Classic Layout

Замбури сиёх

ЗАНБӮРИ СУРХ — СИЁҲ ВА ШИФОНОКИАШОН

Ин ба ҳама маълум аст, ки занбӯрҳои калон вақти зимистон дар хонаашон ҷо шуда, берун намеоянд ва ҳангоме ки ҳаво гарм гардад, берун меоянд, парвоз мекунанд. Агар ба вай равған бирезанд, мемирад, вале боз сирко аз болояш бирезанд, аз нав зинда шуда, ба ҳаракат меояд. Ин ҷонвар неши заҳрафкан дорад, …

Прочитайте больше»
Куршапарак

ШАБПАРАК дар Канзи Шифо (Китоб)

ШАБПАРАК — ин ҷонварро бинобар он, ки рӯзона парвоз намекунад, саҳван кӯршабпарак меноманд. Инро ҳама медонанд. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар чорум хушк аст. Гармии гӯшташ камтар аст аз ҳарорати саргини он. Хислатҳои шифобахши он: онро шӯрбо карда бихӯранд, ахлоти нодаркор ва инчунин зардобро бо исҳол аз бадан дафъ …

Прочитайте больше»
Фароштурук

ФАРОШТУРУК дар Канзи Шифо (Китоб)

Фароштурук — парандаи маълум аст. Мизоҷи гӯшташ дар миёнаи дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро кабоб карда бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад; санги хичакро майда карда мерезонад. 4,5 грамм гӯшти хушки онро кӯфта бихӯранд, қуввати ҷашмро зиёда мегардонад; 7 грамм гӯшти …

Прочитайте больше»
Чайра

ҶАЙРА дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҷайра (Чайра) ҷонвари маълум аст, ки дар баданаш хорҳое дорад ба дарозии як ваҷаб ва аз он кӯтоҳтар, ки барои ҳимояи худ ба кор мебарад. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: Ҷобир бинни Ҷаббон-ус- Сӯфӣ дар «Китоби хавосси кабир», гуфтааст, ки гӯшти ҷайра барои кушодани …

Прочитайте больше»
Хорпушт

ХОРПУШТ дар Канзи Шифо (Китоб)

Хорпушт (хорпуштак) ҷонварест руйи шикамаш мӯй дорад, вале пушташ хорнок аст. Чун хорпушт ба хавф ё ба хашм ояд, сари худро ба даруни хорҳои пушташ, ки бо он печида мешавад, ҷо мекунад. Мизоҷаш гарм ва хушк аст дар аввали дараҷаи дувум. Хислатҳои шифобахши хорпуштак: гӯшти хорпуштро бихӯранд, рутубатҳои нодаркор ва зиёдатии баданро, …

Прочитайте больше»
кабк (кавк)

КАБК дар Канзи Шифо (Китоб)

Кабк (кавк) парандан машҳур аст. Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дувум мебошад, вале баъзеҳо инро дар гармиву сардӣ мӯьтадил донистаанд. Фикри аввалааш дуруст аст.  Хислатҳои шнфобахши он: гӯшти он латифтарини (сабукҳазмтарини) гӯштҳо мебошад, ғизоияташ бисёр, зудҳазм ва аз хӯрдани он хуни солим пайдо мешавад. Хӯрдани кабк-кавк ба фолиҷ, каҷ шудани …

Прочитайте больше»
Фохтак

ФОХТАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Фохтак парандаест машҳур, ки ғуррак ҳам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабӯтари саҳроӣ майдатар, зери гарданаш тавқҳои холмонанд дорад ва рӯйи болҳояш ҳам пурхол аст.  Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Беҳтаринаш ҷавон ва фарбеҳи он мебошад. Хислатҳои шифобахши фохтак: гӯшташро муҳарро пухта бихӯранд, барои иллатҳои …

Прочитайте больше»
Галаи-тудаи Зог

ЗОҒ дар Канзи Шифо (Китоб)

Зоғ ду навъ аст: зоғи ало ва зоғи сиёҳ. Беҳтарини он бачааш мебошад. Мизоҷаш умуман дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахпш он: гӯшти ин барои одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин ба пирон форам аст, маниро зиёда мегардонад. Аз он ҳалиса тайёр карда, яъне бо гандуми кӯфта, намак ва равған …

Прочитайте больше»
Тортанак

ТОРТАНАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин ҷонвар навъҳои бисёр дорад. Вале дар тиб он чӣ дар гӯшаҳои хонаҳо торҳо метанад ва хона месозад, дар назар дошта мешавад. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он сард ва хушк аст.  Хислатҳои шифобахши он: тортанаки калони бофтааш сафедро бо равғани зайтун даромехта, дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад. Тори танидаи тортанакро ба …

Прочитайте больше»
Шулук (Зулук)

ЗУЛУК (ШУЛУК) дар Канзи Шифо (Китоб)

Зулукро  дар баъзе маҳалҳои тоҷикон шуллук ҳам меноманд. Ин ҷонвар дар чашмаҳои гуногун ва баъзан дар кӯлҳо низ пайдо мешавад, гуногун мебошад. Он чӣ дар обҳои чашма зиндагӣ ба сар барад, сиёҳи камранг ва дар калониву хурдӣ миёна мебошад, сараш сиёҳи кулӯла ва таги шикамаш андак ало бошад, хуб аст. …

Прочитайте больше»