан дидан мумкин буд. Дар Бухоро қариб 100 соҳаи косибӣ вуҷуд дошт.[5] Дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Конибодом, ҳисор, Кӯлоб ва баъзе дигар шаҳрҳо косибӣ умуман хеле равнақ дошт.

Косибӣ дар ҳар як маҳалли кишвар вобаста ба манбаъ ва сифати моли хом, вобаста ба он ки аз марказ дур аст ё наздик, вобаста ба он ки чӣ гуна роҳҳо дорад –соҳиби хусусияти хос мегардид. Дар маҳалҳои баландкӯҳи Бухорои шарқӣ касбҳои хонагӣ маъмултар буд, ки дар ин шакли косибӣ муомилоти байни усто ва истеъмолгар, яъне байни молфурӯшу молгир фақат ба тавассути натура анҷом меёбад. Баъзе ноҳияҳо дар истеҳсоли ин ё он мол тахассус ҳам ёфта буданд.

remesloКосибони ҳисор асосан намаду моҳут мемолиданд, шолу арғамчин мебофтанд, пӯстак тайёр мекарданд. Ноҳияҳои ғарбии ин маҳал дар алочабофӣ, корсонтарошӣ, сабадбофӣ, хӯрҷиндӯзӣ, ҷуроббофӣ ном бароварда буд. Шофу шамшеру кордҳои кордгарони Қаротоғ шӯҳрати баланд дошт.

Дар Душанбею водии Кофарниҳон чармгарӣ ривоҷ ёфта буд.

Дар Хуҷанд касби бофандагӣ басо маъмул буд ва беҳуда нест, ки дар ин ҷо гузар-гузар карбосбофон, шустагарон, абрбандҳо, шоҳибофон, пиллакашон ва ғ. буданд. Соли 1906 дар шаҳр 230 дӯкони шоҳибофӣ, чархресӣ, ҳаллоҷӣ ва ғ. вуҷуд доштанд. Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа гузарҳои махсуси кордгарон, дегрезон, кулолон, заргарон ва ғ. буданд.

Дар бекии Кӯлоб низ бофандагӣ яке аз касбҳои муҳим ба шумор мерафт ва дар ин касб занҳо низ бисёр ширкат доштанд. Занҳо дар хона пахтаро ҳаллоҷӣ мекарданд, мересиданд ва дар дастгоҳҳои бофандагӣ карбос мебофтанд, ки он ҳам барои эҳтиёҷи рӯзгор ва ҳам барои фурӯш мерафт. Аз калобаи кӯлобӣ мардуми Дарвоз низ карбос мебофтанд. Суфи кӯлобӣ ва ҷомаҳои карбосии кӯлобӣ хеле хушсифат буданд ва дар Бухоро ҳам тақдир мешуданд. Аз ашёи хоми маҳаллӣ барои қанору хӯрҷин карбос мебофтанд, моҳуту намад, шолу ҷуроб тайёр мекарданд. Ҳамаи ин корро асосан занон анҷом медоданд. Қолину гилемҳои хушсурати қиматбаҳо бо супориши бойҳо махсус дар ҳавлии онҳо тайёр карда мешуданд.

Дар Бухоро низ бисёр гузарҳои чармгарон буд (Чармгарони Боло, Чармгарони Поён), ки дар ин ҷо чармҳои аълосифати хомак, кемухтӣ, саноҷу далвҳо, машкҳо истеҳсол мешуд. Мӯзадӯзию маҳсидӯзию кафшдӯзию лаҷомсозӣ низ дар ҳамин гузарҳо маъмул буд. Косибони бойи Чармгарони Поён аз чорвофурӯшон пӯсти зиёде харида, онро чарм карда мефурӯхтанд.

Дар Мӯъминобод ҳам чармгарону мӯзадӯзону лаҷомсозон бисёр буданд. Шоҳибофию пиллакашӣ ҳам дар инҷо хеле равнақ дошт.

Деҳқонони Кӯлоб ҳам кирмакдорӣ карда, пиллаи худро дар бозорҳо мефурӯхтанд. Дар шаҳр аз он пиллаҳо ришта кашида ва онро ранг дода, боз ба бозорҳои Кӯлоб бурда мефурӯхтанд.

Дар охири асри ХIХ Кӯлоб маркази муҳимми касбу тиҷорат шуд. Дар бисёр дӯконҳо аз ашёи зироат маҳсулот тайёр мекарданд. Равғани кунҷид ва зағири Кӯлоб эҳтиёҷи ноҳияро таъмин мекард. Ордкашӣ ҳам хеле ривоҷ ёфта буд. Аслиҳасозон милтиқу шамшер, кордгарон кордҳо месохтанд. Маҳсули кори мисгарон тамоми талаботи мардуми ин маҳалро таъмин карда, дар ҷойҳои дигар ҳам ба фурӯш мерафт.

Касбу косибӣ дар ҳисор ҳам басо маъмул буд. Ғайр аз карбосу яроқу аслиҳаву маснуоти чармгарӣ дар ин ҷо ҳам алоча мебофтанд, ки шӯҳрати зиёде дошт ва баъзе намудҳои он хеле қимат ҳам меистоданд. Масалан, баҳои ду тӯби як навъи он 20 сӯм буд.[6]

Оҳангарони маҳаллӣ ба дараҷаи баланд тахассус доштанд. Онҳо наъл, каланд, дос, табар, тири чархи осиё ва ғайра месохтанд.[7]

Кулолони ҳисор (хусусан занони моҳири кӯҳистон, ки бо кулолӣ шуғл доштанд) дар амал асбобу абзори оддиро кор фармоянд ҳам, бо зарфҳои сафолӣ тамоми ноҳияи ҳисор ва ноҳияҳои ҳамсояро таъмин мекарданд.

Аз охири асри ХIХ сар карда дар байни шаҳрҳои ин ноҳия аз ҷиҳати ривоҷи тиҷорату саноат тадриҷан Душанбе ба мадди аввал баромад. Шояд яке аз сабабҳои ин ҳамин ҳам бошад, ки беки ҳисор онро бошишгоҳи тобис-тонии худ қарор дода буд.

Аз ҷумлаи аҳолии Душанбе бисёр бофандагон, оҳангарон, зингарон ва чармгарони моҳир буданд.

Баробари обод шудани роҳҳои тиҷорату савдо моли косибони тоҷик беш аз пеш дар бозорҳои хориҷи Бухорои шарқӣ ба фурӯш мерафтанд.

Истеҳсолоти серсоҳаи косибони Бухорои шарқӣ бо маснуоти бадошту назаррабои устоёну чеварони гулдасти худ шӯҳрати азим ёфта буд. Дар маснуоти онон ҳамон анъанаҳое инъикос меёфтанд, ки таърихи бисёрҳазорсола доштанд. Ба ин маъно истеҳсолоти косибон аҳамияти махсус дорад. Вале ҳамчун сирф истеҳсолот бисёр нуқсу иллатҳо дошт ва ҳатто барои ҳамон даврае, ки мавриди тадқиқ қарор дорад, кӯҳна шуда буд.

Истеҳсолоти давраи феодализм, ки дар чорчӯбаи рисолаҳову ҷамъиятҳои косибон маҳдуд буд, дар ҳамон шакли кӯҳнаи анъанавии худ монда, дар муддати мадид ҳеҷ дигар нашуда буд.

Корхонаҳои косибон ягон ҷиҳози техникӣ надоштанд ва кор асосан дастӣ анҷом дода мешуд. Тайёр кардани маснуот меҳнати зиёдеро талаб мекард, дараҷаи маҳсули меҳнат нисбат ба фабрикаҳо хеле паст буд, барои ҳамин ҳам арзиши аслии моли косибон нисбат ба моли фабрика хеле болотар меистод. Ба замми ин ҳукуматдорони феодалӣ ба косибон хироҷу андози бешумор меандохтанд, ки ин ҳам арзиши моли онҳоро баланд мебардошт.

Баробари аз маркази Россия омадани молҳо вазъияти косибон якбора табоҳ шуд. Дар марҳалаи аввал соҳибкорони рус– соҳибони фабрика, завод, савдогарони калон – талаботи бозорҳои Осиёи Миёнаро ба тафсил омӯхтанд ва анвои моли худро маҳз ба ҳамин талабот муносибу мувофиқ намуданд. Дере нагузашта аз Россия ба бозорҳои Осиёи Миёна читҳои гулдор, чойнику пиёлаву косаву табақҳои чинӣ, маснуоти мисин, сӯзан, собун, карасин, чарчинворӣ барин молҳои фабрикӣ омадан гирифтанд, ки нархи онҳо аз нархи моли косибони маҳаллӣ хеле пасттар буданд, зеро дар фабрика тайёр карда мешуданд. Дар аввалҳои соли 1910 молҳои русӣ тамоми бозорҳои Осиёи Миёнаро зер карда гирифтанду аксари молҳои косибони маҳаллиро танг карда бароварданд.

Пеш аз ҳама, касби бофандагӣ сахт шикаст ёфт. Шоҳидон навиштаанд, ки чити алвони русӣ,[8] матоъҳои катонию лифию ҷуттии русӣ махсусан нағз ба фурӯш мерафтанд. Маснуоти бофандагӣ 2/3 ҳиссаи воридоти молҳои русӣ буд. Яке аз шоҳидони он давра навиштааст: «Бо имони комил метавон иддао кард, ки аз нисф бештари шоҳиворӣ ва ҳатто либосҳои дӯхта — ҷомаву куртаи занона ва катон, ки дар бозори Бухоро ба фурӯш мераванд, моли масковӣ аст».[9] Бозори маснуоти оҳанӣ – сим, мех, ғулбаҳои оҳанӣ хеле тез шуд. Асбобҳои чинию мисин ҳам нағз ба фурӯш мерафтанд. Милтиқҳои русӣ ва дигар яроқу аслиҳаи русӣ хеле эътибор пайдо кард. Бозори сӯзангарони таҳҷоӣ касод шуд. Харидорон собуни қимат ва бадсифати ҷойдориро монда, собунҳои арзону хушбӯйи русиро мехариданд. Бисёр косибон маҷбуран тарки касб карданд. Дар кишвар бекорию бенавоӣ зиёд мешуд. Вале дар айни ҳол, ба корхонаҳои саноатии Бухоро унсурҳои капиталистӣ бо зӯр ва шиддати тамом сар медароварданд.

[1] Ленин В. И., Асарҳо, ҷ. 5. с. 85.

[2] ЦГА Уз. ССР И-19, оп. 1, д. 6002, л. 19.

[3] Пасттарин мансаб дар генерал-губернатории Туркистон, ки аз ҳар 50 хоҷагӣ интихоб мешуд.

[4] Мухторов А., 1964, с. 127–130.

[5] Сухарева О.Д., 1966, с. 190.

[6] Маев Н.А., 1879, с. 191.

[7] {амроев М., 1959, с. 43.

[8] Губаревич-Радобыльский А., 5 ч., с. 79

[9] Гулишамбаров С. И. 1913, с. 219.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …