Зардчӯба

Зардчӯба

Зардчӯба ду навъ аст: кӯчак ва калон. Навъи хурдашро момирон меноманд, ки ин зардчӯба нест. Ба забони руссӣ онро «Куркума» меноманд. Вале бузургии он решаи гиёҳест, ки пояаш то 1,5 метр мехезад. Пасту баланд рӯидани он ба обу ҳаво ва қуввати хок вобаста аст. Баргаш васеъ ва дароз-дароз, қариб ба барги банан дар бузургӣ аст, гулаш зард, дар хуша ба қадри як ваҷаб, тухмаш сиёҳранг ва бисёр майда, решааш зард, ки зардчӯба худи ҳамин решааш мебошад. Ҳамин решаашро аз пӯст ҷудо сохта, дар соя хушк мекунанд. Дар кӯҳистонҳо мерӯяд.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар 3,5 грамми онро бо шароби сафед ва бо ҳамвазни он арпабодиён биёшоманд, чашмро равшан мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, истисқо ва зардпарвинро даво мешавад. Онро андак бирён карда, нимгарм бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Агар инро чун гард маҳин ос карда, монанди сурма ба чашм кашанд, қутури чашм ва гули тунуки онро, ки пайдо шуда бошад, дафъ мекунад, чашмро қавӣ мегардонад. Оби онро дар офтоб қивом кунанд, яъне ғафс гардонанд, онро усораи зардчӯба меноманд. Усораи инро ба чашм кашанд, рӯшноии чашмро меафзояд, гули дар он афтодаро бартараф мекунад.

ЗардчӯбаКӯфтаи онро бипошанд, решҳоро хушк ва дарду варами онҳоро дафъ мекунад, инак, аҳли Ҳиндустон баъди ҳиҷомат кардан, яъне баъд аз хун гирифтан, кӯфтаи онро ба он ҷойи ҳиҷомат мемоланд. Кӯфтаи онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, доначаҳои мӯрчагазак ва решҳоро сиҳат мебахшад. Агар инро дар оташ тафсонида, бо он гармбандӣ кунанд, дардҳои гуногунро сокин мекунад ва варами ҷойи хунгирифтаро таҳлил медиҳад.

Оби гули онро бимоланд, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин дигар доғҳоро ҳам барҳам медиҳад. Зардчӯбаро ба дарун бо камоли эҳтиёт ва дар ҳадди меъёр истеъмол бояд кард, зеро барои дил хеле зарарнок аст. Давои ин зиёнаш оби лиму нӯшидан мебошад. Микдори як бор хӯрдан аз зардчӯба дар як рӯз то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин рӯянро истеъмол кунанд, равост; дар бемориҳои чашм баробари ним вазни он момирон (чистотел большой) аст, барои дигар бемориҳо ним баробари вазни ин оқирқирҳост.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …