Забонгазак

Забонгазак

Забонгазак (лотинӣ: Polygonum hydropiper) — Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон занҷабили обӣ низ меноманд. Зеро он бештар дар ҷоҳои обдор мерӯяд. Дар вақти онро бо дандон газидан гӯё забонро мегазад, яъне дар рӯйи забон сӯзише пайдо мекунад. Баргаш монанди барги бед, вале дар миёнаҷояш гӯё доғ дорад. Гулаш сурх ва монанди шаддаи мӯҳраҳои майда дар хӯша аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, меъда ва ҷигарро гарм мегардонад ва ғизоро ҳазм мекунад. Барг ва самарашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахти балғамии барҷастаро таҳлил медиҳад, доғҳои пӯст ва кабудии зери чашмро, ки аз хуни мурда бошад, дафъ мекунад.

Решаашро кӯфта, гузошта банданд, доғи кунҷидак ва ҳамин қабил доғҳоро, ки кӯҳна ва сахт шуда бошанд, башиддат дафъ мекунад. Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки забонгазак дар як рӯз то 7 грамм аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …