АСОСӢ / ГУНОГУН / Рузи ошикон — 14 феврал: Шеъру табрикот ва тухфахо

Рузи ошикон — 14 феврал: Шеъру табрикот ва тухфахо

Рӯзи Валентини муқаддас (инчунин рӯзи ошиқон) ё Рӯзи дустдоштаҳо як ҷашни пайдоиши католикӣ аст, ки 14 феврал дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Ба номи яке аз ду шаҳидони аввали масеҳӣ бо номи Валентин — Валентини Интерамнский ва Валентини Рим ном гузошта шудааст.

рузи ошикон

Онҳое, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, ба мардуми маҳбуб ва азизи худ тӯҳфаҳо, гулҳо, шириниҳо, бозичаҳо, пуфакҳо ва кортҳои махсус (аксар вақт дар шакли дил) бо шеърҳо, эътирофи ишқ ё орзуҳои муҳаббат — валентинҳо медиҳанд.

Шеърхои ошики

Ишқи ман ин турна не , к-ояд фақат рузи баҳор,
Нест ё чун кучаи сарбас дар шаҳри қадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рузгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун рохи азим

Дар замине сабз шуд ин ишк , к-андар руи он
Медавидам дар чавони сарбарахна пойлуч.
Рузхоро мефикандам пушти сар осон чунон,
Хар яки он буд гуё халтаи бодоми пуч,

Ишк омад. Гуфт шабхои ту аз сузу гудоз
Аз хисоби руз мегардад дарозу тиратар.
Русхоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чехраи шоми сияхруи сахар.

ornament-polosa-2

ИШҚ ВА МУҲАББАТ ЧИСТ

Хуршеди сипеҳри лоязоли, ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафоли ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ, ки бимириву наноли — ишқ аст.

ornament-polosa-2

Дил ошиқи чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам ҳама парвонаи туст.
Ҷону дили мо ошиқу девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.

ornament-polosa-2

Қадри ишкам надони, пас чаро ошиқ шуди?
Доғи ҳасрат бар дилам, пас чаро ошиқ шудӣ?
Ман гумон кардам, ки мардӣ, лек номард будаӣ,
Хоки по кардӣ азизам, ҳайф, ки номард будӣ.

ornament-polosa-2

Эй бародар дур бош аз ёри бад,
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад,
Мори бад танҳо туро бар ҷон занад,
Ёри бад бар ҷону бар имон занад!

ornament-polosa-2

Сухани дарди ошиқӣ:

Азизи ман қуҷо ҳасти хуш бош!
Зи ҳар дарду ғам дур бош,
Туро дуст доштам вале афсус нафахмидӣ,
Дуоят мекунам Ҳар даму — Ҳар соат хуш бош!

ornament-polosa-2

Бо ишқи ту гирифторам азизам!
Дил аз ин роҳ набардорам азизам,
Маро ту дуст дорӣ, ё надорӣ.
Туро ман дуст медорам азизам!

ornament-polosa-2

Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам.

Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул,
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам.

Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯи ман,
Агар ишқам ба марг орад, туро ман дӯст медорам.

Агар арзи ниёзи ман, ҳама сӯзу гудози ман
Ба гӯши ту намефорад, туро ман дӯст медорам.

Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.

ornament-polosa-2

Қасам бар холи абрӯят, қасам бар шуълаи рӯят,
Қасам бар чашми хумморат, туро ман дӯст медорам
Ду чашмат розҳо дорад, гули ман,
Нигоҳат нозҳо дорад, гули ман.
Ду абрӯят чу ду боли парасту
Аҷаб парвозҳо дорад, гули ман.

ornament-polosa-2

Маро аз зиндагӣ дил монда кардӣ,
Зи роҳи ишқбозӣ хаста кардӣ.
Дуъоят мекунам бо панҷ калима,
Илоҳо мисли ман девона гардӣ.

ornament-polosa

Сари куҳи баланд ҷуфти ситора,
Ҷавонӣ навхати бисту дусола.
Ҷавонон қадри ҳамдигар бидонед,
Набинад кас дигар умри дубора.

ornament-polosa

Дар фасли баҳор гул ба дастам додӣ,
Дар айни ҷавониям шикастам додӣ.
Ман даст ба пушти ту додам ба умед,
Ту дасти ноумед ба дастам додӣ.

ornament-polosa

Дили моро зи оташ офариданд,
Равону софу, бегаш офариданд.
Мани моро барои хотири ишқ,
Дар ин дунӣ ҷафокаш офариданд.

ornament-polosa

Ишқ дар дунё аҷаб субҳи саодат будааст,
Ошиқи бахшиши ҷисматҳои инсон будааст.
Дар ҷавони Ишқ буду давлати дунё набуд,
Ин ҳамма бедавлатиҳо худ давлат будааст.

ornament-polosa

Дури зи ману зи ман саломат бодо,
Ҷони дили ман фидои номат бодо.
Ман бе ту нафас намекашам дар олам,
Ту бе ман нафас каши ҳаромат бодо .

ornament-polosa

Чи бад кардам, ки фарёдам накардӣ ,
Маро ғам мекушад шодам накардӣ,
Ман аз дидан надорам ҳеҷ серӣ,
Ту сер ҳасти магар ёдам накардӣ.

ornament-polosa

Ошиқ манаму ту дустдори дигарӣ,
Гулчин манаму ту навбахори дигарӣ,
Эй ҷон ту тилои мани ман чӣ кунам,
Ки дар бари ман нестию бо дигарӣ

ornament-polosa

Тоҷикдухтар қаду бастат маро кушт
Тоҷикдухтар чашми мастат маро шушт,
Илоҳо дар шаби хобам дарояд.
Ишора кардани чашмат маро кушт!

ornament-polosa

Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Баски аз пои равон мондем, ҳасрат мекунем
Аз паи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.

Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин
Хештанро гум накардан низ санъат будааст.

Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр
Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.

Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.

Тоҷикдухтар ман бароят гостиница созам ,
Ту бемор шавӣ ман болниса месозам.
Дар қадат мирам бо ин қади баландат,
Барои буса кардан лестниса месозам .

ornament-polosa

Ба русси я тебя люблю,
Ба англиси а,й лов ю

Ба форси гуямат ёрам,
Туро ман дуст медорам.

ornament-polosa

Рост бигу дуст медори маро?
Лаҳзае бар ёд меорӣ маро?
Рост бигу дуст бо дуст ошиқ, аст.
Пас чаро ҳарфе намегӯи маро?

Машав ғамгин, ки ёрат бевафо шуд,
Бирафту бо дигар кас ошно шуд.
Сарат бошад дар дунё тоқӣ бисёр,
Ту ҳам ёбӣ ба худ ёри вафодор.

Аз тораки бом нигаҳ кунум ҳавлита.
Бо каблуки чехи раҳгардита.
Агар бифахмум духтар шукунита.
Худо бигира ваъдаи додагита.

ornament-polosa

Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад,
Касро дар ин кулбаи вайрона надорад.

Гулбазм шуду ту ба ман гул додӣ
Садбарги сафеду шукуфта руй доди
Гулҳои туро ба дасти мардум додам.
Эй, кош баҷои гул ба ман дил медодӣ

Азизам дар дили ту кист бигу,
Чуз ман ошии ту кист бигу.
Гар хасти бигу, нест бигу, рост бигу,
Маро ғами ту, туро ғами кист бигу.

polosa_gul

Булбул сари чашма ту чикор омадаӣ
Ё ташнашуди ё ба шикор омадаӣ
На ташна шудам на ба шикор омадам,
Девона шудам дидани ёр омадам

polosa_gul

Ишқ савдои сари бозор нест,
Ишқ муҷточи каси пулдор нест,
Ишқ пок асту ба покӣ мебарад,
Ишқи гул дар талоши хор нест.

polosa_gul

Азизам рад кардӣ ман накардам,
Зади ханҷар ба ҷонам дар накардам,
Зади оташ миёни дусту душман,
Ҷудогиро ту кардӣ ман накардам.

polosa_gul

Дилам хохад хамеша мунису ғамхори ман бошӣ.
Тасаллои дили хунгаштаи афгори ман бошӣ,
Ба зери хоки пои ту кунам ҷонро нисор эй гул.
Агар боре табиби синаи беморӣ ман бошӣ.

polosa_gul

Афсӯс ки неку бад надонӣ,
Дарди ману қадри ман надонӣ.
Оҳ аз Туву бевафоии Ту,
Мурдам зи ғами чудоии Ту.

polosa_gul

Дили бемори ман ёди Ту дорад,
Дару девори ман ёди Ту дорад.
Агар бо чашми дил хоҳи бубинӣ,
Ҳама ашъори ман ёди Ту дорад..

polosa_gul

Диле дорам, ки аз султон натарсад,
Зи банди кундаву зиндон натарсад.
Дили ошиқ мисоли гурги гушна,
Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад..

polosa_gul

Бибин ман аз ту чиҳо металабам,
Улфат ба дилу меҳру вафо металабам.
Сар сари мисраҳоям чамкун азизам,
Аз он чи ҳосил шавад ҳамон металабам.

polosa_gul

Ошиқ, зи маломатхои дунё матарс.
Дар сояи гул нишину аз хор натарс.
Ҷои ҳама ошиқ, он таги дор бувад.
Мардона қадам бимону аз дор натарс!

polosa_gul

Ошиқ ки шуди зи акл бегона машав!
Ҳар булҳавасро дида афсона машав!
Хоҳи ки моли дунё насибат гардад!
Илм омуз! Хунар омуз! афсона машав!

polosa_gul

Ҳар лаҳзаи зиндагӣ розе дорад.
Дар сина дилам зи ишқ бозе дорад,
Бадбахт касе, ки мекашад танҳоӣ.
Хушбахт касе, ки дилнавозӣ дорад.

polosa_gul

Ай хона баромадӣ, гули лолаи ман,
Бо кас манишин, ки мекафа талхаи ман.
Мардуми ҷахон барои ту душмани ман,
Сузад дили душманою равшан дили ман.

polosa_gul

Маро доим ба ёдат ашку оҳ, аст.
Ду чашми равшанам ба ин гувох, аст.
Ба ту дил додаму аз рох, нагардам.
Агар гардам, бароям ин гунох, аст.

polosa_gul

Эй моҳи баланд осмон хонаи ту,
Эй сарви равон ин бача девонаи ту.
Мурғони ҳаво дар ҳаваси донаи ту,
Мо дар ҳаваси канори мастонаи ту.

polosa_gul

Fарибу зору нолонам азизам.
Ҳамеша зору ҳайронам азизам.
Биёву хотирамро шод гардон.
Зи сахтиҳо гурезонам азизам.

polosa_gul

Эи духтари тоҷик харобам кардӣ.
Ман санг будам ту лек обам кардӣ.
Арзи дили худ ба ҳалҳи олам гуфтам.
Дар пеши рафиконам гирифти бобам карди……

polosa_gul

Тоҷик-Бачаем, аз гул ҷудо мегардем.
Лабташна дар кучаҳо мегардем.
Мо пеши Худо аҷаб гуноҳе кардем.
Аз Ёраки худ зинда ҷудо мегардем!

polosa_gul

Туро ман бениҳоят ёд кардам,
Нигори нозанини чеҳрахандон.
Ба ёди ту диламро шод кардам,
Магар ту бехабар мебошӣ аз он!

polosa_gul

Шаби туят маро карди фаромуш.
Шуди бо дигаре охир ҳамоғуш.
Ба мисли ман наёби ёри вафодор.
Макун ҳарфи маро асло фаромуш.

polosa_gul

Чаро ошиқ шудам ман дар ҷавонӣ,
Чаро талх гашт бароям зиндагонӣ.
Чаро пас аз ҷафои ёри аввал,
Ба гулҳо нест нигоҳи меҳрубонӣ.

polosa_gul

Манам як ошиқи дилбеқарорам,
Ки мафтуни ҷамоли як нигорам,
Гули хушбуякам якто ҳамон аст,
Ба гулҳои дигар коре надорам.

polosa_gul

Шабҳо зи ғамат аз акл бегона шудам,
Девона шудам муниси парвона шудам.
Ғаме доштам аз ишқаш як умра,
Баъди он шабҳо бо вай ҳам хона шудам.

polosa_gul

Бароям меҳрубоният қучо шуд?
Муҳббатҳои ҷоният куҷо шуд?
Зи чашму руи ман, эй ҷони ширин,
Ду чашми осмоният қучо шуд?

polosa_gul

Муҳаббат ин қадар хорам намудӣ.
Бо як дидори у зорам намудӣ.
Надонисти муносиб ишқи уро.
Чаро бар қалби зорам ҷо намудӣ?
Ошиқам гар бо манӣ, гар бе манӣ,
Ошиқам то он ки барнову пок.
Ошиқам то ҳасти дар рӯи замин,
Ошиқам то банда берунам зи хок.

polosa_gul

Азизон ақлро вайрон кунад ишқ,
Бисузон синаро бирён кунад ишқ.
Азизон ишқбози кори шер аст,
На ҳар як кудаки нодон кунад ишқ.

polosa_gul

Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам,
Дар ин олам харидори ту мешам.
Агар дасти паризоде бигирам.
Яқин донам, ки ман зори ту мешам.

polosa_gul

Мерасад рузе маро ёдам кунӣ.
Ҳар куҷо биншаста фарёдам кунӣ.
Бо ду се байте, ки гуфтам баҳри ту,
Ҳар замоне хонию шодам кунӣ.

polosa_gul

Ман руи туро ба моҳи тобон надиҳам,
Лаьли лаби ту ба дурру марҷон надиҳам.
Лаьли лаби ту агар ба дастам ояд,
Қиммат хараму баҳои арзон надиҳам.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …