АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ХОРАЗМ ВА ДАВЛАТИ САЛҶУҚӢ

ХОРАЗМ ВА ДАВЛАТИ САЛҶУҚӢ

Ғалабаи Қарахитоиҳо дар соли 1141 Салҷуқиёнро хеле заиф гардонид. Дигар аз воқеаҳои қобили диққате, ки дар ин давра ба амал омада, яке аз омилҳои рӯ ба суқут ниҳодани давлати салҷуқӣ гардид, ҳамчун маркази сиёсӣ сар бардоштани Хоразм буд.

Сарсулолаи хонадони хоразмшоҳӣ Ануштегин ҳанӯз дар замони Маликшоҳи Салҷуқӣ ба воситаи хидмат ва лаёқате, ки аз худ нишон дода буд, ҳокими Хоразм таъин гардид. Баъд аз вафоти Ануштегин ҳукмронии Хоразм ба тариқи мерос ба писари ӯ — Қутбиддин Муҳаммад (1097–1127) расид. Қутбиддин Муҳаммад лақаби «Хоразмшоҳ»-ро гирифта, дар тамоми давраи ҳукмронии худ аз фармонбардортарин ҳокимони султон Санҷар ҳисоб мешуд. Баъд аз сари ӯ ҳукумати Хоразм ба писараш — Отсиз (1127–1156) гузашт, ки ин шахсро мумкин аст асосгузори ҳақиқии давлати бузурги Хоразмшоҳӣ номид. Отсиз ва ворисони ӯ аз ҳар як лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, тамоми саъю эҳтимоми худро ба харҷ доданд, ки ба муқобили давлати салҷуқӣ истиқлолияти Хоразмро таъмин намоянд. Отсиз дар солҳои аввали ҳукмронии худ ба султон Санҷар сари итоат фуруд оварда, дар лашкаркашиҳои ӯ иштирок мекард. Аммо, вай дар айни замон, бо роҳи мутеъ кардани қабилаҳои ҳамсоя беш аз пеш қувват мегирифт. Ба ӯ муяссар гардид, ҳатто он маҳалҳоеро, ки дар ҳаёти бодиянишинӣ хеле аҳамият доштанд, аз ҷумла заминҳои поини дарёи Сир ва нимҷазираи Манқишлоқро ишғол намояд.

Отсиз пас аз ин тариқа мустаҳкам кардани мавқеи худ се мартаба (1138, 1141 – 1142 ва 1147 – 1148) бар зидди султон Санҷар сар бардошт, аммо муваффақият ба даст оварда натавонист. Ниҳоят, дар моҳи июниanushtegin соли 1148 Отсиз ба пеши султон Санҷар ҳозир шуда, комилан фармонбардори давлати салҷуқӣ будани худро шахсан арз кард. Баъд аз ин Отсиз, агарчанде то охири умри худ аз итоати Салҷуқиён сар напечид, лекин дар ҳар сурат барои истиқлолияти Хоразм ва таъсиси давлати бузурги ояндаи Хоразмшоҳиён заминаҳои мусоид ҳозир карда тавонист (аз ҳамон вақт, яъне аз миёнаҳои асри ХII ҳокимияти Салҷуқиён дар Хоразм мавҷудияти худро фақат исман нигоҳ дошт).[1]

Дар аввалҳои нимаи дувуми асри ХII дар Мовароуннаҳр ва навоҳии шимоли Афғонистони кунунӣ воқеаи дигаре рӯй дода, бештар боиси аз байн рафтани давлати салҷуқӣ гардид. Дар соли 1153 туркони ғуз (оғузҳо), ки дар навоҳии Балх бодиянишинӣ мекарданд, ба муқобили султон Санҷар шӯриш бардоштанд. Сабабгори шӯриш ноинсофиҳои аз ҳад гузарои ҷамъкунан-дагони хироҷ буд. Пас аз ин ғузҳои бодиянишин ба ноҳияҳои ободи зироатӣ ҳуҷум оварданд. Султон Санҷар барои саркӯбии ғузҳо лашкар кашид, лекин шикаст хӯрда, худ ба дасти онҳо асир афтод. Пас аз ин, бодиянишинон дар воҳаҳои зироатии Хуросон ва қисмати ҷануби шарқии Мовароуннаҳр ба тохтутози худ бемонеа давом намуданд.

Султон Санҷар пас аз се соли асорат, дар соли 1156 халосӣ ёфта, ба пойтахти худ — шаҳри Марв омад. Лекин дере нагузашта пас аз як сол вафот кард ва бо ин сурати зоҳирии давлати марказият пайдокардаи салҷуқӣ низ аз миён рафт. Осиёи Сағир ва Кирмон ҳанӯз дар вақти Султон Санҷар истиқлолият гирифта буданд. Баъд аз фавти ӯ дар Форс ва Озарбойҷон низ мулкҳои ҷудогонаи мустақил ба вуҷуд омаданд. Хуросон аз таҳти тасарруфи Салҷуқиён баромад. Халифа низ дар маркази хилофат — шаҳри Бағдод мавқеи пешинаи худро барқарор кард.

Ин вазъият барои таҳкими истиқлолияти Хоразм хеле мадад расонид. Писар ва вориси Отсиз Эларслон (1156–1172) аз ин фурсат истифода бурда, ба муборизаи байни қӯшуни қабилаи туркии қарлуқ ва хонҳои қарохонии Мовароуннаҳр, ки итоати Қарахитоиҳоро қабул карда буданд, мудохила намуд.

Эларслон дар ин мубориза қарлуқҳоро ҳимоя кард. Дар соли 1158 ӯ бо лашкари Хоразм ба хоки Мовароуннаҳр дохил шуда, дар муҳорибае, ки қарлуқҳо барои Самарқанд ва Бухоро мебурданд, иштирок намуд. Баъдтар ӯ бар зидди ғузҳои Хуросон мубориза бурда, баъзе муваффақиятҳо ба даст даровард. Дар соли 1165 вай ба сӯи Нишопур лашкар кашида, хост ин шаҳрро забт намояд, аммо ба мақсади худ расида натавониста, ба Хоразм баргашт.

Албатта, дар чунин шароити ихтилофоти муттасили дохилӣ дар бораи аз Мовароуннаҳр рондани Қарахитоиҳо ҳатто фикр кардан ҳам мумкин набуд. Ғайр аз ин, ба Эларслон лозим меомад, ки барои ҳимояи қаламрави аслии худ тадбироти зарурӣ бубинад. Дар ҳақиқат, Қарахитоиҳо бо баҳонаи ин ки Эларслон боҷи мамлакатро дар вақти худ намефиристонад, дар соли 1171–1172 ба Хоразм лашкар кашиданд. Эларслон фақат ба воситаи вайрон кардани садди дарёи Сир тавонист пойтахти худро аз ҳуҷуми Қарахитоиҳо муҳофизат намояд.

Дар соли 1172 Эларслон вафот кард ва писари кӯчаки ӯ Султоншоҳ бо ёрии модари худ ба тахти салтанати хоразмшоҳӣ нишаст. Писари бузурги Эларслон — Алоуддини Текеш, ки ҳокими яке аз вилоятҳои Хоразм буд, аз ин воқеа хабардор гардида, барои ғасб намудани ҳокимият камар баст ва дар ин кор аз қарахитоиҳо мадад хост. Вай ба ивази ин пардохтани хироҷи ҳарсолаи мамлакати Хоразмро бо Қарахитоиҳо ваъда дод. Текеш дар худи ҳамон сол бо кӯмаки Қарахитоиҳо Хоразмро ишғол намуд. Султоншоҳ фирор карда, наҷот ёфт.

Алоуддин Текеш (1172–1200), пас аз он ки ҳукмронии Хоразмро ба дасти худ гирифта, андаке мавқеашро мустаҳкам намуд, фавран, бар зидди Қарахитоиҳо сар бардошта, элчии онҳоро, ки барои ҷамъ кардани хироҷ ба Хоразм омада буд, ба қатл расонид. Вақте ки Султоншоҳ аз ин ҳаракати бародари худ воқиф гардид, дарҳол ба пеши Қарахитоиҳо рафта, хоҳиш намуд, ки дар мубориза барои сарнагун кардани Текеш ба вай кӯмак расонанд.

Қарахитоиҳо, ки чанд сол қабл аз ин бо Султоншоҳ муносибати дуруст надоштанд, бо тамаи гирифтани боҷи Хоразм хоҳиши ӯро қабул намуда, бар зидди Текеш лашкар кашиданд. Вале ин дафъа амалиёти ҳарбии онҳо муваффақият пайдо накард: аз як тараф, Текеш роҳҳоро ба зери об мононда ҳаракати қӯшуни Қарахитоиҳоро хеле ба душворӣ андохт; аз тарафи дигар, тадбири Султоншоҳ ва Қарахитоиҳо, ки аҳолии Хоразмро ба муқобили Текеш шӯронидан буд, низ натиҷае набахшид. Баъд аз ин бемуваффақиятӣ Қарахитоиҳо маҷбур шуданд, ки ба пойтахти худ пас гарданд. ҳангоме ки Султоншоҳ вазъиятро чунин дид, аз Қарахитоиҳо хоҳиш кард, ки як дастаи аскарӣ ба ихтиёри ӯ гузоранд. Ин хоҳиши ӯ низ қабул шуд. Вай бо ин дастаи аскарӣ ба тарафи Хуросон ҳаракат намуд ва қувваҳои ҳарбии ғузҳои бодиянишинро шикаст дода, Марвро ишғол кард ва баъд аз чанде Сарахс ва Тӯсро низ ба зери дасти худ гирифт.

Текеш пас аз ҳуҷуми бесамари Қарахитоиҳо ҳокимияти худро хеле мустаҳкам кард. Ў ба Мовароуннаҳр ва Хуросон чанд дафъа бомуваффақият лашкар кашида, шаҳру деҳаҳои зиёдеро забт намуд. Дар моҳи июни соли 1187 Нишопурро ишғол кард ва дар соли 1193, пас аз марги Султоншоҳ, Марвро ҳам ба тасарруфи худ даровард.

Тақрибан дар худи ҳамин вақт Текеш имконият ёфт, ки ба ҳаёти сиёсии баъзе ноҳияҳои Эрон низ мудохила намояд. Султони салҷуқӣ Туғрали Сонӣ мехост, ки умури идораи давлатро комилан ба дасти худ гирифта, ба ихтиёри халифа фақат корҳои диниро вогузорад. Албатта, халифаи аббосӣ – Носир (1180–1225) ба ин розӣ намешуд. Ин буд, ки дар байни султон ва халифа муборизаи шадиде ба амал омад ва халифа аз Текеш кӯмак хост. Текеш низ мавқеъро аз даст надода, бар зидди Туғрали Салҷуқӣ лашкар кашид ва дар моҳи марти соли 1194 ба қувваҳои ҳарбии ӯ зарбаи мӯҳлик ворид оварда, ҳамадонро ишғол кард. Аббосиён ба зудӣ огоҳ шуданд, ки Хоразмшоҳ барои хилофати араб аз султони салҷуқӣ хавфноктар аст. Аз ин сабаб халифа Носир ба воситаи вазири худ ба Текеш хабар расонид, ки расму ташрифоти дарбории маркази хилофатро ба ҷо орад. Ин таклиф ҳаминро ифода мекард, ки Текеш чи дар умури идораи ҳукумат ва чи дар корҳои динӣ бояд итоати халифаи аббосиро қабул намояд. Текеш аз ин ниҳоятдараҷа дар ғазаб шуда, вазири халифаро бо суханҳои дурушт баргардонид.

