АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / БОЛДИРҒОН дар Канзи Шифо (Китоб)
Болдирғон

БОЛДИРҒОН дар Канзи Шифо (Китоб)

Болдирғон  (Борщевик ба русс.)ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш баланд — баробари қадди одам ва баландтар низ, пояаш миёнхолӣ. Ин ду навъ аст: яке хушбӯй, дигаре бадбӯй. Қисмеро баргаш монанди барги карам ва аз он кӯчактар, гулаш чатрӣ, монанди гули шибит, вале назар ба гули шибит хеле азим, сафед аст.

Самараш баъди расидан сафед, паҳни гирдак, бисёр хушбӯй мебошад. Шилми ин навъашрю хилтити таййиб, яъне хилтити хушбӯй мегӯянд. Ин навъаш асосан дар Эрон мерӯяд. Қисми дувум баргаш монанди саҳифаҳои коғази сӯхта пурсӯрох, пояаш заифтар аз қисми якум. Самари он сиёҳ ва бисёр бадбӯй, ки инро хилтити бадбӯй, гиёҳи онро камоҳ меноманд ва шилми онро, ки бисёр бадбӯй аст, хилтити бадбӯй мегӯянд. Навъи якумаш дар чоҳои намнок ва низ наздики об ва чашмаҳо мерӯяд, қисми дувумаш бошад, дар мавзеъҳои даштнамо ҳам месабзад.

Мизоҷи навъи хушбӯйи он дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи бадбӯйи он дар севум гарм ва қавӣ. Баъзеҳо мизоҷи болдирғон ва камоҳро дар дараҷаи дувум гарм ва хушк медонанд умуман.

Хислатҳои шифобахши Болдирғон: болдирғонро бихӯранд, зеҳнро сара, ҳофизаро зиёда ва мустаҳкам мекунад; нисён (фаромӯшхотирӣ), аҳмақию кундфаҳмиро дафъ месозад; фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва сусту нотавон гаштани узвҳоро ба ибро меоварад.

Бинобар дар меъда муддати дароз монданаш ва гаронҳазм буданаш меъдаро дағал мегардонад, рутубатҳоро хушк мекунад, таомро сабукҳазм менамояд, бӯйи даҳанро дигар месозад, меъдаро қувват медиҳад, балғамро меканад, бодҳоро пароканда мекунад, иштиҳои таомро бармеангезад; узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, қавӣ мегардонад, зарари давоҳои бадҳазм ва заҳрнокро дафъ мекунад, бар зидди заҳр тарёқ мебошад, ҳиккакро нест мекунад; душвор шошиданро; ки сабабаш зиёд гаштани балғам бошад, ба ислоҳ меоварад, шир ва ҳайзро равон мекунад, гурда ва рӯдаҳоро гарм мегардонад; боҳ, яъне пушти камарро ба ҳаракат меоварад ва дарди буғумҳоро, ки сабабаш сардӣ бошад, дафъ мекунад.

Болдирғонро дар сирко парварда карда, яъне онро як шабонарӯз дар он тар карда, баъд он сиркоро истеъмол намоянд, дар ҳама ҳолат, инчунин сиркоасали (сиканҷабини) онро, ки асалро бо майи пухтагӣ пухта бошанд, барои таби дурӯздармиён, табҳои балғамӣ ва табҳои мураккаб, дарди узвҳои даруни сина, истисқо ва зардпарвин даво мешавад, инчунин ҳиккакро, ки аз зиёд шудани балғам дар меъда ба амал омада бошад, дафъ мекунад; ирқуннасоро шифо мебахшад. Агар инро бо шароб бихӯранд, бачаи занҳои ҳомиларо аз шикам зуд меафтонад.

БолдиргонБолдирғонро кӯфта гузошта банданд, моддаҳоро башиддат аз таг ба рӯйи пӯст мекашад; бо мумравған сиришта бибанданд, барои ханвзер, ҷароҳатҳо ва иркуннасо даво мешавад. Агар инро бо равғани зайтун якҷо кӯфта гузошта банданд, кабудии зери чашмро нест мекунад. Онро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта ва бо кӯфтаи пӯсти анор хамир сохта бимоланд, бавосирро фоида дорад.

Барги хушки болдирғон — ро кӯфта, ба решҳои хӯранда бипошанд, онҳоро сиҳат мекунад. Агар инро бибӯянд, барои ҳиккак даво мешавад. Бале хӯрдани гиёҳи ин ба хичак зарар дорад, дар ин ҳолат тухми харбузаро бихӯранд, ислоҳи зарар мекунад; ба рӯдаҳо низ зиёнкор аст, инро бо хӯрдани шилми бодомҳо ислоҳ метавон кард, ба одамони гарммизоҷ ҳам зарар дорад, дар ин ҳолат шарбати анор ва сиканҷабин бояд бихӯранд.

Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи он дар як рӯз аз 7 то 9 грамм аст. Шилми болдирғон ва камоҳ ҳам ду навъ аст: хушбӯй ва бадбӯй. Навъи хушбӯяш шилми болдирғони сафед аст, вале бадбӯи он шилми камоҳ, ки сурхи сиёҳтоб мебошад.

Шайх Довуди Антокӣ навиштааст, ки мегӯянд: чун зан баъд аз ҳайз бефосила ҳар рӯз 3,5 грамм то як ҳафта бихӯрад, ҳаргиз ҳомила нахоҳад шуд. Феъли решааш назар ба қисми рӯизаминиаш қавитар аст. Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, зиёд гаштани ханозерро манъ мекунад ва даҳани захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат менамояд.

Мизоҷи шилми сафеди болдирғон, ки хилтити хушбӯй меноманд, гарм дар аввали дараҷаи чаҳорум ва хушк дар охири дараҷаи дувум; мизоҷи шилми камоҳ, ки бадбӯй аст, дар аввали дараҷаи чорум гарм ва хушк дар севум аст, ки ҳам куввати тарёқӣ ва ҳам хислати заҳрнокӣ дорад.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин бемориҳои аз сардӣ баамаломадаи вобаста ба майна бошанд; монанди: фолиҷ, ларзак, саръ (припадка), карахтӣ, беҳаракат мондани узвҳо, саръи тифлон ва амсоли инҳоро шифо мебахшад. Агар инро бо мурч ва судоб бихӯранд, барои кузоз (столбняк); бо шароб бихӯранд, барои бемориҳои асаб дору мешавад. 0,6 грамми онро бо муми занбӯри асал даромехта фурӯ баранд, фолиҷро сиҳат мекунад.

Ин шилмро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, куввати биноиро зиёда мегардонад ва зардоберо, ки дар гавҳараки чашм фуромада, ранги гавҳаракро тира ва чашмро нобино мекунад, дафъ месозад, инчунин гули чашм ва нохунаки онро нест мекунад. Ин шилмро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯш, карии кӯҳна ва ҷарангҳои гуногуни онро дафъ менамояд.

Агар ин шилмро бо зангор (ярь-медянка) ва зок даромехта, дар бинӣ андозанд, гӯшти зиёдатиро, ки дар он пайдо шуда бошад, мехӯрад. Инро батанҳоӣ ба дандони кирмхӯрда гузоранд, дардашро таскин медиҳад ва кирмашро ҳам мерезонад, инчунин аз берун бар дандон бимоланд, дардашро сокин мекунад.

Шилми мазкурро бо асал якҷо дар об ҳал карда, бо ин таркиб ғарғара кунанд, варами забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад; агар бо сирко даромехта ғарғара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро берун меоварад; бо зардии тухми мурғ даромехта ғаргара кунанд, сурфаи хушк ва дарди паҳлӯро дафъ мекунад. Танҳо худашро дар об ҳал карда, бо он об ғарғара кунанд, овози гирифтагиро мекушояд, дағалии ҳалқро ислоҳ мекунад, дард ва варами пардаҳои паҳлӯи даруни синаро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам бошад, шифо мебахшад.

Шилми боддирғонро дар об ҳал карда, он обро бинӯшанд, овозро мекушояд ва онро соф мекунад. Агар ин шилмро бихӯранд, ҳар як моддаи дар дарун шахшуда ва сахтгаштаро мегудозад, бодҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда мекунад; агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, шири шахшударо дар ҳар як ҷойи бадан, ки бошад, рақиқ (суюқ) мекунад; ва агар бо шоҳтут, мозу ва инчунин чизҳои турш бихӯранд, исҳоли рутубиро мебандад; бо чормағз ё бо оби аҷириқ биёшоманд, дарди рӯдаҳоро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод ва балғам бошад, шифо мебахшад ва қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, мекушояд; бодҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда месозад, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро ихроҷ мекунад, хуни бавосирро равон менамояд; сардии меъда, ҷигар ва сипурзро ба ислоҳ меоварад, истисқо ва сустии баданро шифо мебахшад.

Шилми болдирғонро ба миқдори нахӯд ва камтар мувофиқи бардошти мизоҷ дар миёни хамир гирифта, нон пухта, баъд фурӯ баранд, ҳамин тариқ бо он мудовамат намоянд, ҳамаи навъҳои истисқо, хусусан истисқои обӣ ва бодиро шифо мебахшад. Агар ин миқдор шилми онро бо анҷир тановул намоянд, зардпарвинро дафъ мекунад; бо оби барги зуф биёшоманд, римҳои дар даруни бадан ҷамъшударо хориҷ мекунад ва дубайла (куряра)-ҳои ботиниро кафонда сиҳат мебахшад.

Шилми мазкурро бо мурч якҷо кӯфта бихӯранд, пешоб ва ҳайзи бастаро мекушояд. Инро батанҳоӣ занҳо аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад. Варамҳоро чок карда, шилми болдирғонро дар миёни онҳо гузоранд, ҳамаи чизҳои мурдори даруни варамро ихроҷ мекунад.

Ин шилмро бо анҷири хушк кӯфта, баъд бо сирко хамир карда, гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро нест мегардонад; бо мумравған даромехта гузошта банданд, ҳамаи намудҳои озахро хушк карда мерезонад ва рӯдаҳоро таҳлил медиҳад. Агар худашро танҳо гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; бо оби хокистар ё оби баҳр даромехта гузошта банданд, гӯшт ва мушакҳои чокшудаи баданрю ба ҳам меоварад. Агар инро ба захми саги девона газида бимоланд, онро сиҳат мекунад; ба ҷое, ки инро молида бошанд, ҷонварони заҳрнок наздик намеоянд, инчунин молиданаш зарари тири заҳрнокро дафъ мекунад. Бо равғани зайтун даромехта бимоланд, азияти ғунда ва каждумгазидаро дафъ мекунад.

Андакеро аз ин шилми болдирғон дар сӯрохи закар гузоранд, боиси қавӣ гаштан ва тамоман дар ҳаракат шудани он мегардад. Хӯрдани ин таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Агар инро бо таомҳо бихӯранд, ранги рухсораро неку мегардонад.

Вале истеъмоли ин ба дарун барои майна ва ҷигар зарар дорад — давояш анорҳои хоҳ ширин ва хоҳ турш хӯрдан аст. Агар ба одамони гарммизоҷ зиён кунад, давояш бунафша, нилуфар ва оби себ ошомидан аст; инчунин ба узвҳои поёни бадан ҳам зарар дорад, давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст. Миқдори як бор хӯрдан аз ин шилм дар як рӯз аз миқдори донаи наск то 2 грамм аст. Агар шилми болдирғон ёфт нашавад, ба ҷояш решаи ин гиёҳро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Яке аз хислатҳои ин чунин аст, ки агар камеро дар латта баста, ба даруни об андозанд, кирм дар он пайдо намешавад. Ҳамчунин дар миёни зироат гузоранд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Ва агар инро ба ҳар чӣ бимоланд низ, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Камтареро аз он дар решаи дарахте, ки нест карданаш лозим бошад, бигузоранд, он дарахтро мепӯсонад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …