Хонандаи арҷманд! Ҳар давру замон талаботи иҷтимоӣ ва ниёзҳои маънавии худро дорад. Даврони истиқлолият аз насли навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсоси қавии хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва зиракиву маърифатнокиро тақозо дорад. Китоби дарсии адабиёти тоҷик (давраи нав) бо дарназардошти ҳамин талаботи фарҳангии давр таълиф гардидааст.
Бар асари воқеаҳои сиёсии садаи ХХ дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии халқи тоҷик дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Адабиёти тоҷик маҷрои суннатии худро тағйир дода, мавқеи синфӣ ва мафкуравӣ касб намуд. Табиист, ки ин ҳолат ба ҷанбаи ҳунарии адабиёти мазкур бетаъсир намонд. Бо вуҷуди ин, адибони тоҷик дар таъмини ғизои маънавӣ ва такмили сатҳи маърифат- нокии наслҳои гуногуни халқи худ кӯшишҳои бобарору судманд намуданд.
Адабиёти тоҷик дар давраи нав ба се марҳала — адабиёти аҳди ҷадидия, адабиёти даврони шӯравӣ ва адабиёти айёми истиқлолият ҷудо мешавад ва ҳар марҳала дорои хусусият ва сифатҳои ба худ хос мебошад. Муаллифон кӯшидаанд, ки моҳияти таърихию фарҳангии ҳар марҳала ва паҳлуҳои таълимию эстетикии осори адибони шинохтаи тоҷикро мавриди баррасии амиқ қарор диҳанд, аз асарҳои барҷастаи суханшиносони асил мисолҳои фаровон оварда, калимаву таркибҳои эзоҳталабро шарҳ диҳанд, то ки муаллимону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёна имконияти ҳар чӣ бештар омӯхтан, андеша кардан ва баҳра бардоштан аз каломи бадеъро дошта бошанд. Мавзӯъҳои назариявӣ дар ҷараёни таълими таърихи адабиёт шогирдонро ба асосҳои илмии мафҳумҳои адабӣ мусаллаҳ намуда, имкон медиҳанд, ки онҳо моҳияти адабиёти бадеиро ҳамчун навъи санъат боз ҳам амиқтару равшантар дарк намоянд.
Китоби дарсӣ бо барномаи таълими адабиёти тоҷик дар синфҳои V — XI (Душанбе, 2007) комилан мувофиқат дорад ва ҳар дарс бо қисмати савол ва супоришҳо ва баъзан бо саволҳои тести анҷом меёбад.
Умед аст, ки китоби дарсии мавриди истифода ба шароити кунунии таълиму тадриси мактабҳои миёнаи Тоҷикистон созгор меафтад ва фикру мулоҳизаҳои танқидии муаллимону мутахассисон ҳангоми такмили минбаъдаи асар бо камоли эҳтиром пазируфта мешаванд.
Сарсухан барои туй, Сарсухан барои дафтари хотира ва сарсухан арчаму навруз.