Дар моҳи июни соли 1196 дар байни аскарони Хоразмшоҳ ва қувваҳои ҳарбии халифа муҳорибаи сахт руй дода, бо ғалабаи Хоразмиён анҷом ёфт. Аммо халифа ба мағлубияти худ нигоҳ накарда, аз Текеш талаб намуд, ки қӯшуни худро аз навоҳии ғарбии Эрон берун бурда, ба Хоразм ақиб нишинад. Текеш дар ҷавоб ба халифа чунин изҳор кард, ки оидоти мамлакатҳои ишғолкардааш ба таъминоти қувваи бузурги ҳарбии вай кифоят намекунанд, аз ин сабаб халифа бояд илова бар ин мамлакатҳо боз баъзе вилоятҳоро ба ихтиёри ӯ супорад. Ба ин ҳам қаноат накарда Текеш аз халифа талаб кард, ки дар Бағдод хутбаро ба номи ӯ хонанд. Муборизаи байни халифа ва Хоразмшоҳ хеле тӯл кашид.

Оре, дуруст аст, ки дар замони ҳукмронии Текеш давлати Хоразмшоҳиён ба иқтидори бузурге соҳиб гардид. Лекин, дар айни ҳол, мубориза бо хилофат пояҳои ин давлатро беш аз пеш суст кард. Халифаи аббосӣ дар ҷараёни ин мубориза тавонист аз нуфуз ва эътибори рӯҳониёни ислом ба манфиатҳои худ истифода намояд. Текеш дар навбати худ кӯшиш намуд, ки ба қӯшун такя кунад. Ў барои бомуваффақият иҷро гардидани иқдомоти ҳарбии худ сардорони лашкарро ба дараҷаҳо тақсим намуда, як гурӯҳи пурқуввати ашрофи низомӣ ба вуҷуд овард. Лекин ин ҳама саъю кӯшишҳои Текеш натиҷае набахшиданд, вай дар дохили мамлакат такягоҳи мустаҳкаме пайдо карда натавонист.

Муншии Текеш — Баҳруддин Муҳаммади Бағдодӣ дар «Ат-тавассул ило-т-тарассул» ном асари худ, ки то замони мо расидааст, манзараи иҷтимоӣ ва таркиби миллии нуфуси вилояти Сирдарёро то ибтидои асри ХIII тасвир намудааст. Дар байни баъзе ҳуҷҷатҳои расмие, ки дар ин асар оварда шудаанд, як дастури Текеш бо қоиммақоми Ҷанд низ мавҷуд аст. Хоразмшоҳ дар ин дастури худ ба қоиммақом амр менамояд бо табақаҳои мухталифи аҳолӣ, ки ӯ мураттабан зикр намудааст, муносибати дуруст барқарор кунад:

  1. Сайидҳо (ашхоси мансуб ба авлоди Муҳаммад пайғамбар) – «ӯ (қоиммақом) танзими манофеи ононро бар тибқи адолат ва дараҷаи қудсияти эшон бояд ҳамчун давлати зиёда эътироф намояд… ва, бигзор, ӯ коре кунад, ки онон аз рӯи ниёз ба чизе рӯ наёранд».
  2. Имомҳо ва уламо – «бигзор, ӯ ба эшон бахшишҳо диҳад ва хайру эҳсон намояд, то шоду мамнун бошанд» ва дар умури давлат такя ва фатво созад.
  3. Қозиҳо ва ҳокимон – аз онҳо бояд ҳукми одилона талаб кард, «вале мусаллам аст, ки набояд онҳо тобиши шаъни қозиро хира гардонанд».
  4. Сӯфиён ва пайравони онҳо – бояд ба эшон бахшишҳо дод, «то битавонанд бо хотири ҷамъ баҳри салтанати зафарманди мо машғули ибодат бошанд».
  5. Оқсаққолҳои бонуфуз – онҳоро бояд ҳимоят кард.
  6. Амалдорон ва ҳарбиёни мутеи қоиммақом – бидуни мудохила «ба баҳсу мунозира ва ҷангу низоъҳои байнихудии эшон» бар онҳо бояд ҳукмравӣ намуд ва барои дар вақти худ расидани муздашон назорат кард, то ки онҳо ба ситонидан аз аҳолӣ эҳтиёҷ пайдо накунанд».
  7. Ғозиён – назорати аҳолиро ба онҳо вогузошта, ононро аз ҳар ҷиҳат бояд пуштибонӣ намуд.

Ин номбарӣ ба кадом гурӯҳҳои истисморкунанда майли такя кардан доштани Хоразмшоҳиёнро нишон медиҳад.

Дар ин асар роҷеъ ба барзгарон ва заминдорон ва ҳам дар хусуси пешаварон ва «аҳли бозор» дастурот дода, азбаски «бо заҳмати онҳо воситаҳои моддии қӯшун таъмин мегардад», ба онҳо таваҷҷӯҳи лозима намудан тавсия карда мешавад. Сипас, лузуми ҳимоят намудани тоҷирон, ки «қосиди маҷҷонӣ ва восифи шаҳриёр» мебошанд, қайд гардидааст. Ғайр аз ин, зарурати муносибати мусовӣ кардан бо туркон ва тоҷикон ба таври махсус таъкид ёфтааст.

Дар хотима аҳолӣ даъват мешаванд, ки қоиммақоми навро бо шодмонӣ пешвоз гиранд: «Бигзор, онҳо ба ӯ молиёти соли ояндаро ба ҳаҷми яксавуми андози ҷамъшуда комилан бипардозанд, бигзор, аз шикояти беасос нисбат ба ӯ, ки арзкунандагон гӯё аз ӯ зулм медида бошанд, худдорӣ намоянд ва бигзор, ба амри мо ва фармони ӯ, яъне қоиммақом, итоат кунанд».

Ин ҳуҷҷат гувоҳӣ медиҳад, ки дар асри ХIII қисмати умдаи аҳолии атрофи Хоразм (дар сурати бартарӣ доштани унсури туркизабон) аз тоҷикон иборат будаанд. Қимати асосии он дар ин аст, ки силсилаи маротиби онвақтаи феодалӣ дар он хеле равшан тасвир шудааст.[2]

Пас аз марги Текеш писари ӯ — Муҳаммад (1200–1220) ба тахти хоразмшоҳӣ нишаст. Дар соли 1203 султон Муҳаммад бо пуштибонии Қарахитоиҳо Хуросонро тамоман ба даст даровард. Вай ҳирот ва гирду атрофи онро низ ба худ тобеъ намуда, дар соли 1207 ба пойтахти худ баргашт. Муҳаммади Хоразмшоҳ, пас аз он ки аз кори Хуросон хотирҷамъ шуд, дар фикри забт кардани Мовароуннаҳр ва барҳам додани ҳукмронии Қарахитоиҳо афтод. Дар худи ҳамон соли 1207 ӯ бо баҳонаи фурӯ нишондани шӯриши аҳолии шаҳри Бухоро, ки бар зидди садрҳо бардошта буданд, бо қӯшуни пуршуморе ҳаракат карда, бо ҳамин васила ба тасарруфи Мовароуннаҳр оғоз намуд.

[1] Таҳrиrи муфассали таърихи давлати Хоразмшоҳиёнро В.В. Бартолд анҷом дод (1963 б); инчунин ниг.: Kafӯsoglu I., 1956.

[2] Тавсифи муфассали ин асар (бо баёни ҷузъии мазмуни он) ниг.: Семёнов А.А., 1952, с. 17.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …