Бисёриҳо мехоҳанд, ки фоизи баланд аз амонат гиранд ва ҳаракат мекунанд, ки дар асъоре ки ба онҳо бештар фоида меорад дар ҳамон асъор амонат гузоранд. Аммо беҳтараш дар асъоре амонат гузошта шавад, ки қурбаш мутаҳакамтар бошад. Дар ҷаҳон аз ҳама асъори мустаҳакамтарин ин: Доллари ИМА, Евро, Фунт стерленги Инглисӣ, Йенаи Ҷопонӣ, Юани Хитоӣ ва дар байни инҳо аз ҳама беҳтаринаш дар давоми 60-соли охир (1950-2010) пули ИМА (доллар) ба ҳисоб меравад.
Қариб 50%-и аҳолии дунё амонатҳои худро дар доллари ИМА нигоҳ доштанро афзалият медоананд ва онҳо ҳоло дар ин самт хато накарда истодаанд. Сабаби мустаҳакам будани доллар дар он аст, ки иқтисодияёти ИМА ҳамтои худро надорад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо сиёсати ҳарбӣ ва иттилоотии худ ниҳоят мустаҳакам буда нисбати дилхоҳ мамлакати дунё зиёда аз 3 маротиба пурқудратар аст. Ба ин хотир ҳолати мазкурро барои хулосабарорӣ ва қабули қарор дар интихоби асъори амонат тавсиф шудааст.
Ба назар гирифт, ки мувофиқи қонунгузории ҳар як кишвар нигоҳ доштани амонат дар асъори хориҷӣ танҳо дар амонатҳои муҳлатноку пасандозӣ иҷозат дода мешавад. Дар шакли амонати дархостӣ нигоҳ доштани амонатҳо барои ташкилотҳои ҳуқуқӣ бо асъори хориҷӣ мумкин нест. Яъне танҳо дар асъори миллӣ нигоҳ доштани амонати дархостӣ барои шахсони ҳуқуқӣ иҷозат дода шудааст. Ин сиёсат ба он нигаронида шудааст, ки мавқеи асъори миллӣ пурзур карда шавад, ки ин то андозае барои озод будани корхонаҳо дар интихоби асъори амонат ва ҳифз кардани амонатҳо барои соҳибони пул маҳдудияти манфӣ аст.