Калтокалос (Калтекелас) — инро дар як қатор маҳалҳо ба таври гуногун: келас, калпеса, капписа низ меноманд. Ин даштӣ ва ҳам ғайридаштӣ мешавад. Беҳтарини он дар бӯстонҳо будааш мебошад. Мизоҷи ҳар ду навъи он дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта, гузошта банданд, тири дар бадан даромадаро кашида берун меоварад, инчунин хорро ҳам; озахҳоро хушк карда меафтонад, мӯрчагазакро шифо мебахшад. Ҷигари хушккардаашро ба дандони кирмхӯрда бигузоранд, дардашро таскин медиҳад.
Калтакалоси хушкро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба сар ва ғайри он бимоланд, мӯй мерӯёнад; ба зери ноф бимоланд, пешоби бандшударо мекушояд. Шиками онро чок карда, ҳамон тавр ба ҷои газидаи каждум бигузоранд, дардашро таскин медиҳад.
Саргинаш ё пешобаш ва ё хуни онро бо равғани зайтун даромехта, дар сӯрохи чуки тифлон бичаконанд, ҷурраи онҳоро шифо мебахшад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, тифлро дар он об бишинонанд, низ ҳамин асарро дорад. Вале хӯрдани калтакалос иллати сил ва бемориҳои шушро пайдо мекунад. Агар хӯрда бошанду зарар ёбанд, шарбати ревоҷ (чукрӣ) биёшоманд, ислоҳи зарар мекунад.
Он чӣ дар баъзе мардум ривоят ҳаст, ки агар инро бихӯранд, пес мешудаанд — беасос аст.