Ин ба ҳама маълум аст, ки занбӯрҳои калон вақти зимистон дар хонаашон ҷо шуда, берун намеоянд ва ҳангоме ки ҳаво гарм гардад, берун меоянд, парвоз мекунанд. Агар ба вай равған бирезанд, мемирад, вале боз сирко аз болояш бирезанд, аз нав зинда шуда, ба ҳаракат меояд. Ин ҷонвар неши заҳрафкан дорад, мегазад.
Мизоҷаш бисёр гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, бо асал ва намак сиришта бимоланд, доғи песро дафъ мекунад, варамҳои сарди нармро таҳлил медиҳад.
Агар ба ин занбӯр одамони гирифтори иллатҳои сардмизоҷи кӯҳнаи асабониро, ки монанди, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), сусту нотавон шудани аъзо ва ғайраро бигазонанд, бағоят фоида дорад.
Баъзе табибон мегӯянд, ки бачаи онро хушк намуда, соида, бо полуда (атолаи аз нишоиста пухташуда) бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад.
Занбӯри сиёҳи кабудтобро чун дар равғани зайтун пухта, бимоланд, доғи пес, доғи сафеди пӯст ва доғҳои дигари чуқур бошанд, аз пӯст дафъ мекунад.