АСОСӢ / ГУНОГУН / Дар Арманистон истеъфои Пашинянро мухолифонаш талаб карда истодаанд

Дар Арманистон истеъфои Пашинянро мухолифонаш талаб карда истодаанд

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев эълон кард, ки шаҳри Шушаи Қарабоғи Кӯҳӣ таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон гузашт.

Қариб 20 ҳизби оппозисиюни Арманистон бо пахши як изҳороти муштарак истеъфои сарвазир Никол Пашинян ва ҳукумати ӯро талаб карданд.

GO8FLcvxbUkh0z7SrOmBydjgLKlYgR5Q

«Мо истеъфои ихтиёрии сарвазир Пашинян ва ҳукумати ӯро, ки барои вазъи фалокатбор масъуланд, талаб мекунем, то талафоти бебозгашт пешгирӣ карда шавад. Мо таъсиси як мақомоти нави иҷроияро, ки қодир ба тағир додани вазъ ва ҳалли мушкилоти ҳарбӣ-сиёсист, талаб мекунем» гуфт 17 ҳизби оппозисиюн. дар як изҳороти имзошуда.

8 ноябр Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев эълон кард, ки шаҳри Шушаи Қарабоғи Кӯҳӣ таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон гузашт.

Шуша яке аз шаҳрҳои муҳимтарини Қарабоғи Кӯҳӣ мебошад, ки аз маркази эътирофнашудаи Степанакерт дар 11 километр дур аст.

Инчунин хонед инро

Таквими мохи Рамазон 2023

Рамазон 2023, таквими мохи шариф — Рузи Ид

Тақвими моҳи шарифи Рамазон: Моҳи Шарифи Рамазон соли ҷорӣ шоми 22-уми марти соли 2023 (1444 ҳиҷрӣ-қамарӣ) ки ба …