АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Хамиртуруш чи гуна хислати табобати дорад?

Хамиртуруш чи гуна хислати табобати дорад?

Хамиртуруш —    Ин аз орди гандум аст, ки бо равғани кунҷид ё равғани зайтун, ё равғани гов, ё буз, ё гӯсфанд ва шир ва ҷурғот ҳар як, ки бошад, сиришта мегузоранд, то турш ва бадбӯй гардад. Баъд кадареро аз он дохили хамири нон менамоянд, то ки хамир барояд (бихезад). Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон хамирмоя мегӯянд.

xamirturush

  Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатхои шифобахши хамиртуруш: агар инро бнхӯранд, моддахои ғализи баданро рақиқ мегардонад, инчунин онҳоро ронда, узвҳои баданро пок мекунад ва варамҳоро таҳлил медиҳад. Агар аз рӯ гузошта банданд, моддаҳои матлубро аз чуқури бадан ба рӯ мекашад. Ба ин намак омехта гузошта банданд, варамхои сардро таҳлил медиҳад, хусусан варамҳои таги пойро ба шаст мегардонад, инчунин дард ва сӯзиши таги пойро ба зудӣ таскин медиҳад, пучакҳоро пазонида мекафонад, дарди дандонро низ сокин мекунад.

  135 грамм обе, ки дар он 17,5 грамм хамирмояи камнамак ҳал карда, бо ду грамм решаи сӯхтаи най, баробари ин сӯхтаи реша, шакар, ним грамм заъфарон андохта бихӯраид, хумор, ташнагӣ ва тафси баданро дафъ мекунад. Агар ба таркиби мазкур 9 грамм сирко изофа намоянд, барои сурфае, ки аз ҷамъ шудани сафро ба амал омада бошад ва инчунин сабаби сурфа моддахои сӯхта бошад, дармон мешавад.

  Чун як ҷузъ оби наъноъ, як ҷузъ хардал (горчица), се баробари ҳар дуи ин хамирмоя изофа намуда, дар даҳ баробар вазни ҳамаи ин об биҷӯшонанд, то об ба нисф расад. Баъд онро соф намуда, бо нисф вазни он асал ба қивом оварда бихӯранд, ҳозимаро ба дараҷае қавӣ мегардонад, ки сабр натавон кард ва меъдаро аз моддаҳои сӯхта пок месозад балғамро дафъ мекунад, боҳ (пушти камар)-ро ба ҳаракат меоварад. Ҳар гоҳ баъд аз давои боҳ дарҳол бинӯшанд, бағоят зуд таъсир мекунад.

  Хамирмояро дар об ҳал карда, ба ин таркиб чоряки он равғани бунафша даромехта, ғарғара кунанд, варами ҳалқумро таҳлил медиҳад. Ва агар хамирмояро бо ҳино, намак ва равған сиришта гузошта банданд, ҳамаи сахтиҳои азимро, ки аз сиҳат шуданаш ноумед гашта бошанд, ба хубӣ таҳлил медиҳад ва мулоим мегардонад. Чун хамирмояро кӯфта, бо анори ширин сиришта бихӯранд, монанди шароб кайф мекунад.

  Вале хӯрдани хамирмоя ба узвҳои иллатноки даруни сина зарар мекунад. Дар ин маврид катиро бихӯранд, ислоҳи зарар мегардонад.

  Микдори як бор хӯрдан аз хамирмоя дар як рӯз то 60 грамм аст

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